Бо мақсади ичрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон таҳти №471 аз 1 сентябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи  нақлиёти  Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ”,  фармони ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти №79-3/2 аз 18 октябри соли 2007 ва таҳти №81-3/2  аз  31 октябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ” дар базаи факултети Автомобилию роҳсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ду факултети равияи нақлиётӣ – факултетҳои  Нақлиёт  ва  Идора ва сохтмони нақлиётӣ созмон дода шуда буд.

Факултети Автомобилию роҳсозӣ бо мақсади такомули ҷиддӣ бахшидан дар ҷодаи омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси фармони Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон аз  22 сентябри  соли  1975 ва фармони ДПТ аз13 октябри соли 1975 таҳти №70/1 ташкил карда шуд.

Омодасозии муҳандисон аз рўи ихтисоси 1609 – Нақлиёти автомобилӣ дар ҳайати Факултаи сохтмон соли 1956, аз соли ташкилёбии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултаи Автомобилию роҳсозиро (ҳозира факултети Нақлиёт) д.и.и., профессор Ҷумъаев Ҷ.Ҷ., н.и.и., дотсент Сатторов Р.С. Солҳои 1996-2008 д.и.т., профессор Турсунов А.А., солҳои 2008-2011 д.и.и., профессор Сангинов О.Қ., солҳои 2011-2013 н.и.т., дотсент Соибов А.А., солҳои 2013-2014 д.и.т., профессор Турсунов А.А. ва н.и.т., дотсент Абдуллоев М.А. аз сенябри соли 2014 то августи соли 2016 ба ўҳда доштанд. Аз сентябри соли 2016 то ҳол ин вазифаро н.и.т., дотсент Давлатшоев Р.А. иҷро намуда истодааст.

Дар ташаккулу тараққиёт, таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини методию кадрии факултет профессорон Ҷумъаев Ҷ.Ҷ. ва Қараев Ғ.О., дотсентон бародарон Браилчукҳо Петр ва Павел, Алиев В.А., Вавилова С.А., Фаттидинов Б.Р., Аликариев С.А., Мястовский В.Н., Саттивалдиев Б.С., педагогҳои барҷаста Сквортсов В.И., Гурский Г.Н. ва дигарон  ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Дар факултет коллективи устодону профессорон доир ба «Мушкилоти системаи нақлиётӣ ва роҳҳои бартараф кардани камбудиҳои соҳа» корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд.

Дар факултет ҳоло чаҳор кафедраи тахассусӣ ва як кафедраи умумикасбӣ фаъолият дорад:

  1. Кафедраи «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ» (собиқ кафедраи «Хоҷагии автомобилӣ») 6 сентябри соли 1964 таъсис ёфтааст. Мудири кафедра н.и.т., дотсент Юнусов М.Ю. мебошад.
  2. Кафедраи «Таркиби ҳаракаткунандаи роҳи оҳан»
  3. Кафедраи «Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан» мутахассисонро аз рўи ихтисоси ихтисоси 370401 – «Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ» ва 370102-01 Ҳайати кашандагии нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо) омода месозад. Мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Мажидов Б.Ж. мебошад;
  4. Кафедраи «Ҷузъҳои мошинҳо ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ» (16 апрели соли 1997 таъсис ёфтааст). Мудири кафедра н.и.т. Акрамов Б.Н. мебошад;
  5. Кафедраи « Механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод», ки ҳамчун кафедраи умумикасбӣ барои қариб ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ хизмат мекунад. Сарварии кафедраро н.и.т., Саидов М.Ҳ. ба ўҳда дорад.

Дар айни замон дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, дар шўъбаҳои рўзона ва ғоибона, аз рўи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  1. 1-080101-09 — Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ). (рӯзона ва ғоибона);
  2. 1-3611.01 — Таҷҳизот ва нақлиёти роҳӣ, сохтмон ва борбардор;
  3. 1-3701.05 — Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ;
  4. 1-3701.06 — Истифодабарии техникии автомобилҳо, нақлиёти автомобилии истифодаи умум ва шахсӣ;
  5. 1-3702.02 — Ҳайати кашандагии нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо). (рӯзона ва ғоибона);
  6. 1-3704.01 — Истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳаррикҳо;
  7. 1-4403.02 — Ташкили ҳаракат дар роҳ (рӯзона ва ғоибона).
  8. 1-740603 – Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ

Айни замон дар факултет 920 донишҷӯ таҳсил намуда истодааст, ки аз онҳо 705 нафарашон дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Аз миқдори умумии донишҷӯён  725 нафар (78,8%) ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Ҷараёни таълимию тарбиявиро дар факулта 38 омўзгор пеш мебаранд, ки дар байни онҳо  1 профессор, докторони илм ва 15 дотсент, номзадони илм ҳастанд.

Дар муддати мавҷудияти худ факулта зиёда аз 6000 мутахассисонро барои комплекси автомобилию роҳсозии ҷумҳурӣ омода сохтааст.

Хатмкунандагони зиёди факултет дар вазифаҳои масъул фаъолият намуда, барои тараққиёти соҳаву рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Аз байни онҳо собиқ вазирони нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашўр, А.С. Салимов, О.Б. Бобоев, собиқ муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Худоёров, академики Академияи нақлиёти Русия Б.Б. Каримов, собиқ муовини раиси ш. Душанбе А.М. Оев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Р. Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Б. Мирзоев, докторони илм, профессорон Ҷ.Ҷ. Ҷумъаев, Р.К, Раҷабов, О.Қ. Сангинов, А.А. Турсунов ва дигаронро метавон номбар намуд.

Ҳайати омўзгорону профессорони факулта дар пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию методӣ иштироки фаъолона доранд.  Дараҷаи тахассуси худро дар муассисаҳои пешбари кишвар, инчунин дар Донишкадаи (донишгоҳи давлатии техникии) автомобилию роҳсозии ш. Москва, Донишгоҳи давлатии ш. Владимир, Донишгоҳи давлатии нафту гази Россия ба номи И.М. Губкин,  Донишкадаи автомобилию роҳсозии ш. Тошканд ва ғайра мунтазам такмил медиҳанд. Инчунин робитаҳои ҳамкорӣ низ бо ин донишгоҳҳои бонуфуз ва олимони пешбари давлатҳои дигар, аз қабили Русия, Украина, Белоруссия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ба роҳ монда шудааст.

Раванди таълиму тарбия дар факултет хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони дорои тахассус ва таҷрибаи баланди назариявию амалӣ ба донишҷўён касб меомўзанд. Бо воситаҳои гуногуни таълимӣ мутахассиси ояндаи ҷавобгўи талаботи ҷаҳонӣ тарбия карда мешавад, ки саҳми Шўрои кураторони факултет назаррас аст. Ҷамъияти илмии донишҷўён ба таври доимӣ фаъолият менамояд, донишҷўён бо мақолаву тезисҳои худ дар маҳфилҳои илмӣ баромад мекунанд.

Таҷрибаомўзиҳои истеҳсолии донишҷўёни факултет дар корхонаҳои нақлиётию роҳсозии пешбари кишвар – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (АВВАТ), ККВД «Автобус-1», ККВД «Автобус-2», ККВД «Автобус-3», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷик-Эйр», КВД «Сомон-Эйр», Фурўдгоҳи байналмилалии ш. Душанбе, Фурўдгоҳи байналмилалии ш. Хуҷанд, Фурўдгоҳи байналмилалии ш. Кўлоб, Фурўдгоҳи байналмилалии ш. Қўрғонтеппа, «Корхонаи оҳану бетонбарории №1»-и ш. Душанбе ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.