Дар партави суханронии барномавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат оид ба рушди саноати полиграфӣ дар ҷумҳурӣ ,мутобиқи Протоколҳои №6/4 аз 28 апрели соли 2000, № 11/4 -16.1-и аз 23 августи соли2000-уми маҷлиси назоратии назди Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2006» таҳия када шуд,ки 7 сентябри соли 2001 таҳти №425 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Соли 2002 бо мақсади иҷро намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиди рушди саноати истеҳсолоти полиграфӣ дар Xумҳурии Тоҷикистон дар солҳои (давраи) 2002—2006 ва тайёр намудани мутахасисони дараҷаи баланди соҳаи номбурда, дар ҳайати кафедраи «Назарияи механизмҳо, мошинҳо ва ҷузъҳои мошин» мудираш Акрамов Б.Н.,  факултети  «Механикӣ ва технологӣ»-и Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ихтисоси 1708 — «Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти  полиграфӣ» кушода шуд ва худи ҳамин сол донишҷӯён ба курси 1-ум қабул карда шуданд.

Баъди як сол дар кафедраи мазкур боз як ихтисоси дигар 2814-«Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ» кушода шуд.

Бо мақсади ташакул додани  ихтисосҳо, таъмин намудани раванди таълим бо мутахассисони баланддараҷа аз истеҳсолот Маҳмудов А.М., Сафаров А.А., Қобилов А.Х., Сабзаев Х.Т. ва Ҷалилов Т.С. барои кор дар кафедра даъват карда шуданд.

Дар бобати ташкили корҳои озмоишӣ ва таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисос ва фароҳам овардани шароити таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот, бо дастгирии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСШК «Матбуот» ва «Комбинати полиграфӣ»  утоқҳои дарсӣ бо таҷҳизотҳои зарурии мукаммал ташкил дода шуд, ки донишҷӯён то имрӯзҳо мунтазам аз ин синфхонаҳо истифода мебаранд.

Соли 2004 бо мақсади мукаммал гардонии базаи таълимию таҷрибавии ихтисосҳои 1708 ва 2814 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон таҳти рақами №01 аз 04.10.2004 кафедраи «Технология,мошинхо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» кушода шуд, ки мудирии он ба зиммаи мутахасиси варзидаи соҳаи полиграфӣ Маҳмудов Аҳмадҷон Маҳмудович гузошта шуд.

Соли 2006 ба вазифаи мудири кафедра, хатмкардаи факултети механикӣ ва технологӣ,  н.и.т.,  муаллими калон Раҳмонов Қ.А. таъинкарда шуд.

Соли 2009 ба вазифаи мудири кафедра,  н.и.т.,  дотсент Идиев М.Т. таъин карда шуд. Саҳми Маҳмадризвот Тезаевич Идиев барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия хело назаррас буд.

Айни замон (аз соли 2015) роҳбарии кафедраро н.и.т. Равшанов Д.Ч. ба зимма дорад. Холо  дар кафедра омӯзгорон ва кормандон  Хоҷаназаров Х., Сафаров А.А., Сабзаев Х.Т., Сафаров Б.С., Идиев М.Т. ва Раупова М. кору фаъолият доранд.

Бо мақсади  омӯхтани барномаҳои компютерии бо ихтисос тааллуқ дошта ва иҷроиши лоиҳаҳои фаннӣ бевосита дар компютер соли 2005 дар кафедра  синфхонаи компютерӣ ташкил карда шуд. Синфхона бо 8 компютер ҷиҳозонида шуда бо шабакаи интернет пайваст карда шуд, ки муаллимон ва донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра бо пуррагӣ аз он истифода мебурданд.

Дастурҳои таълимӣ

Дар муддати ташкилшавии кафедра аз тарафи устодон Идиев М.Т., Равшанов Д.Ч., Махмудов А.М., Рахмонов К.А., Сафаров А.А, Кобилов А.Х., Сафаров Б.С. Сабзазода Х.Т. корҳои зиёди илмӣ — методӣ ба чоп расонидаанд. Дар кафедра китобхонаи кафедравӣ ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим ёрирасон аст.

Кафедра  базаи таҷрибаомӯзиро сол аз сол пурзур намуда бо корхонаҳои полиграфӣ ба монанди КТН «Шарқи Озод», ҶСШК «МАТБУОТ», Комбинати полиграфии ш. Душанбе, типографияҳои «ОРБИТА», «ПОЛИГРАФГРУПП», «ОФСЕТ» ва бо типографияҳои  ноҳияҳои Ҷумҳурӣ, ки дорои таҷҳизотҳо ва  дастгоҳҳои ҳозиразамони соҳаи полиграфӣ мебошанд шартномаҳо баста, ҳамкорӣ дорад.

Озмоишгоҳҳои кафедра

Кафедра дар ҶСШК «Матбуот» ва «Комбинати полиграфӣ»  утоқҳои дарсӣ ва озмоишӣ бо таҷҳизотҳои зарурии мукаммал ташкил кадааст, ки донишҷӯён мунтазам аз ин синфхонаҳо истифода мебаранд.

Соли 2007 хатми аввали хатмкунандагони ихтисоси 1708-«Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» ба нақша гирифта шуда буд, ки 9 нафар донишҷӯён лоиҳаҳои дипломии худро бо муваффақият ҳимоя намуданд.

Аллакай сафи  хатмкунадагони ихтисосхои 1708-«Мошинҳои полиграфӣ ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ», 2814- «Технологияи истехсолоти полиграфӣ» зиёда аз 305 нафарро ташкил медиҳад, ки дар пешрафти соҳаи полиграфии  Ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Шумораи хатмкунандагони ихтисосҳои 1708 (360601) ва 2814 (470201) дар кафедраи   «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ»

Соли  хатм Ихтисос Шумора хатмкунандагон Квалификатсия
2007 1708 9-Нафар Мутахасис
2008 1708 8-Нафар Мутахасис
2008 2814 9-Нафар Мутахасис
2009 2814 17-Нафар Мутахасис
2010 1708 10-Нафар Мутахасис
2010 2814 12-Нафар Мутахасис
2011 1708 6-Нафар Мутахасис
2011 2814 14-Нафар Мутахасис
2012 1708 16-Нафар Мутахасис
2012 2814 20-Нафар Мутахасис
2013 36060101 16-Нафар Мутахасис
2013 470201 14-Нафар Мутахасис
2014 36060101 18-Нафар Мутахасис
2014 470201 17-Нафар Мутахасис
2014 360601 24-Нафар Бакалавр
2014 470201 18-Нафар Бакалавр
2015 360601 14-Нафар Бакалавр
2015 470201 15-Нафар Бакалавр
2016 360601 12-Нафар Бакалавр
2016 470201 15-Нафар Бакалавр
2016 2814 1-Нафар Мутахасис
2017 360601 7-Нафар Бакалавр
2017 470201 14-Нафар Бакалавр
ҲАМАГӢ 304 — нафар

Ҳоло хатмкунадагони ихтисосҳои кафедра дар корхонаҳои пешбари соҳаи полиграфии ш. Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.

РУЙХАТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ИХТИСОСҲОИ  КАФЕДРАИ «ТМ ВА ТИП», КИ  ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТИ ПОЛИГРАФӢ КОР ВА ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД

Корхонаи  табъу  нашри Нашриёти «Шарқи  озод»

1.Салимов  Абдуҷабор Файзович – Чопгар  дар сехи махсус

2.Қарчиев  Баҳром  — Ёрдамчии чопгар  дар  сехи офсетӣ

3.Буриев Ҳукмиддин — коргар мошини қоғазбурии сехи махсус

4.Раҳмонқулов Фарух – Технолог дар шуъбаи истеҳсолот

5.Амиров Воҳид — Ёрдамчии чопгар  дар  сехи офсетӣ

6.Қурбонзода Ҳусниддин — Номератор дар сехи махсус

7.Баҳодури Абдуҷабор — Наладчик дар сехи таъмиркуни

8.Шогуниева Сухайлло Фарходбековна-Дизайнери рекламаи агенстваи газета

9.Қодиров  Абубакр — Ёрдамчии чопгар  дар  сехи  махсус  Нашриёти «Оила»

10.Ҳамдамов Шаҳобиддин  Нарзуллоевич – Сармуҳандис ҶДММ  «Орбита»

11.Бобоев Хуршед Давронович – Дизайнери ҶДММ  «Полиграфгрупп»

12.Махкамов Убайдулло – Чопгари сехи чопи ҶДММ  «Ҳоҷи Ҳасан»

13.Ҳасанов Обид – Дизайнер ҶДММ  «Офсет»

14.Алиев Беҳруз бахтуллоевич – Чопгар дар сехи чопи

Корҳои илмӣ тадқиқотӣ

Барои беҳдошти корҳои илмию тадқиқотӣ кафедра бо Донишгоҳи Давлатии  Матбуоти Москва ба номи Иван Фёдоров шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки имрӯзҳо аз рӯи ин шартномаҳо донишҷӯёни ихтисосҳои кафедра ба таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва омузгорон барои коромӯзӣ, аспирантура ва докторантура фиристонида мешаванд. Равшанов Дилшод Чоршанбиевич мудири кафедраи ТМ ва ТИП соли 2010 ба коромузӣ, соли 2011 ба аспирантураи Донишгоҳи Давлатии  Матбуоти Москва ба номи Иван Фёдоров фиристода шуда соли 2013 рисолаи номзадиашонро ҳимоя намудаанд.

Инчунин кафедра аз соли 2015 ҳамкориро бо кафедраи «Полигрвафия ва веб дизайн»-и  Донишгоҳи федералии Урал ба номи Б.Елсин ба роҳ мондааст, ки соли 2016 барои давом додани таҳсил дар зиннаи магистратура ду нафар хатмкунандаи кафедра Холов Фаридун ва Маҳмадуллоев Раҳмонали фиристода шуданд.

Ӯнвонҷӯён ва аспирантон

Дар кафедра аз омӯзгорони ҷавон 2 нафар, Сафаров Б.С. аспирантураи шӯъбаи ғоибонаи ДТТ ба номи академик М.С.Осимиро дар соли 2015 хатм намуда ба ҳимоя омода шудаистодааст, Гадоев Ғ.А. ба аспирантураи шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи техникии Камсамол дар Амури ФР дар соли 2016 фиристода шудааст.

Иштироки устодон ва донишҷӯён дар  конференсияҳо ва семинарҳо

Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён ба номи «ПОЛИГРАФИЯ» ва маҳфили илмии устодони кафедра ташкил карда шудааст, ки мувофиқи маҳфил проблемаҳои соҳаи полиграфӣ байни омӯзгорон дида баромада мешавад. Донишҷӯён кафедра дар конфронси илмӣ-амали таҳти унвони «Илм пешбарандаи ҷомеа» баромадҳои фаъол доранд, ва бо ифтихорномаҳо сарфароз гардидаанд.