Nazarov

Назаров Акбар Шарипович

мудири кафедра,номзади илмҳои техникӣ, дотсент

+(992)-907-54-60-06

 

Имрӯз кафедра бакалаврҳоро аз рӯи 2 ихтисос:

  1. 1-400102-04 – «Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар кор кард ва пешниходи иттилоот)»
  2. 1-980101-0105– «Амнияти автоматонии системаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ»

тайёр менамояд. Инчунин дар кафедра аз рӯи ихтисоси

  1. 1-400102-04  «Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар кор кард ва пешниходи иттилоот)»

магистра ташкил карда шудааст.

Барои  тайёр намудани мутахасисон 5 нафар омӯзгорони штатӣ, 2 нафар омӯзгорони  ҳамкории дохила ва 2 нафар  омӯзгорони ҳамкории беруна фаъолият менамоянд.

Дар кафедра барои тайёр намудани бакалавр ва магистрҳо  чунин озмоишгоҳҳо, ки бо воситаҳои техникӣ ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда мебошанд истифода мешаванд:

  • Барномасозӣ ва идораи базаи додаҳо
  • Администронӣ дар системаҳои иттилоотӣ
  • Нақшакашии компютерӣ ва системаҳои мултимедӣ
  • Моделсозии системаҳо
  • Шабакаҳои иттилоотӣ ва компютерӣ
  • Лоиҳакашии системаҳои иттилоотӣ
  • Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот
  • Системаҳои оператсионӣ

Кафедра дар соҳаи тайёр намудании мутахассисони унвондор  аз рӯи ихтисосҳои зерин фаъолият менамояд:

  • 6D070400- Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ;
  • 6D070500- Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ;
  • 6D100200- Системаҳои амнияти иттилоотӣ.