Кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизоти гармидиҳӣ»–и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ давомдиҳандаи кори кафедраи «Техникаи гармо» мебошад, ки баъд аз ду соли ташкилёбии Донишкадаи политехникии Сталинобод соли 1958 ташкил карда шуда буд. Лабунтсов Дмитрий Александрович, ки аз Донишкадаи энергетикии Москва бо пешниҳоди М.С. Осимӣ даъват карда шуда буд, яке аз аввалин мудирони кафедраи «Техникаи гармо» буд.

Кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизоти гармидихӣ» моҳи августи соли 2000 баъди якҷоягӣ бо дигар кафедраҳо (Коркарди аввалаи пахта, Неругоҳҳои барқӣ) боз аз нав мустақил гашт. Кафедра бо аъзоёни нав ба кор cap намуд: Сафаров М.М. — доктори илмҳои техникӣ, профессор, мудири кафедра; Салохутдинов М.И. — доктори илмхои физика ва математика, профессор; Ахмедов Ф.Д. – номзади илмҳои техникӣ, дотсент; Тағоев С.А. – муаллими калон; Зарипова М.А. — мудири озмоишгоҳ.

Соли 2003 дар назди кафедра ихтисоси 430105 – «Энергетикаи ҳароратии саноатӣ» кушода шуд, ки барои соҳаи Энергетика муҳандисони энергетикаи гармо тайёр карда мешавад. Хатмкардагони ихтисос дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият менамоянд.

Аз соли 2011 мудирии кафедраро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Тағоев С.А. ба зимма дорад. Коллективи кафедра: Сафаров М.М., Зарипова М.А., Анақулов М.М., Зарипов Ҷ.А., Зоиров Ҳ.А., Пирмадов М.Д., Шарипова Г.А., Насруллоев Ф.