GhaibulloevaZ

Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна

декани факултет, дотсент, номзади илмҳои химия

+(992)-918-67-29-45

Ҳоло дар сохтори факултети «Технологияҳои инноватсионӣ»  кафедраҳо  ва ихтиссосҳои зерин мавҷуд ҳастанд, ки раванди  таълим  бо забонҳои тоҷикӣ (забони давлатӣ)  ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

  1. Кафедраи «Технологияи коркарди нахҳои табиӣ»
    1-500101-01 – «Ресидани нахи табиӣ»
    1-500101-08 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ»
    1-500101-09 – «Технологияи маводҳои нассоҷӣ»
    1-360801 – «Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ»
  2. Кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» 
    1-360101-01 – «Технологияи мошинсозӣ»
    1-360103-01 – «Дастгоҳҳои металлбурӣ»
    1-36010104-01 – “Таҷҳизот ва технологияи баландбардории фарсуданашавадагӣ ва барқароркунии чузъҳои мошинҳо»
    1-360101-03 – «Технологияи истехслоти автоматикунонидашуда»
    1-360103 – “Таҷҳизоти технологии истехсолоти мошинсозӣ»
  3. Кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»  
    1-330101-05 –«Ҳифзи муҳандисии муҳити зист»
  4. Кафедраи «Масолеҳшиносӣ , мошинҳо ва  таҷҳизотҳои металлургӣ»
    1-360201-05Б –«Масолеҳшиносӣ,  мошинҳо,  ва таҷҳизотҳои металлбурӣ»
  5. Кафедраи «Технологияи мошинҳо ва таҷҳизотхои истеҳсолоти полигрофӣ» 
    1-360601-01 – «Мошинҳои  полиграфӣ ва низоми коркарди маълумотҳо»
    1-470201 – «Технологияи  истеҳсолоти полиграфӣ»
  6. Кафедраи «Металлургия»  
    1-4201010101 – «Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга»
    1-4201010104 – «Металлургяи металлҳои ранга»
    1- 480104 – «Технологияи саноати электрохимиявӣ»
  7. Кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ»
    1-480101 – «Технологияи химиявии моддаҳо, мавод ва маҳсулоти ғайриорганикӣ»
    1-480103 – «Технологияи энергиябарандаҳои табиӣ ва маводҳои карбондор»
    1- 480101-07 – «Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак»
  8. Кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ» 
    1-26020207 – «Менеҷменти истеҳсолӣ»
    1-27010101 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти мошинсозӣ»
  9. Кафедраи умумидонишгоҳии  «Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ»

фаъолият менамоянд.

Ҳоло дар факултет зиёда аз  1356 нафар донишҷӯён  таҳсил менамояд, ки шумораи онҳо дар шӯъбаи рӯзона 1200 ва дар шӯъбаи ғоибона 156 нафар мебошад. Аз он ҷумла дар шуъбаи рӯзона  дар гуруҳҳои тоҷикӣ 900 нафар ва дар гуруҳҳои русӣ 300 нафар таҳсил намуда истодаанд.

Факултет дорои потенсиали бои илмӣ  техникӣ мебошад, ки дар он зиёда  аз 20 озмоишгоҳҳои илмӣ —  амалӣ ва тадқиқотӣ  фаъолона амал намуда истодаанд.   Дар факултет  докторони илм ба монанди:  д.и.т. профессор  узви вобастаи  АИ ҶТ Одиназода Ҳ.О, д.и.т. профессор  узви вобастаи АИ ҶТ  Ҳақдодов М.,Ҳ.,  д.и.х. профессор,  узви вобастаи  АИ ҶТ Ганиев И.Н., д.и.т. профессор Азизов Р.О., д.и.т. профессор Шарифов А., д.и.х. профессор Бадалов А.Б, д.и.т., профессор Сафаров А.М., д.и.т., профессор Саидов Ҷ.Ҳ., д.и.х. профессор Ҷураев Т.,  ва 24 номзадони илм кору фаъолият намуда истодаанд.