ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ҲАРАКАТДИҲАНДАҲОИ АВТОМАТОНИИ ЭЛЕКТРИКӢ ВА МОШИНҲОИ ЭЛЕКТРИКӢ»

Кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматонии электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ» соли 1958 ташкил шудааст. Дар ташкил кафедра мутахассисони иттиҳоди шуравӣ ба монанди МЭИ, ЛЭПИ ба номи В..Улянов (Ленин), УПИ-и шахри Свердловск кумаки зиёд расониданд ва ҳамчунин олимон профессор Соколов М.М, Егоров К.В, Бреев В.И, дотсентон зевеки И.В, Обухов С.В, Бичков А.И, хизмати шоён намудаанд. Дар солҳои минбаъда барои тараққиёти кафедра саҳми профессори ЛЭТИ Башарин А.В, профессори МЭИ Терехов В.М, дотсентон Шиянский А.В, Алферов В.Г, ва дигарон назарас мебошад. Дар солҳои аввали таъсис омузгорон ва донишҷуён кафедра бо ихтирокории зиёд барои омода намудани озмоишгоҳҳо хизмат намудаанд. Дар он солҳо таҳкурсии озмоишгоҳҳои мошинаҳои электрикӣ, ва системаи идоракунии ҳаракатдиҳандахои электрикӣ ва системаи идоракунии ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ гузошта шуда буданд.

Аввалин хатми мутахассисон бо ихтисоси «Электрикони корхонаҳои саноатӣ ва дастгоҳҳои электрикӣ» дар соли 1961 ба вуқуъ пайваст. Минбаъд хатми ихтисоси номбурда то соли 1964 давом ёфт. Дар қатори хатмкунандагон нахустин устодони кафедра профессорҳо Содиқов Х.Р, Чекалин В.Г, муаллимхои калон Ляшко Л.А, ва Нурхонов К.С, буданд.

Аз соли 1965 кафедра муҳандис – электромеханик бо тахассуси 0628 «ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ» омода намуд. Умуман кафедра то ҳол 2000 муҳандисонро омода намудааст, ки бо муваффақият дар истеҳсолот, органҳои ҳокимяти ва қонунбарори Ҷумхурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки хатмкунандагони кафедра дар давлатҳои гуногуни ИДМ, инчунин дар давлатҳои ИМА, Шветсия, Британияи Кабир, Олмон, Исроил ва дигарҳо фаъолият доранд.

Солҳои тулони  донишҷӯёни кафедра бо тахассуси «Ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматонии дастгоҳҳои саноатӣ ва технологӣ» дар муддати таҳсил таҷрибаомӯзи технологӣ ва истеҳсолиро дар ВНИИ электропривод шаҳри Саранск, заводи муҳаррикбарории Алтай шаҳри Барнаул, заводи «Уралмаш» шаҳри Сверловск, «Кузабассэлектромотор»-и шаҳри Кемерово, заводи мошинаҳои борбардори щаҳри Ленинград, «Атоммош»-и шаҳри Волгодонск гузарониданд.

Аз соли 2001 роҳбарии кафедраро академики академияи муҳандисии  байналмилалӣ ва академики шуъбаи академияи илмҳои мактабҳои олӣ ҶТ, н.и.т. профессор Содиқов Х.Р ба уҳда доштанд. Таълим мувофиқи стандарти  давлатии омӯзиши мутахассисони маълумоти олӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 тасдиқ намуда аст бо 19 фанни тахассуси «ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ»,бо 4 фанни тахассусӣ мутахассисони 1004 «электротаъминкунӣ» 1001 «нерӯгоҳи электрикӣ», 1009 «манбаъҳои барқарорщавандаи энергия», 1201 «технологияи мошинасозӣ ва 1202 «дастгоҳҳои металбуррӣ ва таҷҳизот» машғулиятҳо гузаронида мешуданд.

Аз соли таҳсили 2001 сар карда омода намудани мутахассисони дипломдор мувофиқи стандарти давлатии нави маълумоти олӣ барои равияи 654500 «электротехника, электромеханика ва электротехнология» бо тахассуси 1804 «Ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва  автоматонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ» ба роҳ монда шудаанд. Дар кафедра корҳои мақсаднок оиди хуб ба роҳ мондани сиффати таълиму тарбияи мутахассисон бо истифода аз технологияи информатсионӣ— коммукатсионӣ дар соҳаи маориф ба иҷро расонида мешаванд, дастурҳои таълими методӣ аз нав дида баромада мешавад, пояи озмоишгоҳҳо азнавсози карда мешавад.

Ҳамзамон бо идома ёфтани корҳои таълимию методи дар кафедра корҳои илмӣ- тадқиқоти оиди самтҳои зерин гузаронида мешавад.

Тадқиқот оиди кори таҷҳизотҳои барқӣ дар шароити баландкӯх;

Таҳрезӣ, лоиҳакашӣ, мавриди истифода қарор додани ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ ва автоматонии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ;

Системаҳои камхарҷ дар ҳаракатдиҳандаҳои электрикӣ;

Нақшакашиҳои стратеги дар  донишгоҳҳои  олӣ.

Вобаста ба ин самтҳои илмӣ оид ба мавзӯъҳои ҷумхуриявӣ умумитифоқӣ  дар асоси шартномаи давлатӣ  ва шартномаҳои байни корхонаҳои Шуравии пешин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалӣ гузаронида мешаванд. Дар маҷмӯъ  50 санади ба фаъолият шуруъ намуда ба даст омадааст.

Дастовардҳои тадқиқотии назариявӣ ва амалии ҳайати профессорон ва устодони кафедра дар намоишгоҳҳо, конференсияҳои ҷумҳуриявию байнанлмилалӣ пешниҳод ва намоиш монда мешавад ва бо дипломҳою шаҳодатномаҳои муҳофизӣ сазовор гардиданд.

Ҳамчунин  мақолаҳои илмию дастурамалҳои таълими методӣ нашр гардиданд. Дар натиҷаҳои  тадқиқи устодони кафедра дар донишгоҳҳои олии давлатҳои мустақил 16 номзадии илмро ҳимоя намудаанд.

Устодони кафедра доиман дар ташкили корҳои таълимӣ, методикӣ ва корҳои илмӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд

Чандин бор кафедра ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистии донишгоҳ гардидаст. Бисёре аз устодон дар вазифаҳои роҳбарии донишгоҳ ва кафедра фаъолият намудаанд. Ба таври мисол Содиқов Х.Р дар вазифаи декани факултет, проректор, ҷонишини вазири маориф, ректори донишгоҳ фаолият намуда муддати 10сол дар ҳайати шурои таълими-методӣ маълумот олии СССР шомил буд ва ҳамчунин корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф гардидаст. Чекалин В.Г. дар вазифаи муовини декани ФЭ, ҷонишини вазири маориф, мудири кафедраи И ва Т фаъолият намудааст. Богачков Б.Г. Бобоев Т.Б — ба сиффати декани факултети эненргетикӣ кору фаъолият намудааст. Ляшко А.А – ба сиффати муовини декани факултети энергетики фаъолият намуда аст.

Дар кафедра тайёр намудани мутахассисон аз руи ихтисосҳои ҳаракатдиҳандаҳои автоматонидаи электрикӣ ва мошинаҳои электрикӣ 1-530105, автоматонии ҳаракатоварҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ 1-530105-01 бакалаврҳои техника ва технология тайёр карда мешаванд. Инчунин аз рӯи ихтисоси 530105 ҳаракатдиҳандаҳои автоматонидаи электрикӣ ва мошинаҳои электрикӣ магистрҳо омода карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар кафедра дар самтҳои гуногуни истеҳсолот, хоҷагии халқ корҳои  илмӣ  ба роҳ монда  шудааст. Аз ҷумла

  1. Автоматикунонии системаи таъмини оби нушокӣ дар биноҳои баландошёнаи ш. Душанбе.
  2. Автоматикунонӣ ва камхарҷгардонӣ дар системаи обёркунӣ дар ноҳияҳои Ҷумҳурӣ
  3. Омода намудани мутахассисон доир ба истифодаи бесадамавӣ дар лифтҳои мусофирбари биноҳои баланд ошёна

Дар баробари ин дар кафедра бо корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус  корхонаҳои воҳиди давлатии “Ширкати Алюминии Тоҷик”, Ҷамияти саҳомии кушодаи “Сементи Тоҷик”, ҶСК “Нассоҷии Тоҷик”, КВД “Обукорези Душанбе” ва ғайра дар самти корҳои илмӣ ва омода намудани мутахассисонӣ ин соҳаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Вазифаи асосии кафедра омода намудани мутахассисон барои хоҷагии халқ мебошад.

Имрӯзҳо дар кафедра профессор Содиқов Х.Р, н.и.т. дотсент  Абдураҳмонов А. Я,  номзади илмҳои техники Ҷаборов М.М, номзади илмҳои техники Диёров Р.Ҳ, н.и.т. дотсент Азимов Р. А, муаллими калон Ахмедов У, ассистент Донаев Ф.К, ассистент СабуроаҚ. М. ва ассистент Бобоев А.А. ба донишҷӯён дарс медиҳанд.