Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ соли 2008 дар заминаи муттаҳид намудани кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва кафедраи сотсиология ва ҳуқуқ таъсис ёфтааст. Солҳои аввали ташкилёбии институти политехникии Тоҷикистон (соли  1956) кафедраи мазкур “Кафедраи марксизм-ленинизм” номида мешуд. Мудири аввалини он Латипов Н. таъйин гардида буд. Баъд аз ӯ мудирии кафедраро Ҳамроев Ф. ба ӯҳда дошт. Соли 1964 кафедраи мазкур ба се кафедраи мустақил: кафедраи Таърихи ҳизби комунист, кафедраи Фалсафа ва комунизми илмӣ, кафедраи иқтисодиёти сиёсӣ ҷудо карда шуд. Дар ин муддат кафедраҳои номбурдаро устодон ва олимони шинохта ба монанди профессорон ва дотсентон: Ахмедов Ш.Т., Аслонов М.А., Ҳамроқулов П.Х., Комилов М.К., Хушвактов И.Д., Ҳомидов А.Х., Расулов К.Р., Раҳимов М.Ҳ., Авғонова З.А., Шамолов А.А. сарварӣ намудаанд. Имрӯз кафедраро бо коллективи зиёда аз 30 нафараи он и.в.дотсент Саидумаров Саидвоҳид Саидбурҳонович роҳбарӣ намуда истодааст.

Кафедра барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои муҳандисӣ, илмӣ-техникӣ ва тарбияи ходимони ҷамъиятиву давлатӣ ҳиссаи арзандаи хешро гузоштааст. Хизматҳои устодони кафедраро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, се нафар аъзоёни кафедра: профессор Ҳошимов А.Х., дотсент Попова М.И. ва Аслонов М.К.-ро бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Фаъолияти педагогӣ-тарбиявии аъзоёни кафедра дар фатҳи қуллаҳои илмӣ низ чашмрас мебошад. Дар тули даҳсолаи охир аксари аъзоёни кафедра рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намуда, соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд. Ҳоло омӯзгорони ҷавони кафедра анъанаҳои илмии кафедраро идома дода, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Асарҳо ва мақолаҳои илмии эъҷод кардаи омӯзгорони кафедра аз ҷониби аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ паруфта шуда, дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷ аз он чоп гардидаанд. Омӯзгорони кафедра, аз ҷумла профессорон Шамолов А.А. Раҳимов М.Ҳ., дотсент н.и.ф Авғонова З.А. дар конфронсҳои байналмиллалӣ, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи амрико, Канада, Руссия, Қазоқистон ва ғайра барпо гаштанд, бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, илму фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Устодони кафедра дар корҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, фаъолона ширкат меварзанд. Дар таълиму тарбияи насли ҷавон, алалхусус мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.