Факултети ТИ ва К мувофиқи фармоиши ректори ДТТ ба номи М.С.Осимӣ таҳти № 787/2 аз 21 июни соли 2005 дар заминаи факултети энергетикӣ ташкил карда шудааст ва мутахассисонро дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунӣ омода менамояд. То ташкилшавии факултети нав, вобаста ба соҳаи мазкур дар факултети собиқ танҳо як кафедра «Автоматика ва техникаи ҳисоббарор» мавҷуд буд, ки аз соли 1979 сар карда, аввал бо ихтисоси 0646 — Системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ (САИ), баъдтар 2202, сипас 6546 дар шакли таҳсили рӯзона мутахассисонро омода менамуд. Соли 1990 кафедраи мазкур ба ду кафедраи нав тақсим карда шуд: кафедраҳои «Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ» ва «Информатика ва техникаи ҳисоббарор». Сипас аз моҳи сентябри соли 1996 ихтисоси дуюм кушода шуд: аввал 2009, баъдтар 6544, алҳол 450103-02 – Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсия. Барои омода намудани мутахассисони ин ихтисос бо фармоиши ректори ДТТ ба номи М.С.Осимӣ таҳти № 44-3/2 аз 12 октябри соли 1996 кафедраи “Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсия” ташкил карда шуд. Моҳи сентябри соли 2017 дар заминаи кафедраи САКМ ва И кафедраи нав – “ТИ ва ҲМ (Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот)” ташкил карда шуд. Имрӯз бошад факултет бо кафедраҳои тахассусии он дар ихтисосҳои

  1. 530101 – Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯи самтҳо)
  2. 530102 – Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот
  3. 530107 — Технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ
  4. 400102-04 – Низом ва технологияҳои иттилоотӣ
  5. 980101-05 – Амнияти автоматонии системаҳои коркарди иттилоот ва идоракунӣ (ҳифзи маълумот)
  6. 450103-02 – Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсия

дар шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) мутахассисонро омода менамояд.

Дар давраҳои аввали бунёдаш факултети ТИваК бо се кафедра: САКМваИ, ИваТҲ ва ШАваСК фаъолият менамуд, имрӯз бошад, шумораи кафедраҳои он ба 6 адад расидааст:

  1. САКМ ва И (Системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ)
  2. ТИ ва ҲМ (Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот)
  3. ША ва СК (Шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсионӣ)
  4. И ва ТҲ (Информатика ва техникаи ҳисоббарор)
  5. МО (Математикаи олӣ)
  6. ФҶ (Фанҳои ҷомеашиносӣ)

Солҳои гуногун факултети ТИ ва К-ро мутахассисиони зерини баландихтисос роҳбари намуда, дар рушди он саҳми худро гузоштаанд:

  • Набиев Сироҷиддин Астонович – н.и.т., дотсент, солҳои 2005 — 2011
  • Гадозода Мирзомурод – н.и.ф-м., дотсент, солҳои 2011 – 2014
  • Набиев Сироҷиддин Астонович – н.и.т., дотсент, солҳои 2014 – 2016
  • Нарзуллоев Саидаҳмад Абдусаидович – н.и.т., дотсент, aз декабри соли 2016 инҷониб

Факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо як қатор  муассисаҳои таълимию илмӣ ба монанди:

  • Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Бауман (ФР)
  • Донишгоҳи давлатии москвагии автомобил ва роҳсозӣ (МАДИ-ФР)
  • Донишгоҳи давлатии Мосвка ба номи М.В Ломоносов (ДДМ)
  • Донишкадаи оҳан ва хулаи ш.Москва (МИСиС)
  • Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон (ДМТ)
  • Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ)

ва ғайра робитаҳои ҳамкорӣ дорад.

Дар факултет 831 донишҷӯ, аз ҷумла 610 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 221 нафар дар шӯъбаи ғоибона, ҳамчунин 33 магистрант таҳсил менамоянд. Ҳоло дар факултети «Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» зиёда аз 110 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки 33 нафари онҳо докторон ва номзадҳои илм  мебошанд.

Факултет дорои 7 синфхонаи компютерӣ ва 1 китобхонаи электронӣ мебошад, ки онҳо ба миқдори 110 компютерҳои замонавӣ таъмин мебошанд. Ҳамаи синфхонаҳои компютерӣ ва китобхонаи электронӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуда,  ба  шабакаи  умумиҷаҳонии  Internet  пайваст мебошанд.

Имрӯз роҳбарияти факултети ТИваК дар ҳайати зерин фаъолият намуда истодаанд (нигар ба расм): Декани факултет – номзади илмҳои техникӣ, и.в.дотсент Нарзуллоев Саидаҳмад Абдусаидович, муовини декан оид ба таълим – Мирзоҳасанов Мирзоҳасан Лалҷубаевич, муовини декан оид ба илм ва шартномавӣ – Мамурова Гулрухсор Кодировна, муовини декан оид ба тарбия – Асроров Собир Аюбович, танзимгари факултет Муҳитдинова Мавзуна Ҳамидовна, оператор-коргузори фаултет Ахмедҷонова Агунда Тоҳировна.

ti-va-k