ШӮЪБАИ МОНИТОРИНГ ВА НАЗОРАТИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

            Бо мақсади назорат бурдан ва баҳо додани сатҳи таълими донишҷӯён, идора, назорат ва ташкили сифати таълим таъсис дода шудааст. Вазифаҳои асосии шуъба аз таъмин ва мониторинги сифати таълим коркард ва гузаронидани шаклҳои гуногуни пурсиш; таҳлили натиҷаҳои пурсиш; коркарди чорабиниҳо оиди мукаммал намудани сифати ҷараёни таълим, сатҳи касбӣ ва маҳорати дарсии омӯзгорон; таҳлили мундариҷа, мазмун ва ороиши силлабусҳо, супоришҳо барои иҷрои корҳои хаттӣ, корҳои хаттӣ ва рисолаҳои хатми донишҷӯён; ташкил ва гузаронидани семинарҳо барои омӯзгорон оид ба баланд бардоштани сифати дарси онҳо; ташкил, назорат, иштирок ва таҳлили дарсҳои кушод; ба нақша гирифтан, ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ оид ба масъалаҳои сифати таълим; мунтазам тафтиш ва таҳлили фаъолияти кафедраҳо иборат мебошанд. Кормандони ШМваНСТ: н.и.т., дотсент Мирзоалиев И.М. – мудири  шуъба, Худододов Д. – мутахассиси пешбар.