Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Белорус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Дар ҷаҳони муосир ҳамарӯза 3 млрд. одам аз хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ истифода менамояд. Сафар бо нақлиёти ҳавоӣ байни одамон маъмул аст. Авиатсия бо кори доимӣ 57 милион одамро дар ҷаҳон таъмин менамояд.

АВИАТСИЯИ ШАҲРВАНДӢ СОҲАИ РУШДЁБАНДА ВА ОЯНДАДОР МЕБОШАД.

Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Белорус-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

(минбаъд ФАШ АДАБ-ДТТ) соли 2016 таъсис ёфтааст.

Факултет дар асоси созишномаи таъсиси факултети АШ АДАБ-ДТТ ва қарордоди пешниҳоди хизматрасонии таълимӣ дар факултети мазкур аз 10 августи соли 2016 ташкил гардид.

Мақсади таъсиси факултети АШ АДАБ-ДТТ ин қонеъ намудани эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диг. ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ мебошад.

Боиси қайд аст, ки маблағи таҳсил дар факултет барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар аз 1 то 1,5 маротиба чун шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорус буда нисбати таҳсили шаҳрванди хориҷа дар Белорус хеле  арзон аст.

Нақшаҳои таълимии факултет дар АДАБ таҳия ва дар ДТТ мувофиқа шудааст. Таълим дар факултет бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар факултет ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аҳмияти махсус дода шуда ба ин мақсад синфхонаҳои лингафонӣ муҷаҳҳаз гардида  мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.

Мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода мешаванд:

  • 1-370401 Истифодабарии техникии муҳарикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ;
  • 1-370402-01 Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ
    (таҷҳизоти барқӣ-равшандиҳӣ);
  • 1-370402-02 Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ
    (таҷҳизоти радиоэлектронӣ);
  • 1-440105-01 Ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (Ташкили ҳаракати ҳавоӣ).

Марҳалаи аввали таҳсил  (курси 1) дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ  ва марҳалаи дуюм (курсҳои 2…5) дар АДАБ, (ш. Минск) бо ҳимояи диплом ва додани дараҷаи касбӣ амалӣ мешавад.

Айни ҳол дар курси якуми факултет  25 нафар таҳсил намуда, 28 нафар курсанти курси 2, дар  АДАБ таҳсилро идома дода истодаанд.

Курсантҳои факултети авиатсияи шаҳрвандӣ дар конфронсу чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишии донишгоҳ ва  ҷумҳурӣ фаъолона ширкат менамоянд. Ҳамзамон дар факултет ба масъалаҳои фароғату истироҳат, тарбияи ҳаёти солим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Сайти АДАБ: http://bsaa.by/students/faculty/Fakultet_grazhdanskoy_aviatsii/