Кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

МУДИРИ КАФЕДРА

Бобиев Раҳмидин Саломович

дотсент
номзади илмҳои техникӣ
ФАЪОЛИЯТ ИХТИСОСҲО КОРҲОИ МЕТОДӢ КОРҲОИ ИЛМӢ Унвонҷўён, аспирантон

КАФЕДРАИ «ТАШКИЛИ ИНТИҚОЛ ВА ИДОРА ДАР НАҚЛИЁТ» 

Кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» 24-уми декабри соли 1991 дар заминаи кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкил дар нақлиёти автомобилӣ» таъсис ёфтааст. Мутахассисонро бо ихтисоси «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» омода месозад.

Талаботи ҷумҳуриро ба кадрҳои муҳандисии ихтисоси 2401 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» ба инобат гирифта, дар соли 1988 аввалин маротиба 26 нафар донишҷў ба гуруҳи русӣ қабул карда шуд. Аз соли 1989 сар карда, дар асоси талаботи сершумор ва шартномаҳои басташуда бо ташкилоти нақлиёти автомобилии вазорату идораҳои мухталиф ба ин ихтисос қабули донишҷўёни гуруҳҳои русӣ ва тоҷикӣ ба миқдори 50 нафар донишҷў сурат гирифт.

Ҳаҷми солонаи сарбории кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» ҳамон замон (соли хониши 1993-1994) 15,5 штати кориро ташкил мекард.

Барои бурдани дарс аз фанҳои алоҳидаи тахассусӣ барои донишҷўёни ихтисоси 2401 кафедра як қатор олимони соҳа (Холматов М.М., Рауфӣ А., Аслонов З., Минаков В. ва дигарон)-ро аз истеҳсолот даъват менамуд.

Дар соли 1993 аввалин муҳандисони ихтисоси 2401 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»-ро ба миқдори 25 нафар хатм намуданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ Итховинг Б. ва Асоргтим У. низ буданд, ки ҳоло дар мамалакатҳои хориҷи дур бомуваффақият фаъолият мекунанд.

Хатмкардагони ихтисос (Аралов С.О., Наргинский С.Г., Чернигов А.И., Колесников С., Захаров А., Шитов А. ва дигарон) ҳоло натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбакистон ва дигар ҷумҳуриҳо низ кору фаъолият доранд. Инчунин дар ташкилоти байналхалқӣ низ баъзе аз хатмкардагони ихтисос (Нуриддинов Ф., Иброҳимов Б., Иброҳимзода Н., Қосимов М., Нарзуллоева М. ва ғайра) кор мекунанд.

Дар пойдоркунӣ ва рушди кафедра хизмати профессорон ҶумаевҶ.Ҷ., Бобоев О.Б., Раҷабов Р.К., Фаттидинов Б. ва Сангинов О.Қ. ниҳоят калон аст.

Мудири аввалини кафедра н.и.и., дотсент Сангинов О.Қ. (ҳоло д.и.и., профессор) буд, ки то соли 1994 роҳбарии кафедраро ба уҳда дошт. Аз соли 1994 то соли 2006 мудири кафедра н.и.и., дотсент Раҳимова Р.Ҳ. буд. Солҳои 2008-2012 вазифаи мудирии кафедра ба дўши н.и.и., дотсент Фохаков А.С. гузошта шуд. Ҳоло ин вазифаи пурмасъулро н.и.т., дотсент Бобиев Р.С. ба зимма дорад.

Сангинов

Облоқул

Қамарович

1991-1994

2006-2008

Раҳимова

Раҳима

Ҳусейновна

1994-2006

Фохаков

Абдурауф

Сайдалиевич

2008-2012

Баъди ҳамроҳ шудани Донишкадаи нақлиёт ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ се ихтисос ба кафедра ҳамроҳ карда шудааст:

240103 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ»;

240101 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ»;

240102 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан».

Ҳамроҳшавии ихтсосҳои нав як қатор масъалаҳоро дар назди кафедра вогузошт. Ин ҳам бошад, масъалаи кадрҳои унвондор буд. Роҳбарияти кафедра бо сардории н.и.и., дотсент Фохаков А.С. оиди пурзўр намудани ҳайати кафедра як қатор масъалаҳоро ҳал намуданд. Айни замон дар кафедра аз ҳисоби хатмкардагони солҳои гуногун Юнусов Ф.М., Раҷабов А.А., Ҷалилов У.Ҷ., Шодиев Ш.К. ва Исмоилов М.И. фаъолияти педагогӣ ва илмӣ мебаранд.

Аз ҷониби омўзгорони кафедра дар таи ду соли охир наздики 80 мақолаву тезисҳои илмӣ ва 19 адад кори методӣ нашр шудааст.

Кафедра бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ККВД «Автобус-1», ККВД «Автобус-2», ККВД «Автобус-3», ҶСНК «а/к - №2927», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷик-Эйр», КВД «Сомон-Эйр», Аэропорти байналмилалии ш. Душанбе, Аэропорти байналмилалии ш. Хуҷанд, Аэропорти байналмилалии ш. Кўлоб, Аэропорти байналмилалии ш. Қўрғонтеппа ва ғайра шартномаҳоиҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар онҳо таҷрибаомўзии шогирдони кафедра ба роҳ монда мешаванд. 

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар кафедра курси доимоамалкунандаи бозомўзии авиакассирҳо барои фурўши чиптаҳои ҳавопаймоӣ кушода шуд, ки аввалин шуда 15 нафар шунаванда курсро бомуваффақият хатм карданд ва соҳиби сертификат шуданд.

Кафедра дар гузаронидани конференсияҳои илмии донишҷўён ва омўзгорон фаъолона иштирок менамояд. Донишҷўён ва омўзгорони кафедра чандин маротиба аз рўи натиҷаҳои корҳои илмии иҷрошуда мукофотҳо гирифтаанд. Корҳои илмии иҷрошаванда ба ихтисоси 2401 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» комилан мувофиқат мекунад.

Дар кафедра 15 нафар устодон, аз он ҷумла як нафар н.и.т., дотсент – Бобиев Раҳмиддин Саломович, ду нафар н.и.и., дотсентон Фохаков Абдурауф Сайдалиевич, Мирзоева Нисобегим Шоназаршоевна ва  як нафар н.и.и., муаллими калон – Султонов Абдулло Бобоқулович, ёздаҳ нафар муаллимони калон – Юнусов Фаридун Маъруфович, Раҷабов Абдуҳалим Абдураҳимович, Шодиев Шодиқул Каримович, Мирзоев Анвар Ахмедович, Болтаев Ҳаким Каримович, Исмоилов Маҳмуд Исоқович, Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович, Шарипов Зариф Каримович, Абдулов Наътулло Абдуллоевич, Бобоев Музаффар Гадоевич як нафар ассистент – Наҷмудинов Фахридин Низомович ва як нафар котиба-оператор – Азамҷонова Розия  кор мекунанд.

Соли 2014 кафедра ба аъзогии коллективии Академияи байналмилалии нақлиёт пазируфта шуд. 

Дар кафедра ихтисосҳои зерин мавҷуданд:

1-440101 – «Ташкили интиқол ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ»;

1-440103 – «Ташкили интиқол ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан».

1-440105-02 – ««Ташкили интиқол ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ».

Аз ҷониби устодони кафедра дар давоми солҳои охир китобҳо, васоити таълим ва дастурҳои таълими зерин омода ва нашр шудаанд:

1.  Фохаков А.С., Махмудов К.Х., Болтаев Х.К.– Методические указания по выполнению курсового проекта по дисциплине «Тяга поездов» для студентов дневного заочного специальности 240102 – «Организация перевозок и управление на транспорте» факультета «Управление и транспортное строительство», Душанбе-2010.

2.  Фохаков А.С., Мирзоев А.А.– Методические указания по выполнению курсового проекта по дисциплине «Организация перевозок в системе воздушного транспорта» для студентов специальности 240101 – «Организация перевозок и управление на воздушном транспорте» дневной и заочной форм обучения, факультета «Управление и транспортное строительство», Душанбе-2011.

3.  Фохаков А.С., Мирзоев А.А.– Методические указания по выполнению тестового задания по дисциплине «Технология и механизация пассажирских перевозок на воздушном транспорте» для студентов и преподавателей по специальности 240101 – «Организация перевозок и управление на воздушном транспорте» дневной и заочной форм обучения, факультета «Управление и транспортное строительство», Душанбе-2011.

4.  Фохаков А.С., Муминов К.М., Бобоев М.Г.– Методические указания по выполнению контрольных работ по дисциплине «Управление эксплуатационной работой и качеством перевозок» для студентов дневного заочного специальности 240102 – «Организация перевозок и управление на железнодорожном транспорте» факультета «Управление и транспортное строительство», Душанбе-2010.

5.  Равшанов Ч.Б., Джабборов А.А., Исмоилов М.И. – Компьютерные сети и телекоммуникации. Учебное пособие, Душанбе-2012.

6.  Раджабов А.А., Джалилов У.Д., Юнусов Ф.М. – Методические указания к выполнению лабораторным работам по дисциплине «Теоретические основы организации и функционирования транспортных систем» для студентов очного и заочного обучения специальности 2401 - «Организация перевозок и управление на транспорте», Душанбе-2008.

7.  Раджабов А.А., Юнусов Ф.М., Шодиев Ш.К. – Методические указания к выполнению курсового проекта по дисциплине «Функционирование транспортных систем» для студентов очного и заочного форм обучения специальности 2401 – «Организация перевозок и управление на транспорте», Душанбе-2010.

8.  Раҳимова Р.Ҳ. – Васоити таълимӣ аз фанни «Ҳамлу нақли автомобилии борҳо», барои донишҷўёни ихтисосхои 2401, 1502 ва 060802, Душанбе-2011.

9.  Раҳимова Р.Ҳ. – Дастури методӣ барои иҷрои корҳои назоратӣ аз фанни «Ташкили интиқоли автомобилӣ», барои донишҷўёни ихтисоси 1502 – «Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ», Душанбе-2011.

10.       Раҳимова Р.Ҳ. – Дастури методӣ барои иҷрои корҳои тестӣ аз фанни «Ҳамлу нақли борҳо» барои донишҷўёни шўъбаи рўзона ва ғоибонаи ихтисосҳои 240100 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт», Душанбе-2007.

11.       Фохаков А.С., Саидмуродова Ш.О., Зикиров Б.В.– Методические указания по выполнению контрольной работы по дисциплине «Лицензирование и сертификация на транспорте» для студентов заочного отделения специальностей 2401, 240101, 240102, факультета «Управление и транспортное строительство» и специальностей 2404 и 1502 факультета «Транспорт», Душанбе-2009.

12.       Сангинов О.К. Ходжаев П., Джалилов У.Д. – Пассажирские автомобильные перевозки, Душанбе-2006

13.       Сангинов О.К., Фохаков А.С., Бобиев Р.С., Чалилов У.Ч.– Методические указания по выполнению курсового проекта по дисциплине «Организация и механизация погрузочно-разгрузочных работ на транспорте» для студентов специальности 440101 – «Организация перевозок и управление на автомобильном и городском транспорте» дневной и заочной форм обучения, факультета «Управление и транспортное строительство», Душанбе-2012.

14.       Сангинов О.К., Фохаков А.С., Исмоилов М.И.– Методические указания по выполнению контрольной работы по дисциплине «Лицензирование и сертификация на транспорте» для студентов  дневного и заочного формы обучения по специальностей 440101, 440103, 440105-02, 440302 и 370105-02, факультетов «Управление и транспортное строительство», «Транспорт» и «Инженерный бизнес и менеджмент», Душанбе-2012.

15.       Сангинов О.Қ., Шодиев Ш.К., Юнусов Ф.М., Ҷалилов У.Ҷ., Раҷабов А.А. – Дастури методӣ доир ба иҷрои корҳои озмоишӣ аз фанни «Ташкили интиқоли автомобилӣ» барои донишҷўёни ихтисосҳои 370105 – «Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ», 370106 – «Истифодабарии техникии автомобилҳо», 440302 – «Ташкили ҳаракат дар роҳ», 270101-02 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти автомобилӣ)», Душанбе-2012.

16.       Сангинов О.К., Юнусов Ф.М. – Методические указания к выполнению курсовой работы по курсу «Взаимодействие видов транспорта» для студентов очного и заочного обучения, специальности 2401 - «Организация перевозок и управление на транспорте», Душанбе-2007.

17.       Фохаков А.С., Муминов К.М., Махмудов К.Х., Болтаев Х.К., Юнусов Ф.М. – Методические указания для практических занятий по дисциплине «Технические средства обеспечения безопасности на железнодорожном транспорте» для студентов специальности 240102 – «Организация перевозок и управление на транспорте», Душанбе-2010.

18.       Фохаков А.С., Хамроев Ф.М., Зикиров Б.В.– Методические указания по выполнению лабораторных работ по дисциплине «Автоматика, телемеханика и связь на железнодорожном транспорте» для студентов дневного заочного специальности 240102 – «Организация перевозок и управление на железнодорожном транспорте» факультета «Управление и транспортное строительство», Душанбе-2010.

19.       Шодиев Ш.К., Юнусов Ф.М., Раджабов А.А., Болтаев Х.К. - Методические указания к выполнению контрольной работы по дисциплине «Применение математических методов в организации транспортного процесса» для студентов заочной формы обучения специальности 440101 – «Организация перевозок и управление на автомобильном и городском транспорте», Душанбе-2012.

20.       Юнусов Ф.М. – Методические указания и задания к контрольной работе по дисциплине «Инженерная психология» для студентов заочников специальности 2404 – «Организация безопасности движения», Душанбе-2007.

21.       Юнусов Ф.М. – Методические указания и задания к контрольной работе по дисциплине «Основы транспортно-экспедиционного обслуживания» для студентов заочников специальности 2401 – «Организация перевозок и управления на транспорте», Душанбе-2007.

22.       Бобиев Р.С., Наҷмуддинов Ф.Н. - Дастури методӣ оид ба иҷрои корҳои озмоишӣ аз фанни “Мусофирбарӣ” барои донишҷўёни ихтисоси 440101 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ” (таҳсили шўъбаҳои рўзона ва ғоибона), Душанбе 2015.

23.       Хабибуллоев Х.Х., Бобиев Р.С., Исмоилов М.И. - Методические указания по выпполнению лабараторных работ по курсу «Информационных технологии на автомобильном транспорте» (вторая часть).

24.       А.М. Оев, Н.Ш. Мирзоева, Ф.М. Юнусов - “Совершенствование методоло-гии финансирования содержания автомобильных дорог горного региона в обеспечении эконо-мической безопасности”, Монография, Душанбе: “Ирфон”, 2014, 235 стр. 

25.       Сангинов О.Қ., Бобиев Р.С., Наҷмуддинов Ф.Н. - Дастури методӣ оид ба иҷрои лоиҳаи курсӣ аз фанни “Технология, ташкил ва идори мусофирбарӣ” барои донишҷўёни ихтисоси 440101 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ” (таҳсили шўъбаҳои рўзона ва ғоибона), Душанбе 2014.

26.       Юнусов Ф.М., Ҳабибуллоев Ҳ.Х., Маҳмадов Ш.Р.- Дастури методӣ ба кўмаки донишҷўёни курси якуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ “Раҳнамои донишҷўйи курси якум”, Душанбе 2014, ва ғайра. 

Дар кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рўи мавзўи «Проблемаҳои рушди системаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ бурда мешаванд. Инчунин аз ҷониби устодони кафедра корҳои илмию методӣ дар мавзуъҳои гуногуни соҳа интихоб ва иҷро шуда истодааст. 

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Иҷрокунандагон

1.

Мавзўи 1. Тавсифоти умумии системаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобиев Р.С,

Раҷабов А.А.,

2.

Мавзўи 2. Тадқиқоти бозори хизматрасонии наклиёт

Султонов А.Б.,

Мирзоева Н.Ш.,

Юнусов Ф.М.

 

3.

Мавзўи 3. Проблемаи тарақиёти интиқоли байналмиллалӣ

Бобиев Р.С,

Шодие Ш.К.,

Ҷалилов У.Ҷ.,

Начмудинов Ф.Н.

4.

Мавзўи 4. Проблемаи бехатарии иқтисодии системаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фохаков А.С.,

Юнусов Ф.М.,

Исмоилов М.И.

5.

Мавзўи 5. Проблемаи тарақиёти стратегии системаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозоргонӣ

Фохаков А.С.,

Юнусов Ф.М.

Солҳои охир устодони кафедра дар семинар, конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии зерин иштирок намуданд: 

р/т

Номи конфронс (мавзўъ)

Таърихи баргузорӣ

Макони баргузорӣ

Иштирокчиён

1.

Конференсияи VII байналхалқии илмӣ-амалии «Дурнамои рушди илм ва маориф» бахшида ба 20-солагии Сарқонуни ҶТ ва 90-солагии ш. Душанбе

23-24 октябри соли 2014.

 

ш. Душанбе

Бобиев Р.С., Фохаков А.С.,

Мирзоева Н.Ш. Исмоилов М.И., Юнусов Ф.М., Шодиев Ш.К., Ҷалилов У.Ҷ., Наҷмидинов Ф.Н.

2.

Семинари омўзишии «Аккредитатсияи барномаҳои омўзишии муҳандисӣ»

20-22 октябри соли 2014

ш. Душанбе

Бобиев Р.С.,

Юнусов Ф.М.

3.

Семинари байналмилалӣ дар мавзўи «Системаҳои нақлиётии зеҳнӣ: стратегия, технологияҳо ва омўзиш»

28-29.10.2015

ш. Алмаато, Ҷумҳурии Қазоқистон

Бобиев Р.С.

4.

Аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон нерўи зеҳнии кишвар»

15-17.05.2015

ш. Душанбе

Бобиев Р.С., Фохаков А.С.,

Бобоев М.Г.

5. 

1. Роҳпаймоии байналмилалӣ бо хатсайри «Хоргос – Алмаато – Бишкек – Хуҷанд – Душанбе – Турсунзода»;

2. Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Международные автомобильные дороги, качество, безопасность, инновации, образование».

8-10.06.2015

ш. Турсунзода

Бобиев Р.С., Исмоилов М.И.,

Ҷалилов М.И.

6.

Семинари илмӣамалӣ дар мавзӯи“Страхование эффективный метод управления рисками  при транспортировке грузов”, АВВАТ.

19 -20 октябри 2015

ш. Душанбе

Фохаков А.С., Шодиев Ш.К., Мирзоева Н.Ш.

7.

Международная научнопрактическая конференция “Наука и образование: векторы развития”. Лучшая научно методическая статья

28.08.2015 -29.10.2015 

ш. Чебоксария, Федератсияи Россия

Бобиев Р.С., Фохаков А.С.

 

Маълумот дар бораи унвонҷўён, аспирантон

Ному насаби унвонҷў

Мавзўи рисолаи илмӣ

Роҳбари илмӣ

1.

Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович

Самаранокии амалисозии системаи терминалҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон

н.и.и., дотсент Раҷабов Р.К.

2.

Исмоилов Маҳмуд Исоқович

Механизми ҳимояи маълумот ва бехатарии иқтисодии бозори хизматрасонии нақлиётӣ

н.и.и., дотсент Ҳабибуллоев Ҳ.Х.

3.

Шодиев Шодиқул Каримович

Такмили боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

д.и.и., профессор Раҷабов Р.К.

4.

Наҷмудинов Ф.Н.

Формирование и развитие сети интегрированных транспортно-логистических центров Республики Таджикистан в условиях глобализации транспортных систем

н.и.т., дотсент

Бобиев Р.С.

5.

Раҳимов Ф.К.

Перспективные направления региональных международных автомобильных перевозок

и проблемы его развития (на примере республики Таджикистан)

н.и.т., дотсент

Бобиев Р.С.