Соли 1965 дар Институти политехникии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон) дар кафедраи «Технологияи металлҳо ва муҳофизати меҳнат» бо сабаби пайдо шудани талабот ба мутахассисони баландихтисос барои саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо, инчунин дигар  соҳаҳои ба саноат, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ хизматрасонанда, ихтисоси 0501- «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ташкил  шуд ва ба курси якӯми ин ихтисос донишҷуён қабул карда шуданд.

Бо пурра шудани устодони унвондор ва пуртачриба инчунин зарурият ба мутахассинони гуногуни соҳа соли 1998 ихтисоси 0501 – «Технологияи мошинсозӣ дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ»  ба ду ихтисос  1201 – «Технологияи мошинсозӣ»  ва 1202 – «Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ҷудо карда шуд.

Кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» ба факултети технологияи инноватсионӣ тааллуқ дорад. Дар ин кафедра мутахассисонӣ соҳибмаълумоти ихтисосҳои 360101-01-«Технологияи мошинсозӣ», 360103-01- «Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ», 360104-01 «Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштноки ба фарсудашавӣ ва барқарор сохтани қисмҳои мошинҳо ва аппаратҳо» таёр карда мешаванд.

Кафедра дар корпуси №1 ҷойгир шудааст. Масоҳати кафедра 800м2 –ро ташкил медиҳад. Лабораторияхои кафедра  бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.  Самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмии кафедра ин пеш аз ҳама корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равона шудаанд.

Ичроиши мавзӯъҳои  корҳои илмӣ-тадқиқоти   мувофиқи нақшаи кафедра ба роҳ монда шудааст. Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос (докторантура, аспирантура, стажировка, такмили ихтисос) ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло муаллими калони кафедра Содиқов Х.С. рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи авиатсияи Казон(Федератсияи Россия) ҳимоя намуд.

Муаллимони кафедра ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ фаъолона машғул  шуда аз руи тадқиқотҳои назариявӣ ва амалии иҷро кардаашон дар бисёр конференцияҳои республикавӣ ва  байналмилалӣ баромад  карданд. Ҳамасола зиёда аз 10 мақолаи илми аз тарафи омӯзгорони кафедра дар маҷалаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷ  аз он  чоп мешаванд. Кормандони кафедра  дар  солҳои фаъолияташон  зиёда аз 25 кори илмӣ–тадқиқотиро ба аҷом расонидааанд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат ҷори карда шуда буданд.  Дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника  навовариҳои зиёд карданд, ки бо зиёда  аз  30  патенту  шаҳодатномаҳои  муаллифӣ  ҳифз  карда шудаанд.

Аз  хатмкунандагони  кафедра   4 нафар – Ҳақдодов М.М., Азизов Р.О., Саидаминов И.А., Сафаров А.М. рисолаи докториро ҳимоя намуда  соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ ва 12 нафар — Раҳматов С.Т., Мирзоалиев И.М.,  Амонов И.Т., Убайдуллоев А.Н., Идиев М.Т., Камолитдинов С.К., Одинаев Б.Н., Гадоев С.А. Самиев Қ.А., Алиев Ҷ., Гулов А.А., Маҳмадуллоев Х.М., соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гаштаанд.

Ҳоло дар кафедра  6 муаллими штатӣ, аз ҷумлаи онҳо 1 нафар доктори илм 1  нафар номзади илм 3 нафар муаллими калон 1 нафар ассистент  ва  3  нафар лаборантҳо фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо маълумоти олии техникиӣ  доранд.  Ҳайати кафедра бо ҳамкорон  аз инҳо иборат аст:  мудири кафедра – Сафаров А.М.  доктори  илмҳои техникӣ; дотсентҳо – Раҳматов С.Т., Мирзоалиев И.М.,  Амонов И.Т.,   муаллимони калон – Хоҷаев Т.А.,  Файзуллоев У.Н.; Содиқов Х.С., Исмонов Р.Д.,  Умаров М.А,, ассистентҳо — Мирзоалиев А.И., Авазова С.   Азимов Х.Ҳ; Каримов М.К.- мудири озмоишгоҳ, Бобоев Д.М., -техники дарҷаи 2, Имомов Н.Б., Калонов К.Х.,- лаборанти калон, Мирзоева М.М.,- котиба-коргузор.

Аз соли хониши 2001-2002  инҷониб  тайёр кардани мутахассисони соҳибдиплом  аз рӯи стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ аз руи равияи 651400- «Технология  ва дастгоҳҳои мошинсозӣ» амалӣ шуда истодааст. Аз соли 2003 қабули донишҷӯён ба ихтисоси 1206 – Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштнокии фарсуданашавандагӣ ва барқароркунии деталҳои мошину аппаратҳо  шуруъ шуда буд, ки соли 2008  як гуруҳ ин ихтисосро хатм  карданд.

Дар кафедра аз руи 33 фан, ки ба ихтисосҳои 360101 – Технологияи мошинсозӣ; 360103 – Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ; 360101-01 – Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштнокии  фарсуданашавандагӣ ва барқароркунии деталҳои мошину аппаратҳо  дарс гузаронида мешавад.

Кафедраи   «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ» дорои  озмоишгоҳи  ҳозиразамон мебошад.   Мувофиқи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистон  ва Ҳиндустон  дар кафедра озмоишгоҳи ҳозиразамони  мошинсозӣ ташкил карда шуд. Озмоишгоҳ моҳи июни соли 2011 ба фаъолият шуруъ намуд. Озмоишгоҳ аз қитъаи тайёр намудани намунаҳо, қитъаи дастгоҳҳои универсалӣ, қитъаи дастгоҳҳои ғайрианъанавӣ, қитъаи дастгоҳҳои бо барномаҳои рақамӣ идорашаванда, қитъаи обутобдиҳии ҷузъҳои мошин, қитъаи лоиҳакашии компютерӣ ва қитъаи кафшергарӣ иборат аст. Дар ин қитъаҳо донишҷӯёни бахшҳои 2, 3, 4-и ихтисосҳои 360101-01-«Технологияи мошинсозӣ», 360103-01- «Дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ», 360104-01 «Дастгоҳҳо ва технологияи зиёд кардани доштноки ба фарсудашавӣ ва барқарор сохтани қисмҳои мошинҳо ва аппаратҳо» корҳои озмоишӣ ва амалӣ аз фанҳои «Челонгарӣ», «Метрология стандартизатсия ва сертификатсия», «Гидравлика ва гидропневмоавтоматика», «Буриши масолеҳҳо», «Асбобҳои буранда», «Дастгоҳҳои металлбурӣ»,  «Асосҳои технологияи мошинсозӣ», «Асосҳои шаклсозии мошинҳо», «Равандҳои хурдашавии ҷузъҳои мошинҳо», «Равандҳои технологии ғайрианъанавӣ», «Эътимоднокӣ ва ташхиси системаҳои техникӣ», «Асосҳои назарияи соиш ва хурдашавӣ», «Технологияи истеҳсолоти автоматикардашуда», «Технологияи истеҳсолоти  мощинсозӣ», «Асосҳои системаҳои лоиҳакашии автоматикардашуда»,   «Автоматикунонии равандҳои истеҳсолоти мошинсозӣ» гузаронида мешавад.

Дар кафедра семинарии доимамалкунандаи  шаҳри  оид ба проблемаҳои мошинсозӣ фаъолият дорад. Ҳар сол як маротиба ҳафтаи охири моҳи сентябр дар рӯзи «Мошинсозон» бо таклифи мутахассисони пешбари корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ семинари шаҳрӣ гузаронида мешаванд.  Дар семинар мавзӯҳо оиди навигариҳо ва проблемаҳои ба вуҷуд омада дида баромада мешаванд.

Ҳоло барои беҳтар кардани сифати таълим дар кафедра корҳои зиёд бурда шуда истодааст. Аз он ҷумла  мақсад гузошта шудааст, ки базаи методии кафедра бо назардошти  таҷҳизотҳои васлшудаи ҳозиразамон  аз нав  кор карда баромада шавад.