Кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот»
Факултети Муҳандисӣ – техникӣ (ДМТБ – ДТТ)

МУДИРИ КАФЕДРА

Бокиев Боки

дотсент
номзади илмҳои техникӣ
ФАЪОЛИЯТ Омӯзгорон Озмоишгоҳҳо

Кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот» (солҳои 1956-1991– «Обтаъминкунӣ ва канализатсия», 1991-2016 – Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ) соли  1958 таъсис дода шудааст.

Дар солҳои гуногун дар кафедра роҳбарӣ кардан: Вишневский Ю. П. (1958-1970 с.с.), Икромов М. И. (1970-1977с.с.), Собитов А. Д. (1978-1986с.с.), Саидаминов И.А. (1981-1994с.с.), Шоимов Ш. Ш. (1994-2004с.с.), Абдукадыров Д.А. (2004-2007с.с.), Давлатмиров Дж.Д. (2007-2015с.с.). Аз с. 2015 мудири кафедра номзади илмҳои технгикӣ, дотсент Бокиев Б.Р. мебошанд.

Аввалин омӯзгорони кафедраи навтаъсис М.И.Браилчук, Н.Ф.Конобеев, М.Х.Ҳотамов ва Н.Рахмонов буданд.

Дар солҳои гуногун омӯзгоронӣ зерин: номзадҳои илмҳои техникӣ, дотсентҳо Икромов М. И., Собитов А. Д.,  Хотамов  М. Х., И.А. Сайдаминов, Ш.Ш. Шоимов, Ҷ.Д. Давлатмиров, А.Д. Абдуқодиров, Хакимов Р., Садриддинов С. Ш., Бобоев Л. Г., Облобердиев Н., Усмонов К., муллимони калон Браильчук М. М., Конобеев Н. В., Рахмонов Н.,  Леонтева В., Сулаймонов И., Сафаров  Б.Т.,  Мавлонов А., Султонов М. М., Лозиев П.,  Ахмедов  З.,  Растрыгина  В.И., Файзулоев  С., Маруфи В. К., Хотамова Г.А., Гулмамадов С., Пардакулова  Г., Сатторов А., Цой Л., Абдулов А., Ф. Сангмамадов, Рахимов Ш.ва  ғайраҳо  дар кафедра фаъолият кардаанд. 

Дар соли 2016 бо сабаби якҷоя шудани ду кафедра, яъне «Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ» ва Кафедраи «Таъмини газугармӣ ва ҳавотозакунӣ» номи кафедра ба кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот» табдил ёфт.

Аввалин муҳандисон бо теъдоди 11 нафар соли 1961 кафедраро хатм намуданд. Аз соли 1970  қабул ба шӯъбаҳои шабона ва ғоибона  шурӯъ шудааст.

Кафедра на фақат барои соҳаи ҳоҷагии халқи ҷумҳурӣ, балки барои кишварҳои хориҷи дуру наздик чун Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Афғонистон, Лаос, Миср, Непал ва ғайраҳо кадрҳо тайёр кардааст.

Кафедра то кунун беш аз 1780 муҳандисонро тайёр намудааст.

Кадрҳои илмӣ-омӯзгориро ҳам кафедра ва ҳам кафедраҳои «Обтаъминкунӣ», «Обихроҷӣ» ва «Гидравлика» -и Донишгоҳи Давлатии Сохтмони Маскав ва Донишгоҳи Давлатии Сохтмони Киев тайёр мекарданд. 

Дар кафедра устодон ду рисолаи докторӣ ва 20 рисолаи номзади  илмҳои техникиро омода ва дифоъ кардаанд. 

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ дар кафедра таваҷҷуҳи хос ба таъмин ва таҳияи барномаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисон,  маводҳои таълимӣ-услубӣ, таъминоти моддию техникии раванди таълим, ташкили таҷрибаомузӣ, барқарорсозии иртибот бо ташкилот ва муассисаҳои олии таълимӣ равона карда шуда будаанд. Дар муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии Ю.П.Вишневский асосгузори кафедра  ҳамаи иқтидорҳои илмӣ ва омӯзгорӣ он вақт дар ҷумҳурӣ вуҷуд дошта ҷамъ омадаанд ва  инчунин аз мактабҳои олии дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ мутахассисон даъват шуда буданд. Озмоишгоҳи «Гидравлика» таъсис дода шуд, ки то кӯчидани кафедра ба бинои нав бо муваффақият дар тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ нафақат аз ихтисоси «Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ», балки аз рӯи дигар ихтисосҳои дар донишгоҳ мавҷуд буда фаъолият мекунад.

Татбиқи барномаи таълимии тайёр кардани мутахассис бояд бо омӯзгорони дорои маълумоти базавӣ, мутобиқ ба касби фанни тадрисшаванда ва мунтазам ба фаъолияти илмӣ ва илмию-методӣ машғул буданро таъмин намояд. Кафедра дар ин самт соли 1970 вақте, ки роҳбарии онро нахустин номзади илмҳои техникӣ  М.И. Икромов ба ӯҳда дошт аз рӯи ихтисоси «Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ» ба комёбиҳои калон ноил гардид.

Дар аспирантураҳои ҳамон вақтаи мактабҳои олии марказ хатмкунандагони болаёқат ва бамаҳорати кафедра  равон гардида буданд, ки дар натиҷа бо муваффақият рисолаҳои номзадӣ ва докториро дифоъ карда, асоси ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраро ташкил намуданд. Докторони илм А.Тешаев ва И.Саидаминов, номзадҳои илм  Ш. Шоимов, А.Д. Собитов, Д. Абдуқодиров, Д. Давлатмиров аз ҷумлаи онҳо маҳсуб мешаванд.

 Дар солҳои 80-ум ба иртиботи рушди бо шиддати обтаъминкунии марказҳои аҳолинишин таҳти роҳбарии мудири кафедра дотсент А.Д. Собитов дар назди кафедра озмоишгоҳи илми тадқиқоти «Эътимоднокии иртиботи мухандисӣ» таъсис дода шуда буд, ки  ба масъалаҳои системаи минтақавии  обтаъминкунии шаҳрҳо ва бо эътимодияти кори онҳо  дар реҷаҳои гуногун машғул буданд. Мувофиқи супориши кафедра ва таҳти роҳбарии дотсент Д. Абдуқодиров озмоишгоҳи «Насосҳо ва истгоҳи насосӣ» таъсис дода шуд.   

Солҳои 1986-1994 ба кафедра номзади илмҳои техникӣ дотсент И. Саидаминов роҳбари кард. Таҳти роҳбариву роҳнамои ӯ дар кафедра як қатор корҳои таҳқиқоти оид ба усули  тозакунии партовҳои саноатӣ ва коркарди таҳшинҳо гузаронида шуд ва дар ин соҳа озмоишгоҳи «Таҳқиқоти партовҳо ва коркарди таҳшинҳо» таъсис дода шуд. Инчунин луғати истилоҳот аз рӯи ихтисоси «Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ» таҳия гардид. Маълумотнома оид ба тозакунии обҳои табии ва партовҳо таълиф ва нашр гардид ва ҳамчунин дигар шаклҳои кори таълимию методӣ анҷом дода шуд. Доир ба масъалаҳои зикршуда К. Усмонов ва шаҳрванди Миср Ашраф Муҳаммад рисолаҳои номзадиро дифоъ намуданд. Тибқи супориши кафедра ва таҳти роҳбарии дотсент Д. Абдуқодиров озмоишгоҳи «Таҷҳизоти санитарию техникии бино» таъсис дода шуд.

Дар солҳои 1994-2004 дар кафедра таҳти роҳбарии дотсент Ш. Шоимов бо сабаби бадшавии сифати обҳои воридшаванда ба истеъмолкунандагон аз системаи мутамарказонидаи қубурҳои обӣ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва коркарди дастгоҳҳои маҳдуди локалии гуногун оид ба тозакунии обҳои лойолуд  шурӯъ шуд.

Таҳқиқоти сохти дастгоҳҳо ва масоили назариявии софкории обҳои лойолуд бо усули береагентӣ гузаронида шуд. Рисолаҳои номзадиро А.Норматов, С.Ш. Сайриддинов, Р.О. Ҳакимов, М.Н. Урунова,  Н.С.Облобердиев, А. Басюни ва Г. Ҳакимов бо муваффакият дифоъ намуданд.

Солҳои 2004-2007 ба кафедра номзади илмҳои техникӣ дотсент Абдукадыров Д.А. роҳбари кард.

Аз солҳои 2007-2015 ба кафедра номзади илмҳои техникӣ дотсент Ҷ.Д. Давлатмиров роҳбари кард. Таҳти роҳбари ӯ дар кафедра корҳои тайёр намудани кадрҳо аз рӯи ихтисоси нав «Истифодаи маҷмаъаи захираҳои обӣ», таҳияи барномаи таълимии тайёр кардани мутахассисон  ва таъминсозии раванди таълим бо маводҳои таълимию услубӣ, техникӣ, баркарорсозӣ ва таҷдиди озмоишгоҳ ва базаи таълимию методии кафедра идома дорад.

Татбиқи амалии натиҷаҳои беш аз 50 корҳои илмию таҳқиқотии кафедра оид ба коркарди обҳои табии ва тозакунии партовобҳо ва инчунин коркарди таҳшинҳои он дар бисёр марказҳои аҳолинишини хоҷагии обӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва кишварҳои муштаракулманофеъ ҷорӣ карда шудаанд. Дар байни онҳо озмоиши форсункаи обмонӣ барои обпошии кабудизорҳо, тозакунии партовобҳои шаҳрҳои Душанбе,  Бука, Чорҷӯ, Хуҷанд, Конибодом, Ёвон,  тозакунии қаблии обҳои партови ш.Душанбе дар  ҳавзҳои биологӣ, софкардани обҳои лойолуд, минтақакунии системаи обтаъминкунии ш.Душанбе, Комбинати  равған, Заводи чарм, маҷмаъи хоҷагии обии комбинати нассоҷӣ, нармсозӣ ва коркарди истиқрори обҳои фабрикаи қаннодии «Ширин», нармсозии обҳои ш.Роғун, тозакунии обҳои лойолуди  ш.Душанбе, софкунии гидравликии обҳои канали калони Вахш барои обёрии гурӯҳи минтақаи Вахш ва ғайра мебошанд.

Устодони кафедра дар барномаи рушд, таҷдид ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳо ва марказҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ, дар омодасозӣ ва гузаронидани конфронсҳои гуногуни байналмиллалӣ ва симпозиумҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Дотсентҳои кафедра Ш. Шоимов ва Д. Абдуқодиров аъзои гурeҳи эҷодии Форуми байналмиллалии Душанбегии «Оби тоза» ва дотсент А.Ю. Норматов роҳбари гурeҳи минтақавии лоиҳаи обтаъминкунии ш.Душанбе будаанд. Тавассути олимону муаллимони кафедра корҳои тадқиқоти системаи обтаъминкунии ш. Қурғонтеппа ва Данғара, системаӣ ирригатсионии қасри фарҳанги Тоҷикистон гузоронида шуд ва инчунин лоиҳаи маҳзанҳои фишорию танзимкунандаи ш.Кӯлоб, таҷдиди системаи обихроҷии ш. Ҳисор, барқарорсозии иншооти тозакунии табобатгоҳи Хоҷа-Обигарм ва ғайраҳо таҳия гардиданд.

Аз соли 2015 дар кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Боқиев Б.Р. роҳбари мекунад. Дар мӯҳлати кӯтоҳ дар кафедра корҳо  оиди гузаштан ба таҳсилоти дузинагӣ, ҳуҷҷатҳои асосии таҳсилии ихтисосҳои кафедра, яъне Нақшаҳои таълимӣ, Барномаҳои кории фанҳо, ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили озмоишгоҳи нав ва ғ. ба анҷом расидаанд. Робитаҳои байналмиллалии кафедра мустаҳкам гардидаанд, ки 2 донишҷуйи кафедра дар мамлакати Норвегия такмили ихтисосро гузаштаанд. Маблағ барои забономузии донишҷӯён ва устодони кафедра дастрас карда шудаанд.

Дар баробари фаъолияти асосии меҳнатӣ ва корҳои илмӣ аз зумраи хатмкунандагони кафедра як катор роҳбарон ва шахсони масъул ба камол расидаанд: Икромов М.И - декани факултаи Мухандисию сохтмонӣ (солҳои1975-1980), Ҷ. Давлатмиров - декани факултаи Мухандисию сохтмонӣ (солхои 1980-1988), ноиби ректор оид ба корҳои хориҷии ДТТ (солхои 1988-1990), Ш. Шоимов - декани факултаи Мухандисию сохтмонӣ (солхои 1988-1990), И.Саидаминов - ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ, ноиби ректор оид ба корҳои таълимии донишгоҳ (1994-1996), Д. Абдуқодиров - Котиби илмии Шӯрои илмии донишгоҳ, Урунова М.Н. – Раиси Шӯрои Занони донишгоҳ, А.Ю. Норматов - сардори идораи илмию методии ДТТ (1993-2002), Сулаймонов А.А. – декани факултаи Мухандисию сохтмонӣ, муовини Раиси ш.Душанбе, Муҳиддинов П. - декани факултаи Мухандисию сохтмонӣ, ҷонишини Вазири Энергетика ва саноатиҶТ, Амиров О. - декани факултаи Сохтмон ва меъморӣ, ноиби ректор оид ба корҳои иқтисодиёт, Шарипов Ш. – Мудири Шӯъбаи тарбияи донишгоҳ.

Хатмкунандагони кафедра на фақат дар хоҷагии обу корезии кишвар, балки дар кишварҳои гуногун Олмон, Амрико, Исроил, Афғонистон, Лаос, Непал, Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ғайра фаъолият мекунанд.

Кафедра бо ташкилотҳое, ки бо кадрҳо ниёз доранд, аз ҷумла Корҳонаи воҳиди давлатии «ХМК» ва «Обу корезии ш.Душанбе», Институти лоиҳакашии ҶСНК «Корезлоиҳа», ҶСНК «САНИИОСП», ГПИ «Тоҷиккоммунпроект» ва ғайра робитаи зич дорад.

Ҳайати омӯзгорону олимони кафедра бо арзу сипоси беназир ва бо ифтихор, омӯзгорон ва роҳбарони худ: докторҳои илм, профессорон Я.А. Карелин, Н.Н. Абрамов, Ю.М. Ласков, В.Ю. Воронов, В.И. Калитсун, Г.И.Николадзе, Е.А. Пугачев,  В.Н. Журов, Д.Д. Жуков ва дигаронро ёдовар мешаванд, ки саҳми арзандае дар барқарорӣ  ва рушди кафедра гузоштаанд.  

Дар шароити кунунӣ фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии кафедраро 18 нафар омӯзгорон, аз ҷумла як нафар доктори илм, 5 нафар номзади илм, дотсент ва 7 нафар муаллими калон, 5 нафар ассистентҳо, ки 2 нафари онҳо аспирант мебошанд,  ба ӯҳда доранд.

Ҳайати устодони кафедра аз хатмкардагони худи кафедра  иборат буда дар айни замон дар он ҷо фаъолият мебаранд, ки доктори фанҳои техникӣ, профессор Сулаймонов А.А., номзадони фанҳои техникӣ, доцентон Урунова М. Н., Норматов А. Ю., Амиров О.Х., Бокиев Б. Р., Шарипов Ш. К., муаллимони калон Абдуллоев Р.Г., Назаров С.М., Умаров Б.У., Поччоев М.М., Худжаев П.С., ассистентон Муродов П., Иброхимов А.З., Марамов М.Б., Махмудов А.М. аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Кафедра дорои озмоишгоҳҳои «Гидравлика», «Кимиё ва микробиология», «Фишорафзоҳо», «Обтаъминкунӣ», «Обихроҷӣ», «Коркарди обҳои  табиӣ ва партовҳо» ва «Таҷҳизоти санитарии-техникии биноҳо», «Газтаъминкунӣ», «Гармитаъминкунӣ», «Ҳавотозакунӣ» -ро дар ихтиёр дорад.

Самтҳои асосии фаолияти илмию тадқиқоти кафедра иборатанд: тадқиқот дар соҳаи тоза намудани обҳои табии ва партовобҳо, коркарди таҳшинҳои онҳо, эътимодияти  кори шабака ва иншооти системаҳои обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳо мебошанд.

Дар солҳои охир кафедра бо якчанд ташкилотҳои хориҷӣ бо мисоли «Oxfam», «USAID»,  «GRUNDFOS»,  «ТЕМПУС-4» ва ғайра ҳамкории зич дошта, баҳри  омӯзонидани донишҷӯён аз дастоварҳои муосири илму техникаи кишварҳои муштарак талош карда истодааст.

Бинобар ин дар кафедра синфхонаи таълимӣ-озмоишӣ дастгоҳҳои обкашӣ ҳозиразимонро таъсис дода, методҳои нави интихоб ва санҷиши дастгоҳи обкаширо дар барномаи таълимӣ ҷорӣ кардааст.

Дар  кафера аз соли 2007 Маҳфили ҷамъияти экологии илмии донишҷӯён «ВЗОЛ» фаъолият мебарад. 

 Тамоюлоти таҳқиқоти ва эҳёи маҷмаи сохтмонӣ аз он ҷумла ба системаҳои обтаъминкунӣ, обихроҷӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ ва оқилона истифодабарии захираҳои обӣ бовари мебахшад, ки дар оянда низ ба кадрҳои тайёркардаи кафедра талабот меафзояд ва мутахассисон ва омӯзгорони ҷавон омадаи кори пуршараф - омӯзонидан ва тарбия кардани насли ҷавонро идома медиҳанд.