Равшанов Чоршанби Буронович

мудири кафедра,номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

+(992)-919-00-99-35

Кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» аз аввал то ба имрӯз ҳамчун кафедраи умумитаълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият дорад.

Дар раванди таълим фанни умумитаълимии «Технологияи информатсионӣ (Информатика)» ҳам барои бакалаврҳо ва ҳам магистрҳо мувофиқи ҳаҷми соатҳои стандарти давлатӣ оид ба маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳо ва равияҳо ташкил шудааст.

Ташкили озмоишгоҳҳои компютерӣ дар машғулиятҳо донишҷӯёнро бо ҷойҳои кории таълимӣ таъмин менамояд. Ин имконияти боз ҳам беҳтар гузаронидани машғулиятҳои таълимиро мувофиқи ихтисосҳо аз фанни технологияи информатсионӣ ва информатика барои донишҷӯён ва магистрон медиҳад. Корҳои озмоишӣ дар кафедра аз барномаҳои Simulink, Matlab, Mathcad, Microsoft Windows, MS Word, MS Excel ва НИА гузаронида мешавад.

Айни ҳол коркарди нави мавзуъҳои MS Word, MS Excel, MS Access Simulink, Matlab, Mathcad ва MS Power Point иҷро шудааст. Инчунин корҳои нав аз назарияи идоракунӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунӣ, ченкунии параметрҳои дастаи энергияи электрикӣ, дар соҳаи шабакаи глобалии Internet коркард шудаанд.