Боқиев Боқи Раҳимович

мудири кафедра, дотсент

+(992)-

Дар кафедра се доктори илм, шаш номзадҳои илм кор ва фаъолият менамоянд. Ҳамаи устодони кафедра бо корҳои илми тадқиқотӣ машғул мебошанд. Дар кафедра ду мавзуи буҷетӣ иҷро карда мешавад.

Кафедра аз рӯи ихтисоси

  1. 700201 – “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”

Муҳандис-сохтмончиёни сатҳи гуногун: бакалавр, мутахассис ва магистр тайёр менамояд. Докторантони PhD  ва аспирантон низ дар зери роҳбарии олимони кафедра дар ҷодаи илм пурсамар кору эъҷод мекунанд. Ихтисоси номбурда дар Донишгоҳ аз ихтисосҳои озмунитарин ва аз ҳама сершумор буда, яке аз ихтисосҳои муҳимтарин ва гуногунҷабҳаи хоҷагии халқ аст ва сохтмони биноҳо ва иншоотҳо вазифаи касбии хатмкардагони ҳамин ихтисос мебошад. Ин, албатта, боиси фахр аст, вале, дар зерманзари он, масъулияти хеле баланд  ҷойгир шудааст.