Кафедраи математикаи олӣ аз аввалин рӯзҳои ташкилёбии нахустин донишкадаи техникии Точикистон, соли 1956 ба кор шурӯъ намудааст.  Қамаров У.Ҳ., Ельманова В.А. ва Цой П.В. аввалин омӯзгорони кафедра буданд. Бо фармони ректор М.С.Осимӣ, нахустин мудири кафедраи математикаи олӣ Қамаров У.Ҳ.  таъйин шуд.

Қамаров У.Ҳ. то соли 1969 ба ҳайси мудири кафедра кор ва фаъолият намудааст. Дар ин муддат ба кафедра мутахассисони ҷавону боистеъдод Зохидов Н., Лақаев А., Марончик Л.С., Чиликина М.Н., Киановский О.Б., Амонуллоев А., Нуриддинов Ш.Н., Қурбонмуродов М., Раҳимов Ш.Р.,  Ҷалолов А., Ибрагимов Қ., Ҳаннонова Л.Г., Фонова Л.А., Гордеев Ю.В., Азизов А., Салимов М., Неъматов Т., Якубова З., Қодирхонова У.С., Рахимов Б. ва дигарон ба кор кабул шуда, фаъолияти пурсамар намудаанд. Ҳар яке аз ин омӯзгорон дар ташаккули кафедра, тарбияву таълими донишҷӯён саҳми босазои худро гузоштааст.

Дар солҳои шастум бо зиёд шудани теъдоди муҳассилин ва ҷорӣ намудани тахассусҳои нав дар ҳаёти кафедра дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Омӯзгорон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методиро ба роҳ монданд. Бо сарварии Қамаров У.Ҳ. ҳайати кафедра ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Барои хизматхои шоёнаш дар кори тарбияи донишҷӯён Қамаров У.Ҳ. ба унвони Омӯзгори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштааст.

Дар солҳои ҳафтодум кафедра аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, хатмкунандагони донишкадаҳои  Тоҷикистон ва дигар макотиби олии ИҶШС мукаммал гаштааст. Дар ин муддат мутахассисон Собиров И., Солиев Ю., Гадозова М., Қурбонов И., Болтаев К.С., Юсупов С., Қаҳҳоров А., Сангинов А., Маҳмаёров Б., Маргулис Л.Ф., Ҳалимов Б.Н., Мирмуҳаммадов С., Тоирова Ж.И., Қозиҷонова Н.М., Шестак С.И., Планида А.М., Раҷабова Л.Н., Петрова Л.Т., Ҳоҷиев Ш, Сафармамадов Н., Шахбазян А.М., Бобоев Н.Б., Норқулов Р., Самаров Ш., Вафодорова Г. ба кафедра ба кор омада, дар кори тайёр намудани муҳандисони ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд.

Аз соли 1969 то 1993 кафедраи математикаи олиро профессор Цой П.В. роҳбарӣ намудааст. Дар ин муддат дар кафедра дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Аз ҷумла, мактаби илмии теплофизикон ташкил шуд. Таҳти роҳбарии профессор П.В.Цой устодон Қамаров У.Ҳ., Нуриддинов Ш., Юсупов С., Неъматов Т., Қозиҷонова Н., Самаров Ш. бомуваффақият диссертатсияҳои номзадиашонро дифоъ намудаанд. Пётр Василевич муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ ва се монография буда, асарҳояш берун аз ҷумҳурӣ байни мутахассисони соҳаи теплофизика маълуму машҳур гардидаанд.

Охири солҳои шастум бо роҳхати Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС устодони кафедра дар ташаккулёбии мактабҳои олии техникии Ҷумҳурии Афғонистон фаъолият намудаанд. Аз ҷумла, муаллим Амонуллоев А. солҳои 1967-1971 дар донишкадаи политехникии шаҳри Кобул кор карда, бо ҳамкории устодони макотиби олии собиқ ИҶШС дар ташкилёбии кафедраи математикаи олӣ саҳм гузоштааст. Солҳои 1981-1984 устод Амонуллоев инчунин дар техникуми автомеханикии шаҳри Кобул кор кардааст. Худи ҳамон солҳо дар донишкадаи политехникии Кобул дотсенти кафедра Солиев Ю.С. низ фаъолият намудааст.

Соли 1986 кафедраи математикаи олӣ ба ду кафедра — кафедраи  «Математикаи амалӣ ва ҳисоббарор» мудир профессор Цой П.В. ва «Математикаи олӣ»  мудир дотсент Солиев Ю.С. ҷудо карда шуд. Соли 1995 ин кафедраҳо аз сари нав ба кафедраи «Математикаи олӣ» пайвастанд.

Соли 1994 кафедраи математикаи олиро дотсент Гадозода М. сарварӣ намуд. Он солҳо Тоҷикистон рӯзҳои басо мушкили ҷанги шаҳрвандиро аз сар мегузаронид. Ҷумҳуриро кормандони беҳтарини соҳибтаҷриба тарк менамуданд. Ин раванд ба кафедраи математикаи олӣ низ нақши муайян гузошт. Дар қатори дигарон омӯзгорони ботаҷриба Киановский О.Б., Чиликина М.Н., Шестак С.И., Маргулис Л.Ф., Неъматов Т.Н. ва дигарон ҷумҳуриро тарк намуданд. Дар ин давра масъалаи басо мубрам —  пур намудани сафи омӯзгорони кафедра ба миён омад. Ин буд, ки мудири нав хатмкунандагони аълочии факултаҳои математикии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе – Садриддинов М.М., Ҳафизов Ҳ.М., Тоиров В.А., Ваҳҳобов А., Орипов Т., Ҷабборов М.А.,  Қодиров О.Қ. Асроров С., Иқболов С., Исломов М., Хоразмшоев С., Нусайриев М., Рустамбекова У., Ғайбуллоев Б., Саидов Ш. ва дигаронро ба кор ҷалб намуд.

Аз соли 2007 кафедраи математикаи олиро номзади илмҳои физикаву математика, дотсент Ҳафизов Ҳ.М. сарварӣ намуд. Таи ин солҳо устодони кафедра Садриддинов М.М., Орипов Т.С. рисолаҳои номзадӣ ва Раҷабова Л.Н. рисолаи докториро ҳимоя намуданд.

Аз соли 2011 кафедраи математикаи олиро номзади илмҳои физикаву математика Самаров Ш.Ш. роҳбарӣ менамояд. Устодони кафедра бомуваффакият фаъолияти илми-методӣ мебаранд. Китобҳои таълимии устодони кафедраро на танҳо мухассилини Донишгохи техникии Тоҷикистон, балки донишҷӯёни дигар макотиби олӣ низ истифода мебаранд.

Аз соли 2015 кафедраи математикаи олиро номзади илмҳои физикаву математика, дотсент Садриддинов М.М. сарварӣ менамояд. Хайати муаллимони кафедра оид ба мавзӯи «Усулҳои тарҳрезии математикии равандҳои кучиш» дар се самт фаъолият мебаранд.

Номзадҳои илмҳои физикаю математика дотсентон Гадозода М., Ҳафизов Ҳ.М., муаллимони калон Қодиров О.Қ., Саидов Ш.А. ва ассистент Асроров С. оиди як синфи муодилаҳои дифференсиалии тартиби дуюм ва сеюми дорои ҳосилаҳои хусусӣ тадқиқот бурда, ҳалли ин муодилаҳоро дар синфҳо нишон додаанд. Ҳоло Қодиров О. дар ин самт рисолаи номзадиро ба итмом расонида, дар арафаи ҳимоя аст.

Муаллими калони кафедра Хоразмшоев С. дар самти “Тахлили фугксионали ҳақиқӣ ва комплексӣ” дар мавзӯи “Оид ба наздиккунии беҳтарин ва қиматҳои қутурҳои синфҳои функсияҳои даврии дифференсиронидашуда” фаъолият намуда, рисолаи номзадиро бо мувафақият дифоъ намуд.

Таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Қурбонов И. ассистенти кафедра Иқболов С. корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзӯи «Мавҷҳо дар муҳитҳои ғайрихаттии якҷинса ва ғайриякҷинса» пеш бурда истода, масъалаҳои паҳншавии мавҷҳои электромагнитиро барои муҳитҳои ғайрихаттии якҷинса ва ғайриякҷинса (ферромагнитӣ, сегнетҳэлектрикӣ ва муҳитҳои ғайрихаттии дорои гузариши электрикӣ) омӯхта истодааст. Дар мақолаи  интишоргардидаи ӯ инчунин гузориши масъалаҳои канорӣ барои системаҳои ғайрихаттии муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ оварда шудааст. Ҳалли тақрибии даврӣ бо методи хаттикунонии эквивалентӣ сохта шудааст. Иқболов С. дар ҳамин самт рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ дар кори такмил додани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ҳиссагузорӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки анъанаҳои илми-методӣ ва тарбиявии кафедраро қадр намуда, пос нигоҳ доранд.