ТАЪРИХИ ИНКИШОФИ КАФЕДРАИ «ГЕОДЕЗИЯИ МУҲАНДИСӢ»

 Кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ» ҳамчун кафедраи мустаъқил ва умумикасбӣ соли 1988 ташкил карда шуда фанҳои: геодезияи муҳандисӣ, топография, аэрогеодезия, корҳои тақсимкунӣ дар сохтмон, истифодабариироҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо, корҳои геодезӣ дар сохтмони саноатӣ ва гражданиро меомўзонад. Таърихи инкишоф ва ташкилёбии кафедра бо марҳилаҳои инкишоф шудани факултети сохтмони донишгоҳ зич вобастагӣ дорад. Монанди бисёр фанҳои умумӣ касбии дигар, фанни Геодезияи муҳандисӣ дохили кафедраи тахассусии «Конструктсияҳои сохтмонӣ» медаромад. Соли 1973 аз таркиби кафедраи «Конструктсияҳои сохтмонӣ» кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ ва механикаи замин» ҷудошуд, кимудираш хатм кардаи Донишкадаи Муҳандисиву Сохтмонии ш.Москва, номзади илмҳои техникӣ Тоҳиров Ином Ғафурович буд. Дар кафедраи ташкил шудаи «Геодезияи муҳандисӣ» н.и.т. Жиленко И.Д. – хатмкардаи Донишкадаи муҳандисони геодезӣ ва харитасозии Москва (МИИГАиК), муаллимоникалон Семенихин Д.Д., Русанова Н.Я., Голева Н.Л., хатмкардагони донишкадаи политехникии Тоҷикистон — Тошболтаев Т.Т., Акрамов И.А. ва дигарон, дарс мегуфтанд.

Соли 1974 дар кафедра ба кори омўзгорӣ, хатмкардаи МИИГАиК, шогирди доктори илмҳои техникӣ, профессор Гайдаев П.А. – Давлатов Нозир Давлатович – аввалин номзади илмҳои техникӣ дар соҳаи геодезия РССТоҷикистон, шурўъ намуд. Аз соли 1974 сар карда бо роҳбарии Тоҳиров И.Ғ., вобаста ба сохти асосҳои сунъӣ дар шароитҳои мураккаби муҳандисиву геологӣ ва сейсмикии Осиёи Марказӣ, назди кафедра проблемаи илмӣ-тадқиқотӣ ва то ин рўзактуалӣ гузошташуд.

Кор бо ду равияи асосӣ мегузашт: а) зичгардонии заминҳои зардхок бо намгардонӣ ва қувваи таркишҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ; б) истифодабарии омезишҳои оҳакӣ-заминӣ барои сохти асосҳо дар заминҳои таркибаш ноустувор.

Дар натиҷаи чунин тадқиқотҳо тарзи зичгардонии заминҳои лёссӣ инкишоф ва мукаммал гардидаанд, ғайр аз ин конструктсияҳои нави контейнерҳои таркиш, ки масрафикор, масолеҳ ва манбаъи энергетикиро хеле камсарф мекунад, кашф шудаанд. Натиҷаҳои корҳои илми-тадқиқотӣ дар ширкатҳои сохтмонии  Федератсияи Русия ва давлатҳои  Осиёи Марказӣ (Ўзбекистон, Қирғизистон, Туркменистон) амалӣ гаштаанд.

Инчунин бо натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраТоҳиров И.Ғ. диссертатсияи докториро  ва 3 нафари дигар

(Рузиев А.Р., Сулейманова М.А., Зубайда Аль Қадирӣ) диссертатсияи номзади илмиро ҳимоя намудаанд.

Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  ваметодии кафедра аз доираи назари коллектив, тайёр намудан ва пур кардани ҳайати  муаллимонро бо кадрҳои ҷавони, илми-педагогӣ, намебаромад.

Соли 1976 — 1982 ҳайати кафедра бо хатмкардагони донишкадаи политехникииТоҷикистон: Ҷалилов Т.Ф., РахмановА.А., Парфенова С.А., Мелник В.И., Узаков Р.У., Орипов Д.Б., Набиева Т.А., ва хатмкардагони донишкадаи муҳандисҳои геодезия ва харитасозии Новосибирск (НИИГАиК): Сафарова С.А., Ирматов Н.И.,- пур шуданд.

Бо заҳматҳоиТоҳиров И.Ғ. робитаҳои илмӣ бо донишкадаҳои муҳандиси-сохтмонии Москва ва Киев ташкил карда шуд, ки баъди гузаштани муддати коромўзӣ  ва таҳсили  аспирантураи рўзона дар онҷо, Рахманов А.А. (МИСИ — 1985 г.); Ҷалилов Т.Ф. (КИСИ-1987 г.); Иониди С.Д. (МИСИ — 1988 г.), бо мувафаққият диссертатсияи номзади илмиро ҳимоя намуданд.

Соли 1983 — 1988 аз сабаби ташкилёбии кафедраҳои нав, фанни «Геодезияи муҳандисӣ» ба кафедраи «Масолеҳи сохтмонӣ» ва баъд аз он ба кафедраи «Роҳҳои автомобилгард», гузаронида шуд.

Марҳилаи нав дар инкишофи кафедра моҳи сентябри соли 1988 фарорасид, ки он ҳамчун кафедраи  умумикасбии «Геодезияи муҳандисӣ» ташкил шуд ва мудири он номзади илмҳои техникӣ Давлатов Н.Д. шуд. Дар ин муддат даркафедра номзади илмҳои техникӣ Ҷалилов Т.Ф., Рахманов А.А., МуниевҶ.Д., муаллимоникалон Матвеева И.Н.,

Сафарова С.А., Орипов Д.Б., Жарова Т.Ф., Жаров Б.Н., Косова Н.И. кор ва фаъолият мекарданд.

Моҳи июни соли 1992 аз сабаби гузаштани Давлатов Н.Д. баҷои кори дигар, мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Ҷалилов Тоҳир Файзиевич шуд ва то соли 2005 ин вазифаро ишғол менамуд.

Аз сентябри соли 2005 то сентябри соли 2009 мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Муниев Ҷўрақул Деҳқонович мешавад.

Аз соли 2009 то ин ҷониб кафедраро Ҷалилов Т.Ф. сардорӣ менамояд.

Солҳои 1994 — 1995, кафедра, бо мутахассисони ҷавон – хатмкунандагони Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон бо баҳои аъло – ассистентҳо Қодиров С.А. ва Саидов Р.Ҷ., пургашт . Ҳоло дар кафедраи «Геодезияи муҳандисӣ» 6 муаллими штатӣ кор мекунанд, ки аз онҳо 2-то н.и.т., дотсент (ҶалиловТ.Ф., МуниевҶ.Д.), 2-то муаллими калон (Саидов Р.Ҷ., Раҷабов Р.А.) ва 2-то ассистент (Сафаров Т.С., Қодиров Э.Х.)мебошанд.

Коллективи кафедра тадқиқотҳои илмӣ бо саволҳои актуалии комплекси сохтмонӣ-ро, аз нав ба роҳмондаи стодааст.2012 сол санаи муҳим дар таърихи кафедра мебошад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-юми ноябри соли 2012, дар маросими кушодани иншооти нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ ба сардорони Вазорату Идораҳои дахлдор фармуд, ки ихтисоси нави «Геодезия ва харитасозӣ» кушода шавад.

Тибқи нақшаи чорабинии амалигардонии ин фармоиш аз 7.12.2012 дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон факултети «Сохтмон ва меъморӣ», назди кафедраи Геодезияи муҳандисӣ дар соли хониши 2013/2014 ихтисоси 1 — 560202 -«геодезия, харитасозӣ ва заминсозӣ» нав кушода шуд.

Имрўз кафедра, бо мактабҳои олии шаҳрҳои Иттиҳоди давлатҳои мустаќил (СНГ) — МИИГАиК, МАДИ (ТУ), МГСУ(МИСИ), КИСИ ва бо мактабҳои олии Осиёи Марказӣ, робитаҳои илмӣ ва методӣ дорад.

Дар миқёси Ҷумҳурӣ кафедра бо Вазорати нақлиёти ҶТ, Ширкати давлатии «Харитасоз», пажўишгоҳҳои лоиҳасозӣ -Шаҳрофар (Гипрострой), ГИИНТИЗ, Гипротранс ва бо дигар ширкатҳо ва пажўишгоҳҳои илми-тадқиқотӣ ҳамкорӣ мекунад.

Кафедра дорои иқтидори илми-педагогӣ, асоси масолеҳи техникии муосир мебошад ва қудрати зиёд барои тайёр намудани кадрҳои баланди хтисос дорад.