Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои қабул ба докторантураи аз рўи ихтисос (РhD) дар соли таҳсили 2017 -2018 аз рўи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

1. 6D042001 Назария ва таърихи меъморӣ, тармим ва азнавбарқароркунии мероси таърихию меъморӣ
2. 6D042003 Шаҳрсозӣ, банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишини деҳот
3. 6D050701 Иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ
4. 6D060604 Химияи физикӣ
5. 6D070902 Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир
6. 6D071011 Масолеҳшиносӣ дар мошинсозӣ
7. 6D072101 Технологияи моддаҳои органикӣ
8. 6D072001 Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ
9. 6D072003 Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия
10. 6D072407 Мошинаҳои чархӣ ва тасмачархӣ
11. 6D072901 Конструксияҳои сохтмонӣ, биноҳо ва иншоотҳо
12. 6D073001 Масолеҳи сохтмонӣ ва маснуот
13. 6D080602 Технология ва воситаҳои механиконии кишоварзӣ
14. 6D090102 Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ
15. 6D042000 Меъморӣ
16. 6D042100 Дизайн
17. 6D050600 Иқтисодиёт
18. 6D071800 Энергетикаи барқӣ
19. 6D071700 Энергетикаи гармӣ (ҳароратӣ)
20. 6D071600 Абзоршиносӣ
21. 6D071300 Нақлиёт, техника ва технологияи нақлиётӣ
22. 6D071200 Молшиносӣ
23. 6D070900 Филизшиносӣ
24. 6D071000 Маводшиносӣ ва технологияи маводи нав
25. 6D070400 Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ
26. 6D051700 Менеҷменти инноватсионӣ
27. 6D071900 Радиотехника, электроника ва телекоммуникатсия
28. 6D072400 Мошинҳо ва таҷҳозоти технологӣ (аз рӯи соҳаҳо)
29. 6D072900 Сохтмон
30. 6D073000 Истеҳсоли мавод, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ
31. 6D073100 Бехатарии фаъолияти инсон
32. 6D074400 Сохтмон ва иншоотҳои гидротехникӣ
33. 6D074500 Сохтмони нақлиётӣ
34. 6D075200 Низом ва шабакаҳои муҳандисӣ
35. 6D075300 Технологияи химиявии маводи душворгудози ғаёрифилизӣ ва силикатӣ
36. 6D090100 Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодаи нақлиёт
37. 6D090900 Логистика (аз рӯи соҳаҳо)
38. 6D100200 Низомҳои амнияти иттилоотӣ
39. 6D060800 Экология
40. 6D091100 Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат

Хуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  • ариза ба номи ректори донишгоҳ бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда; нусхаи шиноснома;
  • анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
  • нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани сабиқаи корӣ);
  • сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
  • мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
  • рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ – методӣ (дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа); асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
  • маълумотномаи тиббӣ шакли 086 — У;
  • 6 расми андозаи 3х4;  

Муҳлати қабули хуҷҷатҳо аз 1-уми июл то 30-юми июли соли 2017.

Имтиҳонҳои қабул аз 1-уми августи соли 2017 муайян гардидааст.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.М.С.Осимӣ  муроҷиат намоед.