КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН  МЕНАМОЕМ.

 Боби якум

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

 Моддаи 1

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

 

Моддаи 2

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

 

Моддаи 3

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

 

Моддаи 4

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст. 

 

Моддаи 5

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

 

Моддаи 6

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

 

Моддаи 7

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.

Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 8

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

 

Моддаи 9

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 10

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

 

Моддаи 11

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.

Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Моддаи 12

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

 

Моддаи 13

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

 

Боби дуюм

ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

 

Моддаи 14

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

 

Моддаи 15

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 16

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

 

Моддаи 17

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

 

Моддаи 18

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад.

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

 

Моддаи 19

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

 

Моддаи 20

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

 

Моддаи 21

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

 

Моддаи 22

Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

 

Моддаи 23

Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

 

Моддаи 24

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 25

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

 

Моддаи 26

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

 

Моддаи 27

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.

Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 28

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

 

Моддаи 29

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

 

Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 31

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

 

Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

 

Моддаи 33

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст.

 

Моддаи 34

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

 

Моддаи 35

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

 

Моддаи 36

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 37

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

 

Моддаи 38

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 39

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

 

Моддаи 40

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.

Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.

Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

 

Моддаи 41

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 42

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

 

Моддаи 43

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 44

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

 

Моддаи 45

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

 

Моддаи 46

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад.

Муҳлати вазъияти фавқулода то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

 

Моддаи 47

Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.

Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Боби сеюм

МАҶЛИСИ ОЛӢ

 

Моддаи 48

Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

 

Моддаи 49

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 50

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 51

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 52

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

 

Моддаи 53

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбарӣ мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.

Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

 

Моддаи 54

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.

Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

 

Моддаи 55

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:

  1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
  2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода;
  3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
  4. Таъини интихоботи Президент;
  5. Қабули истеъфои Президент;
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
  7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯйи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

 

Моддаи 56

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

  1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
  2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
  3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
  5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 57

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  12. Муайян намудани маоши Президент;
  13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

 

Моддаи 58

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

 

Моддаи 59

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

 

Моддаи 60

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.

Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

 

Моддаи 61

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.

 

Моддаи 62

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.

Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

 

Моддаи 63

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз муҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

 

Боби чаҳорум

ПРЕЗИДЕНТ

 

Моддаи 64

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 65

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 66

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.

Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.

Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 67

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:

«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

 

Моддаи 68

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

 

Моддаи 69

Салоҳияти Президент:

  1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
  2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
  3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
  4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
  6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
  7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
  9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
  10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
  11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
  12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад;
  13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
  14. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
  15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;
  17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;
  19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
  20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;
  21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
  22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
  23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
  24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
  25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
  26. Масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
  27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;
  28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ,ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
  29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 70

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 71

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.

Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 72

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

 

Боби панҷум

ҲУКУМАТ

 

Моддаи 73

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 74

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.

Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.

Ҳукумат дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти муътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.

Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 75

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. 

 

Боби шашум

МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

ВА ХУДИДОРАКУНӢ

 

Моддаи 76

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 77

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

 

Моддаи 78

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.

Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.

Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.

Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

 

Моддаи 79

Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он ҳудуд ҳатмист.

Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

 

Моддаи 80

Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

 

Боби ҳафтум

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 81

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

 

Моддаи 82

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

 

Моддаи 83

Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад. 

 

Боби ҳаштум

СУД

 

Моддаи 84

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.

Таъсиси суди фавқулода манъ аст.

 

Моддаи 85

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.

 

Моддаи 86

Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ Президент таъин ва озод мекунад. 

 

Моддаи 87

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

 

Моддаи 88

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.

Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 89

Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Салоҳияти Суди конститутсионӣ:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист.

 

Моддаи 90

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ. 

 

Моддаи 91

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

 

Моддаи 92

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.

Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

 

Боби нуҳум

ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 93

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

 

Моддаи 94

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

 

Моддаи 95

Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

 

Моддаи 96

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 97

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Боби  даҳум

ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ

 

Моддаи 98

Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

 

Моддаи 99

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.

Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

 

Моддаи 100

Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

 

Муқаррароти интиқолӣ

  1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
  2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
  3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
  4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАОРИФ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАОРИФ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 532; с. 2014, № 3, мод. 156, № 7, қ. 2, мод. 422;  с. 2016, № 3, мод. 1148, № 7, мод. 624; Қонунҳои ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1462; аз 17.05.18 с., № 1527)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
   

Моддаи 1. Мафҳумҳои  асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;

аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;

аспирант – шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;

аттестатсияи хатм – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;

аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;

баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият – иҷозатномадиҳии такрорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълимӣ дар шакли муттаҳидшудаи ин амалиёт дар як мӯҳлат;

бакалавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст;

барномаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд; 

интернатура –  ихтисосгирии баъдидипломӣ барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтӣ;

докторантура аз рўи ихтисос – шакли тайёр намудани кадрњои баландихтисоси илмї ва илмию педагогї дар муассисањои тањсилоти олии касбї ва муассисањои илмї бо додани дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рўи ихтисос барои шахсоне, ки дорои дараљаи тањсилоти олии касбии магистр ва барои ихтисосњои тиббї магистр — ординатори клиникї мебошанд; (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527)

донишҷӯ – шахсе, ки дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ (бакалавриат, магистратура ва мутахассис) таҳсил менамояд;

зинаҳои таҳсилот – марҳилаҳои таълиму тарбия, ки давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд;

китоби дарсӣ – воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро  пайдарҳам ифода менамояд;

маблағгузории сарикасӣ – маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад;

магистратура – дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад;

мазмуни таълим – сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимие, ки азхудкунии он имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро медиҳад;

мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати  давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд;

мақомоти дахлдори давлатӣ – мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатие, ки ваколатҳои муайянеро дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;

мактаби (синфи) камнуфус – муассисаи таълимие (синфе), ки дар маҳалҳои камаҳолӣ барои бо таҳсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад;

маориф — раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад;

машғулияти инфиродӣ – шакли таълим бо истифодаи тарзҳои гуногуни таълими инфиродӣ, ки ба хонанда ё донишҷӯ дониши иловагӣ медиҳад;

муассисаи таълимӣ – ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад;

муассисаи таълимии махсус – ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муҳити махсуси педагогӣ буда, офияти тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдаконеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин менамояд; 

муассисаи томактабӣ – ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад;

мутахассис – шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро  соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ имконият дорад;

натиҷаи таълим – маҷмӯи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд;

нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд; 

низоми маориф – мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд;

нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии шахсоне, ки муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалиро хатм кардаанд;

омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад;

фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ – фаъолияти омӯзгорие, ки дар муассисаи таълимӣ берун аз вақти корӣ ва ё берун аз муассисаи таълимӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад;

постдокторантура – шакли тайёр намудани кадрњои баландихтисоси илмї ва илмию педагогї дар муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї ва муассисањои илмї бо додани дараљаи илмии доктори њабилитат барои шахсоне, ки дорои дараљаи академии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рўи ихтисос мебошанд; (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527)

ординатура (резидентура) – таҳсилоти олии касбии баъдидипломии тиббие, ки аз рӯи ихтисосҳои муайяни тиббӣ зери роҳбарии табиби дараҷаи илмидошта ё табибони пуртаҷриба анҷом дода мешавад;

сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад; 

сифати таҳсилот – маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ;

стандартҳои давлатии таҳсилот – маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мӯҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;

тарбия – раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз  ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ; 

таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;

тарбиягиранда – кӯдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст;

таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишҷӯ, аспирант, шунавандаи муассисаи таълимӣ;

таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст;

таҳсилоти калонсолон – маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кӯмаки он калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд;

таҳсилоти муттасил – дар тӯли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ;

таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад; 

таҳсилоти фарогир – барои кӯдакон, новобаста ба  ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот;

таҷҳизоти таълимӣ – таҷҳизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, маҳорат, малака, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии таълимгирандагон истифода мешавад;

раванди таълим – низоми фаъолияти таълимию тарбиявӣ барои расидан ба  мақсадҳои таълим;

экстернат – омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи хатм дар муассисаҳои таълимӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1462)

 

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
  2. Давлат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад. 
  3. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф  ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
  4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  5. Дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.

 

Моддаи 4. Принсипҳои  асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф

 

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

– қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ;

– ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;

– дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;

– бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;

– муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

– ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;

– ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;

– ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

– мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;

– раванди муттасили таҳсил;

– мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

– ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

– пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

– ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.

 

Моддаи 5. Вазифаҳои Қонуни мазкур

 

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд: 

– таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;

– фароҳам овардани кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;

– муқаррар намудани салоҳият, ваколатҳо, вазифаҳо, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– муҳайё  намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;

– фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим;

– мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс;

– тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ;

– тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ; 

– дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ.

 

Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил

 

  1. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад.
  2. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳатмии умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот кафолат медиҳад.
  3. Ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо метавонад танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
  4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд. 
  5. Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад.
  6. Давлат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо кӯмак мерасонад, аз рӯи натиҷаи таълим барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.
  7. Давлат таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд. 
  8. Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.
  9. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳуқуқи баробар доранд. 
  10. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

 

Моддаи 7. Забони таҳсил

 

  1. Забони асосии таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад.
  2. Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи соҳаи маориф, ба забони модарии онҳо гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.
  3. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ забони таҳсил бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии хонандагон, синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо муайян карда мешавад.
  4. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмист.
  5. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ

 

  1. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар карда мешаванд, ки аз нишондиҳандаҳои зерин иборатанд:

– ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо;

– ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;

– талаботи асосӣ ба сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон;

– мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот. 

  1. Барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия мегарданд. Барномаҳои таълимӣ аз инҳо иборатанд:

– томактабӣ;

– таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);

– таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 

– таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ;

– таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

– таҳсилоти иловагӣ;

– таҳсилоти махсус; 

– таҳсилоти калонсолон.

  1. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.
  2. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълимӣ таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ карда мешаванд.
  4. Мӯҳлат ва меъёри омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ Қонуни мазкур ва стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд.
  5. Дар муассисаҳои таълимӣ барои озмоиши технологияи нави таълим ва ҷорӣ кардани мазмуни нави таълим ба таври таҷрибавӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия карда мешаванд. 
  6. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ карда мешаванд. 
  7. Дар муассисаҳои таълимии таҷрибавӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба тариқи озмоиш барномаҳои таълимии давлатҳои пешрафта метавонанд истифода шаванд.
  8. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ менамояд.

 

БОБИ 2.

НИЗОМИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 9. Сохтори низоми маориф

 

  1. Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:

– стандартҳои давлатии таҳсилот;

– барномаҳои таълимӣ;

– шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;

– мақомоти идоракунии маориф;

– муассисаҳои таълимӣ; 

– субъектҳои раванди таълиму тарбия; 

– муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф;

– иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ;

– воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.

  1. Дар низоми маориф инчунин сохторҳои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо ба вазифаҳои зерин вобаста мебошанд:

– гирифтани таҳсилот ва таъмини он;

– гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ;

– мусоидат барои иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ;

– мониторинг ва арзёбии дониш аз рӯи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар низоми маориф метавонанд сохторҳои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста намебошад.

 

Моддаи 10. Муассисаи таълимӣ, сохтор ва намудҳои он

 

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд. 
  2. Мақоми муассисаи таълимӣ ва сохтори он аз тарафи муассис (муассисон) муайян гардида, дар оинномаи муассиса тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегардад.
  3. Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  4. Тасдиқ кардан ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ амалӣ мегардад.
  5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд:

– томактабӣ;

– таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);

– таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 

– таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ; 

– таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

– таҳсилоти иловагӣ;

– таҳсилоти махсус;

– муассисаҳои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд. 

  1. Намудҳои дигари муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ

 

  1. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  мешавад.
  2. Муассисаи таълимии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
  3. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
  4. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми маҳаллӣ дорад, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.
  5. Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо қарори муассис (муассисон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузарад.
  6. Муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ба сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимии маҳаллӣ ба сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешаванд.
  7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  8. Муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд.
  9. Дар сурати барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронидани таълимгирандагонро мувофиқи хоҳиши онҳо ба дигар муассисаҳои таълимии мувофиқ таъмин менамоянд.

 

Моддаи 12. Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ

 

  1. Тартиби бақайдгирии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 
  2. Ҳуқуқи муассисаи таълимӣ барои  пешбурди фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ки оинномаи он пешбинӣ намудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ин муассиса мавриди амал қарор дода мешавад.
  3. Ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома дода мешавад. 
  4. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маорифро пайдо менамояд.

 

Моддаи 13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ

 

  1. Муассиси (муассисони)  муассисаи таълимӣ инҳо шуда метавонанд:

– мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф; 

– иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;

– фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

  1. Муассис (муассисон) метавонад муассисаи таълимии муштарак таъсис диҳад.
  2. Муассиси ҳама намуди муассисаҳои таълимии ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълими ҳарбии шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ

 

  1. Оинномаи муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатест, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим намуда, маълумотҳои зеринро дар бар мегирад: 

– ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми муассиса;

– муассис (муассисон);

– шакли ташкилию ҳукуқӣ;

– маълумот оид ба намояндагиву филиалҳо;

– мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ;

– тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таҳсил, тартиби қабул ва хориҷ намудани таълимгиранда, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳон, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии таълимии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он;

– тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимӣ бо тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);

– сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимӣ, аз ҷумла тартиби истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ, тартиби ташаккули моликият, намуди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти пулакӣ;

– тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ташкили тарзи идоракунӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;

– ҳуқуқу вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– феҳристи санадҳои дохилие, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим менамоянд.

  1. Оинномаи муассисаи таълимии давлатӣ бояд мақоми идоракунии дастҷамъӣ, тартиби ташкил ва вазифаҳои онро пешбинӣ намояд.
  2. Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро муассис (муассисон) тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 15. Таълиму тарбияи томактабӣ

 

  1. Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои томактабӣ: ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, мактаб-интернат, хонаи кӯдакон, маркази инкишофи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. 
  3. Барои дар оила ва муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбия гирифтани фарзандон падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), баробар бо муассисаҳои томактабӣ масъул мебошанд ва барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ омода намудани онҳо ӯҳдадоранд.
  4. Муносибатҳои байни муассисаҳои томактабӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаи тарафайн танзим карда мешавад.
  5. Давлат муассисаҳои томактабиро аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ карда, дастрасии хизматрасонӣ, таълиму тарбияи томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.
  6. Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим мегардад.

 

Моддаи 16. Таҳсилоти умумӣ

 

  1. Таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти умумӣ дар бораи табиат, ҷамъият ва арзишҳои таърихию фарҳангии милливу умумибашарӣ ташкил карда мешавад.
  2. Таҳсилоти умумӣ тавассути муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, мактабҳои (синфҳои) камнуфус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.
  3. Синну сол ва мӯҳлати таҳсил дар ҳар зинаи таҳсилотро Қонуни мазкур ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ муайян мекунанд.
  4. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ҳатмист.
  5. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир, оилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
  6. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ (9-сола) ҳатмист.
  7. Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирад. 
  8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ метавонад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонанда дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ бошад.
  9. Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи  хатм ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли аттестатсияи хатмро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар мекунад.
  10. Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1462)
  11. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи хориҷ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.
  12. Қарори мазкур нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешавад.
  13. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамоянд.
  14. Таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда ташкил карда мешавад.
  15. Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ ба роҳ монда мешавад.
  16. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзӣ иҷозатнома доранд, метавонанд дар асоси шартнома хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакиро ба роҳ монанд.
  17. Тайёрии ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  18. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рӯи барномаи таълимие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиа тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад. 
  19. Шаҳрвандон барои таҳсилоти динӣ гирифтан дар муассисаҳои таълимии динӣ ҳуқуқ доранд. Фаъолияти ин муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси иҷозатномае, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф медиҳад, амалӣ карда мешавад. 
  20. Гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони то синни 18 танҳо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

  1. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон дар заминаи таҳсилоти умумии  асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи дохил шудан доранд.
  2. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар литсейҳои касбӣ — техникӣ ва соҳавӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Таҳсилоти калонсолон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда шуда, он бо гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ ба анҷом мерасад.
  4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил карда мешавад, агар муассисаи таълимӣ оид ба ин навъи фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошад.
  5. Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар курсҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирифтан мумкин аст.
  6. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ надоранд, барои касбомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва инчунин ба курсҳои таълимие, ки дар қисми 5 моддаи мазкур зикр гардидаанд, қабул карда мешаванд.
  7. Таҳсилоти шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
  8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
  9. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сохтори худ метавонад намудҳои мухталифи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил намояд.
  10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вобаста ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ

 

  1. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро доранд.
  2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.
  3. Баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ба шаҳрвандон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, дар ин муассисаҳо баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).
  4. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқи хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, то  4 сол муқаррар карда мешавад.
  5. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
  6. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 
  7. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсилро дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои ин шаҳрвандон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.
  8. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад марказҳои касбомӯзӣ, филиал, шӯъба, парки технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошад, ки тартиби таъсиси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).

 

Моддаи 19. Таҳсилоти олии касбӣ

 

  1. Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд.
  2. Таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ба онҳо баробаркардашуда амалӣ карда мешавад. 
  3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва муштарак мешаванд.
  4. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулакӣ таълим мегиранд.
  5. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти олии дуюм гиранд.
  6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо метавонанд дар сохтори худ донишкада, филиал, академияи таълимӣ, коллеҷ, литсейи касбӣ — техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагии таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.
  7. Донишкада ва академияҳо метавонанд дар сохтори худ литсейи касбӣ — техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар сохторҳо дошта бошанд.
  8. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббӣ, барои дарёфти тахассуси дараҷаи «бакалавр» на камтар аз 4 сол, «мутахассис»  на камтар аз 5 сол ва «магистр» на камтар аз 2 сол муқаррар карда мешавад.
  9. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад. 
  10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ вобаста ба имконоти моддию техникӣ барои тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ шомил мебошанд.
  11. Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян мегарданд.

 

Моддаи 20. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

 

  1. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ инкишоф диҳанд. 
  2. Муассисаи таълимии тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо маќсади тайёр намудани мутахассисони илмї ва илмию омўзгорї барои муассисањои таълимии тањсилоти олии касбӣ ва муассисањои илмї ташкил карда мешавад. Муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї ва муассисањои илмии алоњидае, ки дорои заминаи илмї ва моддию техникї мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатї гузаштаанд, метавонанд зинањои тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї – магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рўи ихтисос), докторантура ва постдокторантура таъсис дињанд ва вазифаи ходими илмиро љорї намоянд (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).

 

  1. Фаъолияти илмӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

 Моддаи 21. Таҳсилоти иловагӣ

 

  1. Таҳсилоти иловагӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шахс, ҷамъият ва давлат дар асоси барномаҳои иловагии таълимӣ ва хизматрасонии иловагии таълимӣ татбиқ карда мешавад.
  2. Таҳсилоти иловагиро шахс дар муассисаҳои таълимӣ ва баъд аз хатми муассисаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ соҳиб шуда метавонад.
  3. Таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ амалӣ карда мешавад.
  4. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ тааллуқ доранд:

– марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон;

– академияҳои хурди илмҳо; 

– қасрҳо, стансияҳо, клубҳои кӯдакон ва наврасон;

– мактабҳои касбии варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ ва рассомӣ;

– курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ;

– хонаҳо,  студияҳои эҷодиёти кӯдакон ва наврасон, лагерҳои варзишӣ ва сайёҳӣ;

созмонњои хонандагон (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527);

– мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакону наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, варзишгоҳҳои кӯдакона; 

– клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист;

– клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон; 

– муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;

– муассисаҳои таълимии ибтидоии махсуси бадеӣ;

– муассисаҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва дигар муассисаҳое, ки иҷозатномаи дахлдор доранд.

  1. Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии намуди муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши таълимгиранда асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шахсон пешниҳод мегардад.
  2. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, мутахассисон ва кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои дахлдори таълимӣ бо мақсади амиқтар намудани дониш ва малакаи касбӣ, азхудкунии касб ва ихтисоси нав амалӣ карда мешаванд.
  3. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва мутахассисон аз тарафи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон ва ё дар асоси шартнома пулакӣ амалӣ карда мешаванд.
  4. Таҳсилоти иловагие, ки таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат мегиранд, метавонад дар асоси шартнома пулакӣ ташкил карда шавад. 
  5. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ дар асоси низомномаи Намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 22. Таҳсилоти махсус

 

  1. Таҳсилоти махсус ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва офияти тиббию иҷтимоии кӯдаконеро таъмин менамояд, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст.
  2. Барои кӯдаконе, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ, хонаҳои санатории кӯдакона ташкил карда мешаванд.
  3. Барои кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ  мебошанд ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил карданро надоранд, муассисаҳои махсуси таҳсилоти умумӣ, мактаб- интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои таълимии мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию иҷтимоии ин гуна кӯдаконро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.
  4. Кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд, бо ризоияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонанд якҷоя бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд ё барои онҳо машғулиятҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд.
  5. Кӯдакони гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ дар комиссияҳои тиббию омӯзгорӣ, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, дар ҳузури падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) аз ташхис мегузаранд. 
  6. Барои кӯдакони аз 10-сола боло, ки ахлоқу рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд ва муносибати махсуси омӯзгориро талаб мекунанд, муассисаҳои таълимии мухталифи махсус, ки офияти тиббию иҷтимоии онҳоро таъмин мекунанд, таъсис дода мешаванд. Ба муассисаҳои таълимии мазкур кӯдакон бо қарори суд фиристода мешаванд.
  7. Таҳсилоти махсус дар асоси нақша ва барномаи махсус бо истифода аз технологияҳои муосири таълим вобаста ба муайян намудани дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон ҷараён мегирад.
  8. Мӯҳлати таҳсилоти махсуси умумии ҳатмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба намуд ва дараҷаи тамоюли иллати ҷисмонӣ ё равонии кӯдакон муайян мекунад.
  9. Таҳсилоти касбии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус дар асоси феҳристи самт ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, ки ба ҳамин гурӯҳи хатмкунандагон мувофиқ мебошад, дар муассисаҳои таълимии махсус ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ташкил карда мешавад.
  10. Таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси давлатӣ ройгон аст.

 

Моддаи 23. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

 

  1. Муассисаҳои таълимие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот медиҳанд.
  2. Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсон намудҳои зерини ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро медиҳанд:

– аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9);

– аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 (12));

– шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) – барои шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда касб омӯхтаанд;

– диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр) – барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

  1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи моддаи 20 Қонуни мазкур ба хатмкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдор медиҳанд.
  2. Аз рўи натиљаи њимояи корњои тахассусї – рисолаи илмї ва маљмўи корњои илмї бо тартиби муќарраршуда дипломњои номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори њабилитат дода мешаванд.
  3. Дар муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї аз рўи натиљаи фаъолияти илмию омўзгорї бо тартиби муќарраршуда шањодатномаи дотсент аз рўи ихтисос ва шањодатномаи профессор аз рўи ихтисос дода мешаванд. (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527)
  4. Ба шахсоне, ки ин ё он зинаи таҳсилотро (ба истиснои таҳсилоти умумии асосӣ) пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома ва ба шахсоне, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранд, сертификат дода мешавад. 
  5. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои «5» (аъло)  таҳсил намуда, имтиҳони хатмро бо баҳои «5» (аъло)  супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, медали тилло ва аттестати (шаҳодатномаи)  намунаи махсус дода мешавад.
  6. Ба хонандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5»  (аъло) хатм кардаанд ва ҳангоми таҳсил дар синфҳои 10, 11 (12) имтиҳонҳоро бо баҳои «5» (аъло) супоридаанд ва дорои рафтори намунавианд, лекин аз рӯи на бештар аз ду фан баҳои солонаи «4» (хуб) дошта,  аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии «5» (аъло) доранд ва имтиҳони хатми синфи 11 (12)-ро бо баҳои «5»  (аъло) супоридаанд, медали нуқра ва аттестати (шаҳодатномаи) намунаи махсус дода мешавад.
  7. Ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 1-9)-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, аттестати (шаҳодатномаи)  аъло дода мешавад.
  8. Ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбиро бо баҳои «5» (аъло) хатм кардаанд, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.
  9. Тартиби мукофотонидани хонандагон бо медали тилло ва нуқра ва додани аттестати (шаҳодатномаи) аъло ва дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
  10. Ба хонандагон ва донишҷӯёни дорои рафтори намунавие, ки  муассисаҳои таълимиро бо баҳои аъло хатм кардаанд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ дода мешавад.
  11. Тартиби пешниҳод ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус – аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, инчунин имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобастаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  12. Ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ инчунин нишони сарисинагӣ дода мешавад, ки намунааш аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда мешавад.
  13. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилот, ки бо мӯҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.
  14. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тахассуси дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ нишондодашуда, инчунин дараҷаи илмии дар ҳуҷҷати намунаи давлатӣ қайдкардашуда ба амалигардонии фаъолияти касбӣ, аз ҷумла ишғол намудани вазифаҳое, ки барояшон талаботи тахассусӣ ба дараҷаи таҳсилот муқаррар шудааст, ҳуқуқ доранд.
  15. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршударо месупоранд, ки онҳо баробари ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибор доранд.
  16. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилотро бо мӯҳри худ тасдиқ мекунанд. 
  17. Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ мекунад.
  18. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо ба шарте эътироф мегарданд, ки агар онҳоро шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намуда бошанд ё он давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома ё созишномаи дахлдор дошта бошанд. 
  19. Нострификатсияи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳоро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома ё созишнома надоранд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

 

Моддаи 24. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

 

  1. Хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ тибқи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
  2. Шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи фармоиши давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро хатм кардаанд, мувофиқи шартномаи тарафайн ва роҳхати мақомоти дахлдор ӯҳдадоранд, ки аз рӯи ихтисос на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, ба шарте  ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Ин мутахассисон то 3 сол мутахассисони ҷавон ба ҳисоб мераванд.
  3. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбиро дар хориҷи кишвар  тибқи шартномаи тарафайн хатм кардаанд, ӯҳдадоранд, ки мувофиқи роҳхати мақомоти дахлдор аз рӯи ихтисос на камтар аз 5 сол фаъолият намоянд.
  4. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор мебошанд.
  5. Мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, тибқи фармоиши давлатӣ бесабаб ба ҷойи кори муайяншуда ҳозир намешаванд ё аз кор саркашӣ мекунанд, инчунин қабл аз ба охир расидани мӯҳлат талаботи шартномаи тарафайнро риоя наменамоянд, ӯхдадоранд маблағи барои таҳсили онҳо харҷшудаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонанд. 
  6. Мақомот, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ки мутахассисони ҷавонро бо роҳхат қабул менамоянд, ӯҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд ва дар сурати набудани эҳтиёҷот ба мутахассис мақомоти дахлдори давлатиро хаттӣ огоҳ созанд.
  7. Донишҷӯёне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро бо дипломи аъло бо нишони аълочӣ хатм кардаанд, дар интихоби ҷойи кор озоданд ва барои дохилшавӣ ба магистратура, барои ихтисосњои тиббї магистратура — ординатураи клиникї, аспирантура ё докторантура аз рўи ихтисос бе навбат роҳ дода мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).

 

Моддаи 25. Ташкили раванди таълиму тарбия 

 

  1. Муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбияро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф амалӣ менамоянд.
  2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаи таълим ва ҷадвали дарсҳоро, ки муассисаи таълимӣ тасдиқ кардааст, тағйир дода наметавонанд.
  3. Дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад. Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст.
  4. Дар раванди таълиму тарбия роҳбарони муассисаҳои таълимӣ,  омӯзгорон ва дигар кормандон барои таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, инчунин риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ масъул мебошанд.
  5. Муассисаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани санҷишҳои ҷорӣ  ва аттестатсияҳои фосилавӣ сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат ва муайян мекунанд.
  6. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот азхудкунии барномаҳои таълимӣ бо аттестатсияи хатм анҷом меёбад.
  7. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявии хонандагон ва донишҷӯён таҷрибаомӯзии касбӣ ба роҳ монда мешавад. Мӯҳлати таҷрибаомӯзии касбӣ дар нақшаҳои таълимӣ нишон дода мешавад.  
  8. Барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии касбӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешавад, масъул мебошанд. 
  9. Аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ҷалби таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои ба таълиму тарбия новобаста манъ аст.
  10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст. 
  11. Дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббию педагогӣ фаъолият карда метавонанд.

 

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Моддаи 26. Мақсад ва шаклҳои танзими давлатӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва назорати сифати таҳсилот амалӣ карда мешавад.
  2. Танзими давлатӣ дар соҳаи маориф инчунин ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нигаронида шуда, сифати таҳсилотро назорат ва идора менамояд.

 

Моддаи 27. Идоракунии сифати таҳсилот

 

  1. Идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд.
  2. Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 28. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф фаъолияти таълимии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба риояи иҷрои талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф амалӣ мегардад.  
  2. Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф бо тарзҳои  зерин амалӣ мешавад: 

– иҷозатномадиҳӣ;

– баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

– аттестатсияи давлатӣ;

– аккредитатсияи давлатӣ;

– назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф. 

  1. Назорати давлатӣ бо роҳи назорати ҷорӣ, фосилавӣ ва нақшавӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 29. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ

 

  1. Иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи маориф тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. 
  2. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи амалӣ намудани барномаҳои таълимиро пайдо менамояд.

 

Моддаи 30. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии

                         муассисаи таълимӣ

 

  1. Баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  2. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
  3. Дар асоси натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаи таълимӣ шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.
  4. Қарор оид ба тасдиқ ё бозхонд намудани  аккредитатсияи давлатӣ дар асоси аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ қабул мегардад. 
  5. Муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ё филиалҳои онҳо, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, аз аккредитатсияи давлатӣ бо тартибе, ки барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, мегузаранд.

 

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ СОҲАИ МАОРИФ

 

Моддаи 31. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф

 

  1. Идоракунии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти давлатию ҷамъиятӣ дошта, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1462)
  2. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;

– вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд;

– мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;

– мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

  1. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассис (муассисон) ё бо супориши муассис (муассисон) Шӯрои сарпарастон тибқи низомномаи намунавии тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассиса амалӣ менамояд.
  2. Дахолати мақомоти идоракунии давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, илмию методӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

 

Моддаи 32. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф инҳо мансубанд:

– муайян ва таъмин намудани рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ;

– таъмин кардани роҳбарии самараноки соҳаи маориф;

– бо пешниҳоди вазорату идораҳо таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои махсуси таълиму тарбия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва сохторҳои он;

тасдиќи низомномаи намунавии созмони хонандагони муассисањои таълимии тањсилоти умумї; (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527)

– тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;

– тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, таъмини онҳо аз ҷиҳати моддию техникӣ ва молиявӣ;

– муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи онҳо, мусоидат намудан ба пешрафти муассисаҳо, паркҳои технологӣ ва марказҳои илмие, ки дар сохтори муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд;

– таъсиси марказҳои илмию инноватсионӣ, паркҳои технологӣ;

– ҳамоҳангсозии байнисоҳавии илмӣ ва илмию техникӣ бо мақсади амалӣ намудани консепсияҳо, барномаҳо, лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ, технологию коммуникатсионӣ;

– муайян намудани тартиби додани иҷозатнома, гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимӣ;

– тасдиқи феҳристи касбу ихтисосҳое, ки бо шакли экстернат гирифтани онҳо манъ аст;

– тасдиқи феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ;

тасдиқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., №1125; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1346);

– муайян намудани  меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории соҳаи маориф, тартиби маблағгузории буҷетии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор;

– тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот, низомномаҳо дар бораи аттестати (шаҳодатномаи) универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати (шаҳодатномаи) аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, дипломи аъло бо нишони аълочӣ, муайян намудани имтиёзҳои ба ҳуҷҷатҳои мазкур вобаста;

– муайян намудани андозаи музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ, меъёрҳо ва тартиби пешниҳоди имтиёзҳо, грантҳо, ҷоизаҳо ва стипендия барои кормандони мазкур, хонандагон, донишҷӯён, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқоне, ки ба вазифаи ходими илмӣ гузаронида мешаванд;

– муайян ва тасдиқ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи маориф;

– тасдиқ намудани тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон;

– амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 33. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф

 

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дохил мешаванд:

– амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф;

– таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи маориф;

– назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

– ба имзо расонидани  шартнома ва дигар санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муқарраршуда;

– таҳияи низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва пешниҳод намудани онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар асоси низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ намудани оиннома, дастурамал ва қоидаҳои намунавӣ, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии дахлдорро танзим менамоянд;

– пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ;

– додани иҷозатнома барои амалӣ кардани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

– таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани онҳо;

– тасдиқ ва назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;

– муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот; 

– баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои таъмин ва ҷобаҷогузории мутахассисон, муайян кардани мазмун, тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

– дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини заминаҳои моддию техникӣ, низоми молиявӣ, меъёрҳои маблағгузорӣ, меъёри музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо;

– дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани андозаи маблағи таҳсил, аз ҷумла маблағи таълими пулакӣ барои муассисаҳои таълимӣ;

– бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбии мутахассисон тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол мутобиқи низомнома ва қоидаҳои муқарраршуда гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ;

– барои баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҳар 5 сол бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ;

– тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмӯӣ ба  фаъолияти муассисаи таълимӣ бо мақсади муқаррар намудани мақоми муассисаи таълимӣ ҳар 5 сол дар асоси низомномаи дахлдор ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ;

– тасдиқ кардани меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;

– бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони аввал ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мактаб — интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсуси сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;

– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони воҳидҳои сохтории муассисаю дигар ташкилотҳо, ба истиснои  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбие, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;

– сархат бо ҚҶТ аз 14.03.14 с., №1081 хориҷ карда шуд

– дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян кардани ихтисос ва равияҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ ва бозори меҳнат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ бо назардошти имконияти воқеии муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ; 

– додани иҷозат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он барои таъсиси магистратура, аспирантура, докторантура ва таъсиси вазифаи ходими илмӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1346);

– тасдиқ кардани қоидаҳои умумии қабули тарбиягирандагон ва таълимгирандагон ба муассисаҳои томактабӣ, таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва назорати иҷрои онҳо; 

– тасдиқ кардани тартиб ва тарзи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ, санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., №1125)

муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаи маориф  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1295);

– дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ намудани таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ;

– ташкил кардани такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;

– бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ ва пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тасдиқ намудани қоидаҳои ҷойивазкунии роҳбарони мақомот ва муассисаҳои сохтории худ;

– таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти идоракунии маориф бо муассисаҳои таълимӣ;

– таъмин ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф, маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда;

– назорати раванди таъсис ва фаъолияти марказҳои инноватсионӣ ва паркҳои технологӣ;

– бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани дигар ваколатҳо.

 

Моддаи 34. Ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию

                        тарбиявӣ доранд

 

Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

– оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, таҳсилоти махсус ва марказҳои таҳсилоти калонсолон дар сохтори худ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамоянд; 

– бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, муовинони якум ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти махсуси сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамоянд; 

– раванди таълиму тарбияро тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори худ таъмин менамоянд;

– нақшаю барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро вобаста ба имконоти молиявӣ амалӣ менамоянд;

– такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва воҳидҳои сохтории худро ташкил ва таъмин менамоянд;

– фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи сохтори худро назорат намуда, аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда онҳоро маблағгузорӣ мекунанд;

– дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, инчунин баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии сохтори худ ва раванди иҷозатномадиҳӣ ба онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд;

– якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф стандартҳои давлатии таҳсилотро барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии соҳавӣ ё муассисаҳои зертобеи худ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

– ба нашри китобҳои илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ мусоидат менамоянд;

– аттестатсияи омӯзгорон ва кормандони ихтисосҳои (фанҳои) тахассусии муассисаҳои таълимию илмии худро мегузаронанд;

– ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии зертобеи худ роҳхати корӣ дода, бо кор таъмин намудан ва раванди ба кор рафтани онҳоро назорат менамоянд;

– низоми таҳсилоти муттасили касбию тахассусии соҳавии худро муайян менамоянд;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 35. Ваколатҳои мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи маориф ваколатҳои зеринро доранд:

– сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар маҳалҳо амалӣ менамоянд, барномаҳои маҳаллии  рушди соҳаи маорифро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва дигар хусусиятҳо таҳия намуда, амалӣ мегардонанд;

– фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунии маорифро назорат менамоянд;

– муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки мақоми маҳаллӣ доранд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ таъсис, аз нав ташкил ва барҳам медиҳанд;

– буҷети маҳаллӣ, аз ҷумла буҷети соҳаи маориф ва фондҳои дахлдори рушди маорифро ташаккул дода, на камтар аз меъёрҳои ҳадди ақалли аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида меъёрҳои маҳаллии маблағгузории соҳаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамоянд;

– шароити мусоидро барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф таъмин менамоянд;

– ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани  ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд;

– барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи асосӣ дур нашудани хонандагон тадбирҳо андешида, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот назорат менамоянд;

– аз ҳисоби маблағи иловагии худ барои инкишофи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои маҳаллии маориф шароити мусоид фароҳам месозанд;

– такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро маблағгузорӣ менамоянд;

– тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии давлатиро бо хизматрасонии ройгон ва ё имтиёзноки тиббӣ таъмин мекунанд;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 36. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф

 

Мақомоти маҳаллии идоракунии маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар фаъолияти худ дорои чунин ваколатҳо мебошанд:

– муассисаҳои таълимиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, намояндагӣ мекунанд;

– кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро ба ҳисоб гирифта, таълиму тарбияи онҳоро то дарёфти таҳсилоти умумии асосӣ зери назорат мегиранд;

– васояту парастории кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) маҳрум мондаанд, муқаррар намуда, онҳоро ба хонаҳои кӯдакон ё мактаб-интернатҳо ҷойгир мекунанд, дигар васӣ ё парасторро таъин мекунанд ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегиранд;

– мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии сохтори маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ таъмин мекунанд;

– аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро гузаронида, ба онҳо дараҷаҳои тахассусӣ медиҳанд;

– фармоиши давлатиро оид ба тайёр кардани коргарон ва мутахассисон дар асоси озмун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии маҳаллӣ иҷро мекунанд;

– роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва иловагии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муовинони роҳбарони муассисаҳои мазкурро дар мувофиқа бо роҳбарони онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунанд;

– ба мақомоти болоӣ дар бораи масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагӣ ҳисоботи оморӣ пешниҳод менамоянд;

– барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дур нашудани хонандагон масъул буда, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот таъмин менамоянд;

– фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро зери назорат гирифта, барои ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҷалб намудани онҳо тадбирҳо меандешанд;

– барои ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар тайёр намудани хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тадбирҳо андешида, омодагии онҳоро якҷоя бо муассисаҳои таълимӣ зери назорат мегиранд;

– оинномаи муассисаҳои таълимии давлатиро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ мекунанд;

– такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тавассути шабакаи кабинетҳои методӣ ба нақша мегиранд ва ташкил мекунанд;

– муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидоштаро аз аттестатсия мегузаронанд ва ба фаъолияти онҳо баҳо мегузоранд;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 37. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро доро мебошанд:

– барои барҳам додани муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии давлатӣ дар ҳудуди дахлдор ризоият медиҳанд;

– ба беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва шароити моддию маишии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф мусоидат менамоянд;

– дар бобати беҳбудии шароити иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф чораҳо меандешанд;

– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 38. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ

 

  1. Муассисаҳои таълимӣ дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон, фаъолияти илмӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ мустақил мебошанд.
  2. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

– оинномаи худро таҳия намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд мегузаронанд;

– қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимии худро тасдиқ менамоянд;

– нақшаҳои таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳоро тасдиқ менамоянд;

– талаботи иҷозатномаро барои пешбурди фаъолияти таълимӣ риоя менамоянд;

– дар раванди таълиму тарбия усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ менамоянд;

– аттестатсияи мобайнӣ ва аттестатсияи хатми хонандагон ва донишҷӯёнро гузаронида, сатҳи сифати таълимро назорат менамоянд;

– шаклҳои нави таълим, аз ҷумла таълими кредитиро татбиқ менамоянд;

– такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;

– бақайдгирӣ (инвентаризатсия), ҳифз ва нигоҳубини мол, ашё ва таҷҳизоти таълимиро таъмин менамоянд; 

– бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявию пулӣ тадбирҳо меандешанд;

– тарзи ҳаёти солимро дар байни таълимгирандагон тарғиб намуда, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатариро риоя мекунанд;

– барои аз таҳсил дур намондани кӯдакони синни мактабӣ якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти оморӣ ҷамъ намуда, ҷалби хонандагонро ба зинаҳои  таҳсилот назорат менамоянд; 

– ба таълимгирандагони эҳтиёҷманд  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намуда, онҳоро бо маводи зарурӣ таъмин менамоянд;

– хонандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбии кишвар ва хориҷа омода менамоянд;

– ба хонандагон тарзи дурусти интихоби касбро таълим дода, роҳнамоии касбиро ба роҳ мемонанд;

– ба дуруст таҳия намудан ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод кардани ҳисоботи омории муассисаи худ масъул мебошанд; 

– сохтор, ҷадвали вазифаю маош, тақсимоти ӯҳдадориҳои вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи худро тасдиқ менамоянд;

– ба маоши вазифавии омӯзгорони муассисаи худ иловапулиҳо муқаррар намуда, тартиб ва андозаи мукофотпулиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд; 

– омӯзгорон ва дигар кормандони худро ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешбарӣ менамоянд;

– ба заминаҳои моддию техникии муассисаи худ таҳким бахшида, мутобиқи талаботи меъёрӣ бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ таъмин менамоянд; 

– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳо ва воситаҳои иловагии моддию молиявиро ҷалб менамоянд;

– фаъолияти нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва тиббиро таъмин ва таҳти  назорат қарор дода, барои беҳтар намудани шароити онҳо тадбирҳо меандешанд;

– ба фаъолияти омӯзгорон, дигар кормандон ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд;

– вазифаҳои дигареро, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст, иҷро мекунанд.

  1. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳамчун қисми таркибии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ вазифаҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд.

 

Моддаи 39. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ

 

  1. Идоракунии муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо амалӣ мегардад.
  2. Роҳбарии умумии муассисаи таълимии давлатиро шӯрои муассиса, роҳбарии бевоситаро мудир, директор, ректор ё дигар роҳбар иҷро менамояд.
  3. Роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, махсус ва иловагии давлатӣ бо тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  4. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст.

 

Моддаи 40. Идоракунии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ 

 

  1. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо идора карда мешаванд.
  2. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо муассисаҳои таълимии давлатӣ баробарҳуқуқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
  3. Тарзҳои идоракунии бевоситаи муассисаҳои таълимии ғайридавлатиро муассиси (муассисони) онҳо муайян мекунад.

 

Моддаи 41. Худидоракунии муассисаҳои таълимӣ

 

  1. Дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ шӯрои муассисаи таълимӣ, шӯроҳои омӯзгорон ва олимон, шӯроҳои истеҳсолию педагогӣ, илмию методӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ, директорон, ректорон, донишҷӯён, аспирантон, сарпарастон, нозирон, созмонњои хонандагон, сохторҳои кумитаҳои кор бо ҷавонон ва занон, кумитаҳои падару модарон, ассотсиатсияҳои падару модарон, омӯзгорон ва ғайра дохил мешаванд, ки номгӯй ва вазифаҳои онҳо бо назардошти низомномаҳои дахлдори намунавии муассисаҳои таълимӣ дар оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ мегарданд (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).
  3. Ба ҳайати мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, хонандагон,  донишҷӯён, аспирантон ва иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
  4. Мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зеринро меандешанд:

– раванди таълиму тарбияро ташаккул дода, иҷрои онро назорат менамоянд;

– фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимиро назорат менамоянд;

– ба беҳтар шудани вазъи молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.

 

Моддаи 42. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи маориф

 

  1. Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои илму техника, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташаккул меёбад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд.
  3. Таъминоти илмии соҳаи маорифро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 5.

ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ. МАҚОМИ ОМӮЗГОР

 

Моддаи 43. Субъектҳои раванди таълиму тарбия

 

Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дохил мешаванд:

– таълимгирандагон, коромӯзон, интернҳо, ординаторон, аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон, постдокторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, кормандони соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527);

– мураббиён, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф;

– ходимони илмӣ, кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ;

– падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда);

– намояндагони  муассисаву дигар ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд.

 

Моддаи 44. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия

 

  1. Ҳуқуқҳо ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия  мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1462)
  2. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд.
  3. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии аз аккредитатсияи давлатӣ нагузашта таҳсил мекунанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои хатмро бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар муассисаҳои таълимии давлатие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, супоранд.
  4. Хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва ихтисос мувофиқро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби ба таври истисно аз як муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ ба муассисаи дигари таълимии таҳсилоти касбӣ гузаштани хонандагон ва донишҷӯён, аз ҷумла ройгон ё пулакӣ будани таълимро, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
  5. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд худро аз амали ғайриқонунии маъмурият, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки ҳуқуқ, шаъну шараф ва ё қадру эътиборашонро паст мезананд, ҳифз намоянд.
  6. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии давлатиро муассис (муассисон) бо стипендия, ёрдампулӣ, хобгоҳ (барои сокинони деҳот ва шаҳрҳои дигар), ёрии тиббию солимгардонӣ ва дигар ёрии моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин менамояд.
  7. Хароҷоти таҳсили аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон, постдокторантон ва дигар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).
  8. Хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми таълим ва таҷрибаомӯзии касбӣ бо тартиби муқарраршуда бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома бо музди меҳнат таъмин мегарданд.
  9. Барои шахсони дар муассисаҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ қарордошта, роҳбарияти чунин муассисаҳо якҷоя бо мақомоти идоракунии маориф барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тайёрии касбӣ ва ҳамчунин худомӯзии онҳо шароит муҳайё менамоянд.
  10. Хонандагон ва донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои «4» (хуб) ва «5» (аъло) месупоранд, бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронида мешаванд. Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаронидани чунин хонандагон ва донишҷӯёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
  11. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои мазкурро бо имтиёзҳое, ки барои таълимгирандагон ва дигар унвонҷуёни дараҷаҳои илмии муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин менамояд.
  12. Шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ  таҳсил мекунанд, дар мавриди мавҷуд будани даъватномаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии иловагӣ аз ҷойи кор ва дигар имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳуқуқ доранд.
  13. Муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимӣ метавонад дар доираи имкониятҳои худ барои таълимгирандагон дигар намуди имтиёзҳоро муқаррар намояд.

 

Моддаи 45. Стипендия ва дигар пардохтҳои пулӣ

 

  1. Стипендия маблаѓест, ки ба хонандагон, донишљўён, интернњо, ординаторњо, аспирантони гурўњњои тањсили рўзона, докторантњо аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантон пардохт карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини стипендия таъсис дода мешаванд:

– стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

– стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»;

– стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯён;

– стипендияи давлатї барои аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантон (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527);

– стипендияи номӣ.

  1. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон, донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рўи ихтисос, ки дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ дастовардҳои назаррас доранд, пардохт карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).
  2. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ пардохт карда мешавад.
  3. Стипендияи давлатии академӣ барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешаванд. Стипендияи мазкур барои донишҷӯён вобаста ба дастовардҳояшон дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ таъин карда мешавад.
  4. Барои донишҷӯёни соли аввали таҳсил, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, аз аввали соли таҳсил то санҷиши аввал (санҷиши нимсола) стипендияи давлатии академӣ пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  5. Барои донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюбони гурӯҳҳои I ва II стипендияи давлатии академӣ, новобаста ба натиҷаи таҳсил пардохт карда мешавад.
  6. Стипендияи давлатї ба аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки аз њисоби буљети давлатї тањсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлатї ба аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантон аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527)
  7. Стипендияи номӣ аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи мазкурро таъсисдиҳандагони он муайян менамоянд.
  8. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, стипендияи давлатии академӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
  9. Ба таълимгирандагон дигар пардохтҳои пулӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар соҳаи

                       маориф

 

  1. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳуқуқ доранд:

– барои фарзандони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбия ва шакли таълимро интихоб намоянд;

– дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ иштирок намоянд;

– ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;

– манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;

– барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандартҳои давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимӣ, ҳангоми муқаррар намудани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.

  1. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ӯҳдадоранд:

– барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияти вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

– ҳуқуқ ва шаъну шарафи фарзандонро ҳифз намоянд;

– фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд;

– ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд.

  1. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон  ӯҳдадоранд, ки бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд. 
  2. Падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) инчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
  3. Падару модаре (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки ба таҳсили фарзандон монеъагӣ мекунанд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 47. Мазмуни мақоми омӯзгор

 

Мазмуни мақоми омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои касбӣ маҷмӯи омилҳои зеринро, ки мақоми омӯзгорро дар ҷамъият муайян менамоянд, дар бар мегирад:

– қадру қимати касби омӯзгорӣ;

– талабот ба меъёрҳои тайёрии касбӣ ва маҳсули меҳнати омӯзгор;

– дараҷаи эътироф ва дастгирии омӯзгор аз тарафи давлат;

– ҳурмату эҳтироми омӯзгор дар ҷамъият, муассисаи таълимӣ, оила ва байни таълимгирандагон;

– шароити таъминоти моддии омӯзгор;

– ҳолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии омӯзгор.

 

Моддаи 48. Фаъолияти омӯзгорӣ

 

  1. Ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва малакаи зарурии касбӣ доранд, машғул шуда метавонанд.
  2. Омӯзгорон давра ба давра аз аттестатсия мегузаранд. Дар асоси натиҷаи аттестатсия дараҷаи ихтисоси касбии онҳо муайян карда мешавад.
  3. Омӯзгороне, ки амали содирнамудаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолифат мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
  4. Омӯзгороне, ки вазъи саломатиашон дар асоси хулосаи тиббӣ барои фаъолияти омӯзгорӣ мувофиқат намекунад, тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда мешаванд.
  5. Омӯзгорон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгориро доранд.
  6. Фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ, ки ба гирифтани даромад равона шудааст, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он бояд аз қайди давлатӣ гузарад. 
  7. Барои фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ нест, аммо бе қайди давлатӣ машғул шудан ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ манъ аст.
  8. Пурра кардани ҳайати кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимӣ дар асоси оинномаҳои онҳо танзим мегардад. Муносибатҳои меҳнатӣ бо шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки байни корманд ва муассисаи таълимӣ баста шудааст, муайян карда мешаванд.

     Моддаи 49. Усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ

 

Фаъолияти омӯзгорӣ бо усулҳои зерин амалӣ мегардад:

– муносибати маҷмӯӣ ба таълим ва тарбия;

– хусусияти башардӯстонаи таълиму тарбия ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои таълимгирандагон;

– риояи принсипҳои умумибашарии ахлоқ ва арзишҳои маънавӣ;

– дар назар доштани аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ, забонӣ, мазҳабӣ ва дигар хусусиятҳои шахсии таълимгирандагон;

– тарбияи таълимгирандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу умумибашарӣ;
– риояи принсипи муттасилии таҳсилот;

– муносибати эҷодӣ ба интихоби шакл ва усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ вобаста ба мақсаду вазифаҳои таълим;

– дар асоси дастовардҳои навтарини илм, техника, технология ва фарҳанг такмил додани дониши худ;

– робита бо таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);

– ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои кӯдакон ва наврасон, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин ташкилотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

 

Моддаи 50. Ҳуқуқҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

 

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ доранд:

– шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд; 

– фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва  бозомӯзии худро таҳким бахшанд; 

– барои мутолиа ва рушди маҳорати касбии худ шароит муҳайё намоянд; 

– ташаббус ва таҷрибаи пешқадами худро дар амал татбиқ намоянд;

– шаклу усулҳои самарабахши таълимро интихоб ва татбиқ кунанд; 

– барои такмили маҳорати касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рухсатии эҷодӣ истифода намоянд.

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои дигар ҳуқуқҳое низ мебошанд, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Моддаи 51. Ӯҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

 

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия ӯҳдадориҳои зеринро доранд:

– оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя намоянд;

– сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд;

– азхудкунии барномаҳои таълимию илмиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгирандагон талаб намоянд;

– дарсҳои назариявӣ, амалӣ, таҷрибавӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди дарсҳо ва машғулиятҳоеро, ки барномаҳои таълимӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, аз усулҳои фаъоли таълим истифода баранд, бесабаб аз фаъолияти омӯзгорӣ худро дар канор нагиранд;

– таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд ва барои пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд;

– аз доираи мавзӯе, ки барномаи таълимӣ муқаррар намудааст, берун набароянд;

– дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд;

– вобаста ба имконот дарсҳои кушод ташкил карда, падару модарони  (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагонро барои шинос шудан бо маҳорати касбии худ ҷалб намоянд;

– меъёрҳои санҷиш ва баҳогузориро ба дониши хонандагон ва донишҷӯён дар раванди дарс риоя намоянд;

– журнали синфӣ (гурӯҳӣ) -ро дар доираи муқаррарот пур намоянд;

– ашёи таълимӣ, таҷҳизот ва маводи таълимиро ҳифз карда, таълимгирандагонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд;

– бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ҳар 5 сол аз такмили ихтисос гузаранд;

– меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд;

– дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд;

– аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берун аст, худдорӣ намоянд;

– ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд; 

– дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;

– вобаста ба қобилият китобҳои дарсӣ, методӣ, назариявӣ ва дастурҳои методӣ таҳия намоянд;

– маводи нави илмӣ, таълим, методӣ, рӯзнома, маҷалла, китобҳои бадеӣ, оммавӣ, илмӣ ва назариявиро пайваста мутолиа намоянд;

– маводи таълимӣ, конспект, нақшаҳои тақвимӣ, лексияҳо ва корҳои санҷишиву озмоишии хаттии худро дар сатҳи касбӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ намоянд;

– барои инкишофи маҳорат ва малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намоянд;

– барои дар озмунҳои (олимпиадаҳои) ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намоянд;

– қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;

– барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд;

– аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводи таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намоянд, онҳоро ба  хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд;

– услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;

– санҷишу имтиҳонҳои қабул ва ҷориро аз рӯи меъёрҳои муайянгардида гузаронида, дар вақти баҳогузорӣ ба амалҳои субъективӣ роҳ надиҳанд;

– аттестатсияи  хатм ва имтиҳонҳои  хатмро дар доираи талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ташкил намуда, ба дониши таълимгирандагон баҳои воқеӣ гузоранд;

– рӯзномаи хонандагон ва дафтарҳои санҷишии донишҷӯёнро санҷида, баҳои дар журнал ва варақаи имтиҳонӣ қайдгардидаро ба онҳо гузаронанд;

– дарсҳои худро дар кабинетҳои фаннӣ бо тартиби муқарраршуда ба роҳ монанд;

– иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ,  маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд;

– таълимгирандагонро дар рӯҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;

– ҷалби таълимгирандагонро ба созмонњои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин,  муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527);

– корҳои илмӣ, эҷодии адабӣ, ихтироъкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигар корҳои таълимгирандагонро роҳнамоӣ намуда, барои рушди қобилияти зеҳнии онҳо шароит муҳайё намоянд;

– нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро  ивазкунанда) -ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;

– нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;

– дар таҳия  ва омода намудани иншо, кори санҷишӣ, корҳои хаттии эҷодиву илмӣ, реферат, кори курсӣ, таҳқиқоти илмӣ, рисола, лоиҳаи дипломӣ ва инноватсионӣ ба таълимгирандагон роҳбарӣ намоянд;

– дафтарҳои фаннии таълимгирандагонро назорат намуда, маводи хаттиро аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ намоянд.

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия масъуланд:

– ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳанд;

– ба хонандагон ва донишҷӯён маслиҳати методӣ ва илмӣ дода, дигар хизматрасонии таълимиро амалӣ намоянд;

– дар вақти корӣ ва раванди дарс бесабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд; 

– қобилияти иҷтимоӣ ва ҷисмонии хонандагон ва донишҷӯёнро ба манфиати шахсӣ истифода набаранд;

– ӯҳдадориҳои роҳбари синф (гурӯҳ) -ро дар доираи меъёрҳои муқарраршуда иҷро карда, бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) робита барқарор намоянд;

– ба намуди зоҳирии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пӯшанд, таълимгирандагонро дар рӯҳияи зебопарастӣ тарбия кунанд;

– ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд;

– одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд.

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф оид ба таълиму тарбия ӯҳдадорӣ ва масъулиятҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассисаи таълимӣ ва санадҳои дохилии он пешбинӣ намудаанд, ба зимма доранд.

 

Моддаи 52. Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор

 

  1. Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.
  2. Дахолати ғайриқонунии мақомоти  давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст.
  3. Санҷиши фаъолияти омӯзгор ва баҳогузорӣ ба кори ӯ танҳо ба мақомот ва шахсони ваколатдор, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян шудаанд, иҷозат дода мешавад.
  4. Аз иҷрои вазифаи касбӣ бе асосҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур кардани омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф манъ аст.
  5. Назорати фаъолият ва аттестатсияи омӯзгорон тибқи низомномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ намудаанд, амалӣ карда мешавад.
  6. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад.
  7. Камбудиҳои содиркардаи омӯзгор танҳо пас аз санҷиши касбии мақомоти дахлдори давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Санҷиши фаъолияти омӯзгорро танҳо дар асоси  муроҷиати хаттӣ ё санади тартибдодаи мақоми (шахси) ваколатдор оғоз кардан мумкин аст.
  8. Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

 

Моддаи 53. Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

 

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:

– мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

– ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

– ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

– аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

– барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

– барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

– омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

– ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

– барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

– бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

– омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; 

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

– омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

– омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;

– барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  1. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.

 

Моддаи 54. Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

 

  1. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Андозаи музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ набояд аз андозаи музди меҳнат дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кам бошад.
  2. Музди меҳнат ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида барои иҷрои кор ва ӯҳдадориҳои вазифавие, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, пардохт карда мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ  набояд сатҳи кафолатҳои меҳнатии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро аз сатҳи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пасттар пешбинӣ намояд.
  3. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз андозаи меъёри кафолатдодаи давлат иборат буда, ба он иловапулии ба музди меҳнат муқарраргардида зам карда мешаванд. Ҳамчунин музди меҳнати омӯзгор аз ҳавасмандгардонии самаранокии меҳнати ӯ вобаста ба таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор, маҳорати омӯзгорию маҳсули меҳнатӣ, дараҷаҳои тахассусии аз натиҷаи аттестатсия гирифтаи омӯзгор ифодаёбанда, унвонҳои илмию фахрии давлатӣ ва иловапулӣ барои корҳои аз меъёри муайяншуда барзиёду иловагӣ иҷронамуда иборат мебошад. Муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағи ҷудокардашуда метавонанд мустақилона шаклу низоми пардохти музди меҳнат, меъёри (ставкаи) иловагии музди меҳнат ва маоши вазифавии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, шаклҳои тафриқаи (дифференсиатсияи) ҷоизи пардохти иловапулӣ ва мукофотпулиро истифода баранд. Маблағи сарфагардидаро барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф вобаста ба натиҷаи фаъолияти меҳнатии онҳо, инчунин барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаи таълимӣ истифода бурдан мумкин аст, ки тартиби истифодаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.
  4. Ба омӯзгорон барои роҳбарии синф, санҷиши корҳои хаттӣ ва лабораторӣ, мудирии кабинетҳои фаннию методӣ ва дигар корҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.
  5. Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияву маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулӣ муқаррар карда мешаванд. Номгӯи чунин маҳалҳо, андоза ва тартиби пардохти коэффитсиентҳо ва иловапулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  6. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф барои ҳифзи манфиатҳои худ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва фондҳо ташкил намоянд. Фондҳои дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби саҳмияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
  7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд. 
  8. Давлат муҳайё кардани шароитро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи  муассисаҳои таълимии давлатӣ  кафолат медиҳад.

 

БОБИ 6.

ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ДАР НИЗОМИ МАОРИФ

Моддаи 55. Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ 

 

  1. Манбаи маблағгузории тамоми фаъолияти таълимию истеҳсолӣ, илмӣ ва хоҷагидорӣ, инкишофи иҷтимоию иқтисодии маорифро маблағи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла маблағи худи муассис (муассисон) ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳанд.
  2. Маблағгузории соҳаи маориф ҳар сол дар  буҷети давлатӣ бо сархати алоҳида зикр гардида, он бо назардошти меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузории муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Ин меъёрҳо вобаста ба намуд, шакл, зинаҳои таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавӣ ба як таълимгиранда, ба як муассисаи таълимӣ ва ё дар дигар асос муайян карда шуда, бояд барои пурра пӯшонидани хароҷоти ҷории вобаста ба раванди таҳсилот мусоидат намоянд. Тартиби ҳисоб намудани меъёрҳои маблағгузории хизматрасонии таълимӣ, аз ҷумла маблағгузории сарикасӣ, аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  3. Таъмини маблағгузории фаъолияти илмию таҳқиқотии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври ҷудогона дар шакли кӯмаки молиявӣ (субсидияҳо) барои иҷрои мавзӯъҳои нақшавии таҳқиқотӣ бо супориши муассис (муассисон) дар шакли озмун амалӣ карда мешавад.
  4. Ба муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди маблағи ҷудокардашуда ва аз дигар сарчашмаҳо воридшуда мустақилияти молиявию хоҷагидорӣ дода мешавад. Раванд ва тартиби истифодаи маблағи муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ сурат мегирад. 
  5. Фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ дар доираи мақсад ва вазифаҳое, ки дар оинномаи онҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла фармоишҳои давлатӣ, муайян карда мешавад. Муассисаҳои таълимӣ ӯҳдадоранд, ки фармоиши давлатӣ ва фармоишҳоро оид ба фурӯши маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) дар ҳаҷми на бештар аз фармоишҳои дахлдор иҷро намоянд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд барои қонеъ гардонидани талаботи худ маҳсулот, кор ва хизматрасониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ харидорӣ намоянд.
  6. Муассисаи таълимӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагӣ, аз ҷумла асъориро, бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ҷалб намояд.
  7. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимӣ инҳо мебошанд:

–даромад аз фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонии муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ;

– воридот аз иҷрои кор ва хизматрасоние, ки хусусияти илмӣ ва илмию методӣ доранд;

– тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии пулакии мутахассисон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ дар асоси  шартнома;

– фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шарте ки  онҳо бар зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ набошанд;

– пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва дигар маблағе, ки аз ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ ворид мешаванд;

– грантҳо;

– қарзҳои  ташкилотҳои қарзӣ.

  1. Меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз меъёрҳои маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатӣ дар њудуди дахлдор кам буда наметавонанд. Маблағгузории муассисаҳои таълимии  ғайридавлатӣ аз ҳисоби муассис (муассисон) сурат мегирад (ҚҶТ аз 17.05.18 с., № 1527).
  2. Давлат, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, метавонанд муассисаҳои томактабӣ ва таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатиро, ки аз аккредитатсияи  давлатӣ гузаштаанд, дар доираи хароҷоти таълиму тарбияи тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва таълимии таҳсилоти  умумии давлатӣ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намоянд.

 

Моддаи 56. Андозбандӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  андоз месупоранд, аз андоз озод карда мешаванд ва ё аз дигар имтиёзҳои андозбандӣ истифода мебаранд.
  2. Бо мақсади ҷалби сармояи (инвеститсияи) дохилию хориҷӣ ба соҳаи маориф давлат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро маблағгузорӣ мекунанд, метавонад ҳама гуна имтиёзҳо, аз ҷумла имтиёзҳои андозбандӣ пешбинӣ намояд. Тартиб ва андозаи имтиёзҳои мазкурро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

 

Моддаи 57. Ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои таълимӣ 

 

  1. Молу мулки муассисаҳои таълимиро воситаҳои асосӣ ва гардон, инчунин молу мулки дигаре, ки муассис (муассисон) бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста намудаанд, ташкил медиҳанд. Муассисаҳои таълимӣ молу мулки мазкурро бо тартиб ва шарту шароитҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.
  2. Муассисаҳои таълимӣ молу мулки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобасташударо тибқи таъиноти вазифавии онҳо истифода мебаранд ва ҳуқуқ надоранд, ки онро ҳамчун воситаи кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои худ ё ӯҳдадориҳои шахсони сеюм, аз ҷумла ба сифати гарав, истифода баранд ва ҳамчунин ҳуқуқ надоранд, ки молу мулки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба даст овардашударо бегона кунанд, ҳамчун қарз диҳанд ё ба таври дигар ихтиёрдорӣ  намоянд.

 

Моддаи 58. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ 

 

  1. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти таълимӣ ва мувофиқ ба  ихтисосҳои дахлдори соҳавӣ фаъолияти таълимии пулакиро ба роҳ монанд.
  2. Фаъолияти таълимии пулакӣ қисме аз фаъолияти таълимии муассисаи таълимӣ мебошад, ки бо фармоиш ва аз ҳисоби фармоишгар дар асоси қарордоди хизматрасонии таълимии пулакӣ ба роҳ монда мешавад. 
  3. Иҷрокунанда (муассисаи таълимӣ) тибқи  қарордоди  хизматрасонии таълимии пулакӣ ӯҳдадор мешавад, ки бо супориши фармоишгар бо роҳи амалӣ намудани барномаҳои таълимии дахлдор, барномаҳои тайёр намудани мутахассисони касбӣ талаботи  фармоишгарро (ё шахсро) ба таҳсилот қонеъ гардонад. Фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки маблағи хизматрасонии мазкурро тибқи муқаррарот пардохт кунад ва дар раванди таҳсил фаъолона иштирок намояд. 
  4. Муассисаи таълимӣ ҳуқуқ дорад маблағи таҳсилро барои хонандагон ва донишҷӯёни дорои дастовардҳои намоёни таълимӣ ё илмӣ, инчунин хонандагон ва донишҷӯёни ба дастгирии иҷтимоӣ ниёздошта кам кунад. Асосҳо ва тартиби кам кардани маблағи таҳсил барои ҳамаи хонандагон ва донишҷӯён набояд хусусияти табъизӣ (дискриминатсонӣ) ва (ё) интихобӣ дошта бошад. 
  5. Маблағи хизматрасонии таълимии пулакӣ бо муассис (муассисон), мақомоти дахлдори идоракунии маориф ва сиёсати зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда мешавад.
  6. Шакли намунавии қарордод оид ба хизматрасонии таълимии пулакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ  карда мешавад. 
  7. Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ  бо  хоҳиши  падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонандагон ва донишҷӯён таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартнома ташкил карда мешавад.
  8. Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мегардад:

– барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд;

– омӯзиши  амиқи  мавзӯи  дарсҳо, агар   чунин   омӯзишро   намуди дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад;

– дигар намудҳои таълим берун аз стандартҳои давлатии таҳсилот.

  1. Ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, роҳбарони синфҳо, мураббиҳо, парасторон, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақд ва ғайринақдӣ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунандаи) манъ аст.
  2. Ба омӯзгорони ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ намудани фаъолияти пулакии омӯзгорӣ ва дигар намуди фаъолияти тиҷоратӣ, ки қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  манъ  накардааст,  дар   асоси  шартнома иҷозат дода  мешавад. 
  3. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартнома хизматрасонии пулакии таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла таълим дар доираи стандартҳои давлатии таҳсилотро ба роҳ монанд. Муносибати байни муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, таълимгиранда ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо шартномае танзим мегардад, ки дараҷаи таҳсилот, мӯҳлати таълим, андоза ва тартиби пардохти таълим ва шартҳои дигарро муайян менамояд.
  4. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ фаъолияти тиҷоратӣ ҳисобида  намешавад, ба шарте ки даромад  аз  чунин  фаъолият  пурра  барои пардохти хароҷоти  раванди таълиму тарбия ва такмили он, аз  ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи  таълимии  марбута, сарф  карда шавад.

 

Моддаи 59. Ҷуброни зарари аз таҳсилоти бесифат расондашуда

 

  1. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст зарари ба таълимгиранда аз таҳсилоти бесифат расондашударо ҷуброн намояд. Зарари аз таҳсилоти бесифат ба таълимгиранда расонидашуда зараре мебошад, ки бо гуноҳи муассисаи таълимӣ дар ҳолати номатлуб иҷро кардани талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, барнома ва нақшаҳои таълимӣ, миқдор ва давомнокии соатҳои таълимии дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда расонида шудааст.
  2. Шахсе, ки аз таҳсилоти бесифат зарар дидааст, ҳуқуқ дорад аз муассисаи таълимӣ ҷуброни онро дар шаклҳои зерин талаб намояд:

– таҳсилоти такрорӣ дар ҳаҷми зарурӣ дар ҳамон муассисаи таълимӣ;

– маблағи барои таҳсил пардохтшударо пас гирад.

  1. Зарари аз таҳсилоти бесифат расонидашуда дар ҳолати ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тибқи қарори суд ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 60. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ

 

  1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бино, иншоот, коммуникатсия, таҷҳизоти таълимӣ, воситаҳои нақлиёт, қитъаи замин ва дигар молу мулк, ки ба муассисаҳои таълимӣ дахл доранд, дохил мешаванд.
  2. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ дар асоси принсипи афзалиятнокӣ ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида ташаккул меёбад.
  3. Воситаҳои нақлиёт, ашё ва таҷҳизоти таълимро ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё аз муассисаҳои таълимӣ берун баровардан манъ аст.
  4. Қитъаи замин ба  муассисаҳои таълимӣ барои истифодаи бемӯҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи қитъаи замини ройгон ба муассисаҳои таълимӣ додашуда хилофи таъиноти он манъ аст.
  5. Дар қитъаи замине, ки барои истифода ба муассисаҳои таълимӣ дода шудааст, сохтани дигар бино ва иншооти ғайрисоҳавӣ манъ аст.

 

Моддаи 61. Шартнома дар бораи тайёр намудани мутахассисон

 

Мутахассисон дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва вазоратҳо, идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд.

 

Моддаи 62. Фондҳои соҳаи маориф

 

  1. Дар соҳаи маориф мумкин аст барои беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия ва такмили он, таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа, таълимгирандагон фондҳои мухталиф таъсис дода шаванд, ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
  2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ фонди таълим ба андозаи на бештар аз 1 фоизи сметаи хароҷоти муассисаҳои таълимӣ таъсис дода мешавад. Фонди мазкур инчунин аз манбаъҳои зерин ташаккул ёфта метавонад:

– маблағи хайрияе, ки аз эҳсонкории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даст омадааст;

– маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

  1. Фонди таълим барои таъмини талаботи моддӣ ва истеъмолии хонандагон аз оилаҳои камбизоат, дигар намудҳои ёрии моддӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию  маънавӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорону хонандагон сарф карда мешавад.

 

Моддаи 63. Эҳсонкорӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълиму тарбия, манзилгоҳ (хонаҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳо), биноҳои таълимӣ ва ёрирасон сохта, онҳоро бо таҷҳизот, асбобу анҷоми лозимӣ муҷаҳҳаз намоянд, тариқи эҳсонкорӣ китоб, молу мулк ва маблағ хайр намоянд. Барои чунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд, ки тартиб ва андозаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 
  2. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тариқи эҳсонкорӣ муассисаҳои таълимӣ сохта, онҳоро ба моликияти давлатӣ месупоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд. 
  3. Муассисаҳои таьлимӣ метавонанд маблағи хайрияи аз ҳисоби эҳсонкорон ба даст омадаро бо мақсади такмил додани заминаи моддию техникии муассиса, таъсиси фонди таълим ва беҳтар гардонидани раванди таълиму тарбия истифода баранд.

 

Моддаи 64. Ҳифзи саломатӣ ва ташкили хӯроки умумӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Фаъолияти соҳаи маориф бо назардошти зарурати таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон ба роҳ монда мешавад.
  2. Муассисаҳои таълимӣ шароити заруриро, ки ба ҳифз ва таҳкими саломатии таълимгирандагон, инчунин инкишофи ҷисмонии онҳо нигаронида шудааст, муҳайё месозанд.
  3. Муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ доранд, ки хӯроки умумии таълимгирандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро мустақилона аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда ташкил намоянд.
  4. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар ташкили хӯроки умумии ройгон барои тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хӯроки умумии имтиёзнок барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ кӯмак расонанд.
  5. Мақомоти дахлдори давлатӣ ба муассисаҳои таълиму тарбия барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, инчунин инкишофи ҷисмонии таълимгирандагон ёрии зарурӣ мерасонанд.
  6. Барои ташкили хизматрасонии тиббӣ  ва бехатарии шароити таълиму тарбияи таълимгирандагон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, мақомоти идоракунии тандурустӣ ва ташкилотҳои он, роҳбарони бевоситаи муассисаҳои таълиму тарбия масъул мебошанд.
  7. Хизматрасонии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълимгирандагони ҳама намудҳои муассисаҳои таълимӣ ройгон аст.
  8. Муассисаҳои таълимӣ барои аз ташхиси тиббӣ гузаронидани омӯзгорон маблағи зарурӣ ҷудо менамоянд.

 

БОБИ 7.

ҲАМКОРИИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Моддаи 65. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф

 

  1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф мақоми мутамаркази тамоми сохторҳои соҳаи маориф дар бахши ҳамкории байналмилалӣ бо муассисаю дигар ташкилотҳои байналмилалии давлатҳои хориҷӣ ва муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  3. Мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ,  муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо муассис (муассисон) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо муассисаю дигар ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ робита барқарор намоянд.
  4. Таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо ба имзо мерасанд, дар мувофиқа бо муассис (муассисон) амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 66. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

 

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ,  дигар ташкилотҳои соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ дар мувофиқа бо муассис (муассисон) созишномаҳо банданд ва дигар санадҳоро ба имзо расонанд.
  2. Муассисаҳои таълимие, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд,  метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушоянд.
  3. Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаҳои таълимӣ ворид мешавад, бо ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллуқ доранд ё дар ҳуқуқи идоракунии оперативии онҳо қарор мегиранд ва онҳоро бидуни иҷозати муассисаҳои мазкур гирифтан мумкин нест. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф истифода бурда мешавад.
  4. Муассисаҳои таълимӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи маориф якҷоя бо ташкилотҳои хориҷӣ метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд.

 

БОБИ 8.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 67. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 68. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                        «Дар бораи маориф»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 «Дар бораи маориф» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, №6,  мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81; №5, мод. 336; №7-8, мод. 500; с. 2010, №7, мод. 566; с. 2011, №3, мод. 176) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 69. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, № 1004

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; с. 2017, №7–9, мод. 584)

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1126, аз 23.07.2016 с., № 1350, аз 28.08.2017 с., № 1465, аз 17.05.2018 с., № 1529)

 

Қонуни мазкур сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муқаррар ва ба танзим дароварда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шахс ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меоварад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

— аккредитатсия — тартиби муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ дар пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ;

аспирант — шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— аттестатсия — тартиби муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таҳсилот (ихтисос) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯ — тартибест, ки дараҷаи фарогирии донишҷӯро ба стандарти ҳатмии давлатии сатҳи марбутаи таълим муайян намуда, аз рӯи натиҷаи он ба донишҷӯ ҳуҷҷати дорои таҳсилоти дахлдор дода мешавад;

— бакалавр — дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд;

— бозомӯзии касбӣ — дарёфти дониш, маҳорат, малака ва васеъ намудани тахассус бо мақсади мутобиқ гардидан ба шароити нави иқтисодиву иҷтимоӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ, ки омӯзиши фанҳои алоҳида, қисматҳои муайяни илм, техника ва технологияи барои иҷрои фаъолияти касбӣ зарурро дар бар мегирад;

— доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос — дараҷаи олии академие, ки ба шахс баъди аз худ намудани барномаи касбии докторантура аз рӯи ихтисоси муайян ва ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

докторант аз рӯи ихтисос — шахси дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр, барои ихтисосҳои тиббӣ магистр — ординатори клиникӣ, ки бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура таҳсил мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

доктори ҳабилитат — дараҷаи олии академие, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азхуднамуда баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— докторант — шахсе, ки соҳиби дараҷаи илмии номзади илм буда, барои дарёфти дараҷаи доктори илм ба докторантура қабул шудааст;

— донишҷӯ — шахсе, ки тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидааст ва дар шӯъбаҳои рӯзона, шабона, ғоибона ё бо мақсади дарёфти дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос ба тариқи экстернат таҳсил мекунад;

— ихтисос — маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиши ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошанд ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешаванд;

— иҷозатномадиҳӣ — тартиби эътироф кардани имконоти муассисаи таҳсилоти олии касбии шакли муайян барои оғози фаъолияти таълимӣ, ки ба гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисос мутобиқи талаботи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин талаботи давлатӣ оид ба таъминоти кадрӣ, илмию методӣ ва моддию техникӣ алоқаманд аст;

— касб — намуди асосии шуғл ва фаъолияти меҳнатии инсон буда, бо ҳуҷҷати марбут ба таҳсилот тасдиқ мегардад;

— курсант — шахсе, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ (ва ё махсус) қабул гардидааст ва барои ба дараҷаи муайяни таҳсилот ва ихтисос соҳиб шудан таҳсил мекунад;

— магистр — дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, ки баъди супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр, асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— мазмуни таълим — сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимиест, ки азхуд намудани он ба шахс имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси муайянро таъмин менамояд;

— муассисаи таҳсилоти олии касбӣ — муассисаи таълимӣ, таълимии илмӣ, ки барномаи таълимии касбии таҳсилоти олиро аз рӯи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус татбиқ менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонад;

— муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ — муассисаи олии таълимие, ки аз ҷониби давлат таъсис дода шуда, аз буҷети давлатӣ ё дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад ва ба мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад;

— муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ — муассисаи олии таълимие, ки ба моликияти ғайридавлатӣ ва хусусӣ асос ёфта, ба муассис (муассисон) тобеъ аст;

— мутахассис — шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ қобилият дорад;

— низоми кредитии таълим — низоми баҳодиҳии миқдорӣ ба мазмуни барномаҳои таълим ва натиҷаҳои азхудкунии онҳо мебошад. Кредит (ё соати кредитӣ) ин меъёри вақтест, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон аз ин фан донишҷӯ ба ин кредит (ё кредитҳо) соҳиб мегардад;

— озодии академӣ — озодии баёни мазмуни таълим аз рӯи салохдиди худ дар доираи барномаҳои таълимӣ, интихоби мавзӯъ барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин озодии омӯзандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ;

постдокторант — шахсе, ки дорои дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос буда, барои дарёфти дараҷаи доктори ҳабилитат дар постдокторантура таҳсил менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ — маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилоти олии касбӣ, моҳияту мӯҳлати таълим ва усулҳои ташхиси сифати таҳсилоти олиро бо назардошти дастовардҳои умумибашарӣ муайян мекунанд «- постдокторант — шахсе, ки дорои дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос буда, барои дарёфти дараҷаи доктори ҳабилитат дар постдокторантура таҳсил менамояд;;

— такмили ихтисоси касбӣ — таълиме, ки мутобиқи сатҳи таҳсилоти касбӣ ва бо мақсади такмили ихтисос дар ин ё он касб дода мешавад;

— тахассус — намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои иҷрои фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута инъикос мешавад;

— таҳсилот — раванди муттасили таълиму тарбия, ки мақсад аз он ноил шудан ба сатҳи баланди инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс мебошад;

— таҳсилоти иловагӣ — раванди тарбия ва таълим, ки дар асоси , барномаҳои таълимии иловагии ҳама сатҳҳо бо мақсади ҳамаҷониба қаноатманд гардонидани талаботи маърифатии шаҳрванд, ҷамъият ва давлат сурат мегирад;

— таҳсилоти олии касбӣ — дараҷаи таҳсилотест, ки шахс ба он дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар натиҷаи раванди мунтазам, бонизом ва мақсадноки фарогирии мазмуни таълим, ки он ба таҳсилоти миёнаи умумӣ асос ёфта, бо гирифтани тахассуси муайян аз рӯи ҷамъбасти аттестатсияи ниҳоии давлатӣ ба анҷом мерасад, соҳиб мегардад;

— таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ — таҳсилотест, ки ба ҳар шахс имкони боло бурдани сатҳи таҳсил ва тахассусро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ медиҳад;

— таълими фосилавӣ — яке аз шаклҳои ба даст овардани касб, ки шахс берун аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тавассути воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ таҳсилоти олии касбиро соҳиб мегардад;

— унвонҷӯ — шахсе, ки таҳсилоти олии касбӣ дошта, ба аспирантура ва ё докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё муассисаи илмӣ вобаста шудааст ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм бидуни таҳсил дар аспирантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад ва ё шахсе, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм буда, барои гирифтани дараҷаи илмии докторӣ бидуни таҳсил дар докторантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад;

— фаъолияти таълимӣ — фаъолияте, ки бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳо барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва додани ҳуҷҷати дорои таҳсилоти дахлдор алоқаманд аст;

— худмухторӣ — шакли олии раванди таълим ва чорабиниҳои академӣ, ки масъулияти муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар назди муассис (муассисон) муайян мекунад;

— экстерн — шахсе, ки омӯзиши мустақилонаи фанҳоро аз рӯи барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи таълим (ихтисос) интихоб намудааст ва минбаъд дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоӣ мегузарад;

— экстернат — омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самти интихобнамудаи тайёрӣ (тахассус) бо аттестатсияи ниҳоӣ (ҷорӣ ва ниҳоӣ) дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

Моддаи 3. Принсипҳои асосӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба чунин принсипҳо асос меёбанд:

— дастрас будани таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба қобилият, истеъдод ва талаботи ҳар як шахс;

— муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешрафти илму техника, технология, инчунин тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;

— тарбияи шаҳрвандӣ;

— ҳифз ва рушди дастовард ва анъанаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

— ҳамоҳангсозии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;

— мунтазамӣ ва давомнокии раванди таълим;

— дастгирии давлатии мутахассисон, самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Давлат бартарии рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро ба шаҳрвандон бо роҳҳои зерин кафолат медиҳад:

— маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ё грантҳо, ҳамчунин муҳаё кардани шароити мусоид барои худтаъминкунии молиявии тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмию омӯзгорӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;

— дар асоси фармоиши давлатӣ ва маблағгузории буҷетӣ, инчунин грантҳои фардӣ дастрас гардонидани таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо ва дигар донишомӯзон дар низоми давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— муҳаё кардани шароит барои дастрасии баробар ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— ҷудо намудани грантҳо ва қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ барои қабули донишҷӯён тибқи квота дар асоси озмун;

— дар доираи стандартҳои давлатии таълим бо роҳи озмун ва ба таври ройгон гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, агар шаҳрвандон дар ин сатҳ бори аввал таълим мегирифта бошанд;

— интихоби озодонаи шаклҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаи олии таълимӣ ва ихтисос.

Моддаи 5. Худмухтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва озодиҳои академии онҳо
  1. Худмухтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра, ки Оинномаи онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ифода менамояд.
  2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои татбиқи барномаҳои таълимӣ метавонад технологияи фосилавии донишомӯзиро қисман ё дар ҳаҷми пурра (ба истиснои баъзе аз машғулиятҳо) аз рӯи тартибе, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муқаррар кардааст, истифода барад.
  3. Назорати мувофиқати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиаш бо назардошти мақсадҳои он, ки дар Оинномаи он пешбинӣ шудааст, аз ҷониби муассиси (муассисони) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, ки дар доираи салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома додаанд, амалӣ мегардад.
  4. Ба профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ гузаронанд.
  5. Дар доираи барномаҳои таълимӣ ба донишҷӯён мувофиқи майлу талаботи онҳо озодии академӣ дода мешавад.
Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқӣ, намуд ва номи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
  1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахси ҳуқуқӣ буда, ба муассисаи ғайритиҷоратӣ мансуб аст.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода мешаванд: донишгоҳ, академия, донишкада.
  3. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

-барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯи доираи васеи соҳаҳо (ихтисосҳо) амалӣ мегардонад;

-кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгориро тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

-дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад;

-дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.

  1. Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

-барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ мегардонад;

-кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

-дар яке аз соҳаҳои илм ё фарҳанг таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад;

-дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.

  1. Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

-барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти ҷудогона амалӣ мегардонад;

-кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр ва донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

-таҳқиқоти бунёдӣ ва (ё) амалӣ мебарад.

  1. Вазъи ҳуқуқии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар номи он ифода меёбад. Номи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таъсис додани он муқаррар гардида, дар сурати тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии ин муассиса номи он низ ҳатман тағйир дода мешавад. Агар дар номи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ номи махсус истифода гардад (консерватория, омӯзишгоҳи олӣ ва дигар номҳо), дар баробари ном шакли муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нишон дода мешавад.

БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборат аст аз:

— стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимие, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои таълими таҳсилоти марбутаи иловагии касбӣ иҷозатнома доранд;

— пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, стансияҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва иттилоотиву таҳлилӣ, паркҳои техникӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоту муассисаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, клиникӣ, муолиҷавию пешгирӣ, дорусозӣ (фармасевтӣ), фарҳангию маърифатӣ, ки бо таҳқиқоти илмӣ машғуланд ва фаъолияту рушди таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро таъмин мекунанд;

— мақомоти идораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ҳамчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо;

— иттифокҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (иттифоқҳои эҷодӣ, ассотсиатсияҳои касбӣ, ҷамъиятӣ, шӯроҳои илмию методӣ ва дигар иттиҳодияҳо).

Моддаи 8. Стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529)

  1. Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529):

— талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ;

— талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла ба таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи таълим (ихтисос);

— мӯҳлати фаро гирифтани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

— ҳаҷми ниҳоии сарбории донишҷӯён ва шунавандагон.

  1. Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таъмини муқаррароти зеринро дар бар мегиранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529):

— сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— ягонагии фазои таълим;

— эътироф ва муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

  1. Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин таснифи равияҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
Моддаи 9. Мӯҳлат ва шаклҳои аз бар кардани зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ
  1. Барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд муттасил ва зина ба зина тавассути низоми кредитии таълим ва ё анъанавӣ, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф амалӣ гардонида шаванд.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешаванд:

— таҳсилоти бисёрзинагӣ:

а) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақиятгузашта тахассуси дараҷаи «бакалавр» дода мешавад;

б) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақиятгузашта тахассуси дараҷаи «магистр» дода мешавад.

— таҳсилоти анъанавӣ:

а) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақиятгузашта тахассуси «мутахассис» дода мешавад.

  1. Таҳсилоти шахсоне, ки омӯзишро аз рӯи барномаи таълимии асосии таҳсилоти олии касбӣ ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд (на камтар аз ду соли таҳсил), таҳсилоти олии касбии нопурра шуморида мешавад ва ба онҳо ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.
  2. Мӯҳлати фарогирии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии тиббӣ):

— барои дарёфти тахассуси дараҷаи «бакалавр» — на камтар аз чор сол;

— барои дарёфти тахассуси «мутахассис» — на камтар аз панҷ сол;

— барои дарёфти тахассуси дараҷаи «магистр» — ду сол.

  1. Шахсоне, ки оид ба таҳсилоти олии касбии зинаи муайян ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро доранд, мутобиқи ихтисос метавонанд аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диҳанд.
  2. Аз бар намудани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии дараҷаи мувофиқ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ба шахс барои ишғоли вазифаи мувофиқ дар муассисаи давлатӣ ва гирифтани музди кор ва музди изофа асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти олии фармасевтиро аз бар намудаанд, барои ишғоли вазифаҳои зикршуда тайёрии баъди таҳсилоти олии касбӣ дар интернатура, ординатура (резидентура) ва магистратура, ки он бо шаҳодатномаи шакли муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мебошад.
  3. Тахассуси дараҷаи «бакалавр» ҳангоми ба кор қабул намудан ба шаҳрвандон ҳуқуқи ишғоли вазифаеро медиҳад, ки барои он мутобиқи талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
  4. Ишғоли вазифаи хизмати давлатӣ аз ҷониби бакалавр, магистр ва мутахассис бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.
  5. Таҳсилоти аввалин, ки шахс онро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии зинаҳои гуногун гирифтааст, ҳамчун таҳсилоти дуюми олии касбӣ гирифтаи ӯ дониста намешавад.
  6. Барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбиро донишҷӯён, вобаста ба ҳаҷми машғулиятҳои ҳатмии корманди соҳаи омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар шаклҳои таълими рӯзона, шабона, ғоибона, таълими фосилавӣ, ҳамчунин экстернат аз бар намоянд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  7. Номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона, ғоибона мумкин нест, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Низомнома оид ба экстернат аз ҷониби мақоми давлатии идораи маориф тасдиқ карда мешавад.
  8. Шахсоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил мекунанд ё чунин муассисаи таҳсилоти олии касбиро бомуваффақият хатм кардаанд, ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ дар асоси шартҳои экстернат аз аттестатсияи давлатии ҷорӣ ва ниҳоӣ гузаранд.
Моддаи 10. Ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ гузаштаанд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти марбута дода мешавад.
  2. Муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти марбута ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишони давлатӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда медиҳад. Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ва нишони сарисинагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
  3. Ҳуҷҷатҳое, ки хатми зинаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбиро тасдиқ менамоянд, инҳоянд:

-дипломи мутахассис;

-дипломи бакалавр;

-дипломи магистр.

  1. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисолаи илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос, дипломи доктори илм ё дипломи доктори ҳабилитат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  2. Тартиби додани ҳуҷҷатро дар бораи такмили ихтисос бо роҳи гузаштани курсҳои гуногун мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.
  3. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.
  4. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.
Моддаи 11. Вазифаҳо ва сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

1.Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборат аст, аз:

-қонеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

-рушди илму ҳунар ба воситаи таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

-омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили тахассуси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос;

-дар донишҷӯён инкишоф додани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ;

— ҳифз ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва анъанаҳои кишвар;

— таҳкими арзишҳои маънавии шаҳрвандон, боло бурдани савияи таҳсилот ва фарҳанги он;

-таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён.

2.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар ташаккул додани сохтори худ мустақиланд.

3.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро амалӣ гардонанд, агар дар сохтори онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд бошанд ва барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома гирифта бошанд.

4.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки мақоми донишгоҳро доранд, бо ризоияти муассис метавонанд дар сохтори худ донишкадаҳо, академияҳои таълимӣ, коллеҷҳо, филиалҳо, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, паркҳои техникӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.

5.Филиали муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба таври мустақил аз аттестатсия гузашта, иҷозатномаи пешбурди фаъолият мегирад, аммо акредитатсияи давлатиро дар ҳайати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузарад.

Моддаи 12. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо дархости муассис (муассисон) мутобиқи қарори он ва ё шартҳои шартномаи таъсисдиҳӣ ташкил, аз нав ташкил ва барҳам дода шуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
  2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз вақти ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисгардида дониста мешавад. Баробари гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.
  3. Аттестатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо дархости муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё худ бо ташаббуси мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф гузаронида мешавад. Тартиби гирифтани иҷозатнома тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муқаррар мешавад.
  4. Мақсад ва мӯҳтавои аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати таълими хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим (ихтисос) мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  5. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, гузаронида мешавад.
  6. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ вазъи ҳуқуқии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, феҳристи самтҳои таълим (ихтисосҳо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ дорад ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ диҳад, ҳамчунин зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисос (дараҷа) — ро муқаррар менамояд.
  7. Таъсисдиҳандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки барномаҳои ҳарбии касбии таълимиро (муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ) татбиқ мекунанд, танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.
  8. Филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъди гирифтани иҷозатномаи мақоми давлатии идораи маориф дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
  9. Барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 13. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи аризаи шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Тартиби ягонаи ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул кардани шаҳрвандонро, дар ҳолате ки Қонуни мазкур муқаррар накарда бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  2. Шартҳои озмун бояд риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро дар соҳаи маориф кафолат диҳад ва ба он мусоидат намояд, то шаҳрвандони қобилияти бештардошта, ба омӯхтани барномаҳои таълимии дараҷа ва (ё) зинаи дахлдор омодаанд, қабул шаванд.
  3. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ дорад қабули шаҳрвандонро танҳо дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома эълон намояд. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст довталабонро бо иҷозатномаи мазкур, ҳамчунин бо шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ доир ба ҳар як соҳаи таълим (ихтисос), ки ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ медиҳад, шинос намояд. Бо шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намудани довталаб оид ба кадом соҳаи таълим (ихтисос)-ро интихоб кардани ӯ ё набудани чунин шаҳодатнома дар ҳуҷҷатҳои қабул қайд карда мешавад ва ба он довталабон имзо мегузоранд.
  4. Равияи таълим (ихтисос) дар асоси иҷозатнома муайян карда мешавад. Мазмуни ҷараёни таълими ҳар соҳа (ихтисос) мӯҳлати азхуд кардани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  5. Барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбии самти дахлдор бо қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, гирифтани таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи барномаи маҳдуд ё суръатноки омӯзишии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иҷозат дода мешавад.
  6. Шумораи умумии донишҷӯён ва тартиби қабули онҳоро, ки барои таҳсил аз ҳисоби маблағи буҷет қабул карда мешаванд, ҳар сол мақомоти марбутаи давлатӣ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур муайян менамояд.
  7. Шахсоне, ки муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ё муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дорои аккредитатсияи давлатиро бо медалҳо, инчунин шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аккредитатсияи давлатидоштаро бо баҳои «аъло» хатм намудаанд, ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи натиҷаи сӯҳбат, ба истиснои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва санҷиши касбӣ аз рӯи равияе, ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад муқаррар намояд, қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1126).
  8. Шахсони зикршуда, ки аз сӯҳбат нагузаштаанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои қабулро мутобиқи қоидаҳои умумӣ супоранд.
  9. Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад:

— ятимон;

— бепарасторон;

— кӯдакони маъюб (тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ);

— маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор таҳсил кардани онҳо манъ карда нашудааст;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд;

— дигар шаҳрвандоне, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 с., № 1350).

  1. Агар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил набошад, қабули довталабони дар қисми 9 моддаи мазкур зикргардида, тибқи қоидаҳои умумии қабули донишҷӯён, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар менамояд, ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 с., № 1350).
  2. Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди супоридани имтиҳонҳои қабул ва пардохти ҳаққи таълим (мувофиқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯён иҷозат дода мешавад. Тартиби онро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.
  3. Ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии мутахасис доранд қабул карда мешаванд. Мӯҳлати таҳсил дар аспирантура дар шӯъбаи рӯзона 3 сол ва дар шӯъбаи ғоибона 4 сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  4. 13. Ба докторантураи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки дараҷаи илмии номзади илм ва ба постдокторантура шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос доранд, қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  5. Муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос бо додани дараҷаи олии академӣдоктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос се сол, докторантура бо додани дараҷаи олии академӣ — доктори илм ва постдокторантура бо додани дараҷаи олии академӣдоктори ҳабилитат то се сол мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  6. Шаҳрвандони хориҷӣ ба аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантураи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муассисаи илмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).

.

Моддаи 14. Идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
  2. Бо мақсади пешбурди корҳои ҷории фаъолияти муассиса дар асоси усулҳои мувофиқати яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ мақоми иҷроия таъсис дода мешавад ва он ба мақоми олии муассиса, ки ректор роҳбарӣ менамояд, ҳисоботдиҳанда мебошад.
  3. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  4. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тартиби қабули қарор ва намояндагӣ намудан аз номи муассисаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор муайян мекунад.
  5. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) ва Шӯрои олимон тасдиқ карда мешавад.
  6. Ваколатҳои истисноии мақоми олии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иборатанд аз:

-тасдиқ намудан ва тағйир додани Оинномаи муассиса, тағйир додани андозаи сармояи оинномавии он;

-таъсиси мақоми иҷроия, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари он;

-тасдиқи ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-қабули қарор дар бораи азнавтаъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

  1. Дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ваколатҳои истисноии мақоми олии он ҳалли масъалаҳои дигар низ вогузор шуда метавонанд. Масъалаҳое, ки ба ваколати истисноии мақоми олии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мансубанд, метавонанд ба ваколати мақоми иҷроияи муассиса гузошта шаванд.
  2. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пас аз тасдиқи муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 15. Иттиҳодия (ассотсиатсия, иттифоқ, созмон)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии молумулкӣ, ҳуқуқ доранд, то дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсия (иттифоқ) — ҳо таъсис диҳанд.
  2. Дар ҳолати бо қарори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия гузоштани фаъолияти соҳибкорӣ, ассотсиатсия бояд аз рӯи тартиби пешбининамудаи қонун ба ҷамъият ё ширкати истеҳсолӣ табдил дода шавад. Барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ доранд, то ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар фаъолияти онҳо иштирок намоянд.
  3. Ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахси ҳуқуқӣ мебошанд.
  4. Аъзои ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ будани худро нигоҳ медоранд.
  5. Ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ барои ӯҳдадориҳои аъзои худ ҷавобгар намебошанд.
  6. Аъзои ассотсиатсияҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда масъулияти субсидорӣ доранд.
  7. Номи дақиқи ассотсиатсияҳои дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бояд мақсади асосии ассотсиатсия ва аъзои онро ифода ва калимаҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ»-ро дар худ дошта бошад.
Моддаи 16. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Манфиатҳои донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбиро иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишҷӯён ҳимоя менамоянд. Муносибатҳои мушаххаси маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишҷӯён бо Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шартномаи байни маъмурияти он ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишҷӯён муайян карда мешаванд.
  2. Дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятии шакли иттиҳодияҳои таълимию методии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, шӯрою комиссияҳои илмию методӣ, илмию техникӣ ва ғайра таъсис дода шаванд.
  3. Мақоми давлатии идораи маориф, шӯроҳои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар фаъолияти худ тавсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар низоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ баррасӣ менамоянд ва ба эътибор мегиранд.

БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУААССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

Моддаи 17. Забони таълим

Забони таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 18. Мазмуни таълим
  1. Фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории соҳаи маориф тасдиқ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
  2. Мушаххас намудани мазмуни таълим бо нақша ва барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ намудаанд.
Моддаи 19. Ташкили корҳои таълимӣ ва методӣ
  1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагон, аспирантҳоро бо воситаҳои таълим таъмин карда, барои таълим ва кору зиндагии онҳо шароити мусоид муҳайё месозад.
  2. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиби гузарондани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил мебошанд.
  3. Ҷалб намудани донишҷӯён ва шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба раванд ва фаъолияти таълим вобастагӣ надоранд, манъ аст.
  4. Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онро стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пешбинӣ кардааст, дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сурат мегирад, ки мувофиқи онҳо ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тобеияти идоравии худ, ӯҳдадоранд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва аккредитатсияшудаи ғайридавлатӣ ҷой диҳанд ва шароити мувофиқ муҳайё созанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  5. Фарогирии нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯён хотима меёбад.
  6. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кори методиро ташкил мекунад ва ба роҳ мемонад. Ҳамоҳангсозии кори методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои (марказҳои) таълимию методӣ амалӣ мегардад.
  7. Вазифаҳои тарбиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолии донишҷӯён ва омӯзгорон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 20. Ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ
  1. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар самти коҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд:

-таҳияи проблемаҳои назариявию амалӣ;

-таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим;

-иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию методӣ.

  1. Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба роҳ монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Принсипи асосии илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст.
  3. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро Шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.

БОБИ 4. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМӢ ДАР НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ, ҲУҚУҚУ ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
  1. Ба донишчӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи муқарраргардида дода мешавад.
  2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

— дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо бо шартҳои қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунад, маҳдуд шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— курсҳои факултативӣ (барои самти нишондодашавандаи таълим (ихтисос)) ва курсҳои элективиро (ба таври ҳатмӣ интихобнамуда), ки аз ҷониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;

— ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;

— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд;

— тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;

— дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;

— аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;

— дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;

— асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд;

— аз амру фармонҳои маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.

  1. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои шахсан таъиншударо гиранд.
  3. Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ ва дар ҳолатҳои дигари истисноӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.
  4. Барои донишҷӯени шакли рӯзонаи таҳсилот, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, мӯҳлати даъват ба хидмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.
  5. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.
  6. Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.
  7. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.
  8. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои маънавӣ ва ё моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.
  9. Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:

— бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

— бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

— барои давомоти нокифоя;

— барои қарздории академӣ;

— пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;

— саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

— дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;

— барои содир кардани ҷиноят;

— ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465);

— пас аз фавт;

— барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

  1. Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, мумкин аст донишҷӯ ба танбеҳи интизомӣ кашида ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шавад.
  2. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст.
  3. Танбеҳи интизомӣ ба донишҷӯ на дертар пас аз як моҳи ошкор шудани рафтори ӯ ва на дертар пас аз шаш моҳи содир гардидани чунин рафтор дода мешавад, ки ба ин мӯҳлати бемории донишҷӯ ва (ё) вақти таътили ӯ дохил намешавад.
  4. Ба донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ё ихтисоси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишҷӯ аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи дигари таҳсилоти олии касбӣ тамоми ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, маҳфуз мемонанд.
  5. Донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳуқуқ дорад барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад. Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465).
  6. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ӯҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон азхуд кунанд, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро пос доранд ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳҳо ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
  7. Дигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва (ё) Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд.
  8. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад.
  9. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси Оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад.
  10. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз технологияи фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим (ба истиснои машғулиятҳои алоҳида) дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишомӯзони ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишомӯзони ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд.
Моддаи 22. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Бо кор таъмин намудани хатмкардагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 23. Имтиёз ба шахсоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекуканд
  1. Ба шахсоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият таҳсил менамоянд, новобаста аз шакли таълими ғоибона ва шабона аз ҷои кор ба мақсадҳои зерин рухсатии иловагӣ дода шуда, музди миёнаи меҳнат, ки бо тартиби муқарраргардидаи рухсатии ҳарсола ҳисоб карда мешавад (бо имкони якҷоя кардани рухсатии иловагии таълимӣ ва рухсатии ҳарсола), пардохт мегардад:

-барои супоридани санҷишу имтиҳонҳо дар курсҳои якум ва дуюм мутобиқ ба 30 рӯзи тақвимӣ, дар курсҳои минбаъда мутобиқ ба 40 рӯзи тақвимӣ;

-барои навиштан ва ҳимояи лоиҳаи (кори) дипломӣ якҷоя бо супоридани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ — чор моҳ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

-барои аттестатсияи ниҳоии давлатӣ — як моҳ.

  1. Рухсатии иловагии бе музди меҳнат аз ҷои кор дода мешавад:

-ба шахсоне, ки ба имтиҳоноти қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ роҳ дода шудаанд — понздаҳ рӯзи тақвимӣ;

-ба донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари таҳсил кор мекунанд, барои супоридани санҷишу имтиҳонот — понздаҳ рӯзи тақвимӣ дар соли таҳсил;

-барои навиштан ва ҳимояи лоиҳаи (кори) дипломӣ якҷоя бо супурдани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ — чор моҳ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

-барои супурдани аттестасияи ниҳоии давлатӣ — як моҳ;

-ба шунавандагони шӯъбаи тайёрии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои супоридани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ — понздаҳ рӯзи тақвимӣ.

  1. Ба донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои олии таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ ташкилоти кордиҳанда як бор дар соли таҳсил харҷи рафту омадро то маҳалли муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишу имтиҳонҳо ва ҳамчунин барои супурдани аттестатсияи ниҳоии давлатӣ, навиштан ва ҳимояи лоиҳаи (корҳои) дипломӣ мепардозад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  2. Намунаи маълумотнома-даъватномаро, ки ба донишҷӯ аз ҷои кор ҳуқуқи гирифтани рухсатии иловагӣ ва дигар имтиёзҳоро вобаста ба таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ медиҳад, мақоми давлатии идораи маориф тасдиқ мекунад.
  3. Барои кормандони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар шартномаи коллективӣ ё шартномаи меҳнатӣ (қарордод) дароз кардани мӯҳлати рухсатиҳои иловагӣ, додани рухсатӣ бо пардохти маош ба ҷои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзҳои дигар пешбинӣ шуда метавонанд.
Моддаи 24. Шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки дар таълимгоҳҳои зерин таҳсил мекунанд:

— дар шӯъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, факултетҳо ва муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон;

— дар ординатураи муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ.

  1. Вазъи ҳуқуқии шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пас аз гирифтани таҳсилот ба вазъи ҳуқуқии донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии шакли марбутаи таълим баробар аст.
  2. Шахсоне, ки дар ординатура таҳсил мекунанд ё таҳсили тахассусии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҳисоби буҷет идома медиҳанд, бо стипендияи давлатӣ таъмин карда мешаванд ва аз таътили ҳарсолаи 24 — рӯза истифода мебаранд.
Моддаи 25. Аспирантҳо, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳо ва постдокторантҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529)

  1. Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура мебошанд.
  2. Аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитат шароит муҳайё мекунанд.
  3. Ба шахсоне, ки ба супоридани имтиҳонҳои аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос иҷозат доранд, ба муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатӣ бо пардохти музди миёнаи меҳнаташон аз тарафи корхона дода мешавад.
  4. Ба шахсоне, ки дар шуъбаи рӯзонаи аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ пардохта мешавад ва онҳо ҳар сол ба муддати ду моҳ ба таътил мебароянд.
  5. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона ҳар сол аз ҷои кор ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бо пардохти музди миёнаи меҳнаташон ҳуқуқ ба рухсатии иловагӣ доранд.
  6. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона ҳар ҳафта барои як рӯз аз кор озод шудан ҳуқуқ доранд. Ташкилоти корфармо ҳуқуқ дорад аспирантҳо ва докторантҳоро аз рӯи ихтисос дар соли чоруми таҳсил мувофиқи хоҳиши онҳо ба таври илова бе пардохти музди меҳнат ҳар ҳафта ду рӯз аз кор озод намояд.
  7. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона дар давраи супурдани имтиҳонҳо, навиштан ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо хобгоҳ аз фонди манзили муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин карда мешаванд.
  8. Ба докторантҳо ва постдокторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура ва постдокторантура доштаи постдокторантҳо ва докторантҳо (ҳуқуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина нигоҳ дошта мешавад.
  9. Ба ҳар аспирант, докторант аз рӯи ихтисос, докторант ва постдокторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кумакпулӣ дода мешавад.
  10. Унвонҷӯёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рӯи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба муҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронда шаванд. Барои унвонҷӯёне, ки ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронда шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии пешинаашон ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.
  11. Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон ба муҳлатҳои се ва шаш моҳ, бо нигоҳ доштани музди меҳнат, рухсатии эҷодӣ дода мешавад.
  12. Низомномаҳо оид ба аспирантура, унвонҷӯӣ, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
Моддаи 26. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати профессорону муаллимон, кормандони илмӣ), муҳандисию техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.
  2. Ба ҳайати профессорону муаллимон мансабҳои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгоҳ, вазифаҳои профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим ва ассистент мансубанд.
  3. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор қабул кардани кормандони илмию омӯзгорӣ мутобиқи шартномаи меҳнатӣ амалӣ мешавад. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ кормандони илмию омӯзгорӣ аз озмун мегузаранд.
  4. Мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси озмун интихоб мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифа ва гузаштан аз озмунро барои иҷрои вазифаи мудири кафедра мақомоти давлатии идораи маориф таҳия ва тасдиқ менамояд.
  5. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

— бо тартиби муқарраргардида ба Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

— дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат намоянд;

— аз хидмати китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотӣ, шӯъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хидмати шӯъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шӯъбаҳои дигари сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи Оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

— мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян кунанд;

— усул ва воситаҳои таълимро, ки ба хусусиятҳои фардии ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;

— аз болои фармоишу супоришҳои маъмурияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят кунанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).

  1. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ӯҳдадоранд:

— самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд;

— талаботи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд;

— донишомӯзонро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;

— ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд;

— барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд;

— дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.

  1. Кормандони илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд он усулҳо ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиеро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ бошанд, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.
  2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбиро қонунгузорӣ оид ба меҳнат, Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дастурҳои вазифавӣ муайян мекунанд.
Моддаи 27. Омодагӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгорӣ
  1. Кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ дар аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантураи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ омода карда мешаванд. Ҳамчунин, кормандони илмию омӯзгорӣ бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва ҳимояи рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи корманди илмӣ гузарондани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаклҳои зерини такмили ихтисосро низ муқаррар мекунад:

— коромӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар хориҷа;

— рухсатиҳои эҷодӣ барои ба итмом расонидани рисолаи илмӣ;

— такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар донишкадаҳо, факултетҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

— бозомузӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

  1. Давлат муҳайё кардани шароити заруриро барои на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмил додани ихтисоси кормандони илмию омӯзгории ташкилоту муассисаҳои давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро кафолат дода, ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлати маблағи зарурӣ ҷудо мекунад.
  2. Ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро ҳамчунин аз рӯи шартномае, ки шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмӣ мебанданд, аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ метавон амалӣ кард.
  3. Тартиб, намуд ва шаклҳои такмили ихтисосро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим накардааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 28. Унвонҳои илмӣ
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешаванд.
  2. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ машғул аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  3. Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос дошта, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмию методӣ машғул аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  4. Тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майян мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
Моддаи 29. Эътироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва унвонҳои илмӣ
  1. Эътирофи ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ маънои ризоияти мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба эътибори қонунӣ доштани ин ҳуҷҷатҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465).
  2. Баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ дар Қонуни мазкур маънии онро дорад, ки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба дорандагони ин ҳуҷҷатҳо, ҳамчун ба дорандагони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои академӣ ва (ё) касбиро дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ медиҳад.
  3. Эътироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дорандагони ин ҳуҷҷатҳоро ӯҳдадор менамояд, ки талаботи умумии ба муассисаҳои таълимӣ ё ба кор қабул шуданро, ки низомномаҳои дахлдор муқаррар кардаанд, риоя намоянд.
  4. Масъалаи эьтироф ва муқаррар кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бораи унвонҳои илмӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мегардад.
  5. Эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва дар бораи унвонҳои илмӣ бо шаҳодатнома, ки аз тарафи мақоми давлатии идораи маориф дода мешавад, тасдиқ мегардад.

БОБИ 5. ИДОРАИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

Моддаи 30. Мақомоти идоракунии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Идораи низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф амалӣ гардонида мешавад.
  2. Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон роҳбарии умумии методиро амалӣ мекунад.
  3. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдиқ ва мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529).
  4. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳарбӣ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.
Моддаи 31. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил мешаванд:

-муайян ва амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур;

-ҷудо кардани маблағ аз буҷет барои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

-таҳияи лоиҳаи қонунҳо, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро муайян мекунанд;

-муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

-тасдиқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1126);

-таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ;

-ба имзо расондан ва амалӣ кардани шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки масъалаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро танзим менамоянд;

-тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

-муқаррар намудани номгӯи соҳаҳои таълимӣ (ихтисоси) таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

-муайян кардани меъёри талабот ба кадрҳои соҳаҳои гуногун ва дар ин асос ба танзим даровардани тартиби тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

Моддаи 32. Салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Ба салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил мешаванд:

— якҷоя бо дигар мақомоти манфиатдори соҳавии дорои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия кардан ва амалӣ гардонидани фаслҳои дахлдори барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти марбутаи иловагӣ;

— таҳия ва татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— тасдиқи ҷузъҳои давлатии стандартҳои дахлдори давлатии таълимӣ, тасдиқ намудани низомномаҳо дар бораи аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ;

— таҳия ва тасдиқи нақшаҳои намунавии таълим ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ташкили нашри китобҳои дарсӣ ва тайёр кардани воситаҳои аёнии таълим;

— мусоидат барои ривоҷ додан ва амалӣ гардонидани технологияҳои нави самарабахши таълим дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва мансубияти идории онҳо ва муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти дахлдори иловагӣ;

— муқаррар намудани шакли ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, муайян намудани тартиби эътироф ва муқаррар кардани баробарии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва унвонҳои илмӣ, додани шаҳодатнома дар бораи муқаррар шудани баробарии ҳуҷҷатҳои зикргардида;

— иштирок дар кори омӯзиши талабот ба мутахассисон;

— таҳияи дурнамои тайёр намудани мутахассисон;

— таҳияи пешниҳод доир ба ҳаҷми маблағе, ки аз буҷет барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дигар корхона ва ташкилоту муассисаҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти марбутаи иловагӣ, ташкилотҳои илмӣ ва бахшҳои сохтории онҳо ҷудо карда мешавад;

— таҳияи пешниҳод оид ба ҳаҷми сохтмони асосии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои мазкур;

— ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, системаҳои соҳавӣ ва минтақавии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муайян кардани ҳаҷму сохтори тайёр намудани мутахассисон, ташкили иттиҳодияи (кооператсияи) байнисоҳавӣ ва байниминтақавии соҳа;

— муқаррар намудани қоидаҳои умумии қабули донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1126);

таъсиси аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ, новобаста ба тобеияти онҳо, тасдиқ кардани низомномаҳо дар бораи омодасозии кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— пешбинӣ кардани инкишофи шабакаи муассисаҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ, мувофиқа кардани таъсиси муассисаҳои нави давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти дахлдори иловагӣ;

— ташкили иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар барномаҳои давлатии илмию техникӣ, тартиб додан ва тасдиқ кардани барномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба соҳаҳои афзалиятноки илм, бо маблағу воситаҳо таъмин намудани ин барномаҳо ва назорати иҷрои онҳо;

— якҷоя бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ андешидани тадбирҳо ва амалӣ гардонидани онҳо барои ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён, аспирантҳо, докторантҳо, шунавандагон ва кормандони низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба беҳтар кардани шароити таълим, кор, маишат, истироҳат ва хизматрасонии тиббӣ ба онҳо;

— маблағгузорӣ ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо;

— тасдиқи низомнома дар бораи тартиби ишғоли вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ;

— таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ дар бораи филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроия, тартиби ташкили филиалҳои мазкур:

— нашри санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;

— бастани шартномаҳои байналмилалии дорои хусусияти байниидоравӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— назорат ба риояи стандартҳои давлатии таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;

— таъмини илмию методии аттестатсияи ниҳоӣ ва назорати сифати омодагии хатмкунандагон пас аз анҷоми ҳар як сатҳ ва марҳилаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

баррасии пешниҳодҳо ва қабули қарори ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фиристодани шикоят аз сифати таҳсилот ва ё мувофиқат накардани сифати таҳсилот ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

— ташкили фаъолияти низоми мақомоти минтақавии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

Моддаи 33. Назорати давлатии сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Назорати давлатии сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон, оқилона харҷ кардани маблағи буҷет, ки барои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҷудо карда мешавад, равона шудааст.
  2. Назорати давлатиро ба сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф амалӣ мекунад.
  3. Муассисаи олии таълимие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ дар давоми на кам аз панҷ сол як маротиба аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ мегузарад.

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Моддаи 34. Моликият дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Муассис (муассисон) бо мақсади таъмини фаъолияти дар Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексҳои молу мулк, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста менамояд.
  2. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан ба маблағу амвол ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш тӯҳфа намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё мерос мондаанд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти муассисаи олии таълимӣ мебошад ва ҳамчунин даромади фаъолияти худ ва объектҳои моликияти аз ҳисоби ин даромад харидаашро дорад.
  3. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд ба сифати иҷорагир ва (ё) иҷорадиҳандаи моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд.
  4. Ваколатҳои моликон дар бобати ихтиёрдорӣ намудани амволи давлатии низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ нисбат ба молу мулки моликияти давлатӣ ба мақоми давлатии идораи маориф вобаста карда мешаванд, ки ин ваколатҳоро ҳамроҳи мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ихтиёраш мебошанд, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 35. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Маблағгузории фаъолияти таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷет мутобиқи фармоиши давлатӣ аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ё мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳоро дар ихтиёр доранд, барои тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои идоравии маблағгузорӣ, амалӣ карда мешавад.
  2. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи байни онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Аз рӯи шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра бо худмаблағгузорӣ ба амал бароварда шавад.
  3. Таҳқиқоти илмие, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ анҷом медиҳанд, аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва (ё) мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ихтиёри онҳо мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
  4. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ соҳа ва тартиби истифодаи маблағеро, ки аз ҳисоби буҷет ва манбаъҳои дигар гирифтаанд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Маблағҳои ғайрибуҷетии дар давраи ҷорӣ (сол, семоҳа, моҳ) истифоданакардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ пас гардонида гирифта ё ба ҳаҷми маблағгузории давраи минбаъдаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳисоб карда намешавад.
  5. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ барои нигоҳ доштани пул ва ҳама гуна ҳисобҳо, амалиёти қарздиҳӣ ва хазинавӣ, аз ҷумла додугирифти асъор суратҳисобҳо кушода метавонад.
  6. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 36. Фаъолияти пулакии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
  1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи Оинномаи худ дар соҳаи таълим ва соҳаҳои дигар, ба шарте, ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад фаъолияти пулакиро ба роҳ монад.
  2. Фаъолияти пулакии таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ивази фаъолияти таълимӣ ва дар доирае, ки барои он аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, амалӣ шуда наметавонад. Дар акси ҳол маблағи дар натиҷаи чунин фаъолият бадастомада мутобиқи қонун мусодира карда мешавад.
  3. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет, қабули донишҷӯёнро бо риояи замимаи иҷозатнома, ки аз тарафи мақомоти давлатии идораи маориф дода шудааст, тибқи шартномаҳо бо пардохти арзиши таҳсил аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ намояд.
  4. Масъалаҳои бастани шартнома барои фаъолияти пулакии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мухолиф нестанд, амалӣ мегардад.

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

Моддаи 37. Ҳамкории байналмилалӣ
  1. Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба ҳамшарикии ҳақиқӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ асос меёбад.
  2. Мақомоти давлатии идораи маорифи ҳамаи зинаҳо, муассиса, корхонаю ташкилотҳои таълимии низоми маориф ҳуқуқ доранд бо муассиса, корхонаю ташкилотҳои хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намоянд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ ва илмию таҳқиқотиро амалӣ гардонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамъиятии таълимӣ ва илмӣ ҳамроҳ шаванд.
  3. Давлатҳои иштироккунанда дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи маориф дар доираи созишномаҳову шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сиёсати мувофиқашударо пеш мегиранд.
Моддаи 38. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
  1. Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои таълимии низоми маориф фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона амалӣ мекунанд. Онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ кушодани суратҳисоби асъорро доранд.
  2. Маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳое, ки муассисаи таълимӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоварад, моликияти ин муассисаи таълимӣ буда ва ба он ҳуқуқи ихтиёрдории пурра дошта, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мусодира кардани он манъ аст. Ин маблағ барои инкишофи соҳаи маориф, музди меҳнати кормандон ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он сарф карда мешавад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 40. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003, №48 «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12 моддаи 676; соли 2009, №3, мод. 83) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 41. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

19 майи соли 2009, № 531

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 276)

 Қонуни мазкур сиёсати давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқи ва иҷтимоию молиявиро дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ муайян мекунад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафхумхои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

таҳсилоти иловагӣ — низоми таълиму тарбия, ки дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ амалй шуда, ба омузиши илм, техника ва технологияи муосир, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомузӣ, такмили ихтисос, ки онҳоро шахс метавонад ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди гирифтани диплом ба таври роӣгон ё пулакӣ дар муассисахои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бе махдудият омузад, равона карда шудааст;

муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ — муассисаҳои давлати ва хусусии таълимӣ, ки фаъолияти онхо ба ташаккули дониш, малака, махорат, кобилият, инчунин инкишофи зехнӣ, маънавӣ ва чисмонии таълимгирандагон нигаронида шудааст;

кормандони омузгорӣ — шахсоне, ки ба таълиму тарбияи таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ дар асоси касбӣ машгуланд;

таълимгирандагон — шахсоне, ки аз руи дониш, қобилият, малакаю махорат ва шавку рағбаташон ба шаклҳои гуногуни таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд.

 

Моддаи 2. ҚонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистондар бораи таҳсилоти иловагӣ

Конунгузории Ҷумхурии Точикистон дар бораи таҳсилоти иловагй ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти иловагӣ

Тахсилоти иловагй ҷузъи таркибии низоми тахҳилот дар Ҷумхурии Тоҷикистон буда, мақсади он инкишофи қобилияти зехнию эчодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, конеъ гардонидани рағбат, эхтиёҷоти маънавй ва талаботи онхо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассисахои таълимй мебошад.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии таҳсилоти иловагӣ

Вазифаҳои асосии тахсилоти иловагӣ аз инхо иборатанд:

-тарбия ва таълимӣ шахрвандон;

— инкишофи озодона ва ташаккули таҷрибаи иҷтимоию ҷамъиятии шахсият;

— тарбия дар рухияи инсондустӣ, ватандустӣ ва эхтиром ба рамзҳои давлати, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Точикистон, ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд;

— инкишоф додани хисси эхтиром ба урфу одат, расму оин, анъанахои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ;

— ташаккули муносибати эхтиромонаи таълимгирандагон нисбат ба оила ва ҷомеа;

— фарохам овардани шароит барои инкишофи эчодӣ, зехнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон;

— ташаккули муносибати бошуурона ва масъулиятноки таълимгирандагон ба мухити зист ва хифзион;

— конеъ гардонидани талаботи таълимгирандагон ба интихоби касб;

— дастгирии таълимгирандагони боистеъдод;

— ташаккули тарзи хаёти солими таълимгирандагон;

-амалй намудани чорабинихои иттилоотию методӣ, ташкилию оммавӣ ва фархангию маърифатй;

—  такмили худфаъолиятй ва худидоракунии таълимгирандагон;

—  фарохам овардани шароит барои фаъолияти эҳсонкории шахсони вокей ва хукукй бо мақсади рушди таҳсилоти иловагй.

 

Моддаи 5. Принсипхои сиёсати давлати дар соҳаи тахсилоти иловагй

Сиёсати давлати дар сохаи таҳсилоти иловагй ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-дастрас будани таҳсилоти иловагй барои таълимгирандагон дар доираи стандартҳои давлатии тахсилот ва барномахои таълимй, сарфи назар аз миллат, нажод, чине, забон, эътиқоди динӣ, мавкеи сиёсӣ, таҳеил, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии онхо;

—  маблағгузории муассисахои таълимии тахсилоти иловагии давлати;

—  ихтиёрй будани интихоби шакли муассисахои таълимии тахсилоти иловагй;

-хусусияти илмй, дунявӣ ва башардустона доштани тахсилоти иловагй;

—   хифзи манфиатхои таълимгирандагон вобаста ба кушиши онҳо дар бобати инкишофи озодоиа ва хамачонибаи шахсият;

—   муҳайё намудани шароит барои таълимгирандагон дар гирифтани тахсилоти иловагй;

-нигохдорй ва рушди шабакаи муассисахои давлатии таълимии таҳсилоти иловагй;

-ҳамохангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй ва макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони вокей ва хукукй оид ба ташаккул ва рушди низоми тахсилоти иловагй.

 

Моддаи 6. Тартиби гирифтани таҳсилоти иловагӣ

  1. Шаҳрвандон таҳсилоти иловагиро берун аз барномахои асосии таълимй дар муассисахои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва дигар муассисаҳои таълимй мегиранд.
  2. Гирифтани таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъҳои муассисахо ва намудхои фаъолият асос ёфта, бо розигии падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда, коллективҳои мехнатӣ, ташкилотҳо ва фондҳои чамъиятӣ амалӣ гардонида мешавад.
  3. Падару модарон бо мақсади истифодабарии самараноки вақти холии фарзандон барои ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагй фаро гирифтани онхо вобаста ба майлу хоҳиш, рағбат ва қобилияташон мусоидат менамоянд.
  4. Тартиби гирифтани таҳсилоти иловагии калонсолон тибки санадҳои меъёрии ҳукукии Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  5. Шахрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванд, ки дар Ҷумхурии Точикистон истиқомат доранд, тахсилоти иловагиро бо тартиби мукаррарнамудаи қонунгузории Ҷумх,урии Точикистон гирифта метавонанд.

 

Моддаи 7. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй мутобики Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» амалй карда мешавад.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА ИДОРАКУНИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 8. Тартиби таъсис, азнавташкилдихй ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.Тартиби таъсис, азнавташкилдихӣ ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ тибки конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон мукаррар карда мешавад.

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ бо назардошти эхтиёчоти ичтимоию иктисодй, миллй, фархангию тахсилоти дар сурати мавчуд будани заминай зарурии таълимию методй, моддию техники, кадрхои омузгори ва риояи меъёрхо, коидахо ва стандартной санитарию гигиенӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Муассис (муассисон)-и муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ инхо буда метавонанд:

—  макомоти ҷумхуриявии давлатии идораи маориф;

—  макомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлатӣ;

-шахсони вокеӣ ва хукукӣ, аз ҷумла шахсони вокеӣ ва хукукии хоричӣ.

  1. Муассисон метавонанд муассисахои таълимии тахсилоти иловагии муштарак таъсис диханд.

 

Моддаи 9. Сохтор ва низоми муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1.Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ аз руи шаклхои ташкилию хукукӣ ва моликият давлатӣ ва хусусӣ буда метавонанд.

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ метавонанд дар шакли академияи хурди илмхо, марказхо, аз чумла марказхои эчодии кудакону наврасон, касрхо, хонахои эчодии кудакону наврасон, стансияхо, студияхо, мактабхои санъат, муассисахои таълимии ибтидоии махсуси бадей, мактабхои касбии варзишй, хунарӣ, мусикӣ, мактабхои варзишии кудакону наврасон, мактабхои махсуси варзишии захирахои олимпии кудакону наврасон, клубхо, аз чумла, клубхои тарбияи чисмонию варзишии махалли зист, клубхои тарбияи чисмонию варзишии маъюбон, варзишгоххои кудакона, муассисахои солимгардонӣфаъолият намоянд.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ метавонанд мачмуӣ ва сохавӣ бошанд. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагии мачмуй фаъолияти худро аз руи самтхои гуногуни тахсилоти иловагй (илмию техники, тачрибавию санчишй, чамъиятию гуманитарй, китобдорию китобшиносй, сайёхию кишваршиносй, бадеиго эстетики, экологию табиатшиносй, тарбияи чисмонию варзишй, харбию ватандустй, солимгардонию гигиенӣ) ташкил менамоянд. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагии мачмуй касрхо ва марказхои эчодии кудакону наврасон дохил мешаванд.
  3. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагии сохавй фаъолияти худро аз руи самтхои мушаххаси тахсилоти иловагй ташкил мекунанд. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагии сохавй марказхои илмию техники, эчодиёти бадеию эстетики, хонахои эчодии кудакону наврасон, клубхои сайёхию кишваршиносй, экологию табиатшиносй, варзишию солимгардонй, харбию ватандустй, стансияхои сайёхони чавон, табиатдустон, техникхои чавон, мактабхои санъат, муассисахои таълимии ибтидоии махсусгардонидашудаи бадей, студияхо, мактабхои варзишии кудакону наврасон, варзишгоххои кудакона ва муассисахои солимгардонй мансуб мебошанд.

5.Иттиходияхоп эчодии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ба таршш зайл тасниф  карда мешаванд:

—  ибтидоӣ -намуди иттиходияи эчодии самти инкишофи умумй, ки барои ошкор  намудани  кобилияту истеъдоди таълимгирандагон  ва инкишофи шавку рағбати онхо ба фаъолияти эчодӣ мусоидат менамояд;

—  асосӣ — намуди иттиходияи эчодие, ки шавку рагбати устувори таълимгирандагонро инкишоф дода, ба онхо дониш, махорату малакахои амалӣ медихад ва эхтиёчоти онхоро зимни интихоби касб конеъ мегардонад;

—  олӣ — намуди иттиходияи эҷодие, ки аз руи шавку рагбат барои таълимгирандагони кобилиятноку боистеъдод таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 10. Идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1.Ба муассисаи таълимии тахсилоти иловагӣ директори он рохбарй мекунад. Макоми дастачамъии идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ шурои омузгорӣ мебошад.

  1. Дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ бо максади таъминоти методӣ ва такмили раванди таълиму тарбия шурои методӣ таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 11. Макомоти идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1.Муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагӣ аз чониби макомоти зерин идора карда мешаванд:

-макомоти ҷумхуриявии давлатии идораи маориф;

-макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар тобеияти онхо карор доранд;

-макомоти махаллии идораи маориф.

  1. Идоракунии муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй аз чониби муассис (муассисон) амалй карда мешавад.

 

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

  1. Макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф якчоя бо дигар макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатй, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар тобеияти онхо карор доранд:

— сиёсати давлатиро дар сохаи тахсилоти иловагй татбик менамоянд;

— барномахои рушди тахсилоти иловагиро тахия мекунанд;

— низомномаи намунавии муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро тахия ва барои тасдик ба Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон пешниход менамоянд;

—   дар бораи меъёрхои таъминоти моддию техники ва молиявии тахсилоти иловагй таклифхо пешниход менамоянд;

—   санадхои меъёрии хукукиро барои муайян намудани кафолатхои ичтимоии кормандони омузгорй, мутахассисони муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, новобаста аз тобеият, шаклхои ташкилию хукукй ва молики ят тахия мекунанд;

—   рохбарии таълимию методй ва назорати раванди таълимро дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, новобаста аз шакли ташкилию хукукй ва моликият амалй мегардонанд;

—   дигар ваколатхоро тибки конунгузории Ҷумхурии Точикистон амалй менамоянд.

  1. Макомоти давлатии чумхуриявии идораи маориф барои фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷ^умхурии Точикистон ичозатнома медихад.

3.Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй дар доираи ваколатхояшон:

—   хачми маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро бо тартиби мукарраргардида муайян ва тасдик менамоянд;

—   нигохдорй ва тахкими заминай моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, афзоиши шабакаи онхо, назорати истифодаи самараноки китъахои замини ба онхо вобасташударо таъмин менамоянд;

-иловапулиро ба маоши кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй муайян ва пардохт мекунанд;

-хифзи ичтимоии таълимгирандагон, кормандони омузгорй, мутахассисон ва дигар кормандони муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро таъмин менамоянд.

  1. Макомоти махаллии идораи маориф дар доираи ваколатхояшон:

—    барои интихоби намудхои фаъолияти эчодии таълимгирандагон мувофики шавку рагбаташон ва дархости падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда шароит мухайё мекунанд;

—    бо тартиби мукарраршуда такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони сохаи омузгории муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагиро мегузаронанд;

-фаъолияти коллективхои омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, иттиходияхои чамъиятй, дигар ташкилотхо ва оиларо барои гирифтани тахсилоти иловагии таълимгирандагон хамоханг месозанд, тачрибаи пешкадами онхоро чамъбаст ва пахн менамоянд ва фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро назорат мекунанд;

-дигар ваколатхоро тибки конунгузории Ҷумхурии Точикистон амалй менамоянд.

 

Моддаи 13. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

  1. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй бо максади татбики сиёсати ягонаи давлатй дар сохаи тахсилоти иловагй амалй мегардад.
  2. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф, макомотимахаллии идораи маориф ва макомоти ичроияи махалли ҳокимияти давлатй, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар тобеияти онхо карор доранд, таъмин менамоянд.

3.Шакли асосии назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аттестатсияи давлатии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй мебошад, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

  1. Аттестатсияи давлатии гайринавбатии муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй ба таври истисно танхо бо карори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Аттестатсияи давлатии гайринавбатии муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй ба таври истисно танхо бо карори муассис (муассисон) ё макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф гузаронида мешавад.
  3. Аттестатсияи давлатии кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар хар панч сол як маротиба мутобики тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Ҷумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  4. Ба кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз руи натичаи аттестатсияи давлатй дарачаи муайяни тахассусй дода мешавад.

 

БОБИ 3. РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 14. Самтхои асосии тахсилоти иловагй

Тахсилоти иловагй дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз руи самтхои зерин амалй карда мешавад:

—  илмию техники, ки азбар намудани махорату малакахои техникию технологи, васеъ намудани чахонбинии илмй, азхудкунии техникаю технологияи муосир ва илмхои дакик,инчунин ба кори фаъолонаи илмию тахкикотй тайёр шудани таълимгирандагонро таъмин мгнамояд;

—  тачрибавию амалй, ки барои чалб намудани таълимгирандагон ба фаъолияти илмию тахкикотй, тачрибавй, конструкторй ва ихтироъкорй дар сохахои гуногуни илму техника, фархангу санъат, инчунин фарохам овардани шароит барои худтакомули эчодй, ошкор сохтан ва инкишофу дастгирии истеъдодхои чавон мусоидат мекунад;

—  чамъиятию гуманитарй, ки инкишофи кобилияту истеъдоц, малака ва махорати амалии таълимгирандагонро дар самти азхудкунии донишхо дойр ба асосхои илмхои ичтимошо гуманитарй ва омузиши забонхои хоричй таъмин мекунад;

-китобдорию китобшиносй, ки барои боло бурдани шавки маърифатй, фархангию иттилоотй ва такмили малакаю махорати таълимгирандагон бахри муайян ва мустахкам кардани мавкеи онхо дар чахони муосири иттилоотй нигаронида шудааст;

-экологию таатшиносй, ки азбар намудани донишхоро дар бораи мухити зист, ташаккули маърифатй экологии шахе, дар бораи масъалахои экологи ва тачрибаи халли онхо, андухтани донишу малакаро дар сохаи кишоварзй, аз чумла гулпарварй, чангалпарварй, богдорй, занбуриасалпарварй ва чалб кардан ба кори амалии хифзи табиат ва дигар самтхои биологиро пешбинй менамояд;

—  сайёхию кишваршиноей, ки чалби таълимгирандагонро барои омузиши таърихи кишвар ва махалли зист, тамаддуни чахонй, объектхои чугрофй, таърихию фархангй ва зухуроти хаёти ичтимой, азбар кардани малакахои амалй ва махорати сайёхию кишваршиноей таъмин менамояд;

—  бадеию эстетики, ки инкишофи истеъдоду крбилияти эчодии таълимгирандагон, азбар намудани малакахои амалй ва дар сохаи фархангу санъати ватанй ва чахонй дониш андухтани онхоро таъмин менамояд;

—  тарбияи чисмонию варзишй, ки инкишофи кобилияти чисмонии таълимгирандагон, шароити зарурй барои солимии мукаммал, обутобёбй, истирохату фарогат, машгулиятхои тарбияи чисмонй ва варзиш, тайёр кардани захирахои варзишй барои дастахои мунтахаби миллй, азбар кардани малакахои тарзи хаёти солимро таъмин менамояд;

—  харбию ватандустй, ки тарбияи хисси ватандустй, дарки масъулияти шахрвандй ва дарачаи зарурии тайёрии таълимгирандагонро ба хизмати харбй таъмин мекунад;

-солимгардонию гигиенй, ки таъмини шароити заруриро барои истирохати бофарогат, азбар намудани донишхо оид ба тарзи хаёти солим, азхуд намудани малакаи бехдошти саломатии шахей ва ташаккули фархангй гигиении шахсро пешбинй менамояд.

 

Моддаи 15. Шаклхои ташкили тахсилоти иловагй

1.Тахсилоти иловагй дар шакли равиявй мувофики имкониятхои фардй, шавку рагбат, майлу хохиш, кобилият ва дарачаи махорати таълимгирандагон бо назардошти дарачаи тахеилот, ихтисос, собикаи кор, синну сол, хусусиятхои рухию чисмонй, вазъи саломатии онхо дар шаклхои машгулият, махфил, даре, лексия, машгулияти фардй, конференсия, семинар, хониш, саволу чавоб, консерт, мусобика, машк, саёхат, экспедитсия, кори амалй дар озмоишгоххо, устохонахо, гармхона, китъахои замини илмию тачрибавй, дар корхонахои кишоварзй ва саноатй, дар табиат ва дигар шаклхои пешбининамудаи Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти иловагй гузаронида мешавад.

  1. Шумораи таълимгирандагон дар гуруххо вобаста ба соха ва имкониятхои ташкили раванди таълиму тарбия, инчунин тартиби ташкили корхои фардй ва гурухй дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй тибки талаботи Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти иловагй муайян карда мешавад.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ба хатмкунандагон бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф оид ба тахсилоти иловагй хучҷатхои дахлдор медиханд. Намунаи шаҳодатнома (сертификат)-ро макомоти ҷумхуриявии давлатии идораи маориф тасдик. мекунад.
  3. Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо барои муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти  иловагӣ аз хисоби маблагхои бунети давлатй ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии хусусӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) тайёр карда мешаванд.

 

БОБИ 4. СУБЪЕКТНОи РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 16. Субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии таҳсиблоти иловагӣ инхо мебошанд:

— таълимгирандагон;

— директор, муовин (муовинон)-и директор;

-кормандони омузгорӣ, равоншиносон, китобдорон ва дигар мутахассисоне, ки ба раванди таълиму тарбия чалб шудаанд;

-падару модарони таълимгирандагон ё шахсоне, ки онхоро иваз мекунанд;

-намояндагони корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхое, ки дар раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.

 

Моддаи 17. Ҳукуку ухдадорихо ва хифзи ичтимоии субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.Ҳукук ва ухдадорихои субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, Конуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Конуни мазкур, Низомномаи намунавии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ва дигар санадхои меъёрии хукукин Ҷумхурии Тоҷикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Тоҷикистон онхоро эътироф намудааст, муайян менамоянд.

2.Давлат хукукхои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро химоя намуда, ташкили таълиму тарбияи кудакони ноболиги оилахои камбизоат ва серфарзанд, кудакони маъюб, ятимон на кудакони бепарасторро мутобики конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон таъмин мекунад.

3.Омузгорон ва дигар кормандони соҳаи омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ, инчунин нафакахуроне, ки қаблан кормандони омузгории чунин муассисахо буданд, ба имтиёзхое, ки конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон барои омузгорон ва дигар кормандони сохаи омузгории муассисахои таълимии давлатӣ пешбинӣ намудааст, хукук доранд.

 

Моддаи 18. Тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.Кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбй, олии касбй ва тахсилоти касбии баъд аз муассисахои олии таълимй тайёр мекунанд.

  1. Такмили ихтисоси кормандони омузгории муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй дар хар панн сол на камтар аз як маротиба аз хисоби маблагхои бунети давлатй амалй карда мешавад.
  2. Такмили ихтьисоси кормандони омузгории муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй дар хар панҷ сол на камтар аз як маротиба аз хисоби маблагхои муассис (муассисон) амалй карда мешавад.

 

БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ҲОНАГӢ ВА ЗАМИНАӢ МОДЦИЮ ТЕҲИИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 19. Фаъолияти молиявию хочагни муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.Фаъолияти молиявию хонагии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй тибки Крнуни ^умхурии Тоникистон «Дар бораи маориф», Крнуни ]^азкур ва дигар санадхои меъёрии хукукй амалй карда мешавад.

  1. Маблаггузории муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй аз хисоби бунети давлатй ва муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй аз хисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.
  2. Муассисахои давлатӣ ва хусусии таълимии тахсилоти иловагй метавонанд инчунин аз хисоби манбаъхои иловагй, ки истифодабарии онхоро конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблаггузорй карда шаванд.
  3. Кудакони оилахои камбизоат, кудакони маъюб, ятим ва бепарастор дар муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй ба таври ройгон тахсил мекунанд.

5.Манбаъхои иловагии маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй инхоянд:

-воситахое, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй барои расонидани хизматхои иловагии тахсилоти, аз инрои корхо тибки фармоиши корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо ва шахсони вокей, инчунин даромад аз фуруши махсулоти худи ба даст овардаанд;

—  кумаки башардустона;

—  маблагхои эхсонкорӣ, сарватхои моддӣ, ки аз корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, инчунин шахсони вокеии алохида кабул шудаанд;

-дигар манбаъхое, ки конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст.

6.Маблагхои иловагии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй мутобики тартиби  муайяннамудаи моддаи 43 Конуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» танхо барои фаъолияти оинномавӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 20. Заминаи моддию техникни муассисаҳои таълимии тахсилоти иловагӣ

  1. Ба заминай моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй биною иншоот, тачхизот, воситахои алока, накдиёт, китъахои замин, дигар молу мулки манкул ва гайриманкул дохил мешава.нд.
  2. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагй барои амалй намудани корхои таълимию тарбиявӣ иншоотхои варзишй, фархангй, солимгардонй ва дигар иншоот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон барои истифодабарй дода мешаванд.
  3. Талабот нисбат ба заминай моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз руи меъёрхои дахлдори сохтмонй ва санитарию гигиенй, коидаю стандартхои сохтмон ва нигохдории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ва накшаю барномахои таълимй муайян карда мешавад.
  4. Ҳукукй муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ба истифодаи китъахои замине, ки дар худуди он чойгир шудаанд, мутобики Кодекси замини Ҷумхурии Тоҷикистон ва санадхои дахлдори меъёрии хукукй бо тартиби мукарраргардида муайян карда мешавад.
  5. Фондхои асосй ва дигар молу мулки муассисахои давлатй ва хусусии таълимии тахсилоти иловагй, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон, мусодира карда намешаванд.
  6. Молу мулки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз чониби муассис (муассисон) танхо бо максаддое, ки дар Оинномаи онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян шудаанд, барои рушди муассисахои тахсилоти иловагӣ истифода бурда мешаванд.

7.Истифодаи заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй бо максадхои хилофи вазифахри асосӣ ва манфиатхои таълим манъ аст.

 

Моддаи 21. Фаъолияти пулакии муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловат

Муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловаги метавонанд бо тартиби мукдррарнамудаи макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф ва конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи маориф фаъолияти пулакиро ба рох монанд.

 

боби 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҳамкории байналмилалй дар сохаи тахсилоти иловагй

Макомоти идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, муассисахои таълимии тахсилоти иловагй хукук доранд бо макомоти идоракунии маориф ва муассисахои таълимии мамлакатхои хоричй, ташкилоту фондхои байналмилалй бо тартиби мукдррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти иловагй созишномахо баста, робитахои бевосита мукаррар намоянд.

 

Моддаи 23.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокей ва хукукй барои риоя накардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарй кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конунн мазкур

Қонуни мазкур, пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомали Рахмон

 

        ш. Душанбе

16 апрели соли 2012

             №826

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТ КАЛОНСОЛОН

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТ КАЛОНСОЛОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 17; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1486)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— андрагогика – соҳаи илм, фанни таълимӣ, ки хусусият, шакл ва усулҳои таҳсилоти калонсолонро муайян мекунад;

— андрагог – мутахассиси дорои маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати махсус, ки калонсолонро бо назардошти хусусиятҳои хоси таълимӣ ва синнусолии онҳо меомӯзонад;

— валидатсия – эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ, новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо ва аз рӯи натиҷаҳо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома);

— курс – шакли таҳсилоти иловагӣ, ки тибқи он дар доираи барномаҳои муайянгардида шунавандагон дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти касбии муайянро ба даст меоранд;

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон – муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, қобилият, маҳорат ва касбомӯзии калонсолон равона гардидаанд;

— низоми таҳсилоти муттасил – низоми муассисаҳои таълимии расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ якҷоя бо шаклҳои гуногуни фаъолияти худомӯзӣ, ки барои шахсони синну соли гуногун дар тӯли ҳаёти онҳо гирифтани таҳсилотро таъмин менамояд;

— салоҳияти касбӣ – қобилияти ба кор бурдани дониш, малака ва маҳорат, амали бомуваффақиятона дар асоси таҷриба  ҳангомиҳалли вазифаҳои умумӣ ё соҳаи муайян;

— таҳсилот дар тӯли ҳаёт – таҳсил, мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ, малака, маҳорат ва салоҳияти касбӣ аз ҷониби шахс дар тамоми умр;

— таҳсилоти калонсолон – маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кумаки он калонсолон салоҳияти касбӣ, қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро барои қонеъ гардонидани талаботи  худ ва ҷомеа интихоб менамоянд;

— таҳсилоти расмии калонсолон – раванди муттасили таълим, ба даст овардани салоҳияти касбии таълимгирандаи калонсол дар муассисаҳои таълимии аз қайди давлатӣ гузашта;

— таҳсилоти ғайрирасмӣ – раванди таълимии берун аз муассисаи таълимии таҳсилоти расмӣҷараёнгиранда, ки додани ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар назар надошта, бо неруи зарурӣ  ба шароитҳои гуногуни фазоӣ ва вақт фавран мутобиқ шудан, дархостҳои таълимгирандагони синну соли гуногун, рӯоварӣ ба талаботи  умумӣ ва шахсии онҳо бо мақсади мутобиқ шудан ба шароитҳои тағйирёбандаи ҳаёт, инчунин худинкишофии эҷодӣ;

— таҳсилоти ғайриасосӣ – азхудкунии номуташаккил ва хусусияти мақсаднок надоштаи таҷрибаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар  фаъолиятиҳаётии ҳамарӯзаи шахс амалӣ мегардад ва аз хусусияти асосии раванди ба таври дидактикӣ (шакл ва усулҳои таълим) ташкилшуда (дар оила, кор, иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ)  маҳрум аст;

— таълимгиранда – хонанда, донишҷӯ, шунаванда, коромӯз ва шогирд;

— таълимгирандаи калонсол – шахси болиғи қобили амали аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ инкишофёфта, ки дорои мустақилияти иқтисодӣ  буда, ба рафтораш худ эҳсоси масъулият дорад;

— худомӯзӣ – ба даст овардани дониш, малака, маҳорат ва салоҳият бо роҳи машғулиятҳои мустақилона бе кумаки омӯзгор.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти калонсолон

  1. Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба вазъи имрӯза, меҳнати касбӣ, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.
  2. Таҳсилоти калонсолон мусоидат менамояд ба:

— инкишофи қобилияти мустақилона, дар гурӯҳ ё дар шароити таълимоти муташаккил дар муассисаҳои таълимии барои ин мақсад махсус таъсисдодашуда ба даст овардани дониш ва салоҳияти нав, ки ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият мусоидат мекунад;

— таъмини бошуурона ва самаранок дохилшавии шахс ба меҳнат бо роҳи пешниҳоди таҳсилоти касбӣ-техникӣ, инчунин инкишофи қобилияти мустақилона ё дар гурӯҳ офаридани неъматҳои нави моддӣ ва арзишҳои нави ботинӣ ё эстетикӣ.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон

Вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон инҳо мебошанд:

— васеъ намудани имконияти интихоб ва қонеъ гардонидани талаботи калонсолон ба таҳсилот ва таъмини сифати хизматрасонии таълимӣ;

— фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс ва васеъ намудани иштироки калонсолон дар раванди таҳсил;

— қонеъ гардондани талаботи калонсолон дар интихоб ва омӯзиши касб, малака, маҳорат, такмили ихтисос, иваз намудани касб ва ба даст овардани салоҳияти касбӣ, ки барои фаъолияти бомуваффақияти меҳнатӣ зарур мебошанд;

— фароҳам овардани шароит барои эътирофи салоҳият, дониш, малака ва маҳорати калонсолон новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо;

— таъмини калонсолон бо салоҳияти касбии барои фаъолияти самаранок зарур;

— мусоидат ба таълимгирандаи калонсол дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, ки фаъолияти самаранокро дар ҷомеа таъмин менамояд;

— ғанӣ гардондани дониш, малака ва маҳорати барои калонсол муҳим, ки ба шахси калонсол барои қонеъ гардондани талаботи таълимӣ зарур мебошад;

— қонеъ гардондани талаботи ҷомеа бо кадрҳо;

— рушди таҳсилоти калонсолон ҳамчун низоми ягонаи таъминкунандаи кафолати ҳуқуқи ҳар як шахс ба таҳсилоти муттасил;

— фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— муҳайё сохтани шароит ва имконият барои таҳсилоти иловагии калонсолон;

— рушди қобилияти хондани мустақилона ва дигаронро омӯзондан.

 

Моддаи 5. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон инҳоянд:

— эътирофи ҳуқуқ ба таҳсилот дар тӯли ҳаёт;

— дастрас ва ихтиёрӣ будани гирифтани таҳсилот;

— муттасилӣ ва пайдарҳамии таҳсилоти калонсолон;

— баҳисобгирии хусусият ва талаботи таълимии гурӯҳҳои гуногуни калонсолон;

— ҳамкорӣ ва шарикии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ;

— дастгирии давлатии соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— мусоидат барои гирифтан ва идома додани таҳсилот ба шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоии махсус эҳтиёҷ доранд.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи калонсолон ба таҳсил

  1. Шаҳрвандони калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилро доранд.
  2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди калонсол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилро доранд.
  3. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони калонсол ба таҳсил инҳо мебошанд:

— дастрасии баробар ба таҳсилот дар тӯли ҳаёт;

— қонеъ гардондани талаботи гуногуни шахсӣ ба дониш, малака ва маҳорат;

— ғанӣ гардондани донишу малака, ки барои иштироки самаранок дар шаклҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ зарур мебошанд;

— интихоби озоди самти омӯзиш ва муассисаи таълимӣ;

— рухсатии пардохтнашаванда бо нигоҳ доштани ҷойи кор дар давраи таҳсил;

— хизматрасонии таълимии баробар ба шароити таълимгирандагони муассисаҳои таълимии расмӣ.

  1. Калонсолоне, ки бо қарори суд ҳуқуқҳои онҳо маҳдуд карда шудаанд, аз ҳуқуқ ба таҳсил маҳрум шуда наметавонанд. Танҳо тарзи татбиқи он метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

 

Моддаи 7. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣкарда  мешавад.

 

БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 8. Низоми таҳсилоти калонсолон

Низоми таҳсилоти калонсолон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:

— стандартҳои давлатии таҳсилот;

— таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ;

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— барномаҳои таълимӣ;

— шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;

— субъектҳои раванди таълим ва тарбия дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— мақомоти идоракунии таҳсилоти калонсолон.

 

Моддаи 9. Стандартҳои давлатии таҳсилоти калонсолон, таснифоти самт, равия ва

                      ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои таълимӣ

  1. Таҳсилоти калонсолон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, консепсия, стратегия, барномаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон ба роҳ монда мешавад.
  2. Барномаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз рӯи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, иловагӣ ва касбӣ тақсим шуда:

— барои ба даст овардани татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотӣ, баландбардории омодагии касбӣ ва таҳсилоти таълимгирандагон, омодагии босифати онҳо ҳамчун корманд ва мутахассисон равона гардидаанд;

— мундариҷаи таҳсилоти калонсолонро муайян мекунанд;

— аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф  тасдиқ карда мешаванд.

  1. Барномаҳои таълимӣ барои таҳсилоти расмии калонсолон дар асоси дастовардҳои андрагогика мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия карда мешаванд.
  2. Иҷрои стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ҳатмӣ мебошад.
  3. Барои санҷиши технологияҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани мундариҷаи нави таълим, ташкили раванди таълим бо назардошти талаботи махсуси калонсолон (камсаводон, маъюбон ва дигар гурӯҳи калонсолон) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон барномаҳои таълимии махсус таҳия карда мешаванд.
  4. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 10. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо назардошти талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ, миллӣ, фарҳангиву таълимии калонсолон дар сурати вуҷуд доштани заминаи зарурӣ таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 11. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва намудҳои он

  1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар шаклҳои зерин амалӣ месозанд:

— таълимӣ-истеҳсолӣ;

— марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;

— марказҳои таълимии иҷтимоӣ-соҳибкорӣ, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ;

— марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;

— марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;

— курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ;

— муассисаҳои бозомӯзии аҳолӣ;

— муассисаҳои такмил, баландбардории ихтисос ва бозомӯзии кормандон.

  1. Таҳсилоти калонсолон метавонад тавассути иштироки калонсолон дар семинарҳои омӯзишӣ, гирифтани таълим аз омӯзгорони алоҳида, шогирдӣ ва омӯзиш дар истеҳсолот, худомӯзӣ амалӣ шавад.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолияти худро метавонанд дар доираи фармоиши давлатӣ ройгон ва илова бар фармоиши давлатӣ мувофиқи шартнома пулакӣ амалӣ созанд.
  3. Намудҳои муассисаҳои таълимӣ барои калонсолон мувофиқи сатҳ ва самти аз ҷониби онҳо татбиқшавандаи барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
  4. Таҳсилоти калонсолон аз рӯи барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Барои азхудкунии барномаҳои иловагии таълимӣ калонсолон бе пешниҳоди талабот ба сатҳи таҳсилот роҳ дода мешаванд, агар барои татбиқи ин барномаҳои таълимӣ шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
  6. Таҳсилоти калонсолон дар доираи таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагӣ, худомӯзӣ ва таҳсилоти касбӣ, ки имконияти татбиқи ҳуқуқ ба таҳсилотро таъмин менамоянд, ба роҳ монда мешавад.
  7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолият менамоянд:

— таҳсилоти миёнаи умумӣ ва марказҳои таълимӣ;

— таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

— таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (донишкадаҳои такмили ихтисос, академияи таҳсилоти баъдидипломӣ);

— таҳсилоти иловагӣ;

— муассисаву ташкилотҳои дигаре, ки раванди таълими калонсолонро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 12. Муассиси (Муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Муассиси (Муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳо шуда метавонанд:

— мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;

— мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;

— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Муносибатҳои байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

 

Моддаи 13. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад ва маълумоти зеринро дар бар мегирад:

— дар бораи ном, мақом ва ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

— дар бораи муассис (муассисон);

— дар бораи санаи таъсис;

— дар бораи шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

— дар бораи филиалҳо, намояндагиҳо ва зерсохторҳои дигар;

— дар бораи мақсади раванди таълим ва тарбия, намуд ва шакли барномаҳои таълимии ҷоришаванда;

— тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таълим, тартиби хориҷ намудани таълимгиранда, муҳлати таълим, реҷаи кори муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, тартиби дохилии фаъолияти муассиса, ҳамчунин дар бораи расонидани хизматрасонии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо;

— дар бораи тартиби ташкили муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва таълимгирандагон;

— фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, аз ҷумла тартиби ташаккул ва истифодаи моликият, сарчашмаи маблағгузорӣ ва таъмини моддиву техникӣ, шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасонии пулакӣ;

— тартиби идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;

— ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълим ва тарбия;

— дигар маълумотеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1486)

  1. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолонро муассис (муассисон) таҳия ва тасдиқ мекунад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии муассисаи мазкурро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1486)

 

БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 14. Идоракунии таҳсилоти калонсолон

  1. Идоракунии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон амалӣ карда мешаванд.
  2. Идоракунии таҳсилоти калонсолон ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти калонсолон, риояи стандартҳои давлатии таҳсилот, татбиқ ва рушди соҳаи таҳсилоти калонсолон мувофиқи талаботи иқтисодиёти бозор ва равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа равона мегардад.

(қисми 3 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1486)

 

Моддаи 15. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон

  1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дохил мешавад:

— тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— таъсиси муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон»;

— муайян намудани меъёри таъминоти молиявии таҳсилоти калонсолон ва кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон, таълимгирандагони муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон;

— муайян намудани расмиёти валидатсия;

— амалӣ намудани салоҳияти дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дохил мешаванд:

— амалӣ  намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— роҳбарии умумии соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти калонсолон;

— тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти калонсолон;

— татбиқ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон доранд, мансубанд:

— таъмини раванди таҳсилоти касбии калонсолон мувофиқи талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон, стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, нақша ва барномаҳои таълимии калонсолон;

— ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ, иштирок дар гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— роҳбарӣ ва назорати умумии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва маблағгузории онҳо;

— иштирок дар раванди назорат, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва барҳамдиҳии онҳо бо тартиби муқарраргардида;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон мансубанд:

— мусоидат дар ташкили муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти калонсолон, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии онҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида;

— таъмини ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон;

— расонидани кумаки молиявӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 16. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо мақсади татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва таъмини сифати таҳсилот аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва таҳсилоти калонсолон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар тобеияти онҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон қарор доранд, амалӣ мешавад.
  2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти расмии калонсолон бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:

— иҷозатномадиҳӣ;

— аттестатсияи давлатӣ;

— баҳогузории фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

— назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон.

 

Моддаи 17. Ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи таҳсилоти калонсолон

  1. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳогузории ҳолат ва тамоюли рушд дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки бо таҳсилоти калонсолон машғуланд, уҳдадоранд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои омориро пешниҳод намоянд.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон нашри маълумоти оморӣ ва маводи дигарро оид ба ҳолати таҳсилоти калонсолон таъмин менамояд.

 

БОБИ 4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ, ТАЪМИНОТИ ИЛМИВУ МЕТОДӢ

ВА КАДРИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 18. Самтҳои асосии таҳсилоти калонсолон

Таҳсилоти калонсолон аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мешавад:

— касбӣ, ки аз ҷониби калонсолон ба даст овардани ихтисос, касб, тахассус, дониш, маҳорат ва малака, азхудкунии техникаи муосир ва омодагии техникиро ба фаъолияти меҳнатӣ таъмин менамояд;

— ба даст овардани салоҳияти касбӣ, ки рушди қобилият, бадасторӣ ва такмили малакаҳои амаливу маҳорати калонсолон, азхудкунии донишро аз рӯи касбҳои асосӣ таъмин менамояд; 

— баланд бардоштан ва такмили ихтисос, ки ба баландбардорӣ, такмили дониш, малака ва маҳорати касбӣ мусоидат мекунад;

— бозомӯзии  кадрҳо, ки барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар асоси донишу салоҳияти бадастовардашуда аз рӯи касбҳои доштаашон мусоидат мекунад;

— такмил ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор;

— таҳсилоти иловагии калонсолон, ки гирифтани дониш ва салоҳиятро илова бар таҳсилоти асосӣ ва махсус пешбинӣ менамояд; 

— самтҳои дигари  таҳсил бо назардошти талаботи калонсолон.

 

Моддаи 19. Шаклҳои ташкили таҳсилоти калонсолон

  1. Таҳсилоти калонсолон дар доираи низоми таҳсилоти муттасил таҳсилоти расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосии бо амалия ва назария асос ёфтаро фаро мегирад.
  2. Таҳсилоти калонсолон ба таври алоҳида, мувофиқи шавқу рағбат, майлу ҳавас, бо назардошти сатҳи таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, синну сол, вазъи саломатӣ дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ, аз қабили машғулият, дарс, лексия, машғулияти алоҳида, конфронс, семинар, хониш, саёҳат, корҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳо ва устохонаҳо, дар корхонаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва дар шаклҳои гуногуни бо нақшаи таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон пешбинишуда ташкил карда мешавад.
  3. Шумораи таълимгирандагон дар гурӯҳҳо вобаста ба самт ва имконияти раванди таълим, инчунин тартиби ташкили раванди таълими алоҳида ё гурӯҳӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон муайян карда мешаванд.
  4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагони худ аз рӯи натиҷаи таҳсилоти касбӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд.
  5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон метавонанд таҳсилоти фосилавӣ ва расмиёти валидатсияро амалӣ намоянд. Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 20. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи таҳсилоти калонсолон 

  1. Соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои андрагогика, илму техникаи муосир, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташкил карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд.
  3. Таъминоти илмии соҳаи таҳсилоти калонсолонро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 21. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи

                        таҳсилоти калонсолон 

  1. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони соҳаи таҳсилоти калонсолон дар сохтори муассисаҳое ба роҳ монда мешаванд, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро амалӣ менамоянд.
  2. Фаъолияти мутахассис дар соҳаи таҳсилоти калонсолон аз таълимдиҳӣ, маслиҳатдиҳӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва иҷрои вазифаҳои ташкиливу идоракунӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон иборат аст. Соҳаҳои фаъолияти мутахассис инҳоанд:

— омӯзгорӣ;

— илмиву методӣ;

— фарҳангиву маърифатӣ;

— тадқиқотӣ;

— идоракунӣ.

  1. Мутахассис дар соҳаи таҳсилоти калонсолон, ки аз омодагии касбӣ гузаштааст, метавонад ба сифати омӯзгори фанни андрагогика, омӯзгор дар муассиса, ташкилот ва корхонаҳои соҳаҳои гуногун ба сифати мушовир, коршинос, корманди илмӣ ва корманди иҷтимоӣ фаъолият намояд.
  2. Шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ё олии касбӣ ва маҳорати зарурии касбӣ дар соҳаи андрагогика ва педагогика доранд, метавонанд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шаванд.
  3. Мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон тибқи тартиби муқарраргардида аз аттестатсия мегузаранд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия сатҳи тахассуси касбии онҳо муайян карда мешавад.
  4. Пурра намудани ҳайати кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба танзим дароварда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон уҳдадоранд, ки барои кормандони нав таълими асосҳои андрагогикаро ба роҳ монанд.
  5. Давлат барои такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон бо роҳи ҷорӣ намудани барномаҳои андрагогика дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд.
  6. Барои рушд ва такмили таъминоти илмиву методии таҳсилоти калонсолон иттиҳодияҳои таълимиву методӣ ва иттиҳодияҳои дигар таъсис дода шуда метавонанд.
  7. Такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон на камтар аз як маротиба дар панҷ сол аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР

МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 22. Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии

                        таҳсилоти калонсолон   

Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳоянд:   

— таълимгирандагон;

— таълимгирандагони калонсол;

— кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;

— падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти маҳдуд;

— намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар амалисозии раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.

 

Моддаи 23. Мақоми таълимгирандаи калонсол

Ба сифати таълимгирандаи калонсол субъектҳои фаъолияти таълим, ки дорои қобилияти амал мебошанд ва ба соҳаи меҳнати музднок ҷалб гардидаанд, бекорон, маъюбони калонсол, хизматчиёни ҳарбии ба эҳтиёт ҷавобшуда, шахсоне, ки дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум адои ҷазо менамоянд, муҳоҷирон ва таълимгирандагон эътироф карда мешаванд. Ба ҳайати таълимгирандагони калонсол инчунин шахсоне тааллуқ доранд, ки бо ягон сабаб мақоми корманди маошгирандаро аз даст додаанд.

 

Моддаи 24. Гурӯҳҳои таълимгирандагони калонсол

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ва иттиҳодияҳои онҳо фаъолиятро бо назардошти манфиатҳо ва талаботҳои таълимии гурӯҳҳои зерини аҳолии калонсол ба роҳ мемонанд: 

— кормандони соҳаи меҳнати касбӣ;

— бекорон;

— шахсоне, ки муваққатан кор намекунанд;

— шахсоне, ки  бо хонакорӣ машғуланд;

— шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнати фардӣ машғуланд;

— шахсоне, ки ба соҳаи меҳнати касбӣ баъди танаффуси дарозмуддат баргаштаанд; 

— нафақахӯрон аз рӯи вазъи саломатӣ (маъюбон);

— муҳоҷироне, ки аз давлат ва минтақаҳои дигар баргаштаанд ва ё барои истиқомати доимӣ омадаанд; 

— шахсоне, ки нияти иваз кардани касб ва ё соҳаи машғулиятро доранд ё аллакай онҳоро иваз кардаанд.

 

Моддаи 25. Ҳайати таълимгирандагони калонсолон ва ҳуқуқҳои онҳо

  1. Ба ҳайати таълимгирандагони калонсол дохил мешаванд:

— таълимгирандагони коргаре, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ шабона ва ғоибона  мехонанд; 

— таълимгирандагони шуъбаҳои шабона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ; 

— таълимгирандагоне, ки дар ҷойи кор касб меомӯзанд (шогирдӣ);

— шунавандагони курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос;

— шахсоне, ки азнавтайёркуниро барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар мегузаранд;

— шахсоне, ки касби навро дар шакли гузаштани курсҳо ё шакли дигар аз худ мекунанд; 

— иштирокчиёни барномаҳои нақшавии таҳсил; 

— иштирокчиёни барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмии самтҳои гуногун; 

— шахсоне, ки ба худомӯзӣ машғуланд.

  1. Таълимгирандагони калонсол ҳуқуқ доранд ба:

— истифодаи адабиёт, маводи дастуруламалӣ, таҷҳизоти таълимӣ ва воситаҳои иттилоотиву техникӣ;

— эътирофи расмии тахассус, касб, дониш, салоҳият, маҳорату малака, ки бо роҳи ғайрирасмӣ ва дар асоси таҷрибаи фаъолияти касбӣ ба даст оварда шудаанд; 

— ғамхорӣ, кумак ва мусоидат аз ҷониби хадамоти иҷтимоии дахлдор ба таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти маҳдуд;

— интихоби муассисаи таълимӣ;

— фароҳам овардани шароит барои таълим бо назардошти хусусияти инкишофи рӯҳиву ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ;

— гузаштан ба муассисаи таълимии дигар барои идома додани таҳсилот аз рӯи касб, ихтисос, равия, омодагӣ ё шакли дигари таълим бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор шудан барои идомаи таҳсил дар муассисаи таълимие, ки барномаҳои таълимии сатҳи дахлдорро амалӣ менамояд;  

— иштирок дар идоракунии раванди таълими муассисаи таълимӣ; 

— шикоят кардан аз болои санадҳои муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— истифодаи ройгони захираҳои китобхона ва захираҳои иттилоотӣ, махзани таълимӣ, таҷрибавӣ ва илмии муассисаи таълимӣ;

— якҷоя бо фаъолияти меҳнатӣ гирифтани таҳсилот бе зарар барои азхудкунии барномаи таълимӣ, иҷрои нақшаи инфиродии таълим; 

— гирифтани таҳсилоти босифат новобаста ба шакл ва намуди ташкили фаъолияти таълимӣ мувофиқи мақсад ва вазифаҳои барномаҳои татбиқшаванда; 

— баҳогузории объективии дониш, малака ва салоҳият аз рӯи фанҳои ба барномаи таълимӣ дохил кардашуда ва дастрасии озод ба маълумот оид ба баҳогузории  дастовардҳои шахсӣ;

— иштироки озод дар машғулиятҳое, ки дар нақшаи таълимӣ пешбинӣ нашудаанд.

 

Моддаи 26. Кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Ба ҳайати кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон кормандони соҳаи омӯзгорӣ (мутахассисон, омӯзгорон, андрагогҳо, устоҳои таълимӣ) ва кормандони дигар, ки ба раванди таълиму тарбия ҷалб гардидаанд, дохил мешаванд. Кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон дорои ҳуқуқ, имтиёз, кафолати иҷтимоӣ, уҳдадорӣ, масъулиятҳое мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи омӯзгорӣ муқаррар карда шудаанд.
  2. Дар сурати ба кор қабул кардани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва роҳбарӣ афзалият ба шахсоне дода мешавад, ки дорои таҷрибаи кории кофӣ бо таълимгирандагони калонсол, сертификат дар бораи муваффақона гузаштан аз курси таълимӣ аз рӯи барномаҳое, ки дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти кор бо таълимгирандагони калонсолро медиҳанд, мебошанд.

 

Моддаи 27. Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия

                       дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон   

  1. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, Оинномаи муассиса ва Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва калонсолон муайян карда мешаванд.
  2. Давлат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро ҳифз менамояд ва ташкили таҳсили шаҳрвандон аз оилаҳои камбизоат, серфарзанд ва маъюбонро таъмин менамояд.
  3. Кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ҳуқуқ ба имтиёзҳое доранд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд.

 

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ

ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 28. Фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимии

                          таҳсилоти калонсолон

  1. Муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти калонсолон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон аз ҳисоби муассис (муассисон) маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон метавонанд инчунин аз ҳисоби манбаъҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда шаванд.
  3. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳоянд:

— маблағҳое, ки муассисон ҷудо мекунанд;

— маблағҳои корхона, муассиса ва ташкилотҳо (илмиву техникӣ, таълимӣ, фаъолияти дигари соҳибкорӣ, тиҷоратӣ);

— грантҳои мақсадноки фондҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва дигар намудҳои грантҳо;

— маблағҳое, ки аз гузаронидани чорабиниҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ ба даст оварда мешаванд;

— даромад аз фаъолияти ноширӣ;

— маблағҳои сарпарастон, маблағгузориҳои хайриявӣ, туҳфаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— маблағҳое, ки муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон барои хизматрасонии иловагии таълимӣ, кор, иҷрои дархости корхона, муассиса, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ ба даст меоранд, ҳамчунин фоида аз фурӯши маҳсулоти худӣ;

— кумакҳо.

 

Моддаи 29. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

  1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бино, иншоот, воситаҳои алоқа, воситаҳои нақлиёт, қитъаи замин ва молу мулки дигари манқул ва ғайриманқул дохил мешаванд.
  2. Барои пешбурди раванди таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бино, иншоот ва объектҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
  3. Талабот ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мувофиқи меъёрҳои дахлдори сохтмонӣ ва моддию техникӣ, қоида ва стандартҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
  4. Ҳуқуқи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба истифодаи қитъаи замине, ки дар ҳудуди ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон қарор доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  5. Молу мулки муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассис (муассисон) танҳо бо мақсади дар Оиннома пешбинӣ гардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон истифода шуда метавонанд.
  6. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо мақсади ба манфиатҳои раванди таълим мухолиф манъ аст.

 

Моддаи 30. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хизматрасонии пулакиро амалӣ намоянд.

 

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 31. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон

Мақомоти идоракунии таҳсилоти калонсолон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳуқуқ доранд, ки дар бораи ҳамкории байналмилалӣ созишномаҳо банданд, бо мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ робитаҳои бевосита барқарор намоянд.

 

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

        ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

           №1394

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 219. Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530)

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 январи соли 2015, № 1734

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 802

ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

— аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣрасмиёте, ки дар натиҷаи амалигардонии он мутобиқати фаъолияти субъектҳои соҳаи илм ва (ё) илму техника ба талаботи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф карда мешавад;

— аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ — фаъолияти илмӣ, ки анҷом додани чорабиниҳоро оид ба додани дараҷаву унвонҳои илмӣ дар бар мегирад;

— дотсент, профессор — унвонҳои илмие, ки бо дархости ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ дода мешаванд;

— Кодекси намунавии одоби илмӣ — маҷмӯи қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;

— Комиссияи олии аттестатсионӣ — комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд;

— коллективи муваққатии илмӣ — иттиҳодияи ихтиёрии шахсони воқеӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти илмӣ бо тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномавӣ таъсис дода мешавад;

— корманди илмӣ (муҳаққиқ) — шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд;

— корҳои илмию таҳқиқотӣ — корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо;

— корҳои таҷрибавию конструкторӣ — маҷмӯи корҳое, ки ҳангоми омодасозӣ ё навсозии маҳсулот, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ё технологии намунаҳои таҷрибавӣ, омода намудан ва аз озмоиш гузарондани намунаҳои таҷрибавӣ ва намунаҳои фоиданок анҷом дода мешаванд;

— лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ — ҳуҷҷатҳое, ки аз мазмуни кори илмию техникӣ иборат буда, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингиро бо асосноккунии мақсаду вазифаҳо, муҳимият, навгонӣ, аҳамияти илмию амалӣ ва мувофиқи мақсад будани иҷрои корҳои банақшагирифта дар бар мегиранд;

— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техникамақоми давлатие, ки сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро дар соҳаи илм ва (ё) илму техника амалӣ менамояд;

— мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ — мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба илм ва фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор амалӣ менамоянд;

— маърӯзаи миллӣ оид ба илму техника — ҳисоботи ҳарсолае, ки таҳлили ҳолат ва тамоюли рушди илми ҷаҳонӣ ва миллӣ, пешниҳод оид ба такомули иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосноккунии самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар бар мегирад;

— натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ — маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст;

— номзади илм, доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат , дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

— рафтори ношоями илмӣ — амали ношоистаи корманди илмӣ (муҳаққиқ), ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд ҳимояи ошкори он аз номи худ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

— сиёсати давлатӣ оид ба илму техника — интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онҳо, инчунин низоми ҷорӣ намудани натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҳалқ;

— субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, ки фаъолияти асосии онҳо ба кашфиёти илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва (ё) илмию техникӣ равона шудааст;

— таҳқиқоти илмӣ — таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд;

— таҳқиқоти илмии бунёдӣ — фаъолияти назариявӣ ва (ё) озмоишӣ, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат, инсон ва ҷомеа равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

— таҳқиқоти илмии амалӣ — таҳқиқоте, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ равона шудаанд;

— ташкилоти илмӣ — шахси ҳуқуқие, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологиро иҷро менамояд ва яке аз мақомоти идоракунандаи он мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида аз аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ гузаштааст;

— унвонҷӯии дараҷаи илмӣ — тайёр кардани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, ки дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ барои шахсони берун аз аспирантура ва докторантура бо навиштани рисолаи илмӣ машғулбуда пешбинӣ шудааст;

— фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ — фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст;

— ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

Моддаи 3. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
  1. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии ҳолат ва таҳияи дурнамои рушди илмию техникӣ, бо мақсади ҷалб намудани захираҳои давлатӣ ба таҳқиқоти илмие, ки аҳамияти бунёдӣ доранд, барои амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи ҷараёнҳои нави технологӣ ва маҳсулоти рақобатпазир муайян карда мешаванд.
  2. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ таҳия гардида, бо тартиби муқараргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  3. Интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва асосноккунии иқтисодии онҳо аз рӯи зарурати амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин аҳамияти самтҳои алоҳидаи рушди илму техника дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат асос меёбад.
Моддаи 4. Мақсад ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
  1. Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз:

— рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар;

— афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ;

— таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф;

— рушди инфрасохтори инноватсионӣ;

— афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ;

— беҳтар намудани вазъияти экологӣ;

— таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).

  1. Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд:

— ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ;

— муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ;

— афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ;

— ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон);

— такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун.

Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— эътироф намудани илм ҳамчун соҳаи аҳамияти иҷтимоидошта, ки сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро муайян мекунад;

— ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

— баробарии ҳама субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар назди қонун;

— озодии интихоби самтҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, усулҳои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ барои субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— кафолати рушди афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ;

— ҳамкории ташкилоту муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;

— ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузории соҳаи илм ва илму техника;

— ҳатмӣ, беғараз ва босалоҳият будани экспертизаи давлатии барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

— тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;

— ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ тавассути таъсис додани маҷмӯи таълимию илмӣ ва паркҳои технологӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:

— таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва ташкили анҷом додани он;

— тасдиқ намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;

— тасдиқи қоидаҳои аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— таъсиси мукофотҳо дар соҳаи илм, стипендияи давлатии илмӣ ва тасдиқи тартиби додани онҳо;

— тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;

— тасдиқи тартиби ташкил ва анҷомдиҳии таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

— таҳия ва тасдиқи низомнома ва оинномаи Комиссияи олии аттестатсионӣ;

— тасдиқи тартиби додани унвони илмӣ (дотсент, профессор);

— тасдиқи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;

— тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ;

— тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:

— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсии кишвар;

— татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳамоҳангсозии онҳо;

— таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;

— таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин анҷом додани аккредитатсияи онҳо;

— таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) илмӣ;

— таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:

— иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди соҳаи дахлдор;

— иштирок дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи дахлдор;

— ташкили корҳо оид ба таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва татбиқи онҳо дар соҳаи дахлдор;

— тасдиқи ҳисоботҳо оид ба иҷрои лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ

Ба ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ дохил мешаванд:

— иштирок дар тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ;

— таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва дараҷаҳои илмӣ;

— таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда;

— ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ;

— гузаронидани нострификатсияи ҳуҷҷатҳои доир ба унвонҳо ва дараҷаҳои илмӣ, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд;

— таҳия ва тасдиқи шиносномаи тахассусии кормандони илмии тахассуси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд;

— таҳлил ва мониторинги фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмии тахассуси олӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ З. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
  1. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти худро дар шакли дастҷамъӣ ё фардӣ амалӣ менамоянд.
  2. Субъектҳои фаъолияти дастҷамъонаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инҳо мебошанд:

— ташкилотҳои илмӣ;

— иттиҳодияҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ таъсис дода мешаванд;

— коллективҳои муваққатии илмӣ;

— муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.

  1. Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд.
  2. Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
  3. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан ва барои фурӯш пешниҳод намуданро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
  4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои дастҷамъӣ ва фардӣ амалӣ мегардонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
  5. Иштирокчиёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки ҳуқуқи иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд, аз ҷумла онҳое, ки таъминоти иттилоотӣ, барномавӣ, ташкилию усулӣ ва техникии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд.
  6. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ вазифадоранд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти миллӣ равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Моддаи 11. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманди илмӣ (муҳаққиқ)
  1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад:

— ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад;

— бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад;

— дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад;

— дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад;

— мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд;

— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад;

— барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад;

— ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад;

— дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад;

— тахассуси илмиашро такмил диҳад;

— аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.

  1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст:

— ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд;

— фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад;

— ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ, натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад;

— талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд;

— вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.

Моддаи 12. Ташкилотҳои илмӣ
  1. Ташкилотҳои илмӣ метавонанд ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла татбиқи ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҳамчун намуди асосии фаъолият машғул шаванд.
  2. Ташкилотҳои илмӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд. Тағйир додани шакли моликияти ташкилотҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  3. Ташкилотҳои илмӣ аз ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳо (ё муасисаҳо)-и илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, лоиҳавию технологӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонанд, иборат мебошанд.
  4. Ташкилотҳои илмӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амалӣ менамоянд.
  5. Ташкилотҳои илмӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ мегиранд.
  6. Ташкилотҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ иштирок кунанд.
  7. Дар ташкилоти илмӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) таъсис дода мешавад, ки тартиби таъсис ва салоҳияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян мекунанд.
  8. Ба салоҳияти шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мансубанд:

— муайян кардани мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;

— омодасозии тавсияҳо оид ба таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилот бо мақсади таъмини иҷрои корҳо оид ба мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;

— арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмии воҳидҳои сохтории ташкилот, коллективҳои муваққатии илмӣ, кормандони алоҳидаи илмии ташкилотҳо ва тасдиқ намудани нақшаи кори илмӣ ва ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилот;

— қабул намудани қарор оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмӣ;

— иҷро намудани вазифаҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот.

Моддаи 13. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва инноватсия, таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди илм, ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмии барои гирифтани мукофоти илмӣ пешниҳодшуда, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника, муттаҳидсозии касбии олимон барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
  3. Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дохил мешаванд.
  4. Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшударо оинномаи академияҳои илмҳои номбурда муайян мекунад.
  5. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта ташкилоти худидораи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунанд.
  6. Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро оид ба масъалаҳои муҳимтарини фанҳои табиӣ, техникӣ ва гуманитарӣ анҷом дода, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда иҷро мешаванд, ширкат меварзанд.
  7. Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  8. Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ оид ба таҳқиқоти илмии анҷомдодашуда ва натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳисобот медиҳанд.
  9. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ки бо истифодаи маблағи буҷети давлатӣ иҷро шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат супорида мешаванд.
  10. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омодасозӣ ва нашри маърӯзаи ҳарсолаи миллӣ оид ба илму техникаро ҳамоҳанг месозад.
  11. Ба академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои илмии онҳо, ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
Моддаи 14. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо
  1. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар соҳаҳои дахлдори илму техника тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
  2. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо шартнома ба имзо расонда, барои онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва дар асоси озмун дар татбиқ намудани барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иштирок намоянд.
Моддаи 15. Коллективи муваққатии илмӣ
  1. Коллективи муваққатии илмӣ бо мақсади таъмин намудани иҷрои саривақтии корҳо оид ба ҳалли мушкилоти минбаъдаи илмию техникӣ ва иҷтимоию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ, ки ба таъсис ва азхудкунии намудҳои нави маҳсулот ва технология, қарорҳои нави ташкилию техникии дорои хусусияти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ равонагардида таъсис дода мешавад.
  2. Тартиби таъсис додан ва шартҳои фаъолияти коллективҳои муваққатии илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 16. Фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ
  1. Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.
  2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони илмии онҳо дорои ҳуқуқи баробари иштирок дар озмунҳои лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва барномаҳои илмию техникие мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
  3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд озмоишгоҳҳои илмӣ, донишкадаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
  4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷумла ташкилотҳои илмию таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.
  5. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми донишгоҳи таҳқиқотӣ дода мешавад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ НИСБАТ БА КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)

Моддаи 17. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)
  1. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)-ро муайян мекунад:

— мавҷудияти таҳсилоти олӣ;

— соҳиб будан ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);

— мавҷудияти дараҷаи илмӣ;

— мавҷудияти унвони илмӣ;

— мавҷудияти унвони илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд;

— ҳаҷм ва сатҳи корҳои илмии нашршуда, таҳқиқоту корҳои иҷрошуда;

— арзёбии ҷомеаи илмӣ дар соҳаи дахлдори дониш.

  1. Корманди илмие (муҳаққиқ), ки унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад.
Моддаи 18. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ
  1. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи машғул шуданро бо таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пайдо кардаанд, амалӣ мегардад.
  2. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ инчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ анҷом дода мешавад.
  3. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
  4. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.
  5. Тартибу шартҳои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ бо Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 19. Дараҷаҳои илмӣ
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос,  доктори илм ва доктори ҳабилитат эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
  2. Дараҷаҳои илмие, ки дар кишварҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Моддаи 20. Унвонҳои илмӣ
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешаванд.
  2. Унвонҳои илмии академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои илмҳои соҳавии мақоми давлатидошта анҷом медиҳанд, дода мешаванд. Шарти муҳим барои додани унвонҳои илмии академӣ мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
  3. Тартиби додани унвонҳои илмӣ дар академияи ҷамъятии илмҳо бо оинномаи он муайян карда мешавад.
  4. Унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

БОБИ 5. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 21. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:

— қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;

— арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;

— дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— беғаразии фаъолияти корманди илмӣ (муҳаққиқ);

— ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот.

Моддаи 22. Меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро танзим менамоянд

Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни анҷом додани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:

— озодии академӣ ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ;

— риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;

— ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;

— ҳуҷҷатгузории пурраи натиҷаҳои муҳими илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои арзёбии танқидӣ;

— роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;

— таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);

— паҳн накардани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;

— муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;

— худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;

— нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;

— эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд.

Моддаи 23. Кодекси намунавии одоби илмӣ
  1. Ташкилотҳои илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намоянд.
  2. Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ муайян мекунад, асос меёбад.
  3. Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  4. Кодекси намунавии одоби илмӣ ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар мегирад:

— масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;

— огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти ба зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;

— шахсан масъул будан барои сифати муътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;

— вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ (муҳаққиқ);

— эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;

— софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;

— роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);

— ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.

  1. Ташкилотҳои илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва қабул менамоянд.
Моддаи 24. Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
  1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.
  2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушоди илмиро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:

— оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;

— хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;

— оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;

— шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;

— таҳдиди терроризм ва омилҳои дигари хатарнок.

  1. Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад.

БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

Моддаи 25. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва принсипҳои он
  1. Рушд ва дастгирии фаъолияти низоми миллии илм бо риояи тақсимоти вазифаҳои стратегӣ, коршиносӣ ва маъмурии идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд:

— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника;

— мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Комиссияи олии аттестатсионӣ;

— шӯрои илмии (илмию техникии) ташкилоти илмӣ.

  1. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар асоси мутобиқати принсипҳои танзими давлатӣ ва худидоракунӣ сурат мегирад.
  2. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодиёти илмиро маҳдуд намекунад.
  3. Барои ташкилотҳои илмии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши давлатии иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва корҳои озмоиширо муқаррар менамояд.
  4. Роҳбарони ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ташкилотҳои илмии академияи соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои илмии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби пешбининамудаи оинномаи онҳо таъин (интихоб) ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— бартарии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади афзун намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

— шаффофият, беғаразӣ ва баробарии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми дарёфти дастгирии давлатӣ;

— самара ва натиҷабахшии иқтисодии дастгирии давлатии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ;

— рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;

— беғаразӣ ва мустақилии экспертизаи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;

— омодасозии мутахассисони баландихтисос оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— рушди ҳамкории илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

— ҳавасмандкунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки соҳибкорон дар рушди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ.

Моддаи 26. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
  1. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқи мубодилаи иттилоотро доранд, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ мансуб мебошанд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ташкили махзан ва низоми иттилоотии давлатиро дар соҳаи илму техника, ки ҷамъоварӣ, бақайдгирии давлатӣ, коркарди таҳлилӣ, нигоҳдорӣ ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илмӣ ва техникиро амалӣ менамоянд, таъмин мекунанд.
  3. Давлат ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дастрас намудани иттилооти мазкур ва ҳуқуқи ба даст овардани онро кафолат дода, ҳуқуқи ворид шудан ба махзану низоми байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илму техника таъмин менамояд.
  4. Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои илмии давлатӣ, ки дар онҳо махзани маълумот ва заминаи иттилоотии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амал мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳифзи махзани маълумот ва заминаи иттилотӣ, таҳвили онҳоро бо тартиби муқарраршуда таъмин менамояд.
Моддаи 27. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
  1. Бо мақсади таъмин намудани кафолатҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва шароити моддии рушди илм ҳамасола дар доираи имкониятҳои воқеии молиявии буҷети давлатӣ маблағгузории давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ анҷом дода мешавад.
  2. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инчунин аз ҳисоби маблағи буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои илмӣ, ташкилотҳои илмӣ, сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  3. Шартнома оид ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ байни субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ё мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои тамоми мӯҳлати амалисозии онҳо, вале на бештар аз се сол ба имзо расонда мешавад.
Моддаи 28. Маҳдудкунии баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

— тартиби анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист таҳдид карда метавонанд, муқаррар кунад;

— дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи баъзе натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо роҳи ҷорӣ намудани низоми махфият нисбат ба онҳо ва назорати иҷрои он маҳдуд кунад;

— талаботи сертификатсионӣ ва метрологиро нисбат ба баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҷорӣ намояд.

Моддаи 29. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
  1. Ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:

— донишҳои наве, ки ба таври назариявӣ ё озмоишӣ ба даст оварда шудаанд ва (ё) дар ҳар шакл изҳор шудаанд ва ё дар ҳар гуна ҳомилҳои моддии иттилоотӣ сабт шудаанд, ки имконияти кушодан ва (ё) истифодаи амалии онро фароҳам меоранд;

— намунаву ҷараёнҳои озмоишӣ (лабораторӣ), ки дар асоси донишҳои нав таъсис дода шудаанд, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ ба объекту ҷараёнҳои мазкур.

  1. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ва ташкилоти илмӣ ниҳоӣ, фосилавӣ ва иловагӣ буда метавонанд.
  2. Ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки ҳамчун натиҷаи тадқиқоти илмии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
  3. Ба натиҷаҳои фосилавии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараёни анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
  4. Ба натиҷаҳои иловагии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараён ё дар натиҷаи анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи шартнома ё супориши техникӣ таъсис дода шудаанд ё ба даст оварда шудаанд, лекин бо ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ нашудаанд ва танҳо бо мақсадҳое истифода бурда мешаванд, ки аз мақсадҳои дар шартнома ё супориши хизматӣ қайдгардида фарқ мекунанд.
Моддаи 30. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
  1. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади муқоисаи беғаразонаи ҳаҷми захираҳои сарфшудаи молиявӣ, моддӣ, зеҳнӣ ва захираҳои дигар, муайян намудани натиҷабахшии илмӣ ва амалии (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, мудофиавӣ) таҳқиқоти иҷрошудаи бунёдӣ ва амалии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегардад. Арзёбии натиҷаи самтҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми муайян намудани ояндадор будани онҳо, қабул намудани қарор оид ба давом додан ё қатъ намудани маблағгузорӣ, тафриқаи андозаи фонди музди меҳнат, инчунин аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ истифода мешаванд.
  2. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз рӯи меъёрҳои навгонӣ, аҳамияти онҳо барои илм ва амалия, беғаразӣ, ва исботшавандагӣ арзёбӣ мегарданд. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Ҳангоми қабул намудани натиҷаи корҳои иҷрошудаи илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ташкил мекунанд.
Моддаи 31. Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» анҷом дода мешавад.

БОБИ 7. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)

Моддаи 32. Ҳифзи иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
  1. Музди меҳнати корманди илмӣ (муҳаққиқ)-и ташкилотҳои давлатии илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки фармоиши давлатиро оид ба анҷом додани таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад.
  2. Таъмини нафақа ва таъминоти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Давлат барои корманди илмӣ (муҳаққиқ) шароит муҳайё карда, мақоми сазоворро барои он кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд:

— барои корманди илмие (муҳаққиқ), ки дорои дараҷаи илмӣ мебошад ва дар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, новобаста ба шакли моликият, кор мекунад, имтиёзҳо оид ба иловапулиро барои дараҷаи илмӣ нигоҳ медорад;

— ба корманди илмӣ (муҳаққиқ), ки дар муассисаи давлатӣ фаъолият менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашударо пешниҳод мекунад;

— имтиёзҳои дигарро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

Моддаи 33. Ҳавасмандгардонии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
  1. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ корманди илмӣ (муҳаққиқ)-е, ки ба рушди илму техника саҳм гузоштааст, метавонад:

— барои гирифтани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника пешниҳод карда шавад;

— барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шавад;

— барои гирифтани мукофотҳои ҳамасола барои таҳқиқоту корҳои беҳтарини илмӣ, дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илм пешниҳод карда шавад.

  1. Ба корманди илмӣ (муҳаққиқ) ташкилоти илмии давлатӣ бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои пешқадам, аз ҷумла ташкилотҳои илмии хориҷӣ то муддати як сол рухсатӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, ҷойи кор ва мансаби шахси мазкур бе нигоҳдории музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 36. Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод. 94; с.2004, № 5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с.2008, №12, қ.2, мод. 1011; с.2013, №7, мод. 535; №12, мод. 904) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

          ш. Душанбе

   18 марти соли 2015,

               № 1197

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №1, мод. )

 

     Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба танзим дароварда, объектҳои муҳими ҷамъиятиро, ки зарурат ба экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ доранд, муайян мекунад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии фармоишгарон ва иҷрокунандагони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ – намуди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба гузарондани таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илмии объектҳои экспертиза, тайёр намудан ва ба расмият даровардани хулосаи экспертӣ нисбати ин объектҳо, ки барои қабул намудани қарорҳои муҳими ҷамъиятӣ заруранд;

— эксперт – шахси воқеӣ, ки дар ташкилоти махсус ё мустақилона фаъолият намуда, оид ба иҷрои вазифаҳои гузоштаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тахассуси баланд ва таҷрибаи касбӣ дорад;

-хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ – ҳуҷҷати омоданамудаи иҷрокунандаи экспертиза, ки оид ба объекти экспертиза хулосаҳои асосиро дар бар мегирад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Вазифаҳои асосии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз инҳо иборатанд:

— таҳқиқи воқеии маҷмӯии объектҳои экспертиза;

-санҷиши мувофиқати объектҳои экспертиза ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-арзёбии мувофиқати объектҳои экспертиза ба сатҳи имрӯзаи донишҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ, самтҳои афзалиятноки инкишофи илмӣ-техникӣ, принсипҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, талаботи бехатарии экологӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ;

-таҳлили самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷудаи илмӣ-техникӣ, арзёбии натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коркардҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ ва технологӣ;

— пешгӯии оқибатҳои илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳо ва пешниҳодҳое, ки объекти экспертиза мебошанд;

-таҳияи хулосаҳои асосноки экспертӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои омӯхташаванда (аз ҷумла тавсияҳои маблағгузоришаванда);

-ҷалби ҷомеаи илмӣ ба ҳалли масъалаҳои ташкили таҳқиқоти илмӣ ва афзун гардонидани самараи корҳои экспертӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Принсипҳои асосии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз инҳо иборатанд:

— салоҳиятнокӣ ва сатҳи баланди касбии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки экспертиза мегузаронанд;

-муносибати илмӣ, таҳқиқи пурра, ҳамаҷониба ва воқеии объектҳои экспертиза, таъмини асоснокии натиҷаҳои экспертиза;

— мустақилият ва ҳимояи ҳуқуқи иштироккунандагони раванди экспертӣ ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани фаъолияти касбӣ;

— тамоюл ба сатҳи ҷаҳонии инкишофи илм ва техника, меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии технологӣ ва экологӣ, талаботи стандартҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ;

— ташкили бонизоми корҳои экспертӣ ва таъмини меъёрӣ ва илмию методии онҳо;

— ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ оид ба масъалаи мавриди экспертиза қарордошта;

— ҷавобгарӣ барои дурустӣ, пуррагӣ ва асоснокии тавсияҳои экспертиза;

— шаффофияти экспертиза.

 

Моддаи 5. Намудҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

           1.Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ метавонад аз рӯи моҳият давлатӣ, ҷамъиятӣ ва махсус ва аз рӯи тартиби гузарондан ибтидоӣ, такрорӣ, иловагӣ ва комиссионӣ бошад.

           2.Шартҳо ва тартиби гузаронидани намудҳои гуногуни экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро Қонуни мазкур муқаррар менамояд.

 

Моддаи 6. Объектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

  1. Объектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ иборатанд аз:

— лоиҳаҳо, барномаҳо, технологияҳо, пешниҳодҳои сатҳу мазмуни гуногун, ки аз рӯи онҳо таҳлили асосноки илмӣ анҷом дода шуда, дар бобати мувофиқи мақсад будани қабул, татбиқ, истифода ва вусъати баъдии онҳо хулоса дода мешавад;

— намунаҳои техника (аз ҷумла ҳарбӣ), объектҳои саноатӣ, иншоот, падидаҳои табиӣ, технологияҳое, ки доир ба онҳо гирифтани хулосаҳои илман асосноки экспертӣ талаб карда мешавад.

  1. Ба экспертизаи ҳатмии илмӣ ва илмӣ-техникӣ инҳо шомиланд:

— барномаҳои давлатӣ ва миллии илмӣ, илмӣ-техникӣ ва технологӣ;

— лоиҳаҳои барномаҳои байнидавлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар соҳаи ҳамкории илмӣ ва илмӣ-техникӣ;

— барномаҳои соҳавӣ ва байнисоҳавӣ дар фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва технологӣ;

— барномаҳои илмӣ-техникии дорои аҳамияти иҷтимоӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионии сатҳу таъйиноти гуногун, инчунин натиҷаҳои татбиқи ин барномаҳо ва лоиҳаҳо;

— таҳқиқоти диссертатсионӣ, пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, ихтироот;

— лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими фаъолият дар соҳаи илм ва илму техника;

— асосномаҳои техникӣ-иқтисодии барномаҳо, лоиҳа ва қарорҳо доир ба сохтан, навсозӣ, барҳамдиҳӣ, боздоштан, нигоҳдории маҷмааҳои истеҳсоливу технологӣ ва системаҳои техникӣ, ки бо иштирок ё назорати давлат сохта мешаванд;

— асосномаҳои илмӣ ва илмӣ-техникии қарорҳое, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва фалокатҳои техногенӣ алоқаманданд;

— корҳое, ки ба дарёфти ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илм ва техника пешбарӣ шудаанд.

  1. Бо ташаббуси ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки ҳалли масъалаҳои дахлдор ба салоҳияти онҳо марбутанд, инҳо экспертиза карда мешаванд:

— лоиҳаҳои ҷудогонаи илмӣ-техникӣ ва технологӣ, ҳамчунин маҳсулоти илмӣ-техникӣ;

— корҳои илмӣ-таҳқиқотии (дорои ҷанбаҳои бунёдӣ ва амали) самтҳои гуногун;

— корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ ва маҷмӯи корҳое, ки дар асоси супоришҳои техникӣ бо мақсади коркарди ҳуҷҷатҳои дахлдор иҷро  мешаванд;

— корҳои илмии дар шакли дастнависҳо, маърӯзаҳо, монографияҳо ё дастурҳои махсус омодашуда;

— асосномаҳои техникӣ-иқтисодӣ, нақшаҳои консептуалӣ,  тиҷоратӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ;

— равандҳои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ, навъҳои дигари фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ ва технологӣ;

— объектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки нисбати онҳо зарурати гузаронидани экспертиза пеш меояд.

 

Моддаи 7. Субъектҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Субъектҳоиэкспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ фармоишгарон ва иҷрокунандагони экспертиза ва ҳамчунин дигар иштироккунандагони фаъолияти экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошанд.

2.Фармоишгарони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гузаронидани ин экспертиза манфиатдоранд, буда метавонанд.

  1. Фармоишгарон мавзӯъ ва мазмуни экспертизаро муайян мекунанд, супоришҳои гузарондани онро тартиб медиҳанд, маблағгузории корҳои зарурӣ, пардохти хидмати ташкил­кунандагони экспертиза ва кори экспертҳоро таъмин ва хулосаҳои экспертии пешниҳодшударо баррасӣ менамоянд.
  2. Иҷрокунандагони экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ташкилотҳои экспертӣ ва шахсони воқеӣ – экспертҳое мебошанд, ки оид ба мавзӯи экспертиза тахассуси лозимӣ ва таҷрибаи касбӣ доранд.
  3. Экспертҳо дар ташкилотҳои экспертӣ ё мустақилона кор карда, дар экспертиза бевосита иштирок менамоянд, объекти ба онҳо пешниҳодшударо меомӯзанд ва арзёбӣ мекунанд, оид ба гузаронидани таҳлили дуруст ва пурраи объект, асоснокии тавсияҳо ва мувофиқати онҳо ба талаботи фармоишгари экспертиза масъулият доранд.
  4. Дар симои як шахс якҷо кардани вазифаҳои эксперт ва муаллифи коркарди арзёбишаванда ва ё шахси барои ҳимояи ӯ манфиатдор иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 8.  Сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи фаъолияти экспертӣ

  1. Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ ё касбӣ фаъолияти экспертиро иҷро менамоянд ва шахсони ҳуқуқие, ки дар оинномаашон чунин фаъолият пешбинӣ шудааст, бояд аз сертификатсияи ҳатмии давлатӣ гузаранд ва сертификатеро, ки тахассуси дорандаи онро дар масъалаҳои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тасдиқ менамояд, дарёфт намоянд.
  2. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки шаҳодатномаи давлатии тахассусӣ доранд, сертификатҳо метавонанд бо ҳуҷҷатҳои дигар иваз карда шаванд. Шакли ҳуҷҷатҳое, ки сертификатро иваз мекунанд ва ба иҷрои фаъолияти экспертӣ (пешниҳоди хизматрасонии экспертӣ) бе дарёфти сертификат ҳуқуқ медиҳанд, аз ҷониби мақоме, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ваколатдор намудааст, муайян карда мешавад.
  3. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавие, ки фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ мекунанд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз аттестатсия гузаронидааст, муассисаҳои пешбари илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои лоиҳакашии вазорату идораҳо метавонанд фаъолияти экспертиро бе сертификатсияи иловагӣ дар асоси низомномаҳои қабулшуда, ки дар онҳо чунин фаъолият пешбинӣ шудааст, иҷро намоянд.
  4. Мувофиқати имкониятҳои иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба талаботи меъёрӣ барои таъмини шартҳои гузарондани экспертиза ва сифати натиҷаҳои он ҳангоми аккредитатсияи онҳо дар мақомот ва ташкилотҳое, ки ба гузарондани экспертизаи ҳатмии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ваколатдоранд, тасдиқ карда мешавад.
  5. Ба эксперте, ки ба тартиби муқарраршуда аттестатсия ва аккредитатсияро гузаштааст, мақоми эксперти категорияи муайян дода мешавад.
  6. Тартиби гузаронидани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  7. Аккредитатсияи шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ба сифати эксперт бо назардошти талаботи Қонуни мазкур, шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
  8. Рад кардани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияи иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ метавонад бо тартиби судӣ эътироз карда шавад.

 

БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА

ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

  1. Фармоишгариэкспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҳуқуқ дорад:

— дар бораи зарурати гузаронидани экспертизаи ибтидоӣ, такрорӣ, иловагӣ ё комиссионии илмӣ ва илмӣ-техникӣ қарор қабул кунад, агар Қонуни мазкур тартиби ҳатмии гузаронидани чунин эспертизаро муқаррар накарда бошад;

— ташкилоти экспертии (эксперти) экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро интихоб намояд, дар бораи гузаронидани он машварат гирад;

— бо ташкилотҳои экспертии (экспертҳои) экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур шартнома бандад;

— дар гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ иштирок намояд, агар Қонуни мазкур ё шартномаи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ талаботи дигарро пешбинӣ накарда бошад;

— бо хулосаҳои марҳилавӣ ва ниҳоии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шинос шавад;

— бо ризоияти ташкилоти экспертӣ (эксперт) ба объекти экспертиза дар рафти экспертиза тағйирот ворид намояд;

— дар бораи рафти экспертиза бо тартиби муқарраршуда иттилоъ гирад, ба ташкилоти экспертӣ (эксперт) дар бораи моҳияти экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тавзеҳот, эродҳо, пешниҳодҳои хаттӣ ё даҳонӣ пешниҳод намояд;

— ихтиёрдории соҳибмулкро ба натиҷаи экспертиза риоя намояд, агар Қонуни мазкур ё шартномаи пудратӣбарои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ талаботи дигарро пешбинӣ накарда бошад.

  1. Фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ӯҳдадор аст:

— ба ташкилоти экспертии (эксперти) экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар гузарондани таҳлили ҳамаҷониба, воқеӣ, маҷмӯӣ ва илман асосноки объектҳои экспертиза, омода кардани арзёбии новобастаи экспертӣ мусоидат намояд;

— ба ташкилоти экспертӣ (эксперт) барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ оид ба объектҳои экспертиза дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартнома мавод, иттилоот, ҳисобҳо, нишондодҳо, маълумоти иловагии лозимиро диҳад;

— дар фаъолияти худ хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро истифода барад ва дар мавридҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда объекти экспертиза ва маводи марбут ба онро ба экспертизаи такрорӣ ё иловагӣ пешниҳод намояд;

— шартҳои махфиятро ҳангоми ташкили экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ, аз ҷумла пинҳон нигоҳ доштани ному насаби экспертҳоро риоя намояд;

— музди кори ташкилоти экспертӣ (эксперт)-ро тибқи шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пардохт намояд;

— ба ташкилоти экспертӣ (эксперт) товони зарари маънавӣ ва моддиро, ки ҳангоми гузаронидани экспертиза бо амали нодурусти худ расонидааст, ҷуброн намояд.

  1. Фармоишгар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва қабули қарорҳои беасоси вобаста ба тасдиқ кардан ё накардани натиҷаҳои экспертиза масъул мебошад.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

  1. Иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ (ташкилоти экспертӣ, эксперт) ҳуқуқ дорад:

— оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба мавзӯъ ва методологияи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дахл доранд, озодона андеша баён намояд;

— дар таҳқиқ, таҳлил ва арзёбии объектҳои  экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳо иштирок намояд;

— мавод, ҳисобҳо ва асосномаҳои иловагии заруриро барои омода кардани хулосаҳои воқеӣ дархост намояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ оид ба объекти экспертиза маълумоти боэътимодро дарёфт намояд;

— ба махзани маълумот, манбаъҳои дигари иттилооти илмӣ–техникӣ оид ба масъалаҳои марбут ба мавзӯи экспертиза озодона дастрасӣ дошта бошад.

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ метавонанд ҳуқуқҳои дигарро ба иҷрокунандаи экспертиза (ташкилоти экспертӣ, эксперт) пешбинӣ намоянд.
  2. Иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ (ташкилоти экспертӣ, эксперт) ӯҳдадор аст:

— ба фармоишгари экспертиза ҳуҷҷатҳоеро, ки гузаштани сертификатсия, аттестатсия ва аккредитатсияро тасдиқ менамоянд ё ҳуҷҷатҳои дигарро, ки таҷриба ва сатҳи илмӣ-техникии ташкилоти экспертӣ ва дараҷаи тахассуси экспертҳои барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҷалбшударо тасдиқ мекунанд, нишон диҳад;

— шартҳои махфияти маълумоти аз фармоишгари экспертиза гирифташуда ва дар маводи экспертиза ҷойдоштаро, ки қонун ва шартнома дар бораи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пешбинӣ намудаанд, риоя кунад;

— дар мавридҳои зарурӣ дар назди фармоишгар масъалаи ба экспертиза ба таври илова ҷалб намудани мутахассисони соҳаҳои ба ҳам наздик ё махсуси илм, техника ва истеҳсолотро пеш гузорад.

  1. Эксперт – иштирокчии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои натиҷаҳои он, аз ҷумла барои дер аз мӯҳлат, бесифат ва ғайриқонунӣ гузарондани экспертиза, иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, бе иҷозат ошкор намудани маълумоти хидматӣ, гирифтани инъомҳои пуливу моддӣ аз шахсони воқеию ҳуқуқии манфиатдор ҷавобгарии шахсӣ дорад.
  2. Эксперт ҳангоми гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар интихоби усулҳои гузарондани экспертиза мустақил аст ва оид ба объектҳои экспертиза бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти мувофиқи донишҳои махсуси худ гузарондааш хулоса медиҳад.
  3. Расондани таъсир ба эксперт аз ҷониби намояндаи фармоишгар ё шахсони дигари ба гузарондани экспертиза манфитдор манъ аст.
  4. Шахсоне, ки дар расондани таъсир ба эксперт гунаҳкоранад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ

Моддаи 11. Асосҳо барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

  1. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз рӯи талаботи қонун ё бо ташаббуси фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ гузаронда мешавад.
  2. Байни фармоишгар ва иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шартнома баста мешавад.
  3. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси озмун амалӣ карда намешавад.

 

Моддаи 12. Таъйини экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси қарори гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ таъйин мегардад. Қарор дар бораи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:

— сана ва макони қабули қарор;

— асоси таъйини экспертиза;

— супоришҳои барои экспертиза гузошташуда;

— объектҳо ва маводҳои барои экспертиза пешниҳодшуда;

— шартҳои махсуси муносибат бо объектҳои таҳқиқоти экспертӣ, агар онҳо зарур бошанд;

— номи ташкилоти экспертӣ (маълумот дар бораи эксперт), ки гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба онҳо супорида шудааст;

— маълумоти дигар.

Моддаи 13. Шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Дар шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ муайян карда мешаванд:

— тарафҳои шартнома;

— мавзӯъ ва объекти экспертиза;

— шартҳои гузарондани экспертиза;

— ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо;

— мӯҳлати гузарондани экспертиза;

— тартиби маблағгузорӣ;

— шартҳое, ки ба тағйир ё қатъи муносибатҳои шартномавӣ таъсир мерасонанд;

— масъулияти тарафҳо барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани шартҳои шартнома;

— шартҳои дигари барои тарафҳо муҳим.

  1. Дар шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шартҳои иловагии зеринро зикр намудан мумкин аст:

— ҳуқуқи моликият ба натиҷаҳои ниҳоӣ, марҳилавӣ ва иловагии экспертиза;

— ӯҳдадории фармоишгар дар бораи пешниҳод намудани иттилооти махсус оид ба объект ва мавзӯи экспертиза ;

— шартҳо ва низоми дастрасӣ ба маводи маълумотдиҳӣ ва иттилоотӣ, махзани маълумот ва манбаъҳои дигари иттилоот, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё ахбори дигари махфӣ доранд;

— шартҳо ва тартиби ҷалби мутахассисон барои иштирок дар фаъолияти алоҳидаи раванди экспертӣ;

— шартҳои дигари иловагӣ.

  1. Қисми ҳатмии шартнома дар бораи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ супориш барои гузарондани экспертиза мебошад, ки дар он бояд мавзӯи экспертиза ва меъёрҳои арзёбии объекти экспертиза муайян гардида бошанд.
  2. Шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мумкин аст дар намуди шартномаи пудратӣ барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баста шавад.
  3. Намуд ва шакли мушаххаси шартномаро барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо баҳисобгирии шароити мушаххаси гузарондани экспертиза ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгар муайян мекунад.

 

            Моддаи 14. Хусусиятҳои гузарондани экспертизаи давлатӣ, ҷамъиятӣ ва махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Экспертизаи давлатӣ бо қарори мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ки ба ташкили гузарондани экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ваколатдоранд, анҷом дода мешавад.

2.Ҳангоми гузарондани экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ иштирокчиёни раванди экспертӣ ба Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби гузарондани экспертизаи давлатиро ба танзим медароранд, такя мекунанд.

3.Шахсони мансабдор, мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ  қарор қабул намоянд, агар экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби гузарондани  экспертизаи давлатиро  танзим менамоянд, анҷом дода шуда бошад.

4.Экспертизаи ҷамъиятӣ бо ташаббуси ҷомеаи илмӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне гузаронда мешавад, ки фармоишгари экспертизаи ҷамъиятии илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошанд.

5.Экспертизаи ҷамъиятӣ  мумкин аст дар ҳар гуна соҳаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ оид ба объектҳое, ки  таваҷҷӯҳ ва назорати ҷамъиятиро талаб мекунанд, гузаронда шавад. Натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятӣ мумкин аст нашр ва ё бо тартиби муқарраргардида ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ ҳангоми қабули қарорҳои барои ҷамъият муҳим бояд тавсияҳои экспертизаи ҷамъиятиро ба назар гиранд.

6.Экспертизаи махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо ташаббуси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – фармоишгарони экспертиза, ки ба гирифтани хулосаҳои экспертӣ доир ба объектҳои мушаххаси экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар иртибот ба қарор оид ба истифодаи онҳо дар фаъолияти амалӣ манфиатдоранд, гузаронда мешавад.

7.Экспертизаи ҷамъиятӣ ва махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз тарафи ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият ва тобеияти идоравӣ, ки дар оинномаи онҳо фаъолияти экспертӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин аз тарафи шахсони воқеӣ-экспертҳо, ки шӯҳрати касбӣ ва таҷрибаи гузаронидани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро дар соҳаи мушаххаси донишҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ доранд, гузаронда мешаванд.

 

Моддаи 15. Хусусиятҳои гузаронидани экспертизаи ибтидоӣ, такрорӣ ва иловагии илмӣ ва илмӣ-техникӣ

  1. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии ибтидоӣ бо мақсади амалӣ гардондани тадбирҳои вобаста ба тайёр кардани хулосаҳои асоснок доир ба объектҳои таҳқиқшаванда (арзёбишаванда) гузаронда мешавад.
  2. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии такрорӣ мумкин аст дар мавриди ошкор шудани вайронкориҳо дар талабот ва қоидаҳои гузарондани экспертизаи ибтидоӣ ва ё бо талаби фармоишгар дар мавриди мавҷуд будани эродҳои асоснок нисбат ба хулосаи экспертизаи ибтидоӣ гузаронда шавад.
  3. Гузарондани экспертизаи такрорӣ ба дигар иҷрокунандаи экспертиза супорида мешавад.
  4. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии иловагӣ дар объектҳое гузаронда мешавад, ки  нисбат ба онҳо фармоишгар ҳолатҳои нави илмӣ ва илмӣ-техникиро ошкор сохтааст.
  5. Гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии иловагӣ ба ҳамон иҷрокунанда ва ё дигар иҷрокунандаи экспертиза супорида мешавад.

 

Моддаи 16. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии комиссионӣ

  1. Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникии комиссионӣ экспертизае мебошад, ки аз тарафи якчанд иҷрокунандаи экспертизаи як тахассуси экспертӣ ва ё якчанд иҷрокунандагони экспертизаи тахассусҳои гуногуни экспертӣ, ки аз рӯи мавзӯъ, объект ё усули амалиёти экспертӣ наздиканд, гузаронда мешавад.
  2. Хусусияти комиссионии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз тарафи фармоишгари экспертиза ва ё роҳбари ташкилоте, ки гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба ӯҳдаи ӯ вогузор шудааст, муайян карда мешавад.
  3. Ташкил ва иҷрои экспертизаи комиссионӣ ба ӯҳдаи роҳбари ташкилот ва ё ба роҳбарони якчанд ташкилотҳое, ки ба гузарондани экспертизаи комиссионӣ ӯҳдадор гардидаанд, вогузор карда мешавад.
  4. Комиссияи экспертҳо мақсад, пайдарпайӣ ва ҳаҷми таҳқиқоти пешбинишударо вобаста ба зарурияти ҳалли масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда мувофиқа мекунад. Дар ҳайати комиссияи экспертҳо, ки гузарондани экспертиза ба он супорида шудааст, ҳар як эксперт алоҳида ва мустақилона таҳқиқот мебарад, натиҷаҳоеро, ки шахсан ва экспертҳои дигар ба даст овардаанд, арзёбӣ мекунад ва доир ба масъалаҳои гузошташуда дар доираи донишҳои махсуси худ хулоса мебарорад. Яке аз экспертҳои комиссияи мазкур метавонад нақши  роҳбар-ташкилотчии экспертизаро иҷро кунад.
  5. Хулосаи экспертизаи комиссионӣ аз тарафи ҳамаи иҷрокунандагони экспертиза имзо карда мешавад.

 

           Моддаи 17. Таъмини воқеият, ҳамаҷонибагӣ ва пуррагии  экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

Воқеият, ҳамаҷонибагӣ ва пуррагии экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бо тариқи зайл таъмин мегардад:

— интихоби озоди ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳое, ки барои иҷрои экспертиза даъват мешаванд;

— бо шартҳои гузарондани сертификатсия ва аккредитатсияи ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳо дар соҳаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ;

— аслият ва пуррагии иттилооте, ки барои гузарондани экспертиза пешниҳод шудааст;

— салоҳияти иҷрокунандаи экспертиза, ки дар соҳаи муайяни дониш соҳиби таҷриба ва тахассуси зарурӣ барои иҷрои супориши мушаххаси экспертӣ мебошад;

— ҳуқуқи эксперт барои талаб кардани пешниҳоди иттилоот ва маълумоти иловагӣ дар мавриди нопурра будан ва ё ихтилоф доштани маълумоти ибтидоӣ, ҳамчунин ҳуқуқи эксперт ба радкунии асосноки додани хулоса;

— ӯҳдадории эксперт барои додани хулосаи хаттӣ доир ба моҳияти супориши экспертӣ бо тафсири муфассали раванд ва натиҷаҳои экспертиза;

— ҷавобгарии эксперт барои муносибати сатҳӣ нисбат ба супориши додашуда;

— ҳуқуқи фармоишгари экспертиза барои арзёбии натиҷаҳои хулосаҳои экспертиза аз рӯи моҳият;

— ҳуқуқи фармоишгари экспертиза барои таъйин намудани экспертизаи иловагӣ ва ё такрорӣ тибқи ҳолатҳои пешбиникардаи қонун;

— ҳуқуқи пешбиникардаи қонун ба шахсоне, ки ба натиҷаҳои экспертизаи қонунан ҳифзшуда манфиатдоранд, барои талаб кардани таъйини экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ ва дархост барои рад кардани экспертҳо.

 

Моддаи 18. Иштироки шахсони сеюм дар гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Дар экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ шахсоне иштирок  карда метавонанд, ки дар қонунгузорӣ ё шартнома дар бораи гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пешбинӣ гардидаанд.

2.Шахсони дар гузарондани экспертиза иштироккунанда ҳуқуқ надоранд, ки ба рафти ҷараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд ҳуқуқҳоеро истифода баранд, ки онҳо аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ бармеоянд.

  1. Иштироки шахсони бегона дар мавридҳои зерин иҷозат дода намешавад:

— ҳангоми тартиб додани хулосаи экспертиза;

— дар ҷаласаи экспертҳо  ва ҳангоми ҷамъбаст кардани хулосаҳо, агар экспертизаи комиссионӣ ва ё маҷмӯӣ гузаронда шавад;

— агар иштироки онҳо раванди экспертизаро халалдор кунад.

  1. Агар шахси иштироккунанда дар гузарондани экспертиза ба раванди экспертӣ халал расонад, ҳар эксперт ҳуқуқ дорад, ки амалиёти экспертиро боздорад ва дар ин бора бетаъхир ба фармоишгари экспертиза хабар диҳад.
  2. Фармоишгари экспертиза дар ин маврид бояд дархости экспертро қонеъ гардонад ва ё бо тартиби муқарраргардида экспертро иваз намояд.

 

Моддаи 19. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

  1. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҳуҷҷате мебошад, ки аз тарафи иҷрокунандаи экспертиза омода карда мешавад ва хулосаҳои асосиро доир ба объекти экспертиза дар бар мегирад.
  2. Ба хулосаи экспертиза мумкин аст андешаҳои махсуси асоснок­шудаи экспертҳое, ки ба қабули хулоса розӣ намебошанд, замима карда шавад.
  3. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникиро, ки аз тарафи иҷрокунандаи экспертиза омода гардидааст, бе ризоияти хаттии ӯ  тағйир додан мумкин нест.
  4. Хулосаи экспертиза, ки аз тарафи иҷрокунандаи экспертиза омода шудааст, ба намояндаи ваколатдори фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешавад.
  5. Фармоишгари экспертиза асоснокии хулосаи экспертиро арзёбӣ накарда, риояи талаботи супориш ва шартномаро барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тафтиш менамояд ва дар сурати иҷро шудани ин талабот,  хулосаи экспертиро тасдиқ мекунад.
  6. Рад кардани тасдиқи хулосаи экспертӣ бо сабабҳои норизогӣ ба мазмуни хулосаи экспертӣ иҷозат дода намешавад ва бо тартиби судӣ ба он эътироз овардан мумкин аст.
  7. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз рӯи мавзӯъ ва объекти гузаронидани он метавонад мусбат ва ё манфӣ бошад, ки дар ин бора дар қисми қарордоди хулоса бояд тасвияи дахлдор ворид карда шавад.
  8. Агар қарори фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мухолиф бошад, нусхаи аслии хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ якҷоя бо нусхаи аслии қарори зикршуда бояд аз тарафи фармоишгар ва иҷрокунандаи экспертиза нигоҳ дошта шавад.
  9. Хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ (ё қисми асосии он) мумкин аст бо риояи талаботи Қонуни мазкур нашр карда шавад.
  10. Хулосаи экспертӣ моликияти фармоишгари экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мебошад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома барои гузарондани экспертиза тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
  11. Хулосаи экспертӣ ва натиҷаҳои дигаре, ки дар рафти гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба даст омадаанд, ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ тааллуқ доранд.
  12. Хулосаи экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва экспертизаи махсуси илмӣ ва илмӣ-техникӣ барои фармоишгари он ҳуҷҷати ҳатмӣ мебошад ва ҳангоми таҳияи қарор, ки барои асоснок кардани он экспертизаи мазкур гузаронда шудааст, ба эътибор гирифта мешавад.
  13. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии илмӣ ва илмӣ-техникӣ хусусияти тавсиявӣ дорад ва ҳангоми қабул кардани қарорҳои дахлдор аз тарафи фармоишгарон дар баробари хулосаҳои экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба эътибор гирифта мешавад.
  14. Агар экспертизаи ҷамъиятии илмӣ ва илмӣ-техникиро ташкилоте гузаронда бошад, ки барои фаъолияти экспертӣ сертификати давлатӣ дорад, он гоҳ хулосаи он аз рӯи аҳамият ба хулосаи экспертизаи давлатӣ баробар дониста мешавад.

 

  Моддаи 20. Ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои экспертизаи илмӣ  ва илмӣ-техникӣ

  1. Ҳолатҳои зерин вайрон кардани қоидаҳои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ ҳисоб мешаванд:

— ба экспертиза пешниҳод накардани асноди (иттилооти) зарурӣ;

— тақаллубкорӣ дар мавод, маълумот ва рақамҳое, ки ба экспертиза пешниҳод шудаанд, ҳамчунин маълумот дар бораи натиҷаҳои гузарондани он;

— маҷбур кардани эксперт ба таҳияи хулосаи ғайривоқеии экспертиза;

— ба вуҷуд  овардани монеъаҳо дар гузарондани экспертиза;

— канорагирӣ аз пешниҳоди маводу маълумот ва нишондодҳои зарурӣ ба мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертиза, ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳо;

— беасос будани хулосаҳои экспертиза;

— тақаллубкорӣ дар хулосаҳои экспертиза;

— аз фармоишгари экспертиза пинҳон доштани асосҳои рад кардани эксперт;

— тақаллубкорӣ дар иттилоот ва маълумот дар бораи натиҷаҳои экспертизаи гузаронидашуда;

— дахолати бавосита ё бевоситаи ғайриқонунӣ ба раванди экспертӣ ба мақсади расонидани таъсир ба натиҷаҳои экспертиза;

— аз тарафи субъектҳои экспертиза вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи моликият нисбат ба объекти экспертиза ё натиҷаҳои он;

           — риоя накардани шартҳои махфияти иттилооте, ки аз тарафи эксперт дар ҷараёни кори ӯ ба даст омадааст.

2.Вайрон кардани қоидаҳои экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ боиси беэътибор донистани экспертиза ва хулосаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ мегардад.

 

Моддаи 21. Таъминоти иқтисодӣ ва моддиву техникии экспертизаи  илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ аз ҳисоби маблағҳои фармоишгар гузаронда мешавад, агар ҳангоми  бастани шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2.Экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси ҳисоббаробаркунии байни фармоишгар ва иҷрокунандаи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ анҷом дода намешавад.

3.Маблағҳои буҷетӣ барои гузарондани экспертизаи давлатии илмӣ ва илмӣ-техникӣ ба маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ дохил мешаванд.

4.Экспертизае, ки бо супориши мақомоти давлатӣ, ташкилоти (муассисаи) давлатии дар таъминоти буҷет қарордошта гузаронда мешавад, мумкин аст аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ба ин ташкилот ҷудогардида маблағгузорӣ карда шавад.

5.Ба ӯҳдадориҳои фармоишгар тибқи шартнома барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ таъмини моддиву техникии гузарондани экспертиза, таъмин бо бино, таҷҳизот, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва монанди инҳо дохил шуда метавонад.

 

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташкил ва гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ

1.Муносибатҳои байналмилалӣ доир ба гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар асоси шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ бо назардошти анъанаҳое, ки дар фаъолияти экспертии байналмилалӣ муқаррар шудаанд, танзим карда мешаванд.

2.Фармоишгарон ҳақ доранд барои гузарондани экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалии экспертӣ ва экспертҳои хориҷиро, ки дар фаъолияти экспертӣ ихтисоси мувофиқ доранд, даъват намоянд.

3.Ташкилотҳои экспертӣ ва экспертҳо метавонанд ба созмонҳои байналмилалии экспертӣ дохил шаванд, ҳамчунин бо супориши созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ гузаронанд.

 

           Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

        Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010, №593

1

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

 

Қонуни мазкур принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад.

     

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ —  фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омӯзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккулёбии фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудаанд;

— маърифати экологӣ — раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;

— фарҳанги экологӣ — қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва  ҳар фарди алоҳида,  мусоидат менамояд;

— дониши экологӣ — бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;

— дониши экологии ҳадди ақал — ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки  мақсад аз он истеҳсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захираҳои табиӣ ва энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин муҳити зист ва ташаккули муносибатҳои эҳтиёткорона ба он мебошад.

 

Моддаи 2. Принсипҳои асосии  сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

 

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ инҳоянд:

— кафолати давлатии таъмини омӯзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрванд;

— ҳатмӣ будани омӯзиши фанҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи зинаҳои системаи таълимӣ;

— ворид намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи барномаҳои  давлатии мақсаднок ва соҳавӣ;

— мақсаднокии маърифати экологӣ дар ҳалли масъалаҳои  ҳифзи муҳити зист;

— амалӣ намудани сиёсати давлатӣ  дар бахши маърифати экологӣ;

— ошкорбаёнӣ дар масъалаҳои ҷорӣ намудани сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ;

— иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши маърифати экологӣ.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

 

  1. Мақсади Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад:

— фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа  бо донишҳои умумии экологӣ;

— мусоидат намудан ба ташаккули тарбия  ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи  инсон, аҳли ҷомеа ва муҳити зист, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфта.

  1. Вазифаҳои Қонуни мазкур чунинанд:

— таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ривоҷу равнақи донишҳои экологӣ;

— таъмини кафолати ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ ва дигар кафолатҳо барои ташаккул ва инкишофи таълим, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ;

— таъмини механизмҳои иҷрои вазифаҳо дар сохторҳои мавҷудаи системаи  иттилоот ва таълим.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ 

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Маърифати экологӣ ва фазои иттилоотӣ

 

Фазои маърифати экологӣ ва иттилоотии давлатӣ системаи воситаҳои ахбори омма, иншооти гуногуни соҳаҳои фаъолияти инсон (истеҳсолот ва хизматрасонӣ), фарҳанг ва фароғат, туризм ва варзиш, маҷмааҳои табиӣ (мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, боғҳои миллӣ), инчунин маҷмааҳои таърихӣ — меъморӣ, мавзеъҳои шаҳрӣ ва деҳотиро дар бар мегирад, ки дар якҷоягӣ бо шабакаи муассисаҳои таълимӣ ба фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ташаккули фарҳанги экологии ҷамъияту шахс равона шудаанд.

 

Моддаи 6. Доираи татбиқи Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур тамоми сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ, воситаҳои ахбори омма, истифодабарандагони табиат, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандонро фаро мегирад.
 

БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 7. Системаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Системаи маърифати экологӣ қисми таркибии системаи ягонаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он маҷмӯи меъёрҳои бо ҳам алоқаманди давлатии таҳсилот, барномаҳои таълимии зинаю самтҳои гуногун буда ҳамгироии омӯзиш ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти идораи маорифро таъмин менамояд.

 

Моддаи 8. Сохтори системаи маърифати экологии аҳолӣ

 

  1. Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои зерин дорад:

— маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти умумӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти миёнаи касбӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

— маърифати экологӣ дар таҳсилоти махсус ва иловагӣ;

— маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ.

  1. Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили  системаи маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ  монда мешаванд.

 

Моддаи 9. Барномаҳои давлатии маърифати экологии  аҳолӣ

 

  1. Асоси ташкилии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ барномаи комплексии давлатии маърифати  экологии аҳолӣ  мебошад.
  2. Маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои давлатӣ татбиқ мегардад. Барномаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ  бо ҷалби  ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия карда мешаванд. Салоҳияти ташкилотҳои ҷамъиятиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Барномаҳо мутобиқи талаботи меъёрҳои давлатӣ таҳия мешаванд.

 

Моддаи 10. Маблағгузории системаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Масъалаҳои татбиқ, маблағгузорӣ ва сертификатсияи барномаҳои комплексӣ, мақсаднок, соҳавӣ ва маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. Иҷрои барномаҳои давлатии маърифати экологии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  карда  мешавад.
 

БОБИ 3. ИДОРАИ СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ
 

Моддаи 11. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ аз инҳо иборат аст:

— муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани онҳо, ташкили системаи маърифати экологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;

— таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ, ки масъалаҳои маърифати экологиро дар бар мегиранд;

— иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии таълимии экологӣ;

— муқаррар намудани тартиби сертификатсияи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ташкили маърифати экологӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо;

— муқаррар намудани тартиби санҷиши малакаи касбӣ — экологии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисоне, ки фаъолияташон ба расонидани таъсири зарарнок ба муҳити зист ва саломатии инсон вобастагӣ дорад, инчунин ходимони соҳаҳои маориф, ҳифзи саломатӣ, илм ва фарҳанг;

— тайёр намудани мутахассисони эколог, кадрҳои илмию педагогӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои соҳаи маърифати экологӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо;

— таъмини системаи маърифати экологӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ.

 

Моддаи 12. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот

 

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ  инҳо дохил мешаванд:

— ташкил ва таъмини системаи маърифати экологӣ дар сатҳи маҳал;

— таъсиси комиссияи байниидоравии минтақавӣ дар бахши маърифати экологӣ;

— иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

— таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

— таъмин намудани муассисаҳо, ташкилотҳо ва мақомоти идоракуние, ки ба фаъолият дар соҳаи маърифати экологӣ машғуланд, бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ;

— санҷиши малакаи касбӣ — экологии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба масъалаҳои маърифати экологӣ машғуланд;

— ташкили системаи тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунӣ дар системаи маърифати экологӣ, мутахассисони эколог, кормандони воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки фаъолияташон ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;

— назорат ва таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

 

Моддаи 13. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар маърифати экологӣ

 

  1. Дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон чунин ҳуқуқҳо доранд:

— омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологӣ;

— ширкат дар озмунҳо барои таҳияи лоиҳаҳо оид ба маърифати экологӣ;

— ширкат дар омода намудани барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологӣ.

  1. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъолияти маърифати экологиро дар асоси сертификати давлатие амалӣ менамоянд, ки тартиби гирифтани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
  2. Ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологӣ машғуланд, ҳуқуқи ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намудан ва гирифтани маълумоти дақиқи экологиро доранд.
  3. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани дониши экологиро дорад.
  4. Падару модар ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист тарбия намоянд.

 

Моддаи 14. Ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

 

  1. Барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои манфиатдор дар соҳаи маърифати экологӣ комиссияҳои байниидоравӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Комиссияи байниидоравии давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
  3. Комиссияи байниидоравии минтақавиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд.
  4. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии давлатӣ намояндагони вазорату идораҳои мутасаддии соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, иқтисод, молия, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, меҳнат, мудофиа, ҳолатҳои фавқулодда, корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист ва воситаҳои ахбори омма шомил карда мешаванд.
  5. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии маҳаллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомил карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонун мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ  Раҳмон

 

           ш. Душанбе

29 декабри соли 2010,

              № 673

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7–8, мод. 616; с. 2016, № 3, мод. 147)

(Қонунҳои ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294, аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594)

Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд (минбаъд-падару модар), дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532).

Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— фарзанд (кӯдак) — шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида;

— шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд — васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад (минбаъдмуассисаҳои таълимӣ);

— васӣ ва парастор — шахсоне, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайри қобили амал ва қобилияти пурраи амал надошта, аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд;

— таълим — фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— тарбия — раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;

— марказҳои дилхушӣ — клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва иншоотҳои дигаре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ дошта, барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатй муайян шудаанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594);

— вақти шабона — аз 1 апрел то 30 сентябр — аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март — аз соати 20:00 то соати 06:00.

Моддаи 5. Вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд
  1. Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.
  2. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.
  3. Давлат барои таълиму тарбия ва ҳифзи кӯдакони ятим ва маъюб ғамхорӣ намуда, ба онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар

Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд:

— ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд; шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатй ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфй нарасонад;

— дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд;

— ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бо пешниҳод муроҷиат кунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294);

— дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд;

— риояи ҳуқуқи фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот талаб намоянд;

— ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;

— ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд;

— дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд

Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

— ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

— пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;

— барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;

— фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;

— фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

— шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;

— новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд;

— дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то ҳаждаҳсолаашонро манъ намоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532);

аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 № 1532);

— кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои чамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

— ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;

— ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;

— аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1294);

— иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос), инчунин моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунандаро манъ намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

— гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро барои фарзанд иҷозат надиҳанд;

— ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд ва барои интихоби касб ба ӯ мусоидат кунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— асосҳои гигиенаи шахсӣ, маърифати санитарӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро омӯзонанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;

— фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш. ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;

— бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;

— дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;

— дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;

— истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;

— ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавчуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;

— дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд

Падару модар дар таълими фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:

— ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;

— ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд;

— риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;

— ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;

— аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд;

-донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

— дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд;

— талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд;

— ҷалби фарзандро барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;

— таълими динии фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ ФАРЗАНДИ БОЛИҒУ ҚОБИЛИ МЕҲНАТ ДАР НИГОҲУБИН ВА ТАЪМИНИ ПАДАРУ МОДАР

Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар
  1. Фарзанди болиғу қобили меҳнат ӯҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.
  2. Дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

БОБИ 4. ӮҲДАДОРИҲОИ ОМӮЗГОР, МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОИ КИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД

(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594)

Моддаи 11. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532)

  1. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.
  2. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532).
Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594)

  1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, ӯҳдадориҳои зерин доранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594):

— ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мусоидат намоянд;

— тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд;

— кӯдаконеро, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд ва амалҳои дигарро ба нафъи ҷамъият ва давлат анҷом додаанд,, ҳавасманд намоянд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);

— падару модареро, ки ҳуқуқу ӯхдарориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффақона иҷро менамоянд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд;

— оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд;

— ҳангоми аз тарафи падар ё модар риоя накардани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд;

— дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмаки педагогӣ, равонӣ, методӣ ба падару модар «Рӯзҳои падару модар»-ро ташкил намоянд;

— дигар чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ташкил намоянд;

— дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

  1. Ӯхдадориҳои омӯзгор оид ба таълиму тарбияи кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак

Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд.

БОБИ 5. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ ӮҲДАДОРИҲО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 14. Чораҳои пешгирӣ барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар

Падару модаре, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ва моддиашон наметавонанд ӯҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи фарзанд қисман ё пурра иҷро намоянд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба табобат фаро гирифта, бо кор таъмин карда мешаванд.

Моддаи 15. Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд
  1. Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд.
  3. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 16. Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
(ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594)

Ҷавобгарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1532; аз 04.04.2019 с., № 1594).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

       

       ш. Душанбе

  2 августи соли 2011,

            № 762

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ  ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонунҳои ҶТ аз 30.05.2017 с., №1428; аз 28.08.2017 с., №1461)

 

  Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур

 

  1. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
  2. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
  4. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– анъана — маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

– маросим — маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

– ҷашн — таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ  ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 4. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

(ҚҶТ 21.07.10. №636; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ 21.07.10. №636; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Қисми дуюм хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ

 

  1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 6. Ваколати Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

(ҚҶТ аз 21.07.10 с., №636; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои ваколатҳои зерин мебошанд: (ҚҶТ аз 21.07.10 с., №636; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428; ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

— талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

  1. Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ 21.07.10. №636)

 

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ

 

  1. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
  2. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  3. Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.
  4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 8. Зодрӯз

 

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

 

Моддаи 9. Хатнасур

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
  5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муаяйн менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ

 

  1. Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. (ҚҶТ 18.06.08. №390)
  2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  5. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  6. Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 11. Маросими дафну азодорӣ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.
  2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

Қисми 3 хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

  1. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 12. Маросими ҳаҷ

 

  1. Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.
  2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросим

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Ҷашну маросим дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1428)
  3. 3. Дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

БОБИ 41. ӮҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 141. Ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)
  2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1461)

 

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Э. Раҳмонов

 

          ш. Душанбе

8  июни соли 2007, №272

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии ҷумхурии Тоҷикистон соли 1996, № 3, мод.55; соли 1997, № 9, мод. 117; соли 1998, №10, мод.119; соли 2001, № 7, мод. 475; соли
2003, № 8, мод. 452)

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон намебощанд
ва хуччате доранд, ки мансубияти онҳоро 6а шаҳрвандии давлати дигар тасдик мекунад. Мутобики Конституцияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон ба
шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.

КОНСЕПСИЯҲО

КОНСЕПСИЯҲО (Аз сомонаи  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  http://mmk.tj)

  1. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН
  2. КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2025
  3. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028
  4. КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  5. КОНСЕПСИЯИ ТАҲСИЛОТИ МУТТАСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2023
  6. НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  7. КОНСЕПСИЯИ РУШДИ ОИЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  8. КОНСЕПСИЯИ НИЗОМИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  9. КОНСЕПСИЯИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ МАҲАЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
  10. КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  11. КОНСЕПСИЯИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  12. КОНСЕПСИЯИ КОРҲОИ СИЁСИЮ ТАРБИЯВӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  13. КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  14. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  15. КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  16. КОНСЕПСИЯИ МАҚСАДНОКИ МИЛЛИИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИНСОН, ТАЪМИНИ МИНБАЪДАИ ПРИНСИПҲОИ ДЕМОКРАТӢ ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2028
  17. КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАЛБ ВА ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  18. КОНСЕПСИЯИ НАЗОРАТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ ДАР КОМПЛЕКСИ ХОҶАГИДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  19. КОНСЕПСИЯИ МАЪЛУМОТИ ЭТНОФАРҲАНГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ (Аз сомонаи  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  http://mmk.tj)

  1. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  2. БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
  3. БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2025
  4. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАҲОИ ФАРҲАНГ, САНЪАТ ВА ТАБЪУ НАШРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  5. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
  6. БАРНОМАИ ҚАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
  7. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2019
  8. БАРНОМАИ РУШДИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  9. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  10. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
  11. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТИ КЎДАКОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  12. БАРНОМАИ МАҶМЎИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  13. БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  14. БАРНОМАИ СОҲАВӢ ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
  15. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САНЪАТИ ШАШМАҚОМ, ФАЛАК ВА МАКТАБИ СУННАТИИ «УСТОД-ШОГИРД» ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021
  16. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ҶОБАҶОГУЗОРИИ КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ЛАЁҚАТМАНД БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2022
  17. БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020
  18. БАРНОМАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2019
  19. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  20. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  21. БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020
  22. БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  23. БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024
  24. БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  25. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  26. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  27. БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2018
  28. БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  29. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2016-2020
  30. БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  31. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  32. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  33. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2025
  34. БАРНОМАИ РУШДИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
  35. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИР БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2026
  36. БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2019
  37. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КОМПЛЕКСИИ РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
  38. БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  39. БАРНОМАИ РУШДИ НИЗОМИ АДЛИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  40. БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  41. БАРНОМАИ МАҶМЎИИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ ШУҒЛИ БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА (ҒАЙРИРАСМӢ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017
  42. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017
  43. БАРНОМАИ ТАШКИЛ ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЯХДОНУ САРДХОНАҲО БАРОИ НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2019
  44. БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КЎДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020
  45. БАРНОМАИ БУНЁДИ ХАЗИНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМҲОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2018″
  46. БАРНОМАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ АЗ СЎХТОР БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  47. БАРНОМАИ ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  48. БАРНОМАИ РУШДИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2019
  49. БАРНОМАИ МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  50. БАРНОМАИ РУШДИ НЕРЎ ВА МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИИ ИНСОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020
  51. БАРНОМАИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОСИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  52. БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
  53. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲОИ НАВИ ОБЁРИШАВАНДА ВА БАРҚАРОРСОЗИИ ЗАМИНҲОИ АЗ ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ БЕРУНМОНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  54. БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  55. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  56. БАРНОМАИ РУШДИ БИОТЕХНОЛОГИЯИ ЧОРВО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
  57. БАРНОМАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
  58. БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  59. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  60. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  61. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  62. БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
  63. БАРНОМАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020
  64. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2025
  65. БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020
  66. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМЎЗИШ ВА НИГАҲДОРИИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030
  67. БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020
  68. БАРНОМАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ ТИББӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020
  69. БАРНОМАИ РУШДИ КОРИ БОЙГОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2018
  70. БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019
  71. БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019