ИТТИФОҚИ КАСАБА

РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОН

Аминов Шамсулло

дотсент
номзади илмҳои техникӣ
ФАЪОЛИЯТ Раёсати КИКУ ва К

ИТТИФОҚИ КАСАБАИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОНМ

Бо шарофати истиқлолият ва  сулҳу субот,  дар ҳамаи гушаҳои  кишвари азизамон насими кору эҷод танинандоз буда, мардуми шарифи он дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зеботар шудани ҷумҳуриамон кӯшиш менамоянд. Дар чунин давраи  ҷушу хуруши созандаи миллат, аъзоёни Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, барои дар сатҳи баланд ва шукуҳи хоса таҷлил намудани ҷашни 60-солагии донишгоҳ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Таърихи таъсису инкишофи донишгоҳро бе фаъолияти иттифоқи касабаи устодон ва кормандони он тасаввур намудан муҳол аст, чунки Иттифоқҳои касаба ягона ташкилоти ҷамъиятии расмие мебошанд, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи кормандони муассисаю корхонаҳоро новобаста аз мансубияти ҳизбӣ, динӣ, ирсию мазҳабиашон ҳимоя менамоянд. Аз ин рӯ, таърихи Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ ба таърихи худи донишгоҳ ҳамранг буда, дастоварду мушкилотҳои воқеии ҳаёти донишгоҳро дар ҳамаи марҳиллаҳои фаъолияташ, пурра таҷассум менамояд.

 Агар ба ҳуҷҷатҳои охири солҳои 50-уми Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ шинос шавем, дар онҳо ҳамчун масъалаи асосӣ - беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон, ташкили озмоишгоҳу синфхонаҳо ва дастрас намудани хобгоҳ барои институти навтаъсис мебошад. Дар солҳои 60-ум то 90-ум бошад, дар ҳуҷҷатҳо масъалаҳои нисбатан васеътари илмию таълимӣ, фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии Институти политехникӣ ва кормандони он, дар маддӣ аввал  ба назар мерасанд.

Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти давлати Шӯравӣ ва қувваи пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои фаъолият дар собиқ иттиҳоди Шӯравӣ мусобиқаи сотсиалистӣ ба шумор мерафт. Масъалаи ташкил, назорат ва ҷамбасти натиҷаҳои мусобиқаи сотсиалистӣ яке аз вазифаҳои асосии Иттифоқҳои касаба дониста мешуд. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки ба ташкилоту корхонаҳои ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ “Байрақи сайёр”, “Ифтихорнома” ва мукофотпулиҳои Кумитаҳои марказии Иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ дода мешуданд.

Мисоле, ки коллективи Институти политехникии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 1978 барои гирифтани ҷойи сеюм дар озмуни мактабҳои олӣ оид ба ташкили шароити хуби кору истироҳати донишҷӯён ва аз рӯи натиҷаҳои соли 1984 барои нишондиҳандаҳои баланд дар мусобиқаи умумииттифоқии сотсиалистӣ дар иҷрои супоришҳои соли 1984 ва амалӣ намудани чорабиниҳои зиёд дар самти омода намудани мутахассисони бомаҳорат, беҳтар намудани самаранокӣ ва сифати корҳои таълимӣ- методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, бо Ифтихорномаҳои Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси иттиҳоди Шӯравӣ, Кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ, инчунин бо мукофоти пулии онҳо сазовор шудааст, аз фаъолияти хуби Кумитаи иттифоқҳои касабаи Инстиути политехникӣ дар ҳамон солҳои 80-ум  шаҳодат медиҳад.

Назорати риояи интизоми меҳнат, иштироки кормандон дар чорабиниҳои оммавӣ – шанбегиҳо, ғунучинӣ пахта ва ғайраҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои Кумитаҳои иттифоқҳои касаба ба шумор мерафт. Беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон яке аз вазифаҳои муҳими ин Кумита буд. Кормандон дар он давра фақат тибқи рӯйхати навбатдорон ва қарори дахлдори Кумитаҳои иттифоқи касаба соҳиби хона шуда метавонистанд. Айнан ҳамин тавр дастрас намудани маводҳои камёби серталабот, аз қабили мошини сабукрав, гилему палос, яхдон ва ғайраҳо ба воситаи рӯйхат дар Кумитаҳои иттифоқҳои касаба амалӣ карда мешуд.

Аз ин лиҳоз, барои кормандон зиёда аз 70 хонаи истиқоматӣ дастрас намудани Раёсат ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ дар соли 1990, аз фаъолияти хуби ин Кумита дарак медиҳад.

Мутаасифона, вобаста ба буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии солҳои 90-ум, мундариҷаи кори Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони донишгоҳ низ дигар шуд. Дар ин давра дастрас намудан якчанд дона нон барои кормандон, ё муҳофизат карда тавонистани хобгоҳ ё озмоишгоҳе аз ғасбу тороҷ, вазифаи муҳим ба шумор мерафт. Аз ин нуктаи назар, нисбатан пурра дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта тавонистани биноҳҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳ нишондиҳандаи мусбати фаъолияти Раёсат, Кумитаи иттифоқҳои касаба ва кормандони донишгоҳ дар чунин давраи пурошӯб буда метавонад.

Хушбахтона дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳои сангин паси сар шуданд. Дар ҷумҳуриамон сулҳу субот барқарор шуда, барои кору эҷод шароити мусоид фароҳам омад. Лекин то солҳои 2000-ум шароити кор вазнин буд. Дар натиҷаи бесомониҳои солҳои 90-ум Пояи моддӣ-техникии донишгоҳ заиф гашта, бисёр кормандони собиқадору соҳибкасб донишгоҳро тарк карда ба хориҷи ҷумҳурӣ ё ба ташкилоту корхонаҳои дигар ба кор рафтанд. Қумитаи Иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ дар ин давра якҷоя бо Раёсати донишгоҳ мекӯшиданд, ки бо ҳар роҳу восита кормандонро ба донишгоҳ ҷалб намуда, раванди таълимро таъмин намоянд.

Аз солҳои 2000-ум сар карда барои беҳтар намудани шароити кору таълим оҳиста-оҳиста шароити мусоид фароҳам омад. Яке аз вазифаҳои муҳими Раёсат ва Иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ дар ин давра, ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлол мувофиқ намудани раванди тайёркунии мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию тарбиявӣ буд. Мо худамон шоҳид ҳастем, ки барои ҳалли ин масъала даҳҳо ихтисосҳои нав кушода шуда, якчанд факултету кафедраҳои нав таъсис дода шуданд. Масъалаи дигари доғи рӯз - ин марҳила ба марҳила омода намудани биноҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, хобгоҳҳои донишгоҳ барои таҳсилу зиндагии донишҷӯёну устодон ва ҷалби ҳар чӣ бештари донишҷӯёну устодони болаёқат барои таҳсилу кор дар донишгоҳ буд.

Як хусусияти фарқкунандаи ин марҳилаи фаъолияти донишгоҳ аз солҳои пешин дар он буд, ки  роҳбарии яккаҳизбӣ барҳам хурда, дар ҷомеа ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба фаъолият оғоз намуда буданд. Дар муассисаҳои таҳсилотӣ бошад, фаъолият намудани ҳизбу ҳаракатҳои гуногун манъ карда шуда буд. Бинобар ин, ҳалли бисёр масъалаҳои идеологӣ, тарғиботӣ ва тарбиявие, ки пештар аз тарафи сохторҳои ҳизбию комсомолӣ амалӣ карда мешуданд, ба зиммаи ташкилоти ҷамъиятии нисбатан муташаккил – сохторҳои Ииттифоқи касаба гузаштанд. Мундариҷа ва самти кори Кумитаҳои иттифоқи касаба каме дигар шуд.

Аз оғози фаъолияти донишгоҳ то давраи истиқлолият роҳбарии Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандони донишгоҳро Сангинов С.Н., Неъматулоева З., Балхов Д.Б., Анваров А., Гулбеков К.К., Рахимкулов Х, Табибулоева М.М., Ҳасанова Ф.Н. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 1994  то соли 2014, дар давоми 20-соли давраи истиқлолият роҳбарии Қумитаи иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандони донишгоҳро Раҳматов Акрам Шарифович ба ӯҳда дошт ва ҳоло Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандон  Аминов Шамсулло Асоевич мебошад. Ҳайати қумита аз 11- нафар иборат буда, дар чор сектор (самт) фаъолият намуда, шумораи аъзоёни иттифоқи касаба аз ҳисоби устодон ва кормандон 1039 нафарро ташкил менамоянд.  

Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ бо назардошти шароиту вазифаҳои нави замони истқлолият кору фаъолияташро ба роҳ монда, барнома ва нақшаи кориашро ба иҷрои вазифаҳои дар назди донишгоҳ гузошташуда ҳамоҳанг менамуд. Яке аз масъалаҳои асосии Кумитаи Мазкур дар давраи истиқлолият ин - дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ:  андешидани чораҳо барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон; боло бардоштани сатҳи маош, додани мукофотпулиҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба донишгоҳ; ҳавасманд намудани кормандон барои беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия ва омодакунии мутахассисон дар донишгоҳ буд.  Дар натиҷаи амалӣ намудани чунин чорабиниҳо сатҳи маоши кормандон дар соли 2015  нисбати соли 2005 зиёда аз 10 маротиба афзуд, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Минтақаи варзишию истироҳатии донишгоҳ дар километри 53-уми дараи Варзоб ба донишгоҳ баргардонида шуд. Пояи моддӣ-техникии таълим хеле беҳтар гардида, дар донишгоҳ  китобхонаҳои замонавии анъанавию электронӣ, толору майдончаҳои варзишӣ таъсис дода шуданд. Дар донишгоҳ шароити мусоиди кору таҳсил барқарор гашта, аз донишгоҳ бо сабаби кам будани маош аз кор рафтани устодон қатъ гардид. Баракс кормандоне, ки пеш донишгоҳро тарк карда буданд, баргашта ба донишгоҳ омаданд.

 Ҳамасола Кумитаи иттифоқҳои касаба барои дар сатҳи баланд гузаронидани иду  ҷашнҳои  умумидавлатию сунатиамон, махсусан иди Наврӯз диққати ҷиддӣ медищад. Қумита дар якҷоягӣ бо Раёсати донишгоҳ кӯшиш менамуданд, ки баргузории ҳар як иду тантанаи умумихалқӣ хотирмон бошад, барои баланд шудани худшиносию масъулияти кормандон мусоидат намояд. Бо ин мақсад дар баробари чорабиниҳои тарғиботию фарҳангӣ, дар арафаи иду ҷашнвораҳо, кормандони донишгоҳ, махсусан кормандони камбизоат бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида мешаванд.

            Сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ҳам беҳтар гардид. Дастаҳои ҳунарии донишгоҳ пайваста дар озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро соҳиб мешуданд. Донишгоҳ ҳамасола барои ҷоми Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони донишгоҳ аз рӯи бозии Шоҳмот ва ҷоми Ректори донишгоҳ аз рӯйи бозии Волейбол мусобиқаи тимҳои якачинӣ мактабҳои олии ҷумҳуриро мегузаронад.

Ҷашнвораю чорабиние, ки дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба баргузор карда мешаванд, дар беҳтар гардидани самтҳои фаъолияти донишгоҳ саҳми аранда мегузоранд. Яке аз чорабиниҳои муҳиму хотирмон, аз ин нуқтаи назар, баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 50-солагии донишгоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 апрели соли 2007 буд. Суҳбатҳои пурмуҳтавои Ҷаноби Олӣ бо устодону донишҷӯён дар ин вохӯрӣ, таҳия ва тасдиқи чорабиниҳо, махсусан  “Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015” баъди ин вохӯрӣ, ба рушди ҳамаи соҳаҳои фаъолияти донишгоҳ такони ҷиддӣ бахшид. Айнан ҳамин тавр баргузории “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” 1- сентябри соли 2014, дар бинои нави факултети Сохтмон ва меъмории донишгоҳ бо иштирокӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин  таъсирбахшу хотирмон буд. Тибқи Нақша - чорабиниҳои барои иҷрои дастурҳои Ҷаноби Олӣ дар ин вохӯрӣ иброз намуда, ба донишгоҳ додани мақоми Донишгоҳи миллии техникии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ҳамаи ин таваҷҷуҳи хосаи  Роҳбари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моро вазифадор менамояд, ки тамоми имкониятҳоямонро барои беҳтар намудани кори таълиму тарбия, омодакунии мутахассисон, ба талаботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ наздик намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона намуда, барои рушди ватани азизамон саҳми муносиб гузорем.