Бо қарори  Шӯрои олимон ва фаршоиши ректори Донишгоҳ №41-3/2 аз 22 июли соли 2017 дар заминаи кафедраи «Системаҳои автоматонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ» кафедраи «Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот» (ТИваҲМ) таъсис дода шуд.

Ба вазифаи мудири кафедраи ТИваҲМ  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Назаров А.Ш. таъин гардид.

Имрӯз кафедра бакалаврҳоро аз рӯи 2 ихтисос – 1-400102-04 – «Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар кор кард ва пешниходи иттилоот)» ва 1-980101-0105– «Амнияти автоматонии системаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ» тайёр менамояд. Инчунин дар кафедра аз рӯи ихтисоси 1-400102-04  «Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар кор кард ва пешниходи иттилоот)» магистра ташкил карда шудааст.

Барои  тайёр намудани мутахасисон 5 нафар омӯзгорони штатӣ, 2 нафар омӯзгорони  ҳамкории дохила ва 2 нафар  омӯзгорони ҳамкории беруна фаъолият менамоянд. Аз ҷумла номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Назаров А.Ш., номзади илмҳои иқтисодӣ Мухсинов А.С.,  ассистентон Якубова Н.Б., Тоирова М., Толибова С.Н., Каримов А., Маҳмудов А., Саидаи Ҷ. ва Нуров Р.

Дар кафедра барои тайёр намудани бакалавр ва магистрҳо  чунин озмоишгоҳҳо, ки бо воситаҳои техникӣ ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда мебошанд истифода мешаванд:

  • Барномасозӣ ва идораи базаи додаҳо;
  • Администронӣ дар системаҳои иттилоотӣ;
  • Нақшакашии компютерӣ ва системаҳои мултимедӣ;
  • Моделсозии системаҳо;
  • Шабакаҳои иттилоотӣ ва компютерӣ;
  • Лоиҳакашии системаҳои иттилоотӣ;
  • Технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот;
  • Системаҳои оператсионӣ;

Ҳамаи компютерҳои озмоишгоҳҳо дар айни замон ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.  Дар ҷараёни таълим барномаҳои таълимии гуногун инчунин системахои иттилоотӣ ба монанди Microsoft Office, Visual Studio, Matlab, Electronics Workbench, AutoCAD, IBM Rational Rose, Oracle Express Edition, MS SQL-server, MY SQL, Borland Delphi, С# ва ғайра мавриди омӯзиш  қарор дода шудаанд.

Аз тарафи кафедра чунин корҳои илмӣ иҷро гардида ба анҷом расонида шуда истодаанд:

  • Модели аналитикии ояндабинии бозори менат;
  • Автоматонии идоракунии равандҳои технологӣ;
  • Тарҳрезии комплекси барномавии тақсимоти оптималии захираҳои энергетикӣ дар ҷумҳури;
  • Таҳия ва лоиҳакашии системаҳои омузиши автоматинидашуда барои тайёр намудани муттахасисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.

Кафедра дар соҳаи тайёр намудании мутахассисони унвондор  аз рӯи ихтисосҳои зерин фаъолият менамояд:

  • 6D070400- Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ;
  • 6D070500- Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ;
  • 6D100200- Системаҳои амнияти иттилоотӣ.

Самти асосии корҳои  илмӣ-таҳқиқотии кафедра – ҳалли масъалаҳои моделсозии математики ва компютерӣ,  истифодаи усулҳои зеҳнии сунъи барои идораи объектҳои гуногун, таҳияи системаҳои иттилоотии идора ва низом ва амнияти иттилоотӣ мебошад.

Устодон ва донишҷуёни кафедра дар семинар ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда саҳми худро дар тарақиёти илмӣ ҷумҳуриамон гузошта истодаанд.

Корҳои тарбиявӣ дар кафедра мувофиқи нақшаи корҳои тарбиявии факултет ва кафедра гузаронида мешавад. Омӯзгорони кафедра кураторҳои гуруҳҳои академи мебошанд. Онҳо бо донишҷуёни фаъол ҳамкорӣ намуда чорабиниҳои гуногуни сатҳи факултетӣ ва донишгоҳиро ташкил намуда фаъолона иштирок менамоянд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи ТИ ва ҲМ мунтазам дар чорабиниҳои анъанавӣ ба монанди  «Рӯзи дониш», «Рузи ҷашни забони давлатӣ», «Ҷашни истиқлолият», «Рузи сарқонуни ҶТ» «Ҷашни артиши миллӣ», «Рӯзи модарон» ,  «Иди ғалаба», «Ҷашни ваҳдати милли» ва ғайраҳо иштирок менамоянд.