Дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон тайёр намудани муҳандисон аз рӯи ихтисоси «Электрикунонии корхонаҳо ва дастгоҳҳо» -0303 аз рӯзи кушодашавии он, яъне соли 1956 оғоз ёфта буд. Ихтисоси номбурда ду ихтисоси имрӯзаи дар Донишгоҳ мавҷудбударо дар бар мегирифт. Инҳо ихтисосҳон зерин: — «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» (шифри ихтисос 0303) ва «Ҳаракатдиҳандаҳои элетрикӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳои саноатӣ» (шифри ихтисос 1804) мебошанд.

Тараққиёти электроэнергетика ва саноат талаботро нисбати автоматикунонии ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ дар комплексҳои технологӣ ва дастгоҳҳо боиси зарурияти ташкил кардани ихтисосҳои алоҳида бо номҳои «Ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматикунонии дастгоҳҳо ва комплексҳои саноатӣ» (шифри ихтисос 0628) ва инчунин — «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» (шифри ихтисос 0303) ба миён овард. Соли 1961 бо хулосаи органҳои директивӣ расман ҳар дуи ин ихтисос ба эътибор гирифта шуданд. Хатми мухандис-электрик аз рӯи ихтисоси «Электриконии корхонаҳо ва  дастгоҳҳо дар ДПТ то соли 1964 давом ёфт. Аз соли 1964 бошад тайёр намудани мутахасисон аз рӯи ихтисоси 0303-«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шахрҳо ва хоҷагии қишлоқ» дар базаи кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, шабака ва системаҳо» шурӯъ гардид. Дар соли 1969 якумин ёздаҳ нафар хатмкунандагони ихтисоси 0303 -«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии қишлоқ» соҳиби диплом гардиданд.

Инчунин қайд кардан лозим аст, ки то соли 1968 дар кафедра муаллимон аз рӯи ихтисоси 0303- «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шахрҳо ва хоҷагии кишлоқ» мавҷуд набуданд. Соли 1968 дар кафедра якумин муҳандис бо ин равия хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Москва Х.М.Усмонов, ки рисолаи номзадиашро дар Донишкадаи кӯҳии ш. Москва ҳимоя намудааст ба кор қабул карда мешавад. Аз соли 1970 ӯ роҳбарии кафедраи «Нерӯгоҳҳои электрикӣ, шабака ва системаҳо»-ро ба зима дошт. Худи ҳамин сол аз техникуми индустриалӣ ба кафедра М.Я.Хакел  барои  кор ба  кафедра даъват карда шуд. Баъдан ҳайати омӯзгорони кафедра аз рӯи ихтисоси «Электротаъминкунӣ» аз ҳисоби ҳатмкардагон ДПТ Додхудоев М.Д. (соли 1972) ва Саидов У.Л.(соли 1976) таъмин карда шуд.

Баъди пурра гардидани таъминоти кафедра бо ихтисосмандони «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии кишлоқ» барои баланд бардоштани сифати таҳсил аз рӯи ихтисоси номбурда фаъолияти кор нисбати тартиб додани дастурҳои таълимию-методӣ, тайёр намудани стендҳои озмоишӣ барои ихтисоси «Электротаъминкунй» пурзур гардонида шуд. Соли 1973 аввалин маротиба баъзе корҳои озмоишӣ аз фанни «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» тайёр карда шуда аз рӯи онҳо корҳои озмоишӣ аз соли 1974 гузаронида мешуданд. Соли 1974 аз тарафи н.и.т., дотсент Усмонов Х.М. бо ҳаммуаллифии профессори Донишкадаи энергетикии ш. Москва Федоров А. А. дастури методӣ оид ба иҷрои лоиҳа ва корҳои дипломӣ омода шуда буд. Дар соли 1975 Усмонов Х.М. бо ҳаммуаллифии Додхудоев М.Д. як коркарди методӣ аз фанни «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» нашр намудаанд. Соли 1981 «Барномаи таҷрибаомузии пешаздипломӣ барои доншиҷӯёни ихтисоси 0303» (Тартибдиҳандагон: Додхудоев М.Д., Горбачев Г., Хакел М.Я.), соли 1984, 1985 Нишондодҳои методӣ барои иҷроиши лоиҳаҳои курсӣ, аз фанни «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ»: қисми 1. «Электротаъминкунии дохилии корхона» ва қисми 2. «Электротаъминкунии дохили сех», (тартибдиҳанда Додхудоев М.Д.), соли 1990 коркарди методӣ барои корҳои озмоишӣ аз фанни «Дастгоҳҳои электротехнологии саноатӣ» (Муаллиф Додхудоев М.Д.), соли 1993 «Дастури методӣ барои ҳисоб ва сохти иҷроиши заминпайванд ва сифрваслак дар дастгоҳҳои то 1000-и корхонаҳои саноатӣ» нашр карда шудаанд.

Аз соли 1973 cap карда муаллимони кафедра марҳила ба марҳила аз рӯи нақша ба бозомӯзиҳои илмӣ ва баъдан ба аспирантура ба Донишгоҳҳои Москва сафарбар карда мешуданд. Дар ин марҳила ба кафедра ба ҳайси омӯзгорон хатмкардагони ҷавони ихтисоси «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии кишлоқ» -Котов И. А., Балаев М. А., Сулаймонов К. М., Файзиев Ш.Р., Наҷмидинов Ш.М. барои кор кардан дар кафедра мононида шуданд. Аз инҳо ассистент Котов И.А. барои хондан дар аспирантура ба Донишкадаи политехникии Киев фиристонида шуд.

Соли 1990 аз сабаби хеле зиёд будани донишҷӯёни ихтисоси «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» нисбати донишҷӯёни ихтисоси  «Неругоҳҳои электрикӣ» ва тамоман барҳам хурдани ихтисоси «Системаҳо ва шабакаҳои электрикӣ» номи кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, системаҳо ва шабакаҳои электрикӣ» ба номи «Неругоҳҳои электрикӣ ва электротаъминкунӣ» иваз карда шуд.

Дар муддати мавҷуд будани кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, шабакаҳо ва системаҳо» ва инчунин «Неругоҳҳои электрикӣ ва электротаъминкунӣ» мудирони кафедра инҳо буданд: н.и.т., дотсент Щежин В.Т. (1958-1968), н.и.т., дотсент Усмонов X.М. (1968-1985). и.и.т., дотсент Мадусмонов A.M. (1986-1991), ва н.и.т., дотсент.  Яхёев Р. М. (1991 -1994)

Соли 1994 кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ ва электротаъминкунӣ ба ду кафедра:- кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ» барои тайёр кардани мутахассисони ихтисосҳои 0301 -«Неругоҳҳои электрикӣ» ва 0305-«Манбаъҳои барқароршаванда ва ғайри анъанавӣ» ва кафедраи  «Электротаъминкуни»  барои тайёр кардани ихтисоси 0303 «Электротаъминкунии  корхонаҳои саноатӣ,  шахрҳо ва хоҷагии кишлоқ» ҷудо карда шуд (Фармони Ректор №22-3/2 аз 2-юми марти соли 1994). Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Электротаъминкунӣ» н.и.т., дотсент Додхудоев М.Д.  таъин карда шуд. Моҳи июни соли 1994 н.и.т., дотсент Додхудоев М.Д. аз рӯи озмӯн ба вазифаи мудири кафедраи номбурдашуда интихоб гардид ва то моҳи ноябри соли 2012 ин вазифаро ба душ дошт. Аз моҳи ноябри соли 2012 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ва аз моҳи июни соли 2013 ҳамчун мудири кафедра аз рӯи озмӯн н.и.т., и.в. дотсент М.А.Балаев интихоб гардид.

Кафедраи «Электротаъминкунӣ» ин аввалин кафедраи тахассусӣ аз руи шифри ҳозираи ихтисоси 430103-«Элсктротаъминкунӣ» ва шифрҳои пештара 0303, 1004 ба ҳисоб меравад. Шарҳ додан зарур аст, ки шифри ихтисос се маротиба тағйир ёфта бошад ҳам, лекин мазмуни ихтисос на он қадар тағйир ёфтааст. Аз рӯи шифри 0303 «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ, шаҳрҳо ва хоҷагии кишлоқ» як ихтисос ба ҳисоб мерафт. Баъди пайдоиши шифри 1004 ихтисос номи «Электротаъминкунӣ»-ро гирифт. Аз рӯи ин ихтисос 6 зерихтисос, яъне: 430103-01-«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ»; 430103-02-«Электротаъминкунии шахрҳо», 430103-03- «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатии мудофиавӣ»; 430103-04- «Электротаъминкуний корхонаҳои саноатии кухӣ»; 430103-05 -«Электротаъминкунии корхонаҳои саноатии нефту газ»; 430103-06 «Электротаъминкунии нақлиёт» ва 430103-07 -«Электротаъминкунии хоҷагии қишлок». Дар айни замон кафедра аз руи ду зерихтисос: «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ» ва «Электротаъминкунии шаҳрҳо» мутахассисонро тайёр карда истодааст.

Аз рӯи тақсимоти омӯзгорон ба кафедраи «Электротаъминкунӣ» шахсони зерин гузаштанд: н.и.т. дотсент Хакел М. Я.; н.и.т., дотсент Содиқов Д.C.; муаллими калон Ачилова Ф.Х.; ассистентон Балаев М. А. ва Маҷидов Г.Х. Соли 1995 муаллимаи калон Ачилова Ф.Х. ба нафақа баромад. Дотсентон Хакел М.Я. ва Содиков Б.С. барои зиндагии доимӣ ба Федератсияи Руссия рафтанд. Ба ҷои ин омӯзгорон кафедра маҷбур буд, ки дар як муддати вақт хамкорҳоро аз истеҳсолот барои гузаронидани дарсҳо даъват намоянд. Штати кафедра аз ҳисоби хатмкунандагон пурра карда шуд. Ҳамин тавр дар кафедра дар солҳои гуногун аз хатмкунандагони бехтарини кафедра инҳо кор мекарданд: Бутаев А. А., Шораҳимов Х.Б. Мирбоқиев Ф.Г., Воҳидов З.Р., Камолов К.Т., Имомдодов М.С, Хоҷаев А.Б., Балаев М., Мираков Н.С. ва дигарҳо. Бо сабабҳои оилавӣ ва иқтисодӣ ин омӯзгорон кафедраро тарк намуданд. То қайд кардани 50-солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар кафедра 10-нафар омӯзгор бо ҳамкорон кор мекарданд. Омузгороне, ки ҳамчун мутахассиси ҷавон дар кафедра мононда шуда буданд Маҳмудов Л.X., Балаев Марҳамат ва Мираков Н.С. буданд. Ба ғайр аз инҳо дар кафедра хамчун омӯзгорони доимӣ н.и.х. Сафаров A.F. ва муҳандиси ботаҷрибаи калони истехсолӣ Шогунбеков Б. ба кор кабул карда шуданд. Ҳамчун ҳамкор ба кафедра Чоршанбиев О. — сардори хадамоти танзими ШСХК «Барқи Тоҷик», Келдиёрова М.X. — сардори хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ҷалб карда шуда буданд, ки барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми худашонро гузоштаанд. Дар айни замон дар кафедра 18-нафар омӯзгор, ки аз онҳо 1 -нафар номзади илм дотсент, 1 -нафар номзади илм иҷрокунандаи вазифаи дотсент, 3-нафар номзади илм, муаллими калон, 4-нафар муаллими калони беунвон, 4-нафар ассистент кор мекунанд. Шаш нафар омӯзгорони кафедра айни ҳол дар Донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар аспирантура таҳсил карда истодаанд. Ба ғайр аз омӯзгорон дар кафедра як нафар мудири озмоишгоҳҳо, котиба-оператор кор мекунанд.

То соли 1994 аз рӯи ихтисоси «Электротаъминкунӣ» дар кафедра 4 озмоиштоҳ «Равандҳои гузарандаи электромагнитӣ ва электромеханикӣ», «Шабакаҳо ва системаҳои электрикӣ», «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ», ва «Дастгоҳҳои электротехнологии саноатӣ» мавҷуд буданд. Барои гузаронидани корҳои озмоишӣ аз фанни «Равандҳои гузарандаи электромагнитӣ ва электромеханикӣ» ва инчунин фанни «Шабакаҳо ва системаҳои электрикӣ».

Faйри ихтисоси «Электротаъминкунӣ» (аз рӯи зерихтисосҳо), дар назди кафедр соли 2002 ихтисоси нав «Ҳимояи релеӣ ва автоматикаи дастгоҳҳои электрикӣ» (530104-03) кушода шуд. Соли 2007 аввалин хатмкунагдагон ба шумораи 5 нафар ин ихтисосро хатм намуданд. Боиси ифтихор ва ёдоварист, ки ҳамаи хатмкунандагони ҳамиисолаи ин ихтисос аз рӯзи аввали кор дар истеҳсолот худро ҳамчун мутахассисони боистеъдод, нишон дода дар озмӯни энергетикҳои давлатҳои муштаракул-манофеъ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузашта буд, ҷойи якум гнрифтанд. Ҳамзамон аз рӯи ин ихтисос ҳар сол ба ҳисоби миёна то 20 нафар хатм карда истодаанд.

Шуъбаи ғоибона барҳам дода шуд. Соли 2012 як ихтисоси дигари бонуфуз «Системаҳо ва шабакаҳои электрикӣ» (430102) дар назди кафедра кушода шуд, ки хатмкунандагони ин ихтисос барои тайёр кардани лоиҳакаши, сохтмони хатҳои интиқоли энергия, зеристгоҳҳо ва истнфодабарии шабакаҳои шиддаташон 220кВ ва зиёда аз он тайёр карда мешаванд. Айни замон аз курси як то курси се зиёда аз 70 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд.

Хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси «Электротаъминкунӣ» дар ҳамаи сохаҳои хоҷагии халки Ҷумхурии Тоҷикистон аз он ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият доранд. Ба гайр аз Ҷумҷурии Тоҷикистон хатмкунандагони кафедра, ки хамватанонамон буданд (аз он ҷумла тоҷикон)дар ҳамаи Ҷумхуриҳои муштаракул-манофеъ, ИМА, Олмон, Изроил, Англия, Шветсия ва дигар давлатҳои Европа кор ва фаъолият мекунанд. Кафедра инчунин барои давлатҳои Авғонистон, Бангладеш, Лаос, Камбуҷия ва ғайра мутахасисонро аз рӯи ихтисоси номбаршуда тайёр мекард.

Аз соли 2010 кафедра дар катори дигар кафедраҳои Донишгоҳ ба тайёр кардана бакалаври илм гузашта соли 2014, 91-нафар донишҷӯ бомуваффақият Донишгоҳро хатм намуданд.

Соли 2016 аввалин бор магистратураи кафедраро 3 нафар хамт намуданд.

Ба ғайр аз корҳои таълиму тарбия, таълими-методӣ ҳайати кафедра корҳои илмиро аз рӯи равияҳои зерин пеш бурда нстодааст:

-Тадқиқоти техникӣ ва иктисодии фоиданокии системаи энергиятаъминкунии марказонидашуда, автономӣ ва омехтаи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии истифодабарии онҳо;

-Тадқиқоти хосиятҳои электрофизикӣ ва металҳои нодири замин. Натичаҳои корҳои тадқиқотӣ ба шакли маколаҳо, маводҳои конференсияҳои байналмиллалӣ ва Ҷумхуриявӣ ба нашр расидааст ва инчунин дар конференсияҳои гуногун муҳокима карда шудаанд.

Дар асоси корҳои тадқиқотӣ чор шаҳодатномаи ихтироот гирифта шудааст. 1. Ихтнрооти №TJ 458, Неругоҳи бодӣ, с 2005 (ихтирокорон Давлатшоев Р, Додхудоев М.Д.), 2. Ихтирооти №ТЛ 303, Маҳлулҳои сахт дар асоси висмутиди гадолинии антимониди тербий ва тарзи хосил намудани онхо, с.2010 (ихтирокорон Абдулхаев В.Ч., Балаев М.А., Холов Н.Ш.), 3. Ихтирооти №ТЛ 367, Махлули сахт дар асоси висмутиди гадолиний ва антимониди иттербий, с. 2010 (ихтирокорон Абдулҳаев В.Ч., Ганиев И.Н., Балаев М.А., Холов Н.Ш.). 4. Ихтирооти №TJ 368, Маҳлули сахт дар асоси висмутиди гадолинии ва антимониди празеодим, с.2010 (ихтирокорон Абдулҳаев Б.Ч., Ганиев И.Н., Балаев М.А., Холов Н.Ш.)

Барои пешрафти корҳои таълимӣ илмӣ, таълимӣ-методӣ ва тайёр намудани омузгорони боунвон кафедраи «Электротаъминкунӣ» бо кафедраҳои «Системаҳои электроэнергетикӣ», «Манбаъҳои гайри анъанавӣ ва баркароршаваида» ва «Ҳимояи релей ва автоматика»-и Донишгохи илмӣ-тадкикотии (Донишкадаи энергетикии Москва (ДЭМ)) шаҳри Москва, кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон»-и Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (Донишгоҳи тадкиқотии милли) — и шаҳри Челябински Федератсияи Россия алоқаи бевоситаи зич дорад.

Айни замон дар кафедран «Бехатараи фаъолияти инсон»-и Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (Донишгоҳи тадқиқотии миллӣ)-и шаҳри Челябинск ду нафар омӯзгороии кафедра дар аспирантура таҳсил доранд. Инҳо Абдуллоев Р.Т., Сайдалиев Ш.С. мебошанд. Дар кафедраҳои «Ҳимояи релей ва автоматика», «Низоми электротэнергетикӣ» ва «Электротаъминкунии корхонаҳои саноатӣ»-и Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии (ДЭМ) шаҳри Москва Гиёев Б.М., Чоршанбиев С.Р. ва Сангов Х.С., дар аспирантура таҳсил карда истоданд. Ҷононаев С.Г., дар донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Новосибирск ба ҳайси аспиранти рузона таҳсил кардаистодааст.