Кафедраи «ИНШООТХОИ ЗЕРИЗАМИНӢ, АСОСҲО ВА ТАҲКУРСИҲО»

Кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ, асос ва таҳкурсиҳо» яке аз кафедраҳои тахассусии факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» ба ҳисоб рафта, он мувофиқи стандартҳои давлатии таълимии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳандисонї раванди кўҳкориро бо ихтисоси 1-700201-06-«Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо» тайёр менамояд. Кафедраи «ИЗ, АваТ» раванди таълимиро дар факултаҳои «Сохтмон ва меъморӣ» ва «Менеҷмент ва коммуникатсионӣ нақлиётӣ» ба дувоздаҳ ихтисос  (700201-06-сохтмони шахтаҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ; 700201-Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ; 700201-05-Лоиҳакашии бино ва иншоотҳо; 700101- Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ; 700402-01- Системаи таъмини газу-гармӣ ва ҳавотозакунӣ; 700403-01- Системаҳои таъмини об ва обпартовҳо; 700403-04- Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ; 560202-Геодезия ва харитасозӣ; 700202-Ташхис ва идораи амволи ғайриманкул; 1-700301-01-Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо; 1-700302-04-Купрукҳо ва гузаргоҳҳои зерезамини нақлиётї; 370205-Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо ) дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона ва инчунин бо фанҳои зерин таъмин  менамояд:

Дар кафедра аз фанҳои зерин дарс хонда мешавад: Геологияи умуми, Гидрогеология ва геологияи мухандисӣ, Хокшиносӣ ва механикаи заминҳо, Асос ва тахкурсиҳо, Асос ва таҳкурсиҳои иншоотҳои наклиёти, Асос ва таҳкурсиҳои иншоотҳои биноҳои кӯҳи-техникӣ, Курси махсуси асос ва таҳкурсиҳо дар хокҳои фурураванда, Курси махсуси асос ва таҳкурсиҳои биноҳои таҷдидшаванда ва деформатсияшуда, Механикаи ҷинсҳои кӯҳи ва фишори куҳи, Асосҳои корҳои куҳи, Геодинамика, Геомеханика, Сохтмони шахтаҳо ва иншоотҳои зеризаминӣ, Технология ва бехатарии корҳои таркониш, Курси махсуси усулҳои махсуси сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ.

Дар назди кафедра утоқҳо ва озмоишгоҳи зерин фаъолият мекунанд; Кабинети «Геологияи мухандисӣ», Кабинети «Лоиҳакашии иншоотҳои зеризаминӣ, асос ва тахкурсихо», Озмоишгоҳи «хокшиноси, механикаи заминҳо ва ҷинсҳои кӯҳи». Ташкилёби ва инкишофи кафедра бевосита бо таърихи ташкилёбию инкишофи донишгоҳ ва тайёр намудани кадрҳои муҳандиси-сохтмони барои ҷумҳури пайваста буда, ташаккул ёфтааст.

Таърихи ташкилёби ва инкишофи кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ, асос ва тахкурсиҳо» аз соли 1973 сарчашма гирифта онро шартан ба 3 марҳила ҷудо кардан мумкин аст:  марҳилаи 1-ум кафедра ба номи «Геодезияи муҳандиси ва механикаи заминҳо» (солҳои 1973-1984): марҳилаи 2-юм кафедра бо номи «Конструксияҳои оҳанубетонӣ, асос ва таҳкурсиҳо» (солҳои 1984-1996): марҳилаи 3-юм кафедра бо номи «Иншоотҳои зеризаминӣ, асос ва тахкурсиҳо» (аз соли 1996 то ҳол).

Қайд кардан лозим аст, ки Ҷумхурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги боигариҳои табии, аз он ҷумла конхои канданиҳои фоиданоки гуногун, сангҳои қимматбаҳо, масолеҳи сохтмони ва захираҳои энергетикии оби мебошад. Коркард ва ба даст овардани ин боигариҳо яке аз масъалаҳои асоси ба хисоб рафта, ҳалли он боиси баланд шудани сатҳи иқтисодии Ҷумҳури ва зиндагонии халк мегардад. Дар айни замон мутахассисони пуртаҷриба ва кордида асосан аз хориҷи кишвар ба кор даъват шуда ва ё берун аз марзи он тайёр карда мешуданд.

Бо назардошти аҳамияти калони иқтисоди доштани масъалаи дар боло зикршуда Ҳукумати Ҷумҳури қарор қабул намуд, ки мутахассисони соҳаи сохтмони  иншоотҳои зеризаминӣ дар мактабҳои олии худи Ҷумҳуриамон тайёр карда шаванд. Бинобар ин соли 1996 дар назди Донишгоҳи Техникии Тоҷикистн ба номи акад. М.С.Осимӣ кафедраи «Иншоотҳои зеризаминӣ, асос ва тахкурсиҳо» таъсис ёфт. Объектҳои фаъолияти касбии мухандисони сохтмони кӯҳи инхоянд: конҳои ангишт ва маъданхои гуногун, корхонаҳои истеҳсоли калий, нақбҳои наклиётию гидротехники, неругоҳҳои зеризаминии обию-барқи ва атоми, метрополитенхо, иншоотҳои зеризаминии шаҳри ва иншоотҳои зеризаминии гуногуни дигар.

Мухандиси сохтмони кӯҳи намудҳои зерини фаъолияти касбиро иҷро карда метавонад: корҳои лоиҳасози (конструктори ва технологи); корҳои ташкилию рохбари; корҳои истеҳсолию — технологи; корҳои илмию тадқиқоти. Қайд кардан лозим аст, стандартҳои давлатии таълимии мактабҳои олии касбии ҷумҳуриямон дар асоси стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбии федератсияи Россия тартиб дода шудаанд.

Дар ташаккули кафедраи  «ИЗ, А ва Т» мудирони зерин — доктори илмҳои техникӣ Тоҳиров Инъом Гафурович, номзадҳои илмҳои техникӣ, дотсентон Кулчитский Георгий Балеславович, Исхоков Ёқуб Шоломович, Усмонов Акбар Усмонович, Рузиев Аҳмадчон Рузиевич, Усмонов Рустам Олимҷонович ва бисёр омӯзгорони дигари кафедра саҳм гузоштаанд. Бо ташаббуси кафедра шартномаи ҳамкории дутарафа байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии кӯҳии ш.Москва (МГГУ) баста шуд , ки мувофиқи он кафедра соли 1997 ҷузъи пурраи меъёрҳои нормативи –ҳуқуқи ва таълимию методиро барои ихтисоси 700201-06 дастрас кард. Соли 1999 ба кафедра Литсензияи кумитаи давлатии назорат оиди бехатар бурдани корҳо дар саноат ва назорати кӯҳии (Госгортехнадзор) назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.

Кафедра дорои мутахассисони баландихтисоси илмї-педагогї мебошад. Дар доираи корхои илми-тадқиқотии худ кафедра бо равияи «Тадқиқоти усулҳои самараноки тайёр кардани асос ва тахкурсиҳо дар сафедхокҳои фурураванда, дар хокҳои сероби камқувват ва шароитҳои мушкили адирҳо бо назардошти таъсири қувваҳои зилзилаи минтақа» солҳои дароз фаъолият мебарад. Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии олимони кафедра дар симпозиум ва конфронсҳои байналмиллали, минтақави ва ҷумҳурияви арзёби шуда, дар маҷаллаҳо ва нашриётҳои гуногун чоп карда мешаванд, инчунин хангоми тайёр кардани ҳуҷҷатҳои нормативи-техники, дар раванди таълими, тайёр намудани дастурамалҳои методи ва ғайра истифода бурда мешаванд.

Айни замон, коллективи кафедра дар корхои амалии лоиҳасози оиди тайёр намудани асос ва таҳкурсиҳои биною иншоотҳо дар системахои Кумитаи Давлатии сохтмон ва меъморӣ, Вазорати сохтмони роҳҳои нақлиёт ва дигар корхонаҳои ҷумҳуриявї иштирок мекунанд. Донишҷуёни ихтисоси 700201-06 –«Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо» таҷрибаомӯзии худро дар сохтмонҳои бузурги кишварамон, ба монанди нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Шар-Шар», нақби гидротехникии Данғара, неругоҳҳои барқии Норак, Роғун, Сангтуда ва ғайра мегузаронанд. Барои хизматхои бисёрсола ва самаранок дар системаи маорифи ҷумҳури мудири кафедра дотсент Ҳасанов Н.М. бо унвони «Ифтихорномаи маориф ва илмӣ Тоҷикистон», дотсентони кафедра Рузиев А.Р. Сулаймонова М.А. ва Усмонов Р.О. ва муаллими калони кафедра Боев Б.У. бо унвони фахрии «Аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Аъзоёни кафедра доимо дар ҳаёти ҷамъияти ва ҳамаи чорабиниҳое, ки аз тарафи факултаи донишгоҳ ва Ҳукумати ш. Душанбе ташкил ва гузаронида мешаванд фаъолона иштирок намуда, баҳри такмил додани раванди таълими пешниходҳои муфид барраси мекунанд. Умуман коллективи кафедра- ин коллективи муттаҳид, бовиҷдон ва ба кори худ содиқ буда, ҳамаи таҷрибаи зиндаги ва дониши худро баҳри рушду нумуи тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси сохаи сохтмони Ҷумҳурии азизамон равона кардаанд.