9x12

Исмоилов Фирдавс Олимшоевич

и.в. мудири кафедра,номзади илмҳои техникӣ

+(992)-93-588-86-60

Кафедраи “Электротаъминкунӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ маркази асосии омодакунии мутахассисони соҳаи “Энергетика”, аз ихтисосҳои

  • Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ
  • Электротаъминкунии шаҳрҳо
  • Низом ва шабакаҳои электроэнергетикӣ
  • Ҳимояи релеи ва автоматикаи шабакаҳои электроэнергетикӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло дар кафедра омодасозии мутахассисон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар шӯъбаҳои рўзона,фосилавӣ, ғоибона, таҳсилоти дуюми олии касбӣ аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  1. 1-430103-01 – “Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ;
  2. 1-430103-02 – Электротаъминкунии шаҳрҳо;
  3. 1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ;
  4. 1-530104-03 – Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ.

Тибқи ихтисосҳои номбурда мутахассисоне тайёр карда мешаванд, ки дар ҳама намуди иншооти энергетикӣ ва саноатӣ, аз он ҷумла дар неругоҳҳои электрикӣ, зеристгоҳҳои трансформаторӣ, корхонаҳои саноатӣ, системаҳои электротаъминкунии шаҳро, системаҳо ва шабакаҳои электрикӣ, шабакаҳои мобилӣ, нақлиёти электрикӣ, автоматикунонии ҳамаи элементҳои системаи электрикӣ, хадамотҳои назорати Давлатӣ фаъолияти пурсамар намуда, онҳоро пурра идора карда метавонанд.

Донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисосҳои дар болоқайдшуда кафедраи “Электротаъминкунӣ”-ро хатм менамоянд, ба сифати мутахассисони зерин кор карда метавонанд:

  • Муҳандис;
  • Муҳандиси-энергетик;
  • Муҳандиси Шабакаҳои барқӣ;
  • Сарэнергетики корхонаҳои саноатӣ;
  • Сардори Шабакаҳои барқӣ;
  • Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика;
  • Омӯзгори фанҳои тахассусии коллеҷҳо ва муассисаҳои касбӣ-техникӣ.

Мутахассисоне, ки аз рӯи ихтисосҳои дар болоқайдшуда кафедраи “Электротаъминкунӣ”-ро хатм менамоянд, ба ҷойҳои зерин кору фаъолият карда метавонанд:

  • Тамоми корхонаҳои саноатӣ;
  • Ҳамаи зерсохторҳои ШСХК “Барқи тоҷик”;
  • Неругоҳҳои электрикӣ;
  • Шабакаҳои мобилӣ;
  • Корхонаҳои соҳаи таъмир, хизматрасонӣ ва истифодабарии таҷҳизотҳои энергетикӣ;
  • Пажуҳигоҳҳои лоиҳакашӣ;
  • Мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои хусусӣ;

Давом додани таҳсил дар магистратура.