Соли 1968 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ДТТ ба номи академик М.Осимӣ) кафедраи  «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» ташкил шуда буд, ки барои ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ хизмат мерасонид.

Вобаста ба талаботи замон кафедраи номбурда ба якчанд кафедраҳои равияи иқтисоди соҳавӣ дошт  ҷудо шудаанд.

Соли 1994 дар заминаи  кафедраи  Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот ихтисоси 0611 — «Менеҷменти истеҳсолӣ» кушода ва аз соли хониши 2010-2011 бо фармони ректори ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ихтисоси 060803 (270101-01) «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот» (мошинсозӣ) аз кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот»  ба кафедраи «Менеҷменти истеҳсолӣ» гузаронида шудааст.

Бояд кайд намуд, ки солҳои гуногун дар кафедра устодони варзида кор ва фаъолият намудаанд. Аз ҷумла, профессорон: Ахророва А.Д., Бобоев О.Б., Джумаев Д.Д., Джурабаев Г.Д., Дустбоев Ш.Д., Разыков В.А., Раджабов Р.К., Сангинов О.К., дотсентхо  Фаттидинов Б.Р., Аликариев С.А., Баротов В.Д., Камолитдинов С.К., Леншин  И.В., Раджабова З.С., Султонова М.М., Урунова Н.Х. ва дигарон.

Бо назардошти зиёд шудани шумораи кормандони кафедра ва афзоиши сарбории умумӣ, соли 2002 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот», ки роҳбарии онро д.и.и., профессор Аҳророва А.Д. ба ӯҳда дошт, ба ду кафедраи мустақил ҷудо карда шуд: кафедраи “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот” ва кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ””. Солҳои 2002-2006 дар вазифаи мудири кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” н.и.и.,  дотсент  Раҷабова З.С., 2006 — 2009 д. и. и., профессор Розиқов В.А., 2010 то апрели 2015 н.и.и., и.в. дотсент Ашуров А.Н. фаъолият намуданд. Аз апрели соли 2015 кафедраро н.и.и., дотсент Раҷабова З.С. сарварӣ менамояд.

Кафедра аз рӯи равияи “Идора”-и ихтисоси 260202-07 — «Менеҷменти истеҳсолӣ» бакалаврон ва магистронро ва аз рӯи равияи «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»-и ихтисоси  270101-01 — «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот» (мошинсозӣ)  бакалавронро тайёр мекунад.

Дар кафедра инчунин донишҷӯён дар шӯъбаи  ғоибона таҳсил мекунанд. Аз соли 1999 то имрӯз аз рӯи ихтисосҳои кафедра зиёда аз 1000 нафар донишҷӯён донишгоҳро хатм намуданд. Ҳоло дар ихтисосҳои кафедра зиёда аз 350 нафар донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҶТ ва берун аз он кор ва фаъолият доранд. Инчунин бояд  кайд намуд, ки донишҷӯён ва хатмкунандагони  ихтисосҳои кафедра барои баланд бардоштани савияи дониши худ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии ватанӣ ва хориҷи кишвар таҳсили худро давом дода истодаанд. Як қатор донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра дар давраи таҳсили худ барои таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ барои гирифтани стипендияи президентӣ ноил гардидаанд. Хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра  якчанд маротиба дар мусобиқаҳои варзишии  сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб шудаанд. Хатмкунандагони беҳтарин барои фаъолият намудан дар ҳайси омӯзгор дар кафедра ва давом додани таҳсили худ дар аспирантура тавсия шудаанд. Инчунин омӯзгорони кафедра барои баланд бардоштани савияи дониши худ мунтазам тахассуси худро такмил медиҳанд, аз ҷумла як қатор омӯзгорон дар  Академияи шабакаҳои маълумотӣ (EdNet) курсҳои такмили ихтисосро  гузаштаанд ва ба сертификатҳои байналмилалӣ соҳиб шудаанд. Ҳоло дар кафедра 12 омӯзгори штатӣ ва 10 нафар ба сифати ҳамкор фаъолият намуда истодаанд, аз ҷумла 1 нафар д.и.и., профессор, 5 нафар номзади илм, дотсент, 13 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистент фаъолияти таълимӣ ва илмию тарбиявӣ бурда истодаанд.

Омӯзгорони кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ мебаранд. Самти асосии фаъолияти илмии устодони кафедра чунин аст:

— такмили сиёсати сармоягузорӣ дар рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— стратегияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— механизми таъмини бехатарии иқтисодӣ ва рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ;

— такмили низоми андоз ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти миллӣ.

Инчунин бояд қайд намуд, ки дар кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён, семинари доимоамалкунанда, шӯрои сардорони гуруҳ, фаъолият намуда истодааст. Дар кафедра мунтазам семинару конференсияҳои илмию амалӣ гузаронида мешавад. Кафедра кушодани ихтисосҳои замонавӣ аз ҷумла  «Менеҷменти туризм», «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар саноати сабук»-ро ба нақша гирифтаст.