Кафедра (номи аввалааш «Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ») яке аз аввалин кафедраҳои Донишгоҳи техникӣ мебошад, ки моҳи декабри соли 1956 ташкил шудааст. Аввалин мудири кафедра Локтаев Александр Иванович таъин гардида буд. Аз январи соли 1957 то июни соли1958 Локтаев А. И. вазифаи декани факултети сохтмонро низ ба ӯҳда дошт.

Яке аз устодони аввалини кафедра Маҳмудов Ҷ.С. мебошад, ки соли 1965 баъд аз хатми аспирантура ба Москва рафт. Дар аввали солҳои шастум ба кафедра Кабалоева М., Бугаенко М.Г., Севбо Л.А., Сангинова С.Н.,Ҷӯраев Т.Қ., Ҳамралиева С.М., Ваҳобов М. ба кор омаданд. Ҷӯраев Т.Қ., соли 1968 факултети такмили ихтисоси омӯзгоронро (Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Бауман) хатм намуд ва дар охири ҳамон сол ба аспирантураи Институти авиатсияи шаҳри Москва (кафедраи «Геометрияи амалӣ») дохил гардид.

Соли 1972 Савченко И.Л. ба вазифаи мудири кафедра таъин гардид. Ба корҳои таълимию методӣ, таъмини мунтазами базаи моддию техникии кафедра ба роҳ монда шуд. Кафедра ба як қатор макету моделҳо, лавҳаҳои таълимӣ, ҷӯзъҳои мошину механизмҳо ва шаклҳои геометрӣ ғанӣ гардид, ки аз онҳо ӯстодон ва донишҷӯён васеъ истифода мебаранд.

Якчанд дастуру воситаҳои таълимӣ, аз ҷумла барои ғоибхонон (Савченко И. Л.), «Луғати русӣ-тоҷикии геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ» (Ҷӯраев Т.Қ.,) дафтари корӣ аз геометрияи тасвирӣ (Савченко И.Л.), китоби дарсӣ «Геометрияи тасвирӣ» (Ҷӯраев Т.Қ.), дастури методӣ доир ба тартиб додани ангораи ҷузъҳои техникӣ (Ҳамралиева С.М.) ва ғ. чоп карда шуданд.

Соли 1975 Вахобов М. ва дертар устодони кафедра Ҷалолов А.Ф., Ҷӯраев Т.Қ., Раҷабов Н., Носиров М., рисолаҳои номзадиро дифоъ намуданд. Солҳои 1970 чанд нафар хатмкунандагони собиқи Донишгоҳ Горская Л. В., Кароматуллоева З. К., Медведева С. И., Саидова Х. А., Темурова Н. А. ва хатмкунандагони ҷавон Виданов В. И. ва Наврузов Б. Ю. ба сафи омӯзгорони кафедра ҳамроҳ шуданд. Моҳи августи соли 1975 Ҷӯраев Т.Қ. мудири кафедра таъин гардид. Ба таҳкими базаи моддию техникии кафедра аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Макету моделҳои нав, плакатҳои стандартӣ аз нақша, диапроектор, филмҳои таълимӣ, киноаппарат ва ғ. гирифта шуданд. Як қатор омӯзгорони кафедра факултетҳои такмили ихтисосро хатм намуданд, масалан, Медведева С.И. (Институти политехникии Омск), Наврӯзов Б.Ю. (Институти политехники Киев), Нуриддинова М. (Институти давлатии техникии Москва ба номи Н. Бауман), Виданов В.И. (Институти муҳандисӣ – сохтмонии Санкт-Петербург), Горская Л.В. (Институти меъмории Москва), Ниёзов З.С. (Донишгоҳи пулод ва хӯллаи Москва) ва дигарон.3 омӯзгор аз ҷумла як нафар аз Афғонистон дар кафедра таҷрибаомӯзӣ намуданд.

Омӯзгорони кафедра зиёда аз 30 дастур, нишондодҳо барои иҷрои вазифаҳо, васоити таълим ва китобҳои дарсӣ таълиф намуданд. Муҳимтарини онҳо «Тени. Перспектива. Проекции  с числовыми отметками» (1979, Горская Л.В.), «Трубные соединения» (1980, Кароматуллоева З.К.), «Строительные конструкции» (1982, Ҷалолов А.Ф., Финкельштейн Л.Т.), «Начертательная геометрия. Программированное пособие» (1983, Нуриддинова М.М.), «Архитектурно-строительные конструкции» (1990, Наврузов Б.Ю.), «Сохтани дурнамои роҳи автомобилгард бо тарзи шабака (1991, Горская Л.В., Наврузов Б.Ю.) мебошанд. «Дастури методӣ аз геометрияи тасвирӣ» (Ҷӯраев Т.Қ. ва диг.), «Геометрияи тасвирӣ» (нашри 2, Ҷӯраев Т.Қ.) «Нақша» (китоби дарсӣ барои синфҳои 8-9), «Луғати тафсирии меъморӣ» Ҷӯраев Т.Қ. ва диг.) «Разъемные и неразъемные соединения» (2010, Гадоев С.А. ва диг.), «Методическое указания по инженерной графике для студентов технических вузов (2010, Ниёзов З.С., Шарипов Ҳ.Э.), «Дастури методӣ аз нақшакашӣ» (2010, Ниёзов З.С., Гадоев С.А., Қурбонов Б.М.), «Корҳои графикӣ» дастурамал аз геометрияи тасвирӣ (2011, Ҷӯраев Т.Қ., Назиров Я.Г., Ниёзов З.С., Қурбонов Б.М.), «Схемы электрические» (2011, Гадоев С.А., Зарипов А.Х., Қурбонов Б.М.) «Методическое указания и контрольные задания для студентов-заочников» (2010, Кароматуллоева З.К., Саидмӯродова М.Д., Қурбонов Б.М.), «Дафтари корӣ аз фанни геометрияи тасвирӣ» (2011, Саидмӯродова М.Д., Кароматуллоева З.К., Абдураҳмонова Г.А. Қурбонов Б.М.), аз чоп баромаданд.

Омӯзгорони кафедра барои Энсиклопедияҳои миллӣ («Энсиклопедияи советии тоҷик» «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Душанбе») қариб 100 мақола таълиф намуданд, ки қисми он дар таълими донишҷӯён (Аксонометрия, Нақша, Перспектива, Проексия, Сатҳ, Таносуб, Теорема, Тарҳрезӣ, Ҳошия, Геометрияи проективӣ, Геометрияи тасвирӣ ва ғ.). истифода мешаванд. Ҷӯраев Т.Қ. аъзои ҳайати таҳрифияи 2 ҷилди Энциклопедия ва адабиёти тоҷик мебошад.

Барои кори пурсамари худ дар ин соҳа Ҷӯраев Т.Қ. бо Ифтихорномаи Фахрии АИ ҶТ сарфароз гардид. Дар маълумотномаи байналмилалии «Кто есть кто из терминологов» дар бораи Ҷӯраев Т.Қ. иттилоот оварда шудааст (1998). Омӯзгорони кафедра, Чалолов А.Ф. ва Раджабов Н. мудирони нахустини кафедраҳои мувофиқи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар 4 ихтисоси донишгоҳ 2002 сол таълими фанни «Нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ» оғоз гардид. Дастури методӣ «Истифодаи технологияҳои нав ҳангоми санҷиши донишҷӯён» ва мақолаҳо оид ба нақшакашии компютерӣ аз чоп баромаданд. Омӯзгорони кафедра барои азхуд кардани нақшакашии компютерӣ ва тадриси он дар дигар гурӯҳҳои донишгоҳ омода шудан, тайёрӣ дида истодаанд.

Соли 2010 дар мавзӯи «Истилоҳоти соҳавии техникӣ» (дар қиёс бо забонҳои русӣ, форсӣ ва дарӣ) дотсенти кафедра Ҷӯраев Т.Қ. рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Солҳои 2008-2011 Раҳмонов Қ.А. кафедраро сарварӣ намуданд.

Ҳоло дар кафедра омӯзгорон Ҷӯраев Т.Қ.,  Саидмуродова М.Д., Кароматуллоева З.К., Абдураҳмонова Г.А., Зарипов А.Х., Назиров Я.Г., Қурбонов Б.М., Самиев Т.М., Нарзуллоев З.Ф., Муминов А.К., Ниёзов Ҳ.Ҳ. ва оператор – коргузор  Аминова С.Ш. кор ва фаъолият менамоянд.

Аз соли 2013 то ин ҷониб вазифаи мудири кафедраро н.и.т., дотсент Алиев Ҷ.Н. ба ӯҳда дорад.