Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (30.08.2017) қайд намуда буданд, ки “… такмили донишу маҳорати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин омили беҳтар намудани сифати таълим мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон эътибори ҷиддӣ дода, фаъолияти марказҳо, курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, қарор дода шавад”.

Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо соли ҷорӣ як қатор курсҳои бозомӯзиро ташкилу намуда, дар натиҷа ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Муҳимтарини он ташкили курси “Кор бо тахтаи электронӣ дар ҷараёни таълим” мебошад, ки зиёда аз 50% (218 нафар) устодону кормандони донишгоҳ онро бомуваффақият хатм намуданд.

Аз 22-юм то 30-юми ноябри соли равон як нафар устод бо ҳамроҳии 3 нафар донишҷӯ ҷиҳати иштирок дар Саммити “Занон дар техника” (Perspektywy Women in Tech Summit 2018) ба Донишгоҳи Кракови давлати Лаҳистон сафар намуда, аз такмили ихтисос гузаштанд. Дар доираи Гранти хурди JICA бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳ тренинги омӯзишӣ гузаронида шуда, сипас дар муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар байни синфҳои 6-11 аз ҳисоби донишҷӯён тренинг гузаронида шуд. Дар доираи лоиҳаи «Водная гармония» омӯзиши курси забони англисӣ амалӣ гардид. Аз рӯйи амалишавии лоиҳаи “Project Tajikistan” курси такмили ихтисос дар самти технологияи муосир роҳандозӣ гардид.

Дар соли ҳисоботӣ 16 нафар устодону кормандони донишгоҳ аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар хориҷи кишвар гузаштанд.

Инчунин бо ташаббуси маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо аз санаи 3-юм то 6-уми марти соли 2018 дар ҳамшарикӣ бо Ташкилоти баналмилалии “Иттиҳоди шарикии нақлиёти бехавф ва устувор” ва ташкилоти ҷамъиятии “Насли ҷавони Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пурра маблағгузорӣ мешавад, оид ба мавзӯи “Бехатарии ҳаракат дар роҳ” тренинг гузаронида шуд. Ба ҳайси мушовирон мутахассисони байналхалқӣ Мет Чемберлен (Matt Chamberlain) – аудитори пешбари бехатарии роҳ, мушовири техникӣ вобаста ба Балканҳои Ғарбӣ ва Филип Джордан (Phil Jordan) – мушовири байналмилалӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷалб гардиданд.

Бо ҷалби устодон аз Ҷумҳурии Лаҳистон тобистони соли ҷорӣ курси забони англисӣ барои донишҷӯёну устодон ташкил шуда буд.