• technpark
  • technpark2
  • technpark3
  • technpark4
  • technpark5

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) ва мавриди иҷро қарор додани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) Парки технологии донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Бо иштироки парки технологии донишгоҳ “Низомномаи Комиссияи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар назди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуда буд ва он аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ, дар як сол ду маротиба, яке бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре бахшида ба ҶАШНИ НАВРУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, озмун барои навоварӣ ва ихтироот гузаронида истодааст. Айни замон мукофотпулӣ барои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ, иштирок дар озмун барои навоварӣ ва ихтироот донишҷӯён барои гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, мувофиқан 1000, 800 ва 600 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ низ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ байни Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ҶСК “Технотон” -и Ҷумҳурии Белорус баста шудааст, ки тибқи он Технопарки донишгоҳ намояндаи расмии ҶСК “Технотон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Байни Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ва Парки илмию техникии ДМТБ “Политехник” ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи ҳуҷҷати мазкур ду технопарк ҳамкориро шаклҳои зерин ба роҳ мемонанд:

  • Иҷрои якҷояи корҳои илмӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бо ҳамдигар;
  • Мубодилаи олимон ва мутахассисон, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ;
  • Мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ, интишорот ва ғайра;
  • Дар истеҳсолоти ду кишвар ҷорӣ намудани истеҳсолоти маҳсулоти инноватсионӣ;
  • Ташкили якҷояи истеҳсолот бо мақсади амалӣ намудани дастовардҳои илмии ҳарду ҷониб.

Дар давоми фаъолияташ технопарки донишгоҳ бо корхонаву муассисаҳои зерин тибқи қарордод корҳои илмию тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва истеҳсолиро ба анҷом расонидаст.  Аз ҷумла барои Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ, Филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика тайёр намудаст. Бо дархости ҶДММ “ГАЗПРОМНЕФТ ТОҶИКИСТОН”,

Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО  РОҒУН”, ШТИ КФС “Дирексияи сохтмони РО Душанбе-Қурғонтеппа” корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия намудаст. Барои кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авто Ташхис Марказ», Маркази муоинаи техникии автомобилии Хучанд ва ҶДММ “Кафолат” курси такмили ихтисос ташкил карда шуд. Айни замон аз тарафи парки технологӣ намунаи таҷрибавии воситаҳои техникии хурди сохтмонию роҳсозӣ сохта шудааст ва дар сурати дастрас шудани маблағ истеҳсоли онҳо ба роҳ монда мешавад.