loiq

Қасобов Лоиқ Сафарович

декани факултет, дотсент, номзади илмҳои техникӣ

+(992)-37-227-47 91, +(992)-985-66-87-78

Вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати мамлакат дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт ҳоло факултет мутахассисонро (бакалавр, магистр) дар 7 кафедра:

  1. Кафедраи «Электротаъминкунӣ»
  2. Кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунони-дашудаи электрӣ ва мошинҳои электрӣ»
  3. Кафедраи «Нерӯгоҳҳои электрикӣ»
  4. Кафедраи «Асосҳои назариявии радио ва электротехника»
  5. Кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ»
  6. Кафедраи «Физика»
  7. Кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар истеҳсолот»

аз рӯи 14 ихтисос тайёр менамояд:

  1. 1-27010110 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)
  2. 1-27010112 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа)
  3. 1-390101 – Радиотехника
  4. 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ
  5. 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ
  6. 1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо)
  7. 1-430103-01 – Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ
  8. 1-430103-02 – Электротаъминкунии шаҳрҳо
  9. 1-430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ
  10. 1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ
  11. 1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия
  12. 1-530104-03 – Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ
  13. 1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои  барқӣ
  14. 1-53010501 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ

Дар айни ҳол дар факултет зиёда аз 1300 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 82 нафар магистрон ва зиёда аз 350 нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ таҳсил доранд. Раванди таълим аз тарафи 76 нафар устодон, аз он ҷумла 1 доктор ва 33 номзадони илм таъмин карда мешавад.

Соли 2015 “Барномаи таълимии тайёр намудани магистрҳо” аз рӯи ихтисоси 1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ, аз аккредитатсияи касбӣ — ҷамъиятии Ассотсиатсияи маълумоти муҳандисии Федератсияи Россия гузашта, соҳиби сертификати аккредитатсияи байналмиллалӣ ва нишони сифати EUR-ACE гардид, ки аз тарафи 14 давлати Аврупо ба монанди Олмон, Итолиё, Британияи кабир, Фаронса, Испания, Белгия ва якчанд давлатҳои дигар ин барнома эътироф гардидааст. Барномаи аккредитатсияшуда, ба рӯйхати (феҳрасти) умумиаврупоии барномаҳои аккредитатсияшудаи муҳандисии шабакаи Аврупоӣ дар соҳаи таълимоти муҳандисии ENAEE дохил шудааст. Аккредитатсияи байналмилалии Барномаҳои таълимӣ ба баҳодиҳии бевобастаи сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисон, таъмини ҷойи кор ба хатмкунандагон ва мустаҳкамкунии мавқеи худ дар хизматрасонии таълимро ба факултети энергетикӣ ва дар умум ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ имконият медиҳад. Дар якҷоягӣ бо Ассосиатсияи муҳандисии таълимии Россия, ки муассиси ENAEE буда, дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳайати коршиносон – аудиторҳои сатҳи байналмилалӣ дар аккредидатсияи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи техника ва технология ташкил карда шудааст, ки қисми зиёди он намояндагони факултети Энергетикӣ мебошанд.

Озмоишгоҳҳои илмӣ – таълимии кафедраҳои факултет бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд. Дар факултет корҳо дар самти такмили касбии мутахассисон бо истифодабарии технологияҳои маълумотии коммуникатсионӣ дар таълим татбиқ шуда, нашри нави воситаҳои таълимӣ – методӣ ва азнавкунии базаи озмоишгоҳҳои кафедра иҷро шуда истодаст.