Кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» 24-уми декабри соли 1991 дар заминаи кафедраи «Иқтисодиёт ва ташкил дар нақлиёти автомобилӣ» таъсис ёфтааст. Мутахассисонро бо ихтисоси «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» омода месозад.

Талаботи ҷумҳуриро ба кадрҳои муҳандисии ихтисоси 2401 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» ба инобат гирифта, дар соли 1988 аввалин маротиба 26 нафар донишҷӯ ба гуруҳи русӣ қабул карда шуд. Аз соли 1989 сар карда, дар асоси талаботи сершумор ва шартномаҳои басташуда бо ташкилоти нақлиёти автомобилии вазорату идораҳои мухталиф ба ин ихтисос қабули донишҷӯёни гуруҳҳои русӣ ва тоҷикӣ ба миқдори 50 нафар донишҷӯ сурат гирифт.

Ҳаҷми солонаи сарбории кафедраи «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» ҳамон замон (соли хониши 1993-1994) 15,5 штати кориро ташкил мекард.

Барои бурдани дарс аз фанҳои алоҳидаи тахассусӣ барои донишҷӯёни ихтисоси 2401 кафедра як қатор олимони соҳа (Холматов М.М., Рауфӣ А., Аслонов З., Минаков В. ва дигарон)-ро аз истеҳсолот даъват менамуд.

Дар соли 1993 аввалин муҳандисони ихтисоси 2401 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт»-ро ба миқдори 25 нафар хатм намуданд. Дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ Итховинг Б. ва Асоргтим У. низ буданд, ки ҳоло дар мамалакатҳои хориҷи дур бомуваффақият фаъолият мекунанд.

Хатмкардагони ихтисос (Аралов С.О., Наргинский С.Г., Чернигов А.И., Колесников С., Захаров А., Шитов А. ва дигарон) ҳоло натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбакистон ва дигар ҷумҳуриҳо низ кору фаъолият доранд. Инчунин дар ташкилоти байналхалқӣ низ баъзе аз хатмкардагони ихтисос (Нуриддинов Ф., Иброҳимов Б., Иброҳимзода Н., Қосимов М., Нарзуллоева М. ва ғайра) кор мекунанд.

Дар пойдоркунӣ ва рушди кафедра хизмати профессорон Ҷумаев Ҷ.Ҷ., Фаттидинов Б.Р., Бобоев О.Б., Сангинов О.Қ., ва  Раҷабов Р.К. ниҳоят калон аст.

Мудири аввалини кафедра н.и.и., дотсент Сангинов О.Қ. (ҳоло д.и.и., профессор) буд, ки то соли 1994 роҳбарии кафедраро ба уҳда дошт. Аз соли 1994 то соли 2006 мудири кафедра н.и.и., дотсент Раҳимова Р.Ҳ. буд. Солҳои 2008-2012 вазифаи мудирии кафедра ба дӯши н.и.и., дотсент Фохаков А.С. гузошта шуд. Ҳоло ин вазифаи пурмасъулро н.и.т., дотсент Бобиев Р.С. ба зимма дорад.

Баъди ҳамроҳ шудани Донишкадаи нақлиёт ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ се ихтисос ба кафедра ҳамроҳ карда шудааст:

240103 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ»;

240101 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ»;

240102 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан».

Ҳамроҳшавии ихтсосҳои нав як қатор масъалаҳоро дар назди кафедра вогузошт. Ин ҳам бошад, масъалаи кадрҳои унвондор буд. Роҳбарияти кафедра оиди пурзӯр намудани ҳайати кафедра як қатор масъалаҳоро ҳал намуданд. Айни замон, дар кафедра аз ҳисоби хатмкардагони солҳои гуногун Юнусов Ф.М., Раҷабов А.А., Ҷалилов У.Ҷ., Шодиев Ш.К., Исмоилов М.И. ва Наҷмудинов Ф.Н. фаъолияти педагогӣ ва илмӣ мебаранд.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар таи ду соли охир наздики 80 мақолаву тезисҳои илмӣ ва 19 адад кори методӣ нашр шудааст.

Дар кафедра як синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки бо 12 адад компютер таҷҳизонида шудааст.

Кафедра бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ККВД «Автобус-1», ККВД «Автобус-2», ККВД «Автобус-3», ҶСНК «а/к — №2927», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷик-Эйр», КВД «Сомон-Эйр», Фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе, Фурудгоҳи байналмилалии ш. Хуҷанд, Фурудгоҳи байналмилалии ш. Кӯлоб, Фурудгоҳи байналмилалии ш. Қӯрғонтеппа ва ғайра шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар онҳо таҷрибаомӯзии шогирдони кафедра ба роҳ монда мешаванд.

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар кафедра курси доимоамалкунандаи бозомӯзии авиакассирҳо барои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ кушода шуд, ки аввалин шуда 15 нафар шунаванда курсро бомуваффақият хатм карданд ва соҳиби сертификат шуданд.

Кафедра дар гузаронидани конференсияҳои илмии донишҷӯён ва омӯзгорон фаъолона иштирок менамояд. Донишҷӯён ва омӯзгорони кафедра чандин маротиба аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмии иҷрошуда мукофотҳо гирифтаанд. Корҳои илмии иҷрошаванда ба ихтисоси 2401 – «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт» комилан мувофиқат мекунад.

Дар кафедра 16 нафар устодон, аз он ҷумла як нафар н.и.т., дотсент – Бобиев Раҳмиддин Саломович, ду нафар н.и.и., дотсентон Фохаков Абдурауф Сайдалиевич, Мирзоева Нисобегим Шоназаршоевна ва  як нафар н.и.и., муаллими калон – Султонов Абдулло Бобоқулович, ёздаҳ нафар муаллимони калон – Юнусов Фаридун Маъруфович, Раҷабов Абдуҳалим Абдураҳимович, Шодиев Шодиқул Каримович, Бобоев Музаффар Гадоевич, Мирзоев Анвар Ахмедович, Болтаев Ҳаким Каримович, Исмоилов Маҳмуд Исоқович, Ҷалилов Умарҷон Ҷамилович, Шарипов Зариф Каримович, Гафуров Фируз Ҷамолович, Муминов Зокир Сатторович, як нафар ассистент – Наҷмудинов Фахридин Низомович ва як нафар котиба-оператор – Азамҷонова Розия кор мекунанд. Аксарияти устодони кафедра бо ифтихорномаву мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд. Аз ҷумла, устоди кафедра Бобоев М.Г. ба ордени шараф дарҷаи дуюм, ба унвони аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон: шодравон Сангинов О.Қ., Раҳимова Р.Ҳ., Фохаков А.С., ба унвони нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон: Бобиев Р.С., Бобоев М.Г., Фохаков А.С., Раҷабов А.А., Шодиев Ш.К., ба ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон Мирзоева Н.Ш., Исмоилов М.И., Юнусов Ф.М.

Соли 2014 кафедра ба аъзогии коллективии Академияи байналмилалии нақлиёт пазируфта шуд. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Бобиев Р.С. академики Академияи байналмилалии нақлиёт ва узви ҳақиқии он гардид.