Таърихи кафедраи «Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ»

Кафедра мувофиқи фармони ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи  академик М.С.Осимӣ д.и.т., профессор Одиназода Ҳ.О. №3 -3/2 аз 08.02.2016  оиди тағйири сохтори донишгоҳ таъсис дода шуд. Мувофиқи ин фармон кафедраҳои  «назарияи мошин ва механизмҳо ва ҷузъҳои мошин» ва кафедраи «Мошинҳо ва маҷмӯи нақлиёти технологӣ» якҷоя карда шуданд. Хозир дар кафедра омузгорони зерин кор карда истодаанд: дотсент, н.и.т.  Акрамов Б.Н. (мудири кафедра), дотсент, н.и.т.  Рахмонов Р.,  н.и.т.  Султанов Х., муалимхои калон Зиеев Р., Тошев М., Аминов Ф., Исматов И., Шарифов  Д.  Ду ассистенти кафедра Файзов С. ва Тиллоев К. соли 2017 ба тахсил ба  аспирантура дар  Россия равон карда шуданд. Кафедра бо тайер кардани мутахассисони  ихтисоси  3611-01 ««Тачхизот ва наклиети рох, сохтмони ва рохсози»  машгул мебошад.

Таърихи кафедраи «НММ ва ҶМ»

Кафедраи «НММ ва ҶМ» 16-уми ноябри соли 1968 дар асоси кафедраи «Механикаи техникӣ» ташкил карда шуд. Якумин мудири кафедра н.и.т. дотсент Саидов Х.С. буданд, ки то соли 1984 кафедраро сарвари карданд. Дар оянда Луговой В.П. (солхои 1984-1985), Миракилов В.М (солхои 1985-1988), Умаров А.У (солхои 1988-1998), Акрамов Б.Н. (солхои 1998-2008) кафедраро сарвари намуданд. Дар айни ҳол вазифаи мудирии кафедраро н.и.т. дотсент Акрамов Б.Н. иҷро карда истодаанд.

Барои ташкилёбӣ ва тараққиёти кафедра ҳиссаи арзандаи илмию методӣ ва педагогиашонро якумин педагогҳо, мутахассисҳои беҳтарин н.и.т. и.в.профессори кафедра Саидов Ҳ.С., Умаров А.У., дотсентҳо Томилин С.В., муаллимони калон Королёва Л.Т., Селезнёва А.Д., Боровский Б.Н., Гулов Я.   гузоштанд.

Аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш кафедра дар  тайёр кардани мутахасиссони илмию педагогӣ баланд бардоштани раванди хониш кӯшиши зиёд кардааст. Дар кафедра озмоишгоҳҳои назарияи мошину механизмҳо, таҷҳизотҳои ҳамлу нақл, ҷузъҳои мошин, мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ, лоиҳакашии мошинҳо ва утоқи лоиҳакашии курсӣ ташкил карда шуд.

Дар ин муддат аъзоёни кафедра Умаров А.У., Томилин С.В., Миракилов В.М., Курсеитов С.К., Сайфуллоев Х.А., Акрамов Б.Н., Тошматов Р., Абдуллоев С.А., Наҷмиддинов Ш.З. Сайдаминов И аспирантураҳои шаҳрҳои Москва ва Ленинградро хатм намуда, рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя карданд.  Баъдтар Сайдаминов И рисолаи доктории худро бомуваффакият химоя кард.

Баъдтар дар кафедра мутахассисони ботаҷриба, докторҳои илмҳои техникӣ Тошматов Р., Яҳёев Ғ.Я. Сайдаминов И, дотсентҳо Недоспасов В.Г., Абдуллоев С.А., Наҷмиддинов Ш.З. фаъолият намуданд.

Бо ташаббуси мудири кафедра , дотсент Умаров А.У. соли 1991 якумон маротиба ба ихтисоси 1709 (1504)-мошинҳои сохтмон,роҳсозӣ, нақлиетҳои борбардор ва таҷҳизотҳо довталабон қабул гардида буд ва соли 1996 хатми якуми ин ихтисос таҳти роҳбарии ӯ баргузор гардид.

Бо пешниҳоди устод Умаров А.У. соли 1997 аз кафедраи «НММ ва ҶМ» кафедраи «Мошинҳои сохтмон,роҳсозӣ, нақлиетҳои борбардор ва таҷҳизотҳо» чудо шуда ташкил карда шуда, роҳбарии онро ба шогирдашон номзади илмҳои техники , дотсент Сайдаминов И.А. вогузошт.

Кафедра корҳои педагогӣ ва илмию методиро бо фаъолияти илмию тадқиқӣ ва илмию истеҳсоли пайваст мекард. Барои ин  таҳти роҳбарии дотсент Умаров А.У. озмоишгоҳи махсуси илмию тадқиқотӣ сохта шуда буд, ки он аз тарафи стандарти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳамчун озмоишгоҳ тасдиқ шуда буд. Барои тараққиёт ва фаъолияти озмоишгоҳи номбурда ҳиссаи арзандаи  мудири озмоишгоҳ  Сафаров И.И. ва муҳандиси озмоишгоҳ Иноятов А буд. Омузгорони кафедра корҳо ва тадқиқотҳои илмиашонро фаъолона дар истеҳсолот ҷорӣ менамуданд, бо корҳои ратсионализатсионӣ ва ихтироъкорӣ машғул мешуданд. Барои васеъ ҷорӣ намудани кашфиёти «Механизмҳои худравғанкунанда» дар саноати автомобилӣ, нафти ва газӣ ба иҷрокунандаи вазифаи профессор Саидов Ҳ.С. унвони «Ихтироъкори СССР» дода шуд.

Барои фаъолияти арзанда дар соҳаи илмию педагогӣ аъзоёни кафедра бо унвонҳои баланд: Саидов Ҳ.С. бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва «Аълочии маориф», Томилин С.В., Табибуллоева М.М., Умаров А.У. бо унвони, Акрамов Б.Н. «Аълочии маориф» сазовор гаштанд. Кафедра солхои охирин  ҳам анъанаҳои хуби пештараро гум накарда, барои тайёр намудани мутахассисҳои баландихтисоси хоҷагии халқи ҷумҳуриамон  кӯшишу ғайрат карда истодааст.

Таърихи кафедраи «Мошинҳо ва маҷмӯи нақлиётӣ — технологӣ»

Соли 1997 бо пешниҳоди устод Умаров А.У.   аз кафедраи «НММ ва ҶМ»  кафедраи «Мошинҳои сохтмон,роҳсозӣ, нақлиетҳои борбардор ва таҷҳизотҳо» баъдтар кафедраи «Мошинҳо ва маҷмӯи нақлиётӣ — технологӣ»  ташкил шуда, роҳбарии онро ба номз. илм. техн., дотсент Сайдаминов И.А. вогузоштанд, ки то имрӯз кафедраро сарвари карда истодааст.

Барои ташкилёбӣ ва тараққиёти кафедра ҳиссаи арзандаи илмию методӣ ва педагогии якумин педагогҳо, мутахассисҳои беҳтарин н.и.т. дотсент Яҳёев Ғаффурҷон, муаллими калон Тошев Мирзо Амруллоевич, ассистент Шарифов Дилшод Абдусамадович калон мебошанд.

Аз рӯзҳои аввали ташкилёбиаш кафедра дар  тайёр кардани мутахасиссони илмию педагогӣ баланд бардоштани раванди хониш кӯшиши зиёд кардааст. Дар кафедра озмоишгоҳҳои таҷҳизотҳои ҳамлу нақл, ҷузъҳои мошин, мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ, лоиҳакашии мошинҳо ва ӯтоқи лоиҳакашии курсӣ ташкил карда шуд.

Дар ин муддат аъзоёни кафедра Наҷмиддинов Ш.З. аспирантураи шаҳри Москваро хатм намуда, рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя намуд.  Баъдтар Яҳёев Ғ ва Сайдаминов И рисолаи доктории худро бомуваффакият ҳимоя карданд.

Баъдтар дар кафедра мутахассисони ботаҷриба, номзадҳои  илмҳои техникӣ Убайдуллоев А., Қаландаров А., Одинаев Б.Н. фаъолият намуданд.

Кафедра корҳои педагогӣ ва илмию методиро бо фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва илмию истеҳсолӣ пайваст мекунад.

Кормандони кафедра ҳамасола дар конференсияҳои байналхалқии гуногун, семинару симпозиумҳои дохилӣ ва берун иштирок мекунанд.

Аз тарафи устодони кафедра солҳои охир зиёда аз 50 кори илмӣ нашр шудааст. Инчунин 5 васоити таълимӣ низ нашр шудааст. Кафедра алоқаи илмии мустаҳкам бо кафедраҳои «Мошинҳои сохтмон» (МГСУ-МИСИ), «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои роҳ» (МАДИ-ГТУ), «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои кӯҳӣ» (МГГУ-МГИ), «Мошинҳо ва таҷҳизотҳои кӯҳӣ» (УГГА)-и ФР, Институти кимиёӣ АФ ҶТ, Институти физикию техникии АФ ҶТ, Пажӯишгоҳи корҳои кӯҳии ба номи А. Скочинский АФ ФР, дорад. Солҳои охир дар кафедра 1 нафар доктори илм, 2 нафар номзади илмҳои техникӣ омода шудаанд. Таи солҳои мавҷудияти худ кафедра зиёда аз 200 нафар Муҳандис-механики соҳаҳои хоҷагии халқро тайёр намудааст.

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро донишҷӯён дар ҶСШК «Роғунгэсстрой», КВД «ТАЛко», ҶСШК «РСДМ», ҶСШП «Энергоремонт», МДНРА ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҶТ, Агенти сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ ва дигар иншоотҳо мегузаронанд.