Кафедраи «Истифодабарии техникии автомобилҳо» асоси факултети нақлиёт, соли 1958 созмон дода шудааст ва ҷузъу томи сохтори факултети Сохтмони донишкада ба шумор мерафт. Мудири аввалини кафедра н.и.т., дотсент Браилчук Пётр Леонтевич интихоб шуд. Ӯ на танҳо ташилкунандаи кафедра буд, инчунин қариб ҳамаи фанҳои ихтисосро мебурд. Зери роҳбарии ӯ бо иштироки муаллими калон Сквортсов В.И. ва лаборант Темиргалиева Р. аввалин озмоишгоҳҳои кафедра ташкил карда шуданд.

Ба шарофати фидокорӣ ва кори софдилонаи коллективи кафедра бо роҳбарии  Браилчук Пётр Леонтевич соли 1961 аввалин муҳандисон бо ихтисоси «Нақлиёти автомобилӣ» донишкадаро хатм карданд. 18 нафар хатмкунандагони соли 1956 дохилшуда барои кор ба муассисаҳои нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Дар натиҷаи меҳнат ва суботкорӣ онҳо мутахассисони беҳтарин, олимон, роҳбарони МНА шуда ба воя расиданд. Якчанд нафари онҳоро метавон номбар кард: Қараев Ғ.О. — (сардори гурӯҳ) барои корҳои педагогӣ дар кафедраи ИТА нигоҳ дошта шуд ва ӯ дар оянда ба ҳайси профессор, мудири кафедра ва муовини декани факулта фаъолият намудааст; Қурбонов М. — сардори НТ заводи «Автозапчаст»-и Конибодом; Сафаров Т. — 30 сол директори МНА №28; Масаидов А. – сармуҳандиси таксобаза, директори МНА, сармутахассиси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои охир муаллими калони кафедраи «ИНА»; Маҷидов Н. – директори генералии ДОПТ; Саидов Т. – зиёда аз 20 сол директори МНА Вазорати савдои ҶТ дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира).

Дар алоқамандӣ бо афзоиши ҳаҷми корҳо ва зарурати ихтисосмандон бо омодасозии муҳандисон дар риштаи нақлиёти автомобилӣ кафедраи «Истифодабарии техникии автомобилҳо» соли 1964 ба ду кафедра «Нақлиёти автомобилӣ» ва «Истеҳсолот ва таъмири автомобилҳо» тақсим карда шуд.

Аз соли 1969 то 1972 мудири ҳар ду кафедра н.и.т., дотсент Қараев Ғ.О. буд. Ин солҳо аз солҳои пурмавҷи рушди ихтисоси “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ” ба шумор мерафт, ки н.и.т. дотсентҳо Браилчук Пётр Леонтевич, Браилчук Павел Леонтевич, дотсентҳо Қараев Ғ.О., Саттивалдиев Б.С., Алиев В.А., Эман О.Я., Таштабанов Р.А., Лигай В.В., муаллимони калон Фаттидинов Б.Р., Миронов Е.А., Гурский Г.Н., Сквортсов В.И. ва дигарон кор кардаанд.

Солҳои баъдина мудирони кафедраи «Нақлиёти автомобилӣ» н.и.т., дотсентҳо: Алиев В.А. (1972-1985), Қаландаров А.Ҳ. (1985-1996), Ҷамолов А.А. (1996-2003); кафедраи «Истеҳсолот ва таъмири автомобилҳо»: профессор Қараев Ғ.О. (1968-1978), н.и.т., дотсентҳо: Таштабанов Р.А. (1978-1983), Тошев Х.У. (1983-1993) буданд.

Аз соли 2003 то соли 2009 сарварии кафедраи якҷояшудаи «Истифодабарии воситаҳои нақлиёт»-ро д.и.т., профессор Турсунов А.А., аз соли 2009 то соли 2014 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдуллоев М.А. ва аз соли 2014 то соли 2017 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Давлатшоев Р.А. ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 2017 инҷониб сарварии кафедраро номзади илмҳои техникӣ Юнусов Мансур Юсуфович ба ӯҳда дорад.

Дар солҳои маҷудияти худ кафедра ҳудуди 3500 муҳандисонро тайёр кардааст.

Дар кафедра 1 доктор ва 13 номзадҳои илмҳои техникӣ тайёр шудаанд. Барои ҳимоя рисолаҳои номзадӣ ҳам дар чорчӯбаи ДТТ ва ҳам дар макотиби олии кишварҳои дигар чун Русия ва Қирғизистон омода мешаванд.

Дар рушди кафедра, хусусан баъди солҳои 2000-ум саҳми шодравон профессори кафедра Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович, ки аъзои ду Шӯрои диссертатсионӣ дар хориҷи кишвар солҳои 2009-2014 буданд, хеле калон аст. Аз ҷониби коллективи кафедра зиёда аз 55 монография ва дастурҳои таълимӣ нашр шудааст. Кормандони кафедра доимо натиҷаҳои корҳои илмии худро дар маҷаллаву маҷмӯаҳо ба чоп омода мекунанд.

Ду омӯзгори кафедра номзадони илм Абдуллоев М.А. ва Давлатшоев Р.А. дар курси ҳафтмоҳа дар Донишкадаи байналмилалии такмили ихтисоси шаҳри Маннҳайми Ҷумҳурии Федеролии Олмон (Internationales Institut für Berufsbildung) такмили ихтисос намуда, аз мактаби бузурги автомобилсозӣ ва нигоҳубини техникии автомобил баҳравар шуданд. Дар рафти такмили ихтисос онҳо ҳамчунин аз корхонаҳои бузурги автомобилсозии Олмон ба мисли „Mercedes“, „Audi“ ва „Volkswagen“ дидан карда бо технологияи навтарини истеҳсоли автомобилҳои ҳозирзамон шиносоӣ пайдо намуданд.

Устодони кафедра аз рӯзи ташкил шудани кафедра то ин ҷониб бо корҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ машғуланд. Октябри соли 1968 дар ДПТ конференсияи умумииттифоқӣ, ки дар он зиёда аз 500 маърӯзаҳо дар масъалаҳои муҳими назарияи ҳисоб ва истифодаи автомобилҳои дар шароити кӯҳсор ва иқлими гарм коркунанда шунидаву муҳокима шуда буд, олимони намоёни Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби олимони Тоҷикистон 23 маърӯза, ки аз онҳо 15-тоаш аз кафедраи “ИТА”-и  ДПТ буд, пешниҳод гашт.

Барои ташкили кори самаранок ва бомақсади дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар ДПТ озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ (ОИТС)-и «Автотранспорт» созмон дода шуд, ки мудири он муҳандис Гун Яков Рафаилович буд. Бо мақсади омӯзиши объективии таъсири шароити кӯҳсор ба истифодабарии автомобилҳо ва коркарди талабот ба воситаи нақлиёти автомобили модификатсияи кӯҳӣ дар шаҳри Душанбе дар замина ОИТС «Автотранспорт» хоҷагии автомобили таҷрибавӣ-истеҳсолии Институти марказии автомобил ва автомуҳаррик (ИМАА) дар назди МНА-1 ГСК «Таджикстрой»-и ҶТ ташкил карда шуд. Мақсади созмони муассисаи илмӣ-истеҳсолии номбурда коркарди Барномаи ҷумҳуриявии мақсадноки маҷмӯавии илмӣ-техникии «Созмони таҷҳизоти назоратӣ-ташхисӣ, мукаммалкунии дастгоҳҳои системаи таъминотӣ ва иҷрои дигар чорабиниҳо бо мақсади пасткунии сатҳи хароҷоту партовҳои заҳрнок, баландбардории самаранокии автомобилҳо дар шароити баландкӯҳ ва иқлими гарм» мебошад.

Олимони тоҷик дар натиҷаи татбиқи амалии корҳои илмӣ тадқиқотӣ дар муассисаҳои нақлиёти автомобили ҷумҳурӣ, заводҳои автомобилӣ: ЗиЛ (заводи ба номи Лихачёв), ПАЗ (заводи автобусбарории Павлов), Заводи карбюраторбарории Маскав ва ғайраҳо, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар кори баландбардории сатҳи илмӣ-педагогии устодони кафедра саҳми кафедраҳои «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ», «Автомобилҳо», «Истифодабарии мошинҳои роҳсозӣ», «Техникаи гармо ва муҳаррикҳои автотракторӣ»-и Институти автомобил ва роҳи Москва (МАДИ), ки айни замон чун донишгоҳи техникии давлатӣ шинохта мешавад ва онро олимони намоёни илму техникаи Русия, чун: д.и.т., профессорҳо Г.В. Крамаренко, А.Н. Островтсев, А.К. Фрумкин, Я.Е. Фаробин, А.М. Шейнин, М.С. Ховах, инчунин профессори кафедраи «Нақлиёти автомобилӣ»-и Донишгоҳи давлатии Владимир И.Н. Аринин ва дигарон роҳбарӣ мекунанд, хеле калон аст.

Тадқиқоти илмии кормандони кафедра аз рӯи равияи «Баландбардории эътимоднокии истифодабарӣ ва коркарди методологияи хусусиятҳои мутобиқкунии автомобилҳо дар шароити кӯҳсор» бурда мешавад.

Дар айни замон кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои “Автомобил ва хоҷагиҳои автомобилӣ”, “Истифодабарии техникии автомобилҳо” , “Ташкили ҳаракат дар роҳ” ва “Таълимоти касбӣ” омода месозад.

Ҳоло дар кафедра 5 нафар номзади илм, 6 нафар омӯзгори калон, 3 нафар ассистент ва 3 нафар корманди техникӣ кор карда истодаанд. Барои меҳнати софдилона дар тайёр намудани мутахассисони соҳа устодони кафедра бо мукофотҳои соҳавӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла 3 устоди кафедра бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.