Кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» соли 1990 дар заминаи кафедраи «Автоматика ва техникаи ҳисоббарор» ташкил шуд ва пас аз ташкилшавии он дар донишгоҳ татбиқи васеи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва системаи идоракунии донишгоҳ бо истифодаи техникаи ҳисоббарор дар раванди таълим оғоз ёфт. Ташкилкунанда ва якумин мудири кафедра доктори илмҳои техникӣ, профессор Рабиҷонов Наби Рабиҷонович мебошад.

Солҳои гуногун кафедраи ИваТҲ-ро мутахассисиони зерини баландихтисос роҳбари намуда, дар инкишофи он саҳми худро гузоштаанд:

  • Рабиҷонов Наби Рабиҷонович – д.и.т., профессор, солҳои 1990 — 1991;
  • Шамсиев Муқим Ваҳобович – н.и.т., дотсент, солҳои 1991 – 1992;
  • Аралбоев Тошпулот Захарович — н.и.т., дотсент, солҳои 1992 – 1993;
  • Холиқов Абдукарим Холиқович — д.и.т., профессор, солҳои 1993 – 1999;
  • Чекалин Владимир Георгиевич — н.и.т., профессор, солҳои 1999 — 2011.

Аз соли 2011 инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Равшанов Ч.Б. ба ӯҳда дорад.

Кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» аз аввал то ба имрӯз ҳамчун кафедраи умумитаълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият дорад.

Ҳоло дар коллективи кафедра устодони зерин фаъолият менамоянд: профессор Чекалин В.Г., дотсент Равшанов Ч.Б., дотсент Нарзуллоев С.А., муаллимони калон — Бозоров Ш.А., Соҳибов А.Б., Мирзоҳасанов М.Л., Норқулов Х.О., Тошбоев У.Ҷ., ассистентҳо Иброҳимова Т.В., Каримов С.М., Бурҳонзода А.С., Саидаи Ҷ. ва коргарони техникӣ Назаров А.А., Айдаралиева М.Д.

Дар раванди таълим фанни умумитаълимии «Технологияи информатсионӣ (Информатика)» ҳам барои бакалаврҳо ва ҳам магистрҳо мувофиқи ҳаҷми соатҳои стандарти давлатӣ оид ба маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳо ва равияҳо ташкил шудааст.

Ташкили озмоишгоҳҳои компютерӣ дар машғулиятҳо донишҷӯёнро бо ҷойҳои кории таълимӣ таъмин менамояд. Ин имконияти боз ҳам беҳтар гузаронидани машғулиятҳои таълимиро мувофиқи ихтисосҳо аз фанни технологияи информатсионӣ ва информатика барои донишҷӯён ва магистрон медиҳад. Корҳои озмоишӣ дар кафедра аз барномаҳои Simulink, Matlab, Mathcad, Microsoft Windows, MS Word, MS Excel ва НИА гузаронида мешавад.

Айни ҳол коркарди нави мавзуъҳои MS Word, MS Excel, MS Access Simulink, Matlab, Mathcad ва MS Power Point иҷро шудааст. Инчунин корҳои нав аз назарияи идоракунӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунӣ, ченкунии параметрҳои дастаи энергияи электрикӣ, дар соҳаи шабакаи глобалии Internet коркард шудаанд.

Ба ҳамаи корҳои озмоишии номбаршуда версияҳои электронии онҳо мавҷуд аст, ки онҳо барои донишҷӯён дастрас мебошанд.

Дар кафедраи ИваТҲ корҳои илмӣ – тадқиқотии буҷавӣ «Коркард ва тадқиқоти рақамию адаптивии системаҳои ҳаракатоварандаи электрии модулятсионӣ интегралӣ» таҳти роҳбарии профессор Чекалин В.Г. иҷро шуда истодааст.

Дар назди кафедра синфхонаҳои компютерӣ мавҷуд аст:

Дар ошёнаи сеюми бинои факултети ТИваК синфхонаҳои озмоишии №1 ва №2 ҷойгир аст, ки онҳо бо 14+1 – компютер ҷиҳозонида шудаанд.

Устодони кафедра фаъолона бо корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, тартиб додани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ машғул мебошанд.

Соҳибов Аваз Бобоевич, унвонҷӯи кафедраи ИваТҲ буда, таҳти роҳбарии н.и.т., дотсент Ли И.Р. бо корҳои илмӣ машғул мебошад.

Тошбоев Умед Ҷурабоевич, унвонҷӯи кафедраи ИваТҲ буда, таҳти роҳбарии н.и.т., профессор Чекалин В.Г. бо корҳои илмӣ машғул мебошад.

Бозоров Шамсуддин Аломуддинович, аспиранти институти масъалаҳои об, энергетика ва экологияи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Кобулиев З.В. бо корҳои илмӣ машғул мебошад.

Норкулов Холтура Олимшоевич, унвонҷӯи кафедраи Архитектура ва дизайни ДТТ ба номи М.С.Осимӣ буда, таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Муқимов Р.С. бо корҳои илмӣ машғул мебошад.

Каримов Саъди Мирзоевич, унвонҷӯи кафедраи БФИ ДТТ ба номи М.С.Осимӣ буда, таҳти роҳбарии н.и.т., дотсент Амиров О.Х. бо корҳои илмӣ машғул мебошад.

Мирзоҳасанов Мирзоҳасан Лалҷубаевич, унвонҷӯи кафедраи Иқтисодиёт дар истеҳсолоти ДТТ ба номи М.С.Осимӣ буда, таҳти роҳбарии д.и.и., профессор Кошонова М.Р. бо корҳои илмӣ машғул мебошад.

Устодони кафедра дар конференсия ва семинарҳо фаъолона иштирок менамоянд.