Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои қабул ба аспирантура дар соли таҳсили 2017 -2018 аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

1. 01.00.00 Илмҳои физикаю риёзӣ
2. 01.02.00 Механика
3. 01.04.00 Физика
4. 02.00.00 Илмҳои кимиёвӣ
5. 05.00.00 Илмҳои техникӣ
6. 05.01.00 Геометрияи муҳандисӣ ва графикаи компютерӣ
7. 05.02.00 Мошинсозӣ ва мошинаомӯзӣ
8. 05.03.00 Коркарди масолеҳи конструксионӣ дар мошинсозӣ
9. 05.04.00 Мошинасозии энергетикӣ (барқӣ), металлургӣ ва кимиёвӣ
10. 05.05.00 Мошинсозии нақлиётӣ, куҳканӣ ва сохтмонӣ
11. 05.09.00 Техникаи электрикӣ (барқӣ)
12. 05.11.00 Асбобсозӣ, метрология ва асбобҳои ченкунии маълумот ва усулҳо
13. 05.12.00 Техникаи радиоӣ ва алоқа
14. 05.13.00 Информатика, техникаи ҳисоббарорӣ ва идоракунӣ
15. 05.14.00 Энергетика
16. 05.16.00 Металлургия
17. 05.17.00 Технологияи кимиёвӣ
18. 05.19.00 Технологияи масолеҳ ва маҳсулоти бофандагӣ ва саноати сабук
19. 05.22.00 Нақлиёт
20. 05.23.00 Сохтмон ва меъморӣ
21. 05.26.00 Бехатарии фаъолияти инсон
22. 08.00.00 Илмҳои иқтисодӣ

Хуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  • ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва замимаи;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани сабиқаи корӣ);
  • сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан;
  • рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ – методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
  • маълумотномаи тиббӣ шакли 086 — У;
  • 4 расми андозаи 3х4;  

Муҳлати қабули хуҷҷатҳо аз 1-уми июл то 30-юми июли соли 2017.

Имтиҳонҳои қабул аз 1-уми августи соли 2017 муайян гардидааст.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба Шуъбаи докторантура ва аспирантураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.М.С.Осимӣ  муроҷиат намоед.