Gulnora

Анварова Гулнора Баҳодуровна

сардори марказ

(+992)-903-33-00-01

Такмили ихтисоси кормандон яке аз шартҳои фаъолияти пурмаҳсули ҳар як ташкилот ба ҳисоб меравад. Махсусан дар шароити муосир, ки ҷараёни илмӣ-техникӣ ба суръати баланд пеш рафта истодааст. Маркази такмили ихтисос ва татбики лоиҳаҳо (МТИ ваТЛ) яке аз сохторҳои  Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, фаъолияташро барои ташкил ва мониторинги курсҳои такмили ихтисос барои кормандони Донишгоҳ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои таълимӣ оиди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмону меъморӣ, нақлиёт , металлургия, технологияи иттилоотӣ, мошинсозӣ, полиграфия, менеҷмент ва комуникатсии нақлиётӣ равона кардааст.

Ба такмили ихтисоси кормандон дар Донишгоҳ диққати махсус дода мешавад. Тибқи нақша чорабиниҳо оид ба тадбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати ҶТ дар самти “Ташаккул ва такмили низоми омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани  такмили ихтисоси кормандон оиди маълумоти илмӣ-техникӣ” муқарар намудааст,  кормандони Донишгоҳ малака ва дониши худро дар дигар Донишгоҳҳо ва корхонаҳои гуногуни ҶТ мукаммал мегардонанд. Инчунин, тибқи созишномаҳо байни ДТТ ва дигар макотиби олии хориҷи наздику дур устодон ва кормандон имконияти дар донишгоҳҳо ва корхонаҳои Ф.Россия, ИМА, Аврупо, Чин, Япония, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва  Озарбойҷон гузаштани такмили ихтисос ва бозомӯзиро доранд.

Бо мақсади омӯзиши махсуси такмили ихтисоси кормандони соҳаи муҳандисӣ ва ташкили имкониятҳои таълимии иловагӣ барои  доираи васеи шунавандагон, таъмин ва такмили системаи  тайёр намудани мутахассисони баландихтисос соли 2003 маркази такмили ихтисос ва хадамоти машваратӣ  ташкил ёфт. Директори он доктори меъморӣ,  досент  Акбаров  А.А  таъин  гардида  буд.  Айни замон Марказро Анварова Г.Б роҳбари мекунад.

Вазифаҳои  асосии Марказ  инҳоянд: таъмин намудани талаботи ҷомеа бо мутахассисони баландмаълумоти соҳаҳои гуногуни муҳандисӣ; таъмини босифати бозомӯзии кормандон бо барномаҳои ҷадиду нави таълимӣ; мукамал гардонии усулҳои таълим; алоқаи пайваста бо дастовардҳои илму истеҳсолот, аз ҷумлаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ; гузаронидани тадқиқотҳои бунёдиву фундаменталӣ дар соҳаҳои  гуногун; истифодаи самараноки нерӯҳои зеҳниву-кадрӣ дар системаи таълимоти олӣ; тартиби кадрҳои илмӣ-педагогӣ; ташкили  инфрасохтори илмӣ-таълимӣ ва илмӣ-истеҳсоли дар асоси сохтори бозори муосири иқтисодӣ.