Кафедраи «Металлургияи металлҳои ранга» (ММР) аз рӯи ихтисосҳои зерин: 420101-0101-Истеҳсоли рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга, 420101-0103-Металлшиносӣ ва коркарди металлҳо бо ҳарорат, 420101-0104 — Металлургияи металлҳои ранга, мутахассисонро тайёр менамояд.

Тайёркунии мутахасисони соҳаи металлургия дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ дар соли 1996 дар назди факултети «Технологияи кимиёвӣ ва металлургия»  кафедраи (ММР) таъсис ёфт. Бори аввал соли 1999 мутахассисони маҳаллӣ бо тахассуси муҳандис-металлург бо ихтисоси 1102-«Металлургияи металлҳои ранга» донишгоҳро  хатм намуданд.

Баъдан барои таъмини корхонаҳои азими тоҷик мутахассисони соҳаи рехтагарӣ ва коркарди металлҳо бо ҳарорат лозим омад. Аз соли 2003 қабули донишҷӯён  ба ихтисосҳои 1104 — «Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга» ва 1105-«Металлшиносӣ ва коркарди металлҳо бо ҳарорат» дар кафедраи (ММР) оғоз шуд.

Аз соли 2008 то  2016 аз рӯи 3 ихтисосҳои дар боло зикр шуда кафедраи (ММР) мутахассисонро тайёр менамояд.

Кафедраро аз соли 1996 то соли 2012 профессор, доктори илмҳои кимиё Джураев Т.Д. сарвари намудааст. Аз 1-уми январи соли 2013 н.и.к. дотсент Муслимов И.Ш. ҳамчун и.в. мудири кафедраи (ММР) таъин шуд.

Соли 2016 дар натиҷаи муттаҳидшавии факлтетҳои «Механикӣ ва технологӣ» ва «Технологияи кимиёвӣ ва металлургия» факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» ташкил гардид. Дар натиҷаи мутаҳидшавии кафедраҳои «Металлургияи металлҳои ранга» ва «Технологияи истеҳсолоти электрокимиёвӣ» кафедраи «Металлургия» номгузорӣ карда шуд.

Ҳоло кафедраи «Металлургия» аз рӯи 4 ихтисос мутахассисонро омода месозад:

  1. 420101-0101-«Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга»;
  2. 420101-0104-«металлургияи металлҳои ранга»;
  3. 520201-«Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ»;
  4. 480104-«Технологияи саноати электрохимиявӣ».

Алакай зиёда аз 700 нафар хатмкунандагони кафедра дар корхонаҳои металлургии дохили ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», корхонаҳои муштраки «Зарафшон», «Апрелевка», «Анзоб», «Такоб», «Пакруд» ва дар корхонаҳои металлургии хориҷи кишвар машғули коранд.

Бо корҳои илмию-тадқиқотии ҳозиразамони соҳаи металлургия ҳайъати профессорон ва устодони кафедра машғуланд.

Дар кафедра се равияи илмӣ ба роҳ монда шудааст:

  1. Асосҳои физикавию кимиёвии коркарди композисияҳо ва хулаҳо бо иштироки металлҳои ранга, синтез ва татбиқи онҳо.
  2. Ҳодисаи ирсияти структуравӣ ва технологияи муҳандисии генӣ дар хӯлаҳо.
  3. Коркарди хӯлаҳои нав дар асоси алюминийи ғайрикондитсионӣ ва омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявии онҳо.

Робитаҳои илмӣ ва истеҳсолии кафедра

Кафедраи (ММР) оиди соҳаи таълим ва илм донишгоҳҳо ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ робитаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ доранд:

  • Донишгоҳи давлатии техникии ш. Самара (Федератсияи Руссия), «Кафедраи рехтагарӣ ва технологияҳои самаранокии баланддошта» мудир, д.и.т., профессор Никитин В.И.;
  • Филиали Бурятии шӯъбаи Сибирии АИ ФР Инситути табиатшиносӣ шӯъбаи дизайни компютерӣ мудир, д.и.к., профессор Лутсик В.И.;
  • Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон, кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ мудир, арбоби шоистаи илму техника д.и.к., профессор Солиев Л.;
  • Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин дар назди АИ ҶТ — Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АИ ҶТ директор, Мирсаидов У.М.;
  • Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи «Кимиёи физикӣ»;
  • Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминийи тоҷик (КВД ШАТ «ТалКо»);
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Тамохуш»-и заводи гидрометаллургии Исфара;
  • Ҷамъияти истеҳсолии «Востокгредмет» ш. Чкаловск ҶТ;
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» ш. Душанбе;
  • Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИҶТ;
  • Корхонаи муштараки «Зарафшон»;
  • Корхонаи муштараки «Апрелевка»;
  • Корхонаи муштараки «Анзоб»;
  • Корхонаи муштараки «Такоб»;