Кафедраи Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон:

таърихи ташкилёбӣ ва ташаккулёбӣ

Соли 1974 дар базаи кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» моҳи сентябр кафедраи нав — «Иқтисодиёт ва ташкили сохтмон» ташкил карда шуд. Дар зарфи 40 соли мавҷудияташ мувофиқи ислоҳотҳои иқтисодии замони Шуравӣ ва дигаргуниҳои Ҷумхурии Точикистон номи кафедра   «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон» гузаронида шуд.

Аввалин мудири кафедра  Тешаев А.Т. буданд, ки   то 1986 кафедраро роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 1986 то соли 1991кафедраро Ҳасанов М.М. роҳбарӣ кардаанд, аз с. 1991 то 1994 с. – Искандаров А.И., аз с.1994 то 1998 с. – Асоев Қ.А., 1998 – 2000 с. – Раҳимова С.Ҳ., то соли 2006 Раҳматҷонов Ғ. ва аз соли 2006 то соли 2016 кафедраро Бобоҳоҷиев Р.Ҳ. роҳбарӣ кардаанд.

Айни ҳол кафедраро хатмкунандаи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон”, номзади илмҳои техникӣ Сафарова О.О. роҳбарӣ доранд.

Дар солҳои мавҷудияти кафедра чунин омӯзгорони варзида фаъолият доштанд: докторони илми иқтисод, профессорон Аминов Ш. ҳоло сокини ИМА ва Тешаев А.; номзадҳои илми иқтисод, дотсентҳо Асоев К., Ахмедов У., Бобоҳоҷиев Р., Ҳасанов М.М., Искандаров А., Маҳмадов А., Обидҷонов А., Нуриддинова М., Сайфитдинов Б., Тошматов М.Н., Ҳасанов А.Р., Шаропова М.А., Эшонқулов А.Б. ва дигарон.

Дар кафедра дар солхои гуногун омӯзгорон Абдусатторов А., Каримова З., Мирҷамолов А., Тулфоров Г., Саидхоҷаев Х.Д., Ҳасанова Ф.Н., Алямова З.А. ва дигарон фаъолият кардаанд. Айни ҳол дар кафедра хатмкунандагони солҳои наздик, номзади илмхои техникӣ  Рачабов У.Қ., Сафарова О.О., Каримова М.У.,   Орифова Ш.Р., Рузматова З., Саидхоҷаев Ф.С., Раҳимов У.Ҷ., Бойматова М.М., Р.Тулъат ва гайрахо  кор карда  истодаанд.

Кафедра яке аз кафедраҳое дар донишгоҳ мебошад, ки дар тайёр кардани  кадрҳо аз рӯи 3 ихтисос  саҳмгузор аст:

  1. 1-270101-17  “Иқтисодиёт ва ташкили  истехсолот ( сохтмон)”
    Фаолияти касбӣ дар вазорату идораҳое , ки  ба  корҳои сохтмону васлкунӣ, сармоягузорӣ сару кор  доранд: ташкил ва идоракунӣ дар  сохтмон,  банақшагирӣ-иқтисодчӣ, лоихавӣ- иқтисодӣ,  тахлилӣ,  иқтисоди бурунмарзӣ, сохибкорӣ, илмӣ- тадқикотӣ.
  2. 1-260101 -01  “ Идоракунии мақомоти  маҳаллӣ”
    Фаолияти касбӣ: дар   ташкилӣ- идоракунӣ,  банақшагирӣ- иқтисодӣ,  лоиҳавӣ- иқтисодӣ,  таҳлилӣ, иқтисодӣ  бурунмарзӣ,  илмӣ- тадқиқотӣ,  таълимӣ, идоракунии мақомоти  маҳаллӣ, давлатӣ, идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ.  Тайёр кардани  мутахассисон аз рӯи ин ихтисос бо омӯхтани  фанҳои  муҳанисӣ-техникии  хоҷагии коммуналӣ, нақлиёти мусофиркаш  ба роҳ монда шудааст.
  3. 700202 “ Ташхис ва идораи амволи ғайриманқул”
    Фаолияти касбӣ: баҳодиҳӣ, кор дар  бонкҳо,   муҳандиси  сохтмон , лоиҳакашӣ,  эксперт дар сохтмон,  , идоракунии амволи ғайриманқул,  идоракунии хоҷагии манзилию коммуналӣ,  эксперти  ҳуҷҷатхои  соҳаи сохтмон,  бозори амволи ғайриманқул, риэлтор, мақомоти адлия ( эксперти сохтмон), инспексияи андоз, вазорату идораҳое , ки  ба  корҳои сохтмону васлкунӣ , сармоягузорӣ сару кор  доранд.

Дар кафедра  30 % устодон  қобилияти  дарс  гузаштан  бо забони  англисиро  доро ҳастанд. Дар накшахои кафедра  таълими  гурӯҳҳои махсус бо таҳсили  забонҳои англисӣ  ба назар гирифта шудааст.

Аз рӯи шаклҳои таълими рӯзона ва ғоибона зиёда аз 1200  мухандис-иҷтисодчӣ, мененҷерҳои соҳаҳои  сохтмон, идоракунии маҷомотҳои давлатӣ ва ташхис ва идоракунии амволхои ғайриманкул тайёр карда шудаанд ва ин раванд то имрӯз идома дорад.

ki-va-isHistory

Дар кафедра аз соли 2013 мутахассисони зинаи магистратура  аз рӯи равияи “Иқтисодиет ва ташкили истеҳсолот дар сохтмон” тайер карда шуда истодаанд, ки онро зиеда  аз 20 нафар магистрҳо хатм кардаанд. Ба ғайр аз ин, дар кафедра аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиет ва ташкили истеҳсолот дар сохтмон”  кадрҳои соҳаи сохтмон  маълумоти 2-юми олии касбӣ мегиранд.

Дар кафедра ҳаҷми калони корҳои таълимӣ ва методӣ бурда мешавад.

Муаллимони  кафедра  дар солҳои фаолияташон  аз рӯи  чандин  мавзӯъхои илмӣ кор кардаанд. Даҳҳо маводҳои методӣ аз чоп баромадаанд, аз ҷумла зиёда аз 200 мақолаю фишурдаи  маърӯзаҳо. Устодон  дар конференсияхои  байналмиллалӣ ва ҷумхуриявӣ  иштирок кардаанд.

Аз рӯи натиҷаи кори илмии чандинсола Сафарова рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Ташаккулебии механизми асосноккунии пешазлоиҳавии сохтмони иншоотҳои  обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ” ҳимоя кардаст. Рисолаи номзадии муаллими калони кафедра Саидхоҷаев Фируз ба ҳимоя пешниҳод шудааст.

Устодони кафедра Бобоҳоҷиев Р.Ҳ. ва Раҷабов У.Қ. кор дар болои рисолаи докториро давом дода истодаанд.

Ҳар сол  конференсияи  илмӣ- амалии  донишҷуёни ихтисосҳои кафедра  гузаронида  мешавад, ки  дар он  ҳар сол  зиёда аз 20 маърӯзаҳои донишҷуён шунида  мешавад .

Кафедра аз соли 2014 ташкилкунандаи олимпиадаи щарсолаи байналхалқии Идоракунии захираҳои обӣ мебошад, ки  дар он дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ҷумҳуриямон  донишҷӯени ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Афғонистон иштирок менамоянд.

Дар давоми солҳои мавҷудияташ дар чаласахои кафедра якчанд маротиба иҷроиши корхои илми-тадқиқоти ва методии устодон дида шудааст.  Устодон дар конференсияхо, симпозиумхои байналхалки ва чумхурияви аз рӯи натичахои корхояшон баромад кардаанд.

Натичахои корхои илмию-тадкикотии  Асоев К. ва Рахматчонов Г, дар тайёр кардани хуччатхои расмии Вазорати Молияи Чумхурии Точикистон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Хукумати Чумхурии Точикистон барои чори кардан дар истехсолоту равандхои дарс истифода бурда шудаанд.

Кафедра дар самти илм  робитахои байналхалқӣ низ дошт, аз чумла:

  • мохи маи соли 2013 дарси кушод  бо устодон ва донишчуёни ихтисосхои кафеда дар  мавзуи «Идоракунии захирахои оби» аз тарафи доктори Донишгохи  Казокистону немиси (Казахстанско-немецкий Университет) Барбара Этуш Павлети гузаронида шуд;
  • мохи июл соли 2012 дар кори КАД оиди химояи кори дипломии ихтисоси 1-260101 «Идоракунии макомоти давлати» докторхо  аз Донишгохи технологии Словакия Стефан Крис ва  иштирок карда, бо донишчуён ва устодон вохури  гузарониданд;
  • 17 ноябри соли 2014  дар кори конференсияи YI байналхалкии илми-амалии «Дурнамои рушди илм ва маориф», бахшида ба 20-солагии Ичлосияи XYIШурои Олии Чумхурии Точикистон  корманди СММ аз Финдляндия Аннука Липонен иштирок карда, бо маъруза баромад карданд.
  • аз 17 о 19  апрели соли 2014  устоди кафедра Рузматова Зарина  савозори иштирок гашт дар  семинари  World Bank ки дар шахри Алмато  баргузор  шуд  ва бо  сертификати  байналмиллали сарфароз гардид.

Натичаи корхои илми-тадкикотии устодони кафедра дар маркази «Нархгузории сохтмон» дар назди Агентии сохтмон ва меъмори, «Ассосиатсияи сохтмончиёни Чумхурии Точикистон» барраси шуда, дар истехсолот ҷори шудааст. Аз чумла, натичаи тахлили Кодекси андози амалкунанда  аз тарафи устоди кафедра Рахматчонов Г. ба Кумитаи андози назди Хукумати ЧТ  дар якчояги бо «Ассосиатсияи сохтмончиёни Точикистон» пешниход шудааст, тадкик, тахлил ва пешниходхои дотсенти кафедра Асоев Курбон, хангоми чори кардани Стандартхои байналхалкии хисоби молияви дар корхонахо, дар Вазорати молияи ЧТ ба инобат гирифта шудааст.

Бо роҳбарии Бобоҳоҷиев Р.Ҳ. дар кафедра барномаи Иттиҳоди Аврупо «Темпус-4» SWAN  «Тартиб додани барномаҳои таълимӣ барои тайёр кардани магистрҳо дар соҳаи идоракунии захираҳои обии Осиёи Марказӣ»  иҷро шуд. Мувофиқи ин барнома  дар доираи тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ассистенти кафедра Вахобова Ф.З. ба такмилдихии ихтисос ба муддати  якмоҳ ба донишгоҳи Генуяи Италия фиристода шуд.

Дар давоми соли ҷорӣ барномаҳои магистрии кисмхои алоҳидаи ин барнома тайер шудаанд, барои мувофиқагардонии донишгоҳҳои партнер курси таълимӣ ва дастури методӣ оиди «Ташхиси экологии лоихахо» пешниход шудааст.

Дар мохи апрели соли 2014 аввалин курсхои кутохмуддат бо рохбарии Aga Khan Foundation of Afganistan  ва ДТТ барои мутахассисони сохахои гуногуни Афгонистон дар барномаи Иктисодиет, ташкили кор ва идоракунии сохтмон тахти рохбарии Бобохочиев Р.Х. ва Сафарова О.О. гузаронида шуд. Барои иштирокчиён  муаллимони кафедра  Рахматчонов Г, Орифова Ш, Асоев К, Шарипов Т дарси  тахассуси гузарониданд. Хамаи  шунавандагон  сохиби  сертификати  такмили ихтисос шудаанд.Рохбарияти донишгох ба ин икдом  бахои баланд гузошта дар оянда барои  гузаронидани ин намуди  курсхои кутохмуддат  пешниходот намуданд.

Дар кафедра Чамъияти илмии донишчуён амал мекунад, ки  аъзоёни он аз хисоби донишчуёни курсхои 1-5 шуъбаи рузонаи ихтисосхои  кафедра “Иктисодиёт ва ташкили сохтмон”, “Идоракунии макомоти давлати” ва “Ташхис ва идоракунии амволи гайриманкул” фаъолият мекунад. Донишчуен оиди проблемахои сохаи сохтмон, идоракунии макомоти махалли ва давлати, ташхису идоракунии амволи гайриманкул  корхои илми-тадкикоти мегузаронанд. Аз натичаи корхояшон дар дарсхои амали, семинархои донишчуен ва дар конфронси илми-амалии донишчуен маълумот медиханд. Донишчуени курсхои болои, ки ба чамъияти илмии донишчуен шомил хастанд, натичаи корхои илми-тадкикотиашонро  дар лоихахои дипломиашон истифода мебаранд.

Дар  назди  кафедра аз  соли  2004 клуби  экологии  “Юнона”  амал  мекунад,  ки  аъзоёнаш  донишҷуён  ва  устодони  кафедра  дар тоза  кардани  сохилу  дарёҳо  ва  нигоҳдори  муҳити  зист,  омӯхтани  табиати  нотакрорамон  саҳмгузоранд.  Клуби  экологии  «Юнона»  зиёда  аз  600  нафар аъзо  дорад.

Хатмкунандагон ва устодони кафедра дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ ва иқтисодиёт кор ва фаъолият мекунанд, аз ҷумла:

  1. Исмонов Фатҳиддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Шоимов Ҷамшед Шодиевич – муовини вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Раҳимова Санавбар Ҳусейновна – н.и.и., дотсент, мудири шӯъбаи оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанги ММ  МО  ҶТ
  4. Раҳимов Суҳроб Раҷабович — муовини Раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”;
  5. Сиемардов Сайдамир – Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
  6. Амонова Дилбар Субҳоновна – д.и.и., мудири кафедра  дар Донишгоҳи Русӣ-Славянии Тоҷикистон;
  7. Сайфиддинов Бурҳониддин – дотсенти Донишгоҳи давлатии касбӣ-педагогии Россия,  шаҳри Екатеринбург

Барои фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва ҷамъиятӣ устодони кафедра ба мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шуда, миннатдории  маъмурияти донишгоҳ ва созмонҳои ҷамъиятӣ соҳиб гаштаанд:

  1. Раҳматҷонов Ғ. – сохтмончии фахрии Точикистон
  2. Раҷабов У.Қ. — сохтмончии фахрии Точикистон
  3. Асоев К. – аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии Вазорати сохтмони деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Грамотаи Фахрии Шӯрои Олии  Тоҷикистон
  4. Ҳасанов М.М. — аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» («Слава»), Ифтихорномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ.
  5. Алямова З.А. — аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1 ноябри соли 2014 кафедра 40-солагии ташаккулёбӣ ва 70-солагии якумин мудири кафедра Тешаев Аҳад Тешаевичро ҷашн гирифт. Бахшида ба ин санаи муборак конференсияи  ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣии “Маҷмӯи сармоягузорию сохтмонии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ: аз масоил ба ҳалли онҳо” ташкил ва гузаронида шуд. Дар ташкил ва кори конфронс  устодон ва донишҷӯёни кафедра, хаткардагони ихтисос, раесати донишгоҳ, коргарони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Таърихи беш аз чилсолаи  кафедра     низоми тайер намудани мутахассисонро бо дарназардошти афзуншавии ҳама   талаботҳои соҳаи сохтмон дар шароити рушди мунтазами равандҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташаккул додааст.