Кафедраи «Сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ» соли 2016 дар асоси базаи кафедраҳои “Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо” ва “Сохтмони роҳи оҳан, купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ” таъсис дода шуд, ки роҳбарии кафедраро н.и.т.дот. Сайраҳмонов Раҳимҷон Ҳусейнович ба уҳда доранд. аз худи ҳамин сол сар карда бакалавронро аз рӯи ихтисосҳои 700301-01 “Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо”, 370205 “Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо”, 700302-04 “Сохтмони купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ” ва гурӯҳи магистронро аз рӯи ихтисоси 700301-01 “Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо” дараҷаи квалификатсионии “Магистри техника ва технология” мутахассисонро тайёр менамояд.

КАФЕДРАИ «РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА АЭРОДРОМҲО»

Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи таъсиси кафедра

Кафедраи «Роҳҳои автомобилгард» (ҳоло «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо») дар соли 1977 (бо фармони №78 аз 5-уми сентябри соли 1977) дар заминаи кафедраи «Конструксияҳои сохтмонӣ» таъсис дода шуд ва мудири аввалини кафедра Вавилова С.А. таъин гардид. Худи ҳамин сол хатми аввалини ихтисоси 1211 (2910) «Сохтмони роҳҳои автомобилгард» («Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо») муҳандисон-сохтмончиён буд.

Ҳоло кафедраи  РА ва А дар бинои якошёнаи  факултети «Идора ва сохтмони наклиётӣ» ҷойгир аст. Масоҳати умумии кафедра – 241м2.

Дар солҳои гуногун сарварони кафедра дотсент, сохтмончии Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Вавилова С.А., н.и.т., дотсент Мястовский В.И., н.и.т., дотсент Қосимов А.Қ., омӯзгори калон Ширинҷонов З.М., д.и.т. проф. Оев А.М., н.и.т., и.в. дотсент Мирзоев С.Б.  Ҳоло роҳбари кафедра н.и.т., и.в. дотсент Сайраҳмонов Р.Ҳ. мебошад.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 1977 то 2014  зиёда аз 25 нафар устодони зерин дар кафедра фаъолият намуданд: дотсент Вавилова С.А., н.и.т., дотсент Мястовский В.И.,  дотсент Қосимов А.Қ., муаллими калон Шокиров  Р. Ш., муаллими калон  Холов Х.Ҳ., ассистент Насриддинов С.А., н.и.т. Рябов М.Н., муаллимаи калон Королева В.И., ассистент Солодовников Г.Л., ассистент Старцев А.Ф., муаллими калон  Холдоров О.О., муаллими калон  Юлдошев Р.З., ассистент Раҳмонов Ф., д.и.т., профессор Оев А.М., н.и.т., дотсент Исмоилов Л.С., н.и.т., и.в. дотсент Мирзоев С.Б., муаллими калон Бердиев А.Т., муаллими калон Рахматулаев Д.Д., муаллими калон Зайниддинов Т.Н., муаллими калон Умаров С.С., ассистент Акрамов А.М., ассистент Қаюмов М.И., асситент Мирзоев Ѓ.М., ассистент Оев С.А., ассистент Файзиев Ф.Ҷ. ва дигарон

Дар соли 1988 бо хамдастии Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ОНИЛ «Сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард» ташкил шуда буд.

Дар натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар озмоишгоҳ се рисолаи номзади илмҳои техникӣ ҳимоя гардид (Муродов Х. Я., Оев А.М., Мусаэлян Э.А.).

Хатмкардагони кафедра академики Академияи нақлиётии Федератсияи Русия, директори иҷрокунанда — роҳбари секретариати Шӯрои байналмилалии роҳсозон (МСД) Каримов Б.Б., Муовини раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ., Сардори идораи Мудирияти корхонаҳои  сохташудаистодаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифов А.Ш., директори КВД «ПИТ ва ЛК»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Т.Д., Сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аноятшоев А., Сардори Раёсати БДА-и ВКД-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов М.Б., Сардори МД «РС А ТАҶ РК ҲММ ш. Душанбе» Мирзоев С.Б., муҳандиси калони «Хуҷанд — Роҳ» Каримов К.С., машваратчии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибов Н., муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалов Ш.Р., Сардори КВД «Роҳсоз»-и  ш. Душанбе Қурбонов Н., Директори генералии ҶДММ «Мостоотряд» Назаров М.Х. Сардори Идораи нақлиётии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор Мирзоев О.Р., Сардори Идораи нақлиётии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кулоб Абдуллоев С. Сардори МДНРА н.Ишқошим Манзаров Ш., Сардори МДНРА ш. Кулоб Зиёев А., Муовини Сардори агентии алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарипов Ҳ.И., Мудири кафедраи «СРОК ва НН» Исмоилов Л.С., Мудири озмоишгоҳи «Купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ»-и Донишкадаи автомобилию роҳсозии ш. Москва Валиев Ш.Н. ва дигарон буда, дар пешрафти тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳмгузоранд.

Танҳо дар 10 соли охир дар кафедраи «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо» бо ҳамкории Донишкадаи кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон се номзад ба илмҳои техникӣ (Каримов М.Ш., Муҳиддинов Ф.М. ва Мирзоев С.Б.) ва як доктори илмҳои техникӣ (Оев А.М) рисолаҳои худро иҷро ва ҳимоя намуданд.

Умуман, аз шумораи хатмкунандагони кафедраи «Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо» рисолаҳои доктор ва номзадиро Каримов Б.Б. — д.и.т., профессор, академики Академияи нақлиётии Федератсияи Русия, Валиев Ш.Н. — н.и.т., аъзо-корреспонденти Академияи Байналхалқии НАҚЛИЁТ, Қосимов А.Қ. – н.и.т., Аҳмедов Р.А. — н.и.и., Ҳабибуллоев Ҳ.Х. — н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДТТ, Додхоев М.И. — н.и.т., Насриддинов С.И. — н.и.т., Ҷалилов М.Ф. — н.и.т., дотсент, Шарифов А.Ш — н.и.и. ва дигарон ҳимоя намудаанд.

Кафедра бо кафедраҳои «Масолеҳи сохтмони роҳҳо», «Кофтуков ва лоиҳакашии роҳҳо», «Сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард»-и Донишкадаи автомобилию роҳсозии Маскав (МАДИ-ТТУ), Донишкадаи техникӣ-физикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Байнидавлатии роҳсозони ИДМ алоқаи илмӣ дорад.

Омӯзгорони кафедра зиёда аз 100 корҳои илмӣ, чор патент барои кашфиёт нашр намудаанд. Дар даҳсолаи охир панҷ укази техникӣ барои зергурӯҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ нашр шудааст.

Корҳои илмии устодони кафедра дар журналҳои соҳавии Федератсияи Русия – «Автомобильные дороги», «Наука и техника в дорожной отрасли», «Дороги содружества» ва инчунин дар нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ахбороти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Маърӯзаҳои академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ахбороти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» нашр шудаанд.

Устодони кафедра дар санҷиш ва тадқиқоти роҳҳои автомобилгард, купрӯкҳо ва роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ, қисман дар санҷишҳои купрӯкҳои роҳи оҳани Қӯрѓонтеппа — Кӯлоб, Қӯрѓонтеппа — Тирмез, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат — Норак, Душанбе–Турсунзода-сар.Узбекистон, Душанбе-Ваҳдат-Дангара-Кулоб,  купрӯкҳои бандарҳои обии Роѓун ва дигар иншоотҳо иштирок мекунанд.

КАФЕДРАИ «СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАН, КУПРӮКҲО ВА НАҚБҲОИ НАҚЛИЁТӢ»

Маълумотнома дар бораи таърихи таъсиси кафедра.

Кафедраи «Сохтмони роҳи оҳан, кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» 18 марти соли 2005 дар собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон бо номи кафедраи «Сохтмони нақлиётӣ», ки се ихтисос, яъне 290900-«Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳ», 291000-«Роҳҳои автомобилгард ва аэродромҳо» ва 291100-«Кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ»-ро дар бар мегирифт, ташкил шуда буд.

Соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  якҷоя карда шуд. Кафедраи мазкур айни замон бо номи «Сохтмони роҳи оҳан, кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ» (СРОКНН) фаъолият дорад.

Ҳоло кафедраи  СРОКНН дар ошёнаи 3-юми бинои факултети «Идора ва сохтмони наклиётū» ҷойгир аст. Масоҳати умумии кафедра дар факултет – 90м2, аз он ҷумла 18м2 – ҳуҷраи мудир, 18м2 –ҳуҷраи муаллимони кафедра, 18м2 – лабораторияи «Моделсозии корҳои конструксияҳои борбардори иншоотҳои нақлиётū» ва 18м2 – лабораторияи «Асосҳои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ дар роҳҳои автомобилгарду оҳан, кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётū»-ро ташкил медиҳад.