Факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» моҳи ноябри соли 2007 дар заминаи факултети «Автомобилию роҳсозӣ» (моҳи октябри соли 1975 бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ дар ҳайати Донишкадаи политехникии Тоҷикистон факултети алоҳидаи «Автомобилию роҳсозӣ» таъсис дода шуда буд) бо ҳамроҳкунии баъзе аз ихтисосҳои собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар солҳои гуногун сарварии факултети «Автомобилию роҳсозӣ»-ро д.и.и., профессор Ҷумъаев Ҷ.Ҷ., н.и.и., дотсент Сатторов Р.С., д.и.т., профессор Турсунов А.А. ба ӯҳда доштанд. Пас аз таъсиси факултети нави «Идора ва сохтмони нақлиётӣ» (соли 2016 бо номи факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» табдили ном кард) роҳбарии факултет ба зиммаи д.и.т., профессор Оев А.М. гузошта шуд. Моҳи июли соли 2011 ба вазифаи декани факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» д.и.и., профессор Сангинов О.Қ. таъин гардид ва то моҳи майи сол 2014 роҳбарӣ намуд. Аз сентябри соли 2014 то ҳол ин вазифаи пурмасъулро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳабибуллоев Ҳ.Х. иҷро менамояд.

Раванди таълиму тарбия дар факултет хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони дорои тахассус ва таҷрибаи баланди назариявию амалӣ ба донишҷӯён касб меомӯзанд. Бо воситаҳои гуногуни таълимӣ мутахассиси ояндаи ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ тарбия карда мешавад, ки саҳми Шӯрои кураторони факултет назаррас аст. Ҷамъияти илмии донишҷӯён ба таври доимӣ фаъолият менамояд, донишҷӯён бо мақолаву тезисҳои худ дар маҳфилҳои илмӣ баромад мекунанд.

Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯёни факултет дар корхонаҳои нақлиётию роҳсозии пешбари кишвар – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (АВВАТ), ККВД «Автобус-1», ККВД «Автобус-2», ККВД «Автобус-3», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷик-Эйр», КВД «Сомон-Эйр», Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Душанбе, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Хуҷанд, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Кӯлоб, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Қӯрғонтеппа, Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковиии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Корхонаи оҳану бетонбарории №1»-и ш. Душанбе ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.

Ҳайати омӯзгорону профессорони факултет дар пешбурди фаъолияти таълимӣ ва илмию методӣ иштироки фаъолона доранд. Дараҷаи тахассусии худро дар муассисаҳои пешбари кишвар, инчунин дар Донишкада (Донишгоҳи давлатии техникӣ)-и автомобилию роҳсозии ш. Маскав, Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи И.М. Губкин ва ғайра мунтазам такмил медиҳанд. Инчунин робитаҳои ҳамкорӣ низ бо ин донишгоҳҳои бонуфуз ва олимони пешбари давлатҳои дигар, аз қабили Русия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет коллективи устодону профессорон доир ба «Мушкилоти системаи нақлиётӣ ва роҳҳои бартараф кардани камбудиҳои соҳа» корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд.

Ба ҳайати факултети «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиёти» се кафедраи тахассусӣ ва ду кафедраи умумидонишгоҳӣ дохил мешаванд:

  1. Кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»
  2. Кафедраи «Сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ»
  3. Кафедраи «Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ»
  4. Кафедраи «Забонҳо»
  5. Кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ»

Дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  1. 440101 – «Ташкили интиқол ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ».
  2. 440103 – «Ташкили интиқол ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан».
  3. 440105-02 – «Ташкили интиқол ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ».
  4. 700301-01 – «Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо».
  5. 370205 – «Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо».
  6. 700302-04 – «Сохтмони купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ».
  7. 270101-02 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар нақлиёти автомобилӣ».
  8. 260203-23 – «Логистика».
  9. 270101-07 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти авиатсионӣ)».
  10. 270101-03 – «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (хоҷагии роҳ)».

Аз рӯзи таъсисёбии факултети «Автомобилию роҳсозӣ» ва дар заминаи он ташкилшавии факултети «Менеҷмент ва коммуникат-сияҳои нақлиётӣ» то ба имрӯз беш аз 10 ҳазор нафар мутахассисони ихтисосҳои нақлиётию роҳсозӣ омода шудаанд, ки ҳоло дар системаи хоҷагии кишвар ва берун аз он софдилона меҳнат менамоянд ва боиси ифтихори факултетанд.