Кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ»-и факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» ДДТ ба номи М. Осимӣ соли 2016 дар асоси муттаҳид намудани кафедраҳои «Технологияи  кимиёвии масолеҳи ғайриорганикӣ», «Кимиёи физикӣ ва таҳлилӣ» ва «Технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ» собиқ факултети «Технологияи химиявӣ ва металлургия» аз нав таъсис ёфт. Ин кафедраҳои мазкур ҳанӯз аз солҳои 1995, 1996 ва 2004 дар собиқ факултети «Технологияи химиявӣ ва металлургия» зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Шарифов А., номзадҳои илми техникӣ Камолов  Ғ.  ва академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.х., профессор Ғаниев И.Н. фаъолият доштанд. Дар давоми 20 соли мавҷудияти худ, ин кафедраҳои тахассусӣ зиёда аз 1200 мутахассисони соҳаҳои технологияи кимиёвӣ тайёр намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти ҷумҳурӣ, Вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ фаъолияти корӣ доранд. Аз байни хатмкардагон зиёда аз 40 нафарашон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бомуваффақият дифо намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гардиданд.

ОЗМОИШГОҲҲОИ КАФЕДРА

  1. Технологияи кимиёвии масолеҳи душворгудози ғайриметаллӣ ва силикатӣ.
  2. Технологияи кимиёвии моддаҳо, мавод ва маҳсулоти ғайриорганикӣ.
  3. Технологияи кимиёвии моддаҳои органикӣ ва пайвастагиҳои табиӣ.
  4. Кимиёи аналитикӣ ва физикӣ.

РОБИТАҲОИ ИЛМИЮ ИСТЕҲСОЛИИ  КАФЕДРА

Мутахассисони ихтисосҳои номбаршуда метавонанд дар корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ кору фаъолият намоянд: корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Ширкати алюминии тоҷик» ш.Турсунзода; КВД «Коргоҳи мошинасозӣ» ш.Душанбе; ҶСК «Тоҷикхимзавод» ш.Ёвон;  Корхонаи воҳиди давлатии «Тамохуш»-и заводи гидрометаллургии Исфара; КВД «Тоҷикноқил» ш.Душанбе; КВД «Заводи маводҳои обногузар» ш.Ҳисор; Корхонаи муштараки Зарафшон, ш.Панҷакент; ҶСК «Заводи рангсозии Душанбе рангин-камон» ш.Душанбе; Заводҳои истеҳсолии криолит ва фторнамакҳо дар ш.Ёвон; КВД «Комбинати куҳӣ-маъдантозакунии Анзоб» шаҳраки Зарафшон; заводҳои кимиёвии дар Ёвону Исфара,  Сарбанду Чкаловск, Панҷакенту Истиқлолу Табашару Адрасмон ва ғ. ҷойгиршуда, корхонаҳои мавҷуда ва сохташавандаи тавлиди семент (Тоҷиксемент, Ғаюрсемент ва ғ.) дар Душанбе, Ёвон, Данғара, Ваҳдат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, заводҳои истеҳсоли хишт, гаҷ, оҳак, шиша, маводи асбесту сементӣ, фарфор, керамзит, нахи сунъӣ (нахи санги базалтӣ) ва ғ. дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, заводҳои сохташавандаи истеҳсоли кислотаи сулфат ва криолит дар Ёвон, корхонаҳои коркарди нафт дар Турсунзодаву Данғара, корхонаҳои тавлиди барқу гармӣ аз ангишт (ТЭС), ки дар Душанбе сохта шудаасту боз дар Душанбе, Хуҷанду Шӯроб (Исфара) сохта мешаванд, корхонаҳои тавлиди газу сӯзишвориву спиртҳо аз рустаниҳо (биогаз, этанол), ва боз бисёр дигар корхонаҳои дигари мавҷудаву бунёдшавандаи саноати кимиёвӣ ва истеҳсолоти масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои воҳидии давлатии оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт, нафт ва газ инчунин истеҳсоли мавод ва маҳсулот дар асоси онҳо.

Айни замон кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» бо Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Донишгоҳи технологии Исфаҳон (ҶИ Эрон);  Донишгоҳи озоди ш.Маҷлисӣ (ҶИ Эрон); Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмию таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои илмӣ ва истеҳсолиро ба роҳ монда аст;

ИНТИШОРОТИ КАФЕДРА

Аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра то имрӯз беш аз 10 китоби дарсӣ, 25 монографияи илмӣ, зиёда аз 460 мақолаҳои илмӣ  ва маводҳои конференсияҳои байналмилаӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр намуда, беш аз 30 патент барои ихтироъотҳои кашфнамуда ба даст оварданд.